Тадқиқотҳои математикони барҷастаи тоҷик ва татбиқи баъзеи онҳо дар саноатикунонии кишвар
ТАДҚИҚОТҲОИ МАТЕМАТИКОНИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК ВА ТАТБИҚИ БАЪЗЕИ ОНҲО ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР
Убайдуллои А., Чолова С. П.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Тараққиёти ҷаҳони муосирро бидуни масъулияти олимони соҳаи математика тасаввур намудан имконнопазир аст. Маҳз олимони математика метавонанд навгониҳои илмро кашф намуда, онро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар амал татбиқ намоянд ва дар рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамин тариқ, мо қисми зиёди олимон — математикони тоҷикро медонем, ки дар тараққӣ бахшидани илм саҳми беназир гузошта, ҳамчун муҳаққиқони оламшумул эътироф гардидаанд. Яке аз чунин олимоне, ки тадқиқотҳояш дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибор ва нуфузи хоса пайдо намудаву асарҳои илмияш дар аксар давлатҳои дунё бо забонҳои гуногун тарҷума ва нашр гардидаанд, доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Михайлов Леонид Григорьевич — асосгузори илми математика дар Тоҷикистон оид ба «Муодилаҳои дифференсиалӣ бо нуқтаҳои сингулярӣ» мебошад, ки дар давоми фаъолияти кориаш 12 нафар докторон ва 29 нафар номзадҳои илмро тайёр намудааст. Соҳаи илми математика, ки академик Л. Г. Михайлов дар Тоҷикистон асос гузоштааст, дар тамоми дунё ҳамчун як соҳаи афзалиятноки илмҳои дақиқ эътироф карда мешавад.
Яке аз шогирдоне, ки устод Михайлов Л. Г. дар тайёр намудани кори доктории он роҳбарӣ намудааст, профессор Акбаров Раҳмат Акбарович мебошад, ки дар мавзӯи «Масъалаҳои канорӣ барои функсияҳои аналитикӣ ва аналитикии умумишуда бо сарбории аъзои озод ва шартҳои иловагӣ» рисола дифоъ намуда, дар ин кор масъалаҳои канории Риман, Гилберт, Газеман ва ғайраҳоро тадқиқ намудааст ва дар ин соҳа навгониҳо дохил намудааст. Вай барои мактабҳои олӣ чор ҷилди китоби дарсиро бо номи «Математикаи олӣ» таълиф намуда, дар он тамоми қисмҳои таҳлили математикиро ҷой додааст ва он аз ҳамаи он китобҳое, ки дигар муаллифон бо ин ном таълиф намудаанд, ба куллӣ тафовут дорад.
Инчунин, профессор Акбаров Р. А. дар тарбияи олимони ҷавони соҳаи математика бешак саҳм гузоштаанд. Эшон баъди оне, ки курси аспирантураро ба анҷом расонида, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб (ҳозира ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) барои идомаи фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ баргаштанд, як гурӯҳ муҳаққиқони ҷавонро барои таҳсил дар аспирантура ба Федератсияи Русия фиристоданд, ки А. Абдулазизов, С. Зарипов, С. Тағайназаров ва О. Ҷураев аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар даврони истиқлолият низ нақши устод Акбаров Р. А. дар тарбияи олимон-муҳаққиқони ҷавони соҳаи математика дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бориз ҳисобида мешавад.
Дар ин давра бо кумаку дастгирӣ ва тавсияҳои профессор Р. А. Акбаров дотсент Хидиров Х. С. низ дар илм қадам гузошта, муваффақияти калон ба даст овардааст. Ҳамин хел, ӯ санаи 23-юми феврали соли 2011 зери роҳбарии академик Л. Г. Михайлов бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст ва айни замон тадқиқоти худро барои дастрас намудани дараҷаи илмии доктори илмҳои физика ва математика дар мавзӯи «Системаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо сарбории аъзои озод ва шартҳои иловагӣ» идома дода истодааст. Устод Р. А. Акбаров дар корҳои илмӣ-тадқиқотии қисме аз муҳаққиқони ҷавон, ба мисли Мирзоев Ҷ., Ҷураев К., Каримова Н., Кӯлобиев М. роҳбарӣ мекарданд. Аммо барои ба итмом расонидани онҳо умр бевафогӣ карду устод Р. А. Акбаров 10-уми сентябри соли 2016 ҷаҳони фониро падрӯд гуфтанд.
Дигар шогирде, ки мактаби математикии Л. Г. Михайловро сарбаландона гузашта, ҳамчун олими машҳури соҳаи математика дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики АИ Тоҷикистон Нусрат Раҷабов мебошад, ки асарҳои илмияш дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо намуда, бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр гардидаанд. Профессор Нусрат Раҷабов бениҳоят олими сермаҳсул буда, тадқиқоти худро дар самте, ки Л. Г. Михайлов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи математика асос гузоштааст, равона мекунад. Дар тӯли фаъолияти илмии худ профессор Нусрат Раҷабов чандин нафар докторон ва номзадҳои илми физика ва математикаро дар дохил ва хориҷи кишвар тарбия ва тайёр намудааст. Нақши ӯ дар рушду такомули илми математика дар он аст, ки баъди ба итмом расонидани кори докториаш дар якчанд шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар самти «Муодилаҳои дифференсиалӣ» таъсис дода шуданд, ба ҳайси аъзои он шӯроҳо пазируфта шудааст.
