Аҳамият ва хусусиятҳои морфологии мушакҳои қутосҳои экотипи помирии Кӯҳистони Мастчоҳ
Аҳамият ва хусусиятҳои морфологии мушакҳои қутосҳои экотипи помирии Кӯҳистони Мастчоҳ
Муҳиддинов А. Р., Атабекова Х.
ДПДТТ ба номи М. Осимӣ, Хуҷанд
Дар байни маҳсулоти гӯштӣ гӯшти қутос аз ҳама ғароиб ба ҳисоб меравад. Ин ақида комилан асоснок аст, чунки қутосҳо ҳайвони нимёбоӣ дар баландкӯҳҳо маскун буда, бо алафҳои марғзорҳои Алп ва баргҳои растаниҳои буттагии баландкӯҳҳо ғизо мегиранд. Қутосҳо одатан ба касалиҳо гирифторнашаванда буда, ба касалиҳои васеъ паҳншудаи чорво таъсирнопазир мебошанд. Ин омилҳо ба организми қутос, инчунин ба гӯшт ва шири он фоиданок таъсир мерасонанд.
Барои ҳамин ҳам маҳсулотҳо аз гӯшти қутос аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб мераванд. Барои ҳалли масъалаи зиёд намудани маҳсулоти гӯштӣ ва афзоиш додани истеҳсоли ашёи хом, истифода намудани захираҳои маҳаллӣ, гӯшти қутос барои ҷумҳурии мо манфиатовартарин ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани парвариши қутос бо истифодаи захираҳои хӯроки чорвои чарогоҳҳои кӯҳӣ муайян карда мешавад, чунки чорвои калони шохдор асосан дар марғзорҳои даштӣ чаронида мешавад. Ба ғайр аз ин, қутосҳо ба ратсиони хӯрока на он қадар серталаб буда, қобилияти фарбеҳшавӣ дар чарогоҳҳои баҳору тобистон ва тирамоҳиро доранд. Барои таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ин хусусиятҳои биологии қутосҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Тадқиқотҳои олимон ҳангоми ташхиси гӯшти қутос нишон дод, ки ба ашёи хоми гӯштии анъанавӣ (гов, гӯсфанд, асп) камӣ надорад, балки аз рӯи пурбаҳогии ғизоӣ аз онҳо баланд буда, маҳсулоти тозаи экологӣ ба шумор меравад. Ин тавсифоти маҳсулотҳои гӯштии қутосҳо мутахассисони соҳаи коркарди гӯштро ба худ ҷалб менамояд. Дар ресторанҳои элитнок онҳоро бисёртар ба сифати десерт пешниҳод мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фермерҳои пешрафтаи Тува, Алтай, Тоҷикистон ва Қирғизистон новобаста аз алоқамандӣ байни худ саршумори қутосро зиёд карданд. Ин пешрафт боис гардид, ки бо сарф ва хароҷоти камтарин маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғизои пурбаҳо будани гӯшти қутосҳо ба даст оварда шавад.
Қариб дар тамоми баландкӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ рушд карда истодааст. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки қутосҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хеле хуб одат карда, аз ҷиҳати ҷусса ва вазнгириашон аз қутосҳои ватаниашон — Помири Шарқӣ бартарӣ доранд.
Ҳоло талаботи аҳолӣ ба гӯштҳои ғайрианъанавӣ пайдо шуда истодааст, ки яке аз онҳо гӯшти қутос мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ ба коркарди гӯшт, пӯст ва пашми ҳайвонот ва хусусан ба коркарди маҳсулоти қутос аҳамияти ба талабот мувофиқ дода нашудааст. Хусусан маҳсулотҳои чорво — пашм, пӯст ҳалли коркарди саноатии худро наёфтааст.
Интихоби дурусти коркарди гӯшти қутос ба таъмин ва истифодаи манбаи иловагии ашёи хоми гӯштӣ ва зиёдшавии ассортименти маҳсулоти гӯштӣ имконият медиҳад. Бинобар ин мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки хусусиятҳои морфологӣ ва коркарди технологии гӯшти қутосҳоро омӯзем. Барои муайян кардани вазни баромади софи гӯшт пас аз бехункунӣ тамоми қисмҳо ва узвҳои танаи ҳайвонро ба воситаи тарозуи 0,001 г муайян кардем, ки натиҷаи он дар ҷадвали 1 — вазни хос ва нисбии узвҳои танаи қутоси 9-моҳа оварда шудааст.
