Зеҳн

Усулҳои инноватсионии муҳофизати рустаниҳо аз зараррасонҳо ва алафҳои бегона

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

УСУЛҲОИ ИННОВАТСИОНИИ МУҲОФИЗАТИ РУСТАНИҲО АЗ ЗАРАРРАСОНҲО ВА АЛАФҲОИ БЕГОНА

Раҷабов И.Ҳ.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб

Ҳар сол аз ҳисоби зараррасонҳо ва алафҳои бегона як қисми ҳосили деҳқонон аз даст меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ, ки ба ҳимоя ва карантини рустаниҳо машғуланд, кайҳо боз диққати худро ба зарурати алтернативии воситаҳои ҳифзи растанӣ равона кардаанд, чунки зараррасонҳо ва барангезандагони бемориҳои растанӣ ба таъсири пеститсидҳо ва воситаҳои таъсиррасонӣ муқовимати ҷавобиро ба вуҷуд меоранд ва худро бо ин роҳ муҳофизат мекунанд. Ва имрӯз таҳримҳои давлатҳои ғарбӣ, ки бар асоси он як қисми маводи муҳофизати растанӣ дар саросари ҷаҳон қимат шуда, баъзеи дигарашон аз бозорҳои Русия комилан хориҷ шуданд, на танҳо истеҳсоли дохилии воситаҳои ҳифзи кимиёвиро ба рушд тела доданд, балки усулҳои алтернативиро низ ба вуҷуд оварданд, ки сари вақт ва мувофиқи мақсад бурдани чорабиниҳои муҳофизатиро тақозо менамоянд. Солҳои охир ба истеҳсол ва истифодабарии биопрепаратҳо диққати махсус медодагӣ шуданд ва ба ин роҳ то андозае садди роҳи зараррасонҳо мешуданд. Пештар, биостимуляторҳои кишоварзӣ дар бисёре аз олимон шубҳаро ба вуҷуд оварда буданд. Вазъият дар даҳсолаи аввали асри XXI ба куллӣ тағйир ёфт, вақте ки як қатор истеҳсолкунандагони бузурги дорусозӣ ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти биологиро ба даст оварданд. Пас аз ин, деҳқонон ба технологияи ояндадор таваҷҷуҳи зиёд пайдо карданд. Таърихан, ин категория маҳсулотҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла бактерияҳои маъруфи ризобиалӣ, ки ба лӯбиёгиҳо барои аз таркиби хок ҷаббидани нитроген мусоидат менамояд. Дар айни замон доираи истифодаи доруҳои нав фаъолона васеъ мешавад. Ба деҳқонон доруҳое, ки микробҳо таҷзия мекунанд, пешниҳод карда мешаванд, ки нитрогени атмосфераро барои решаи растаниҳо зам мекунанд ё агентҳое, ки мавҷудияти фосфорро дар қабати ҳосилхези хок зиёд мекунанд ё маҳсулотҳое, ки барои коҳиш додани фишори растанӣ ва дигар мақсадҳо пешбинӣ шудаанд.

Албатта, ҳангоми истифодаи чунин доруҳо бояд хусусиятҳои онҳоро ба назар гирифт: истеҳсолкунандагони кишоварзӣ, ки биостимуляторҳоро истифода мебаранд, қайд мекунанд, ки коркарди онҳо ба мисли воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо осон нест. Дар аксари мавридҳо муҳлати нигоҳдории биостимуляторҳо то як сол маҳдуд аст.

Саволҳои беҷавоби бисёре дар бораи самаранокии ин доруҳо боқӣ мемонанд. Самаранокии баъзе аз онҳо, масалан, доруҳои ризобиалии лӯбиёро вақт собит намудааст. Аммо вақте ки сухан дар бораи занбӯруғҳои микоризаӣ, доруҳои микробҳо ва як қатор дигар намудҳои биостимуляторҳо меравад, баъзе коршиносон мегӯянд, ки на ҳамеша далелҳои эътимодбахш барои самаранокии агентҳои нав вуҷуд доранд. Дар айни замон машҳуртарин истеҳсолкунандаи чунин доруҳо дар Русия «Россельхозцентр» мебошад. Маҳсулоте, ки дар асоси микроорганизмҳои зинда бештар истифода мешаванд, биопеститсидҳо (асосан биофунгисидҳо), нуриҳои микробиологӣ ва биостимуляторҳо мебошанд. Аксарияти коркардҳо бо ҳама намуди маҳсулоти биологӣ пеш аз кишт сурат мегиранд.

