Зеҳн

Асосҳои ҳуқуқии низоми интихобот

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ НИЗОМИ ИНТИХОБОТ

Шифои К. Б.
Донишгоҳи давлатии Данғара

Асосҳои ҳуқуқии низоми интихобот дар моддаҳои 27, 48, 49, 65, 66, 77 ва 82-и Конститутсия, қонунҳо «Дар бораи тартиби интихоботи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон», «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва баъзе қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва қарорҳои Комиссияи марказии интихобот танзим ёфтаанд. Мувофиқи онҳо интихобот дар Тоҷикистон дар асоси интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Ҳар яке аз ин усулҳо ба худ мазмуни хоса доранд ва бо роҳҳои гуногун кафолат дода мешаванд. Интихоботи Раиси ҷумҳур ва вакилони халқ умумӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди синни 18-сола новобаста аз аҳволи иҷтимоӣ ва молу мулк, мансубияти миллӣ ва нажодӣ, ҷинс, забон, маълумот, муносибат ба дин, навъу хислати машғулият ҳуқуқи интихоб кардан дорад. Ин ҳуқуқ дар маъракаи интихобот бо чораҳои ташкилӣ кафолат дода мешавад. Дар асоси қонун шаҳрванди синнаш дар рӯзи интихобот ба 18 расида, ки дар қаламрави маҳалли интихобот доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунад ва ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан дорад, ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад.

Интихобкунанда фақат дар як маҳалли интихобот ба рӯйхат гирифта мешавад. Дар давраи баъди ба эътибори умум пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон, агар интихобкунанда имконияти дар рӯзи интихобот дар ҷои истиқомати худ истодан надошта бошад (ба рухсатӣ рафтан, ба табобат равон кардан ва ғайра), ҳуқуқдор аст аз комиссияи маҳаллии интихобот варақаи интихобот талаб намуда, дар он нисбати номзадҳои пешбаришуда муносибати худро муайян намояд ва дар конверти пӯшида онро ба комиссия супорад. Комиссия ба конверт муҳр гузошта, онро нигоҳ медорад ва дар рӯзи интихобот баъди анҷоми овоздиҳӣ барои ба ҳисобгирӣ пешниҳод мекунад. Шаҳрванди дар рӯзи интихобот синнаш ба 18 расида ҳуқуқи интихоб кардан ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқро дорад. Ҳуқуқи интихобот баробар мебошад. Шаҳрванд дар интихобот дар асоси баробар иштирок намуда, ҳар як кас як овоз дорад.

Бо мақсади таъмини баробарии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон қонун муайян мекунад, ки ҳавзаҳои интихоботӣ дар ҳадди барои ҳамин Маҷлиси вакилон муқаррар гардида, бояд аз рӯи шумораи интихобкунандагон тақрибан баробар бошанд. Ташкили ҳавзаҳои интихобот бояд дар марзи ҳар як шаҳр ва ноҳия қарор гирад. Барпо кардани ҳавзаҳои интихобот аз ҳисоби ноҳияю шаҳрҳои ҳамсарҳад манъ аст. Дар Тоҷикистон ба хизматчиёни артиши миллӣ низ ҳуқуқи интихобот дода шудааст.

Ба ҳамин тариқ, усули ҳуқуқи баробари шаҳрвандон дар интихобот қонунан кафолат дода шудааст. Вале дар маъракаҳои интихоботии ҳозира, ки чандин номзадҳо ба як мандати вакилӣ мубориза мебаранд, таъмини ҳақиқии баробарии иштироки онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ хеле мураккаб аст. Гарчи қонун таъминоти моддии интихоботро аз ҳисоби давлат пешбинӣ кардааст, аммо имкониятҳои ҳақиқии номзадҳо ба вакилӣ гуногун буда, ба татбиқи ҳуқуқи интихобшавии онҳо таъсири бевосита мерасонад. Хусусан, ба Маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар асоси қонун додани ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси Олӣ, ки мазмуни пешбарию интихоби раисони онҳоро дорад, нобаробарии номзадҳои бо ин «номзад-раис» интихобшавандаро боз ҳам назаррас мегардонад. Тасодуфӣ нест, ки дар ҳайати Маҷлиси Олии даъвати якум қариб 100 фоиз вакилон раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Дар Конститутсия ва қонунҳои интихобот ҳуқуқи баробари интихобот доштани занон бо мардон ва кафолати он махсус қайд наёфтааст. Аммо бе кафолатҳои амалан баробарҳуқуқии занон бо мардон дар интихобот, озодона интихоб шудани занон ба вакили Маҷлиси Олӣ қариб ғайриимкон аст. Ҳайати ҳозираи Маҷлиси Олӣ ин хавфро пурра тасдиқ мекунад. Ба ҳайати он ҳамагӣ раисони шаҳру ноҳияҳо интихоб гардидаанду халос. Дар шароити мамлакати мо, бе кафолатҳои амалӣ, ба монанди ба занон ба тарзи конститутсионӣ ҷудо кардани миқдори муайяни ҷой дар парламент, дар хусуси баробарҳуқуқии онҳо дар интихобот сухан рондан бемазмун аст.

Интихоботи Раиси ҷумҳур, вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ ба тарзи мустақим сурат мегирад. Раиси ҷумҳур ва вакилони халқро интихобкунандагон бевосита интихоб менамоянд. Тарзи мустақиман интихоб кардани вакилони халқ шакли демократии интихоб буда, ба интихобкунандагон имкон дода мешавад, ки шахси ҳақиқатан ба бовариашон сазоворро интихоб намоянд. Баръакси ин, низоми интихоботи баъзе мамлакатҳо тарзи интихоботи бисёрзинагӣ ва нисбиро пешбинӣ менамоянд. Дар интихоботи бисёрзинагӣ, одатан фақат зинаҳои поёнии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи интихобкунандагон мустақиман интихоб карда мешаванд. Зинаҳои болоӣ ва олии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи вакилони мақомоти поёнӣ пешбарӣ ва интихоб карда мешаванд. Масалан, вакилони палатаи якуми (болоии) Шветсия аз тарафи ландстингҳои (Маҷлиси губернияҳо) ва намояндагони Маҷлиси ваколатдори шаҳрҳои калонтарин интихоб карда мешаванд. Шӯрои палатаи болоии парламенти Ҳиндустон аз намояндагоне, ки мақомоти қонунгузори иёлот интихоб мекунанд ва 12 нафар аъзоёне, ки Раиси ҷумҳур таъин мекунад, иборат аст. Бундесрати (палатаи болоӣ) парламенти Олмон аз аъзоёни ҳукуматҳои заминҳо (аз 3 то 5 намоянда) иборат аст [3, с. 6].

Бояд қайд кард, ки мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон соли 1931 намояндаҳо ба Анҷумани Шӯроҳои Тоҷикистон (мақомоти олии қонунбарор) аз тарафи Анҷумани Шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо интихоб карда мешуданд. Дар баъзе мамлакатҳо як қисми аъзоёни парламентро Раиси ҷумҳур таъин мекунад, қисми дигар аз собиқ раисони ҷумҳур иборат аст, ки якумра дар асоси ҳуқуқи хоси худ дар кори парламент иштирок менамоянд. Масалан, бо ҳамин усул Сенати парламенти Италия ташкил меёбад [5, с. 8].

Теъдоди интихоботи нисбӣ онро мефаҳмонад, ки интихоботи Раиси ҷумҳур ва вакилони парламент на мустақиман аз тарафи интихобкунандагон, балки аз тарафи коллегияи интихобкунандагон, ки ваколатдор карда шудаанд, интихоб карда мешаванд. Коллегияи интихобкунандагонро шаҳрвандон дар интихоботи умумӣ интихоб мекунанд. Онҳо дар навбати худ Раиси ҷумҳур, вакилони парламент ва дигар мақомоти қонунгузорро интихоб менамоянд. Масалан, вакилони Маҷлиси Миллии Покистон бо усули интихоботи нисбӣ интихоб карда мешаванд. Дар интихоботи Раиси ҷумҳури ИМА шаҳрвандон на худи Раиси ҷумҳурро, балки намояндагонро ба коллегияи интихобкунандагон интихоб мекунанд ва онҳо дар Маҷлиси худ Раиси ҷумҳурро интихоб менамоянд. Овоздиҳӣ дар интихоботи Раиси ҷумҳур ва интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ пинҳонӣ мебошад. Ба назорат аз болои изҳори иродаи овоздиҳандагон роҳ дода намешавад. Бо усули пинҳонӣ гузарондани овоздиҳӣ дар интихобот бо роҳи андешидани чораҳои ташкилӣ кафолат дода мешавад. Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус, ки дар он ҳуҷраҳои ҷиҳозонидашуда мавҷуд аст, гузаронида мешавад. Дар он ҷой барои супурдани варақаҳои интихобот муайян карда шуда, қуттиҳои интихобот гузошта мешаванд [4, с. 14].

Дар ҳуҷраи овоздиҳӣ худи интихобкунанда варақаро пур карда ба қуттӣ мепартояд. Агар интихобкунанда имконияти варақаро пур кардан надошта бошад, метавонад шахси дигареро, ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, таклиф намояд. Пеш аз саршавии овоздиҳӣ раиси комиссияи интихобот қуттии овоздиҳиро муҳр мезанад ва баъди анҷоми он қуттиро дар ҳузури аъзоёни комиссия мекушояд. Агар интихобкунанда бо ҳолати саломатӣ ё сабаби дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонад, бо хоҳиши ӯ комиссияи маҳаллии интихобот ба аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки дар ҷои истиқомати интихобкунанда овоздиҳиро гузаронанд.

Дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандае, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил карда нашудааст, бо пешниҳод кардани ҳуҷҷати шахсӣ, ки дар он ҷои истиқомат қайд ёфтааст, ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад. Мувофиқи қонунҳои интихобот тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Раиси ҷумҳур ва вакилони халқ кушод ва ошкоро мебошад. Комиссияҳои интихобот дар хусуси кори худ, ташкили ҳавзаю маҳалҳои интихобот, ҳайат, ҷойи зист ва вақти кори комиссияҳо, рӯйхати интихобкунандагон, ҷамъбасти бақайдгирии номзадҳо, маълумот дар бораи тарҷумаи ҳоли номзадҳои аз қайд гузашта, натиҷаи овоздиҳӣ нисбати ҳар як номзад ва ҷамъбасти интихобот ба шаҳрвандон маълумот медиҳанд.

Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот ва дар ҳисобкунии овозҳо як намояндаи (мушоҳидачӣ) субъектони ҳуқуқи пешбарии номзадҳо, шахсони боваринок, намояндагони расонаҳои ахбори омма, ки ваколати онҳо дар ҳуҷҷати махсус тасдиқ шудааст, иштирок менамоянд. Дар хусуси намояндагони ваколатдори худ субъектони мазкур то панҷ рӯз пеш аз интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд [6, с. 7].

Мудохилаи намояндагон ба рафти овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихобот манъ аст. Аммо онҳо бо иҷозати раиси комиссия метавонанд саволҳо диҳанд ва ҷавоб талаб намоянд, ба вайронкунии қонуни интихобот диққати аъзоёни комиссия ва шахсони ҳузурдоштаро ҷалб намоянд. Расонаҳои ахбори омма аз хусуси рафти тайёрӣ ва гузарондани интихобот бояд маълумоти объективӣ диҳанд.

Усули кушод ва ошкоро гузарондани интихобот яке аз рукнҳои демократии интихобот буда, муҳим аст, ки он моҳиятан риоя карда шавад. Дар маъракаи интихобот сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзад ба вакилӣ бояд хеле чуқур ва объективона таҳлил гардад [2, с. 16].

Мувофиқи моддаи 58-и Конститутсия вакили халқ, ки дар Маҷлиси Олӣ доимӣ кор мекунад, наметавонад вазифаи дигареро иҷро кунад ва фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ. Дар асоси моддаи 68-и Конститутсия Раиси ҷумҳур наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад. Қонунҳои интихобот муқаррар менамоянд, ки аъзоёни Ҳукумат, додрасҳо, додситони кулл ва додситонҳо, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, муовинони онҳо, инчунин роҳбарон ва шахсони мансабдори бонкҳо, роҳбарони идораҳои дахлдори ҳокимияти иҷроия дар як вақт вакили Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ шуда наметавонанд.

Номзадии онҳо ба вакилӣ ҳамон вақт ба қайд гирифта мешавад, ки агар дар хусуси дар сурати интихоб гардидан ба вакилӣ аз мансаб даст кашидан ариза пешниҳод намоянд. Инчунин дар қонун нишон дода шудааст, ки хизматчиёни касбии иттиҳодия ва ташкилотҳои динӣ ҳамчун номзад ба вакили халқ ба қайд гирифта намешаванд. Чунин меъёр ба моддаи 17-и Конститутсия дар хусуси баробарҳуқуқии шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ мувофиқат намекунад. Ин маҳдудият беасос буда, зарур аст, ки он бекор карда шавад. Конститутсия муқаррар мекунад, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар як вақт вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагӣ буда наметавонад. Дар моддаи 2-и қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ низ чунин маҳдудият пешбинӣ шудааст. Мақсад аз муқаррар кардани чунин меъёр дар он аст, ки пеши ҳодисаҳои ба ҳайати ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимият вакил интихобшавии баъзе шахсон гирифта шавад. Ин чора бо мақсади гирифтани пеши роҳи кӯшиши Маҷлисҳоро ба мақомоти корношоям ва бесалоҳият табдил додан аст.

Адабиёт:

  1. Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1994, № 13.
  2. Ковлер А. И. Франция: партии и избиратели. — М., 1984. — С. 14–31.
  3. Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1994, № 23–24, моддаи 444.
  4. Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1994, № 23–24.
  5. Барняшев А. М. Теория разделения власти: становление, развитие и применение. — Томск, 1988.
  6. Ковачев Д. А. Механизм правотворчества социалистического государства. — М., 1977; Ковачев Д. А. Законодательный процесс в европейских социалистических государствах. — М.
  7. Тихомиров Ю. А. Теория закона. — М., 1982. — С. 179–221.
  8. Проблемы парламентского права России. Центр конституционных исследований Московского общественного научного фонда. — М., 1996. — С. 7–23.

Аннотатсия. Дар замони муосир масъалаи интихобот яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ ба шумор меравад. Зеро давлатҳое, ки режими идоракуниашон демократӣ мебошад, масъалаи интихобот дар ҷойи аввал меистад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки орзую омоли халқро дар раванди интихобот нишон диҳад ва андеша дорад, ки тамомияти арзӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шахс дар раванди интихобот аён мегардад.

Калидвожаҳо: ҳуқуқ, низоми интихобот, Тоҷикистон, асосҳо, усулҳо.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2