Хусусиятҳои морфологии мушакҳои дарози дорсалӣ ва вентралии сутунмуҳраи қутоси экотипи помирии баландкӯҳи Кӯҳистони Мастчоҳро дар қутосҳои 9-моҳа бо усулҳои умумии омӯзиши анатомиявӣ, яъне бо воситаи тарозу ва дар асоси ченакҳои тана вазни зиндаи қутос ва мушакҳои ташхисшавандаро гузаронидем. Барои муайян кардани дарозӣ, бар, гирди мушакҳо лентаи ченакдор истифода бурда шуд, ки натиҷаи он дар ҷадвали 1 оварда шудааст:
Ҷадвали 1. Вазни хос ва нисбии узвҳои танаи қутосҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ
| Р/Т | Номгӯи узвҳо | Вазни хос (кг) | Вазни нисбӣ (%) |
|---|---|---|---|
| 1 | Хун | 9,6 | 5,5 |
| 2 | Калла | 10,7 | 6,18 |
| 3 | Пӯст | 14,8 | 8,55 |
| 4 | Дасти рост | 10,3 | 5,95 |
| 5 | Дасти чап | 10,0 | 5,78 |
| 6 | Пои рост | 12,0 | 6,94 |
| 7 | Пои чап | 12,3 | 7,11 |
| 8 | Қабурға | 19,5 | 11,2 |
| 9 | Пардаи шикам | 2,3 | 1,33 |
| 10 | Мушаки вентралии миён | 1,0 | 0,58 |
| 11 | Мушаки трапетсияшакл | 0,35 | 0,20 |
| 12 | Мушаки дарози тахтапушт | 1,25 | 0,72 |
| 13 | Кос | 6,8 | 3,58 |
| 14 | Дум | 0,2 | 4,74 |
| 15 | Думғоза | 2,3 | 1,32 |
| 16 | Гардан | 6,8 | 3,93 |
| 17 | Тӯш | 3,65 | 2,1 |
| 18 | Шуш | 2,25 | 1,3 |
| 19 | Дил | 0,95 | 0,54 |
| 20 | Ҷигар | 2,05 | 1,18 |
| 21 | Гурда | 0,45 | 0,26 |
| 22 | Испурҷ | 0,3 | 0,17 |
| 23 | Узвҳои ҷинсӣ | 0,6 | 0,34 |
| 24 | Шикамба | 35 | 20,2 |
| 25 | Рӯда | 7 | 4,04 |
Чӣ тавре аз ҷадвал маълум мегардад, миқдори хуни қутосҳои 13-моҳа ба монанди дигар муҳрадорон 5,5–6%-и вазни танаро ташкил медиҳад. Вазни пӯсти онҳо 8,55% ва вазни пойҳои пеш ва ақиби рост назар ба вазни пойҳои пеш ва ақиби чап қариб 2% зиёдтарро ташкил медиҳад. Мушаки вентралии миён дар қутосҳои 9-моҳа 0,58%, мушаки трапетсияшакл 0,20%, мушаки дарози тахтапушт бошад, 0,72%-и вазни танаро ташкил медиҳад. Дарозии ин мушакҳо бошад: мушаки вентралии миён 37 см, бари он 13 см, ченаки гирди мушак 15 см, мушаки вентралии миён 9 см ва бараш 0,6 см-ро ташкил медиҳад. Мушаки трапетсияшакл 0,20%-и вазни танаро ташкил дода, ба монанди мушаки дигар ҳайвонҳо аз 2 қисм иборат буда, қисми дисталии онҳо ба белаки шона мечаспад.
Мушаки дарози дорсалии тахтапушт ва миён дар области миён хубтар инкишоф ёфтааст, ки тамоми сатҳи байни шохаҳои дорсалӣ ва шохаҳои барию қабурғагиро пӯшонида гирифтааст. Дар қисмати тахтапушт ченакҳо истифода шуда, ба тарафи пеш кам гаштаанд ва ба муҳраҳои охирони гардан пайҳо ҳосил карда мечаспанд. Ин мушак бо дастаи пайҳояш ба тоҷи устухони каҳвора ва шохаҳои дорсалии устухони думғоза, 4–5 муҳраҳои тахтапушт пайваст шудааст. Бо воситаи торҳои пайҳои дандонаҳои латералӣ ба шохаҳои барию қабурғагии муҳраҳои миён, ба сатҳи болоии қабурғаҳо аз тарафи медиалии кунҷҳои онҳо ва ба шохаи барии муҳраҳои 7-уми гардан мерасад. Бо дандонаҳои медиалиаш ба шохачаҳои маккакии муҳраҳои миён ва тахтапушт пайваст гаштааст.