Имрӯз устод дар синни мубораки 80-солагӣ қарор доранд ва ҳоло ҳам барои ривоҷ додани илми математика дар самти муодилаҳои дифференсиалӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Айни ҳол устод Шӯрои диссертатсионии ДМТ-ро дар самти «Муодилаҳои дифференсиалӣ» роҳбарӣ карда истодаанд, ки имрӯзҳо дар он олимони ҷавони соҳаи математика рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро дифоъ карда истодаанд. Шогирдони Н. Раҷабов бо ифтихору сарфарозӣ бо номи устоди хеш мефахранду ифтихор мекунанд ва бо сарфарозӣ пешаи устоди хешро идома мебахшанд. Ҳамин тавр, аз шогирдони дигари Н. Раҷабов номзади илмҳои физика-математика, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шамсудинов Файзуллоро метавон ном бурд, ки ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар тақвият бахшидани корҳои илмӣ дар самти «Муодилаҳои дифференсиалӣ бо нуқтаҳои регулярӣ» саъю талошҳои беназир менамояд. Аллакай дар синни ҷавонӣ Ф. Шамсудинов ҳамчун муҳаққиқи соҳаи математика эътироф гардида, тадқиқоташ дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори ба худ хос пайдо намудааст ва профессор Н. Раҷабов низ бо номи чунин шогирдонаш мефахраду худро дар ҳалқаи онҳо сарфароз меҳисобад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд математикони бузурге, ки ба монанди академик Михайлов Л. Г. дар самти пешаи интихобнамудаи худ муваффақ гардидаанд. Дар ин қатор бо ифтихор номи муҳаққиқони барҷастаи соҳаи математика Тимуров С., Илолов М., Ҷангибеков Г., Шабозов М., Усмонов З., Исҳоқӣ М., Муртазоев А., Усмонов Н., Юнусӣ М. Қ., Ҳасанов Ю., Сафаров Ҷ. Х., Комилов А. Ш., Раҳмонов З., Табаров А. Ҳ., Ҷумъабой Сафаровро мисол овардан мумкин аст, ки тадқиқотҳояшон нуфузу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намуда, баъзе корҳои онҳо дар амалия татбиқ ёфта истодаанд. Олимони математика дар Тоҷикистон дар қатори дигар математикони дунё мақоми махсусро ишғол менамоянд. Моделсозиҳои математикӣ, ки дар тадқиқоти Юнусӣ М. Қ. дарҷ гардидаанд, дар баъзе соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи хуб дода истодаанд. Масалан, дар зиёд намудани шумораи ҳайвоноти мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон, системаи моҳипарварӣ, идора намудани иқтисодиёти баъзе корхонаҳо.
Барои ба эътидол овардани ҷараёни дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтани обанборҳои сунъӣ, мустаҳкамии онҳо он моделҳое, ки математикони ҳозираи тоҷик сохтаанд, аҳамияти муҳими калон доранд. Умуман, тараққиёти Тоҷикистон ва беҳтаршавии некуаҳволии мардуми онро бе ихтироъ намудани навгониҳои илмҳои табиию риёзӣ тасаввур намудан мумкин нест.
Ҳамин тариқ, дар самти методикаи таълими математика тадқиқотҳои олимони тоҷик, ба монанди М. Нӯъмонов, Ҷ. Шарифов, И. Н. Ғуломов, В. П. Пазина, М. Шодиев, Т. Шукуров, А. Пирназаров ва дигаронро метавон номбар кард, ки бешубҳа дар инкишофи донишҳои математикии хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ ҳамчун дастуру воситаҳои методӣ ба кор рафта, дар илм ва таҳсилот татбиқи васеи худро ёфтаанд. Қисме аз тадқиқотҳои онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва шинохта гардидаанд.
Ҳамагон хуб медонем, ки Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии «Дар бораи рушди илмҳои табиию риёзӣ барои солҳои 2020–2040»-ро қабул намуд, ки омили асосиест дар рушди илмҳои дақиқ ва воситаи хубест дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар.
Адабиёт:
- Ғуломов И. Н. «Таърих ва методологияи математика». — Душанбе, 2003.
- «Энциклопедия (Донишнома)-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ». — Душанбе, 2015.
- Табаров А. Ҳ., Хайруллоев Ш. А., Давлатбеков А. А. «Маҷмӯаи мисолу машқҳо аз алгебра ва назарияи ададҳо». — Душанбе, 2014. — 270 с.
Аннотатсия. Мақола оид ба аҳамияти мактаби математикии Л. Г. Михайлов дар рушди илми математика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додааст. Инчунин, дар бораи рушди усулҳои таълими математика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани кашфиёти методологӣ ва педагогии олимони тоҷик дар соҳаи илм ва маориф маълумоти мухтасар ва муфассал дода шудааст.
Калидвожаҳо: математика, математикони тоҷик, тадқиқоти математикӣ.