Бо вуҷуди ин, вазъият тағйир меёбад. Афзоиши маъруфияти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баланд шудани нархи нуриҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳо барои маҳсулоти биологӣ имкониятҳои навро ба вуҷуд меоранд. Солҳои охир усулҳои наву инноватсионии мубориза бар зидди зараррасонҳо ва алафҳои бегона коркард карда шудаанд. Яке аз онҳо хишова бо истифода аз қувваи барқ мебошад. Бо қувваи барқ нест кардани алафҳои бегона шавқу ҳаваси зиёдеро дар хоҷагидорон ба вуҷуд овардааст. Ҳамин тавр, «технопарки электрикӣ» аз тарафи фирмаҳои истеҳсолии Ғарб фаъолона инкишоф меёбад. Масалан, системаи гибридие ба вуҷуд оварда шудааст, ки дар як вақт истифодаи маҳлули махсуси гузаронандаи ҷараёни ток ва пошиданро ба ҳам мепайвандад. Асосан, таҷҳизоти навоварона ба мубориза бо алафҳои бегона дар зироатҳои сабзавот, картошка ва ҷуворимакка нигаронида шудааст.

Таҷрибаи истифодаи нерӯи барқ барои мубориза бо алафҳои бегона дар Русия аз давраи таърихии шӯравӣ сарчашма мегирад. То имрӯз дар Русия шумораи зиёди пешниҳодҳои патентӣ оид ба дастгоҳҳои гуногун ва тамоми системаҳои нест кардани алафҳои бегона бо ҷараёни барқ маълуманд. Дар охири асри бистум дар Донишгоҳи кишоварзии Челябинск культиватори электрикӣ сохта шуд, ки он барои нест кардани алафҳои бегона бо ҷараёни сефазавии басомади саноатӣ истифода мешуд. Мутаассифона, ин ва дигар усулҳо ба истифодаи мунтазами амалӣ нарасидаанд. Бо вуҷуди ин, вазъи кунунии хоҷагидорӣ ин мавзӯъро дубора ба маркази таваҷҷуҳ меорад.

Дигар усул – истифодаи нури кабуд дар мубориза бо алафҳои бегона аз ҷониби олимони Огайо омӯхта мешавад: озмоиши нури кабуд ва гармӣ барои нест кардани тухмии алафҳои бегона. Барои тағйир додани нашъунамои растанӣ муддати кӯтоҳи нури шиддатнокро истифода мебаранд. Дар сурати бомуваффақият гузаштани таҷриба технологияи нави муборизаи зидди алафҳои бегона ба вуҷуд оварда мешавад.

Олимон муайян карданд, ки агар шумо тухмиро то ҳарорати муайян гарм кунед ва сипас онро бо нури кабуд шуоъпошӣ кунед, ҳуҷайраҳое, ки афзоиши радикалиро назорат мекунанд, осеб мебинанд ва тухм ҳеҷ гоҳ ба растанӣ табдил намеёбад. Ба комбайнҳо системаи нури кабуд пайваст шуда, тухми алафҳои бегонаро ҳангоми аз паси машина баромадани онҳо нобуд мекунад. Пас аз чунин табобат дар киштзор ҳар сол алафҳои бегона кам мешаванд – онҳо танҳо аз имконияти инкишофёбӣ маҳруманд.

Дигар усул – технологияи Sense Spray номида мешавад. Мувофиқи ақидаи таҳиякунандагони технологияи нав, вай то 90 фоизи воситаҳои муҳофизати растаниро сарфа мекунад. Sense Spray як системаи дар ҷой ва муҳлати муайян пошидани воситаи муҳофизатӣ барои ҳифзи зироат мебошад. Онро насб кардан осон аст ва ҳатман харидани таҷҳизоти навро талаб намекунад. Sense Spray-ро метавон дар як дорупошаки нав насб кард ё дастгоҳи мавҷударо каме такмил додан лозим меояд.

Дигар усул – намакин кардани хок мебошад. Аз соли 2021 олимони Донишгоҳи аграрии Красноярск барои омӯхтани имкон ва самаранокии истифодаи намакҳои табиӣ (маҳлулҳои табиии намаки ошӣ), ки дар мубориза бар зидди алафҳои бегона ҷойгузини маводи кимиёвӣ хоҳанд шуд, кор мекунанд. Афзалиятҳои усули пешниҳодшуда бехатарии нисбӣ барои муҳити зист, ҳайвонот ва одамон, инчунин арзиши ниҳоят пасти намакоб ва ғайраро таъмин мекунанд. Аз маълумотҳои адабиётҳо ба мо маълум мешавад, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи олимон баҳои баланди экспертӣ гирифтааст ва яке аз ғолибони озмуни грантии Бунёди илмии вилояти Красноярск гардидааст.

Гранти гирифташуда имкон дод, ки дар заминҳои гандуми баҳорӣ тадқиқот гузаронида шавад, ки самаранокии истифодаи маҳлули намаки табииро дар якҷоягӣ бо часпак – воситае, ки гербитсидро дар растаниҳо нигоҳ медорад ва боришоти зиёд ба шустани он имкон намедиҳад, нишон дод. Дар натиҷа миқдори гандуми серҳосил зиёд шуда, дарозии хӯша ва дигар нишондодҳо ба куллӣ баланд шуданд. Аммо намакҳо таъсири умумӣ доранд, бинобар ин таҳқиқот барои пурра баҳо додани таъсири маҳлул ба хусусиятҳои агрохимиявӣ ва ҳолати агрофизикии хок давом дода мешавад.

Дар мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои растаниҳо усули механикӣ, агротехникӣ ва биологӣ аввалияти аввалинро касб мекунад. Дар маҳалҳои аҳолинишин ҳангоми мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон усули механикӣ ва агротехникиро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст ва ин як бартарият нисбат ба дигар усулҳои муҳофизати растанӣ ба ҳисоб меравад. Барои оқилона бо истифода аз тадбирҳо рӯи кор овардани ин усул донистани афзалиятҳои трофикӣ зарур аст. Лозим меояд, ки фенологияи ҳашароти зараррасон ва рустаниро мушаххас намуда, давраи аз ҳама бештари хавфро муқаррар намуда, дар кадом марҳилаи давраи ҳаёт ин чорабиниро амалӣ намуданро аниқ карда, воситаҳои муборизавиро ба кор андохта, самаранокии баланди истифодаи усулро дарёфт кард.

Адабиёт:

  1. Бизюкова, О. В. Обзор мирового рынка микробиопрепаратов / О. В. Бизюкова // Защита и карантин растений. – № 3. – 2012. – С. 9–12.
  2. Боймуродов, Р. Изменение органического вещества почв Центрального Таджикистана под влиянием природных и антропогенных факторов / Р. Боймуродов // Автореф. дисс. канд. с.-х. наук. – Душанбе, 2000. – 24 с.
  3. Буга, С. Ф. Биологические и альтернативные методы защиты культур от вредителей, болезней и сорняков / С. Ф. Буга, В. Г. Иванюк, С. В. Сорокина // Адапт. сист. земледелия в Беларуси. – Минск, 2001. – С. 242–243.
  4. Шпаар, Д. Рост населения в мире, экологически устойчивые сельское хозяйство и защита растений на рубеже XXI века / Д. Шпаар // Вестник защиты растений. – 1991. – № 1. – С. 36–43.

Аннотатсия:
Дар мақола маълумоти муфассал дар бораи усулҳои муосири мубориза бар зидди зараррасонҳо ва алафҳои бегона, ки ба хоҷагидорон зарари калон меоранд, оварда шудааст ва ҳамзамон усулҳое, ки ҳанӯз дар марҳилаи апробатсия қарор доранд, низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Инчунин самаранокӣ ва камбудиву бартариятҳои онҳо нишон дода шудааст. Қайд гардидааст, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ин усулҳо истифода бурда шавад.
Калидвожаҳо: ҳашароти зараррасон, касалӣ, алафҳои бегона, хишова, энтомофаг, акаритсид, сенспрэй.

Маълумот дар бораи муаллиф:
Раҷабов И.Ҳ. – мудири кафедраи технологияи саноати сабук ва маҳсулоти хӯроквории ИТИМК, телефон: 988-14-64-54.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2