Мушаки калони вентралии миён дар қисми вентралии муҳраҳои миён ва латералии мушаки хурди миён ҷой гирифтааст. Назар ба мушаки хурди вентралии миён хубтар инкишоф ёфтааст. Қисми краниалии он васеътар буда, то ба пардаи ҳоҷиз мерасад. Қисми каудалии он нисбатан шакли гирд дошта, бо мушакҳои зери каҳвора пӯшонида шудааст. Қисми сергӯштии вай аз сатҳи медиалии охири ду муҳраҳои қабурғаҳои охирон сар шуда, дар болои шохаҳои барию қабурғагӣ ва танаи муҳраҳои миён часпидааст. Бо воситаи пайҳояш дар байни пояҳои мушакҳои зери каҳвора ва бо мушакҳои сергӯштӣ ба барҷастагии хурди устухони рон часпидааст.
Мушаки трапетсияшакл ҳамвори шакли трапетсияро дошта, дар ҳудуди гардан ва баландии китф ҷой гирифтааст. Дар зери ин мушак мушаки ромбашакл ва мушакҳои шона хоб рафтаанд. Ин мушак бо торҳои пайи ҳамвор аз дарзи пайии тана ва болои шохаи дорсалии 2–3 муҳраҳои гардан сар шуда, то ба 8–9 муҳраҳои тахтапушт мерасад. Дар ҳудуди 3-юми муҳраи тахтапушт ба қисмҳои пеши тунук ва қисми оқиби ғафстар тақсим мешавад. Торҳои мушакии гардани каудовентралӣ ва торҳои мушакии тахтапушти краниовентралӣ ҷой гирифтаанд. Торҳои мушакии пеш ва ҳам ақиб ба тарафи белаки шона фаромада, бо воситаи пайҳои ҳамворашон ба он мечаспанд.
Дар асоси нишондодҳои боло маълум карда шуд, ки миқдор, ҳаҷм ва ҷойгиршавии узвҳои дохилии қутосҳо аз ҳайвони шохдори калон кам фарқ дорад. Сохт, вазн, ҳаҷми мояи қутосҳо назар ба дигар ҳайвонҳои 9-моҳа калонтар буда, ин нишонаи мутобиқшавии онҳо ба шароити Кӯҳистони Мастчоҳ аст. Аз ҷиҳати сохт, ҳаҷм ва вазни пешмеъда ва меъдаҳо назар ба дигар ҳайвонҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст, ки ин ба он шаҳодат медиҳад, ки дар онҳо миқдоран зиёдтар хӯрока захира шуда метавонад. Миқдори хуни онҳо дар 9-моҳагӣ назар ба хуни дигар ҳайвонҳо зиёдтар ва лахтабандии он сусттар мебошад. Умуман, сохт, вазн ва ҳаҷму шакли узвҳои дохилӣ вобаста ба шароити экологии зист, таъмини хӯрокаҳо, гипоксия ва гипогравитатсия вобаста буда, хусусиятҳои аз дигар ҳайвонҳо фарқкунанда дорад.
Адабиёт:
- Абдыкеримов А. А. Биологические и хозяйственные особенности яков Кыргызской Республики. Труды Кирг. СХИ им. К. И. Скрябина. 1970, т. 3, вып. 16. — С. 28–31.
- Алымбеков К. А., Криштафович В. И. Биологическая ценность мяса яков // Мясная индустрия. — 2002. — № 10. — С. 36–38.
- Аверин Г. Д., Журавская Н. К., Каухчешвили Э. И. и др. Физико-технические основы холодильной обработки пищевых продуктов. — М.: Агропромиздат, 1985. — 256 с.
- Алехина Л. Т., Большаков А. С., Боресков В. Г. и др. Технология мяса и мясопродуктов. — М.: Агропромиздат, 1988. — 576 с.
- Анфимов А. Технология мяса и мясопродуктов. — М.: Пищевая промышленность, 1986. — 461 с.
- Мансурова М. У., Муҳиддинов А. Р. «Анатомияи ҳайвонот». — Душанбе: Нодир, 1999. — 156 с.
- Муҳиддинов А. Р. Эколого-морфологическая характеристика скелета яка Памира в онтогенезе. Автореферат диссертации на соискание ученой степени доктора биологических наук. — Москва, 1997.




