Нақши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири саноат дар фаъолияти инноватсионӣ
НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗӢ ВА ДАҚИҚ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИРИ САНОАТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ
Эркаев С.А., Шоҳиён А.Н., Исоев С.Қ.
МДТ ДДