Зеҳн

Методҳои синтез ва таҳқиқи хосиятҳои электрофизикии пайвастагии сечандаи CdTl2Se4

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

МЕТОДҲОИ СИНТЕЗ ВА ТАҲҚИҚИ ХОСИЯТҲОИ ЭЛЕКТРОФИЗИКИИ ПАЙВАСТАГИИ СЕЧАНДАИ CdTl2Se4

Ғафоров С., Гулматов У.А.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рушди босуботи техникаи электронӣ ва микроэлектроника талабот нисбати ҷустуҷӯ ва коркарди методҳои синтезу ҳосил намудани кристаллҳои яклухт, тасмаҳои тунуки пайвастагиҳои нимноқилии сечанда ва мураккаби дорои хусусиятҳои хоси физикиву кимиёвӣ, электрофизикиву термоэлектрикӣ, термодинамикиву оптикӣ ва фотоэлектрикӣ мегузорад. Инчунин зарурати идора кардани консентратсияи ҳомилони заряди нимноқилҳо бо роҳи тағйир додани таркиби кимиёвӣ, бо роҳи ҳосил кардани маҳлулҳои сахти пайвастагиҳои нимноқилӣ ва бо роҳи ҷавҳаронидан тағйир додани хосиятҳои онҳо масъалагузорӣ менамояд [1].

Аз ин лиҳоз, масъалаи коркарди технологии полоиши (синтез) пайвастагиҳои сечанда ва мураккаби нимноқилӣ, ҳосил намудани кристаллҳои нимноқилӣ бо роҳи ҷавҳаронидан яке аз масъалаҳои актуалии маводшиносии нимноқилҳо дар замони муосир ба шумор меравад. Як қатор корҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ умумиятҳои сифатии хосиятҳои асосии физикӣ ва кимиёвии масолеҳҳои нимноқилии бо сохтори аз сохтори тетраэдрӣ фарқкунандаро исбот намуданд [2–5].

Вобаста ба муҳимияти масъалаҳои дар боло зикршуда, мақсади асосии мақола синтез ва ҳосил намудан, таҳқиқи хосиятҳои физикӣ ва кимиёвии пайвастагиҳои нимноқилии сечандаи навъи A^II B^III_2 C^VI_4, дар мисоли намояндаи CdTl2Se4 аз ҷиҳати экологӣ тоза ва намунаи бо Cu ҷавҳаронидашудаи он ба ҳисоб меравад.

Дар ин асос пешниҳод намудан мумкин аст, ки нимноқилҳои бо сохтори алмос, сфалерит, вюртсит, халкопирит ва тиогаллит дар як оилаи нимноқилҳои халкогенидӣ муттаҳид карда шаванд ва онҳо ҳамроҳ бо алмос ба гурӯҳи хоси кристаллохимиявӣ нисбат дода шаванд. Таҳқиқоти комплексии хосиятҳои гуногуни маҳлулҳои сахти гетеровалентӣ нишон доданд, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи пайвастагиҳои бинарии бенуқсони навъи A^II B^VI ва пайвастагиҳои бинарии нуқсондори навъи A^III_2 B^VI_3 пайвастагиҳои сечанда ҳосил мешаванд. Ин пайвастагиҳо нуқсонҳои хоси тағйирёбанда доранд ва гурӯҳи махсусро дар оилаи халкогенидҳо ташкил медиҳанд [1]. Пайвастагиҳои сечандаи халкогенидҳои таллий ва маҳлулҳои сахт дар асоси онҳо ба монанди дигар пайвастагиҳои навъи A^II B^III_2 C^VI_4 ба гурӯҳи кристаллохимиявии мазкур дохил мешаванд. Тавре ки дар боло зикр кардем, пайвастагии сечандаи CdTl2Se4 дар асоси пайвастагиҳои бинарии навъи A^II B^VI (CdSe) ва A^III_2 B^VI_3 (Tl2Se3) ҳосил карда мешавад. Диаграммаи пайвастагии сечандаи CdTl2Se4 [1] нишон медиҳад, ки пайвастагии мазкур дар натиҷаи якҷоя кардани пайвастагиҳои CdSe ва Tl2Se3 бо таносуби 1:1 дар ҳарорати 1250 К ҳосил мешавад, аммо дар кори [5] диаграммаи ҳолати муаллифон нишон медиҳад, ки ин пайвастагӣ дар ҳарорати гудозиши 975 °C ҳосил мешавад. Методҳои гуногуни синтези монокристаллҳои пайвастагиҳои нимноқилӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, дар корҳои [6–7] барои синтези монокристаллҳои сулфидҳо, селенидҳо, теллуридҳо ва бисёр дигар пайвастагиҳои бинарӣ ва сечандаи халкогенидӣ методи реаксияи кимиёвии газотранспортӣ истифода карда шудааст. Дар кори мазкур пайвастагии халкогенидии CdTl2Se4 бо методи гудохтани ҷузъҳои асосӣ (CdSe ва Tl2Se3) бо таносуби стехиометрӣ дар масома (ячейка)-и алундӣ синтез карда шуд (расми 1).

Ба сифати ҷузъҳои асосӣ пайвастагиҳои бинарии CdSe ва Tl2Se3, ки дар асоси унсурҳои кадмийи тамғаи Кд-00, таллийи тамғаи Tl-00 ва селени тамғаи ОС4-19-5, ки пас аз тозакуниҳои чандкарата дараҷаи тозагии 99,9999%-и масса (аз массаи асосӣ)-ро соҳиб буданд, истифода шуданд. Масома пеш аз синтез бо кислотаи «арақи шоҳӣ» шуста шуда, бо оби дистиллятсионӣ чайқонда мешавад ва баъд дар оташдон дар ҳарорати 100–120 °C хушконида шуд. Сипас ҷузъҳои асосӣ бо таносуби 5 г аз ҳар як ҷузъ бо саҳеҳии 0,3 мг баркашида шуда, ба дохили масома ҷой дода шуданд. Қиматҳои барои тамос муқарраршудаи масома ва қисмати сарпӯши он бо графити тозагии баланддошта маҳкам карда шуд. Масома ба дохили оташдони дастгоҳи ҳамабоб, ки дохили он то дараҷаи 1,3 · 10^-3 Па вакуум карда шудааст, гузошта шуд. Дар қисмати поёнии оташдон системаи хунуккунанда ҷой дода шудааст. Тағйирёбии ҳарорати дохили оташдон тавассути термопараи хромел-алюмел назорат карда мешавад. Дар раванди синтез оташдон оҳиста-оҳиста то ҳароратҳои 1270–1300 К гарм карда шуда, дар ин ҳарорат 1–2 соат нигоҳ дошта мешавад ва бо мақсади беҳтар омехташавии ҷузъҳо, ҳамзамон бо роҳи вибратсия намунаро ларзонда, полоиш (синтез)-ро мегузаронем. Ҳангоми хунукнамоӣ аввал намунаро то ҳарорати гудозиш бо суръати 25–30 град./соат ба роҳ монда шуд. Ҳосилшавии пайвастагии сечандаи CdTl2Se4-ро таҳлилҳои рентгенофазӣ исбот намуданд. Таҳқиқи бузургиҳои электрофизикии пайвастагии CdTl2Se4 дар шакли холис ва намунаи бо мис ҷавҳаронидашудаи он ба воситаи дастгоҳи ҳамабоб «Барои омӯзиш ва таҳқиқи металлҳо ва пайвастагиҳои нимноқилӣ дар ҳудудҳои васеи ҳарорат (ҳолати сахтӣ ва моеъгӣ)» амалӣ карда шуд. Бартарии дастгоҳи мазкур дар он аст, ки раванди синтез ва таҳқиқ ҳамзамон сурат мегирад. Дастгоҳ бо асбобҳои рақамӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки саҳеҳияти таҳқиқотро таъмин менамояд. Хатогии ченкунии бузургиҳои таҳқиқшаванда 3%-ро ташкил медиҳад.

Барои шарҳи имкониятҳои амалии ҷавҳаронидани пайвастагии мавриди назар мо силсилаи таҳқиқотҳои таъсири ғаши Cu-ро то 1,0% (бо масса) ба хосиятҳои электрофизикии монокристалли CdTl2Se4 гузаронидем. Вобаста ба маълумотҳои мавҷуда, ин унсур (Cu) ҳангоми ба пайвастагӣ ҳамроҳ кардан аз ҷиҳати электрикӣ фаъол мешавад.

Дар рафти таҳқиқот маълум гардид, ки дар ҳақиқат мис дар монокристалли CdTl2Se4 ғаши аз ҷиҳати электрикӣ фаъол ба ҳисоб меравад. Мис дар гиреҳҳои панҷараи кристаллии CdTl2Se4 ҷойгир шуда, ба афзоиши консентратсияи ҷавфҳо оварда мерасонад. Натиҷаи таҳқиқи таъсири мис ба хосиятҳои электрофизикии CdTl2Se4 дар ҷадвали 1 оварда шудааст.

Таҳқиқи таъсири ғаши мис (Cu) ба хосиятҳои электрофизикии монокристаллҳои CdTl2Se4, ки бо методи гудохтани ҷузъҳо ҳосил карда шудааст, нишон дод, ки ворид намудани атомҳои мис ба навъи гузаронандагии кристалли нимноқилӣ таъсир намерасонад, яъне навъи гузаронандагии монокристаллро тағйир намедиҳад.

Мис дар монокристалли CdTl2Se4 аз ҷиҳати электрикӣ ғаши фаъол мебошад. Аз афташ, мис дар гиреҳҳои панҷараи кристаллии CdTl2Se4 ҷойгир мешавад ва ба афзоиши консентратсияи ҷавфҳо оварда мерасонад.

Аз ҷадвал дида мешавад, ки ноқилияти электронии монокристалли CdTl2Se4-и тоза дар ҳарорати 293 К ба 0,47 См/см ва дар ҳарорати 600 К ба 1,32 См/см баробар аст. Таҳқиқи бузургии ноқилияти электронӣ дар намунаҳои бо мис ҷавҳаронидашуда нишон дод, ки илова намудани ғаши мис хосиятҳои электрофизикии монокристаллро беҳтар мекунад. Ҳудуди афзоиши ноқилияти электронӣ барои намунаҳои аз 0,01–1,0% (бо масса) илова намудани мис дар ҳарорати 293 К мутаносибан ба 0,8–3,8 См/см баробар буда, дар ҳарорати 600 К бошад, дар ҳудуди 1,6–9,8 См/см мехобад. Қариб ҳамаи вобастагиҳои σ = f(T) характери якхелаи гузаронандагии нимноқилӣ доранд. Ҳудуди гузаронандагии хос дар ҳамаи намунаҳо дар ҳароратҳои аз 250 К зиёд оғоз мешаванд. Чунин таъсири ғаши мис ҳангоми таҳқиқи вобастагии ҳароратии коэффитсиенти Холл дар монокристалли CdTl2Se4 низ мушоҳида гардид.

Ҷадвали 1. Хосиятҳои электрофизикии монокристаллҳои CdTl2Se4 бо мис ҷавҳаронидашуда

Ҳарорат, КҒаши Cu, % (бо масса)σ, См/смα, мкВ/КR_H, см^3/Кл
293CdTl2Se4 (холис)0,473674,2 · 10^3
2930,010,8014910,6 · 10^2
2930,052,32712,4 · 10^2
2930,12,2842 · 10^2
2931,03,84472
600CdTl2Se4 (холис)1,321081,09 · 10^3
6000,011,696,5 · 10^2
6000,054,7631,3 · 10^2
6000,19,05233
6001,09,8525

Ҳамчунин дар намунаҳои мазкур вобастагии ҳароратии коэффитсиенти ҚЭҲ-и гармоӣ таҳқиқ карда шуд. Аз рӯи аломатҳои α ва R_H муқаррар карда шуд, ки ҳамаи намунаҳои таҳқиқшаванда ноқилияти ҷавфӣ доранд. Муқаррар карда шуд, ки бо афзоиши консентратсияи ғаши мис ва ҳарорат коэффитсиенти ҚЭҲ-и гармоӣ кам мешавад.

Дар ҳарорати 293 К ва тағйирёбии миқдори ғаши мис аз 0,01 то 1,0% (бо масса) ҚЭҲ-и гармоӣ дар монокристалли CdTl2Se4 аз 367 то 44 мкВ/К кам мешавад. Дар ҳарорати 600 К бошад, ҚЭҲ-и гармоӣ аз 108 то 5 мкВ/К кам мешавад, ки ин вобастагӣ ба афзоиши ноқилияти электронӣ ва камшавии коэффитсиенти Холл хуб мувофиқат мекунад. Методикаи истифодашуда барои синтез ва ҳосил намудани кристалли нимноқилии сечандаи CdTl2Se4 мувофиқ буда, дастгоҳи универсалӣ саҳеҳияти натиҷаҳои таҷрибавиро таъмин намуд. Ҳамин тариқ, таҳқиқи хосиятҳои электрофизикии монокристаллҳои CdTl2Se4 нишон дод, ки илова намудани мис ҳамчун ғаш хосиятҳои ин пайвастагиро беҳтар мекунад ва илова бар ин, ба навъи ноқилияти кристалл таъсир намерасонад.

Адабиёт:

  1. Каримов, С. К. Физика и химия тройных и более сложных алмазоподобных полупроводниковых халькогенидов таллия / С. К. Каримов. – Душанбе: «Дониш», 1999. – 352 с.
  2. Гафоров, С. Исследование эффекта Холла в расплавах полупроводников с различным характером межчастичного взаимодействия: дисс. на соиск. уч. степ. канд. физ.-мат. наук / С. Гафоров. – М.: МИЭТ, 1982. – 286 с.
  3. Горюнова, Н. А. Сложные алмазоподобные полупроводники / Н. А. Горюнова. – М.: Советское радио, 1968. – 267 с.
  4. Горюнова, Н. А. Твердые растворы замещения в соединениях цинковой обманки / Н. А. Горюнова // Вопросы теории и исследования полупроводников и процессов полупроводниковой металлургии. – М.–Л.: Изд-во АН СССР, 1955. – С. 29–36.
  5. Каримов, С. К. Исследование фазовых равновесий в системе Cd – Tl – C^VI (C^VI – Se, Te) / С. К. Каримов, С. Гафоров, С. Султонов // Изв. АН СССР. Неорганические материалы. – 1981. – Т. 17, № 8. – С. 1348–1349.
  6. Горюнова, Н. А. Исследования в области химии полупроводников: автореф. док. дисс. / Н. А. Горюнова. – Л., 1958. – 37 с.
  7. Борисова, Л. А. Диаграмма состояния и свойства сплавов системы Tl2Te3 – Sb2Te3 / Л. А. Борисова, М. В. Ефремов // Изв. АН СССР. Неорганические материалы. – 1966. – Т. 2, № 7. – С. 1320–1321.

Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур методҳои синтез ва ҳосил намудани монокристаллҳои пайвастагии нимноқилии сечандаи CdTl2Se4 нишон дода шуда, натиҷаи таҳқиқи хосиятҳои электрофизикии он дар ҳудуди васеи ҳарорат оварда шудааст. Методи мазкур аз ҷониби муаллифон коркард шуда, хосиятҳои электрофизикӣ тавассути дастгоҳи универсалӣ барои синтез, ҳосил намудан ва таҳқиқи хосиятҳои физикиву кимиёвии пайвастагиҳои нимноқилӣ дар ҳудуди васеи ҳарорат таҳқиқ шудааст. Инчунин намунаҳои бо мис ҷавҳаронидашудаи пайвастагии мазкур дар ҳудуди васеи ҳарорат таҳқиқ карда шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки илова намудани ғаш (Cu) хосиятҳои электрофизикии пайвастагиро беҳтар ва доираи татбиқи онро фарохтар мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар шакли ҷадвал нишон дода шудаанд.
Калидвожаҳо: синтез, хосиятҳои электрофизикӣ, пайвастагии сечанда, ноқилияти электронӣ, коэффитсиенти Холл, раванди ҷавҳаронӣ, мис, диаграммаи ҳолат, пайвастагии бинарӣ, дастгоҳ, масома.

Маълумот дар бораи муаллифон:
Ғафоров Сатор – номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Гулматов Умарҷон Абдуллоевич – муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, e-mail: gulmatov-88@mail.ru.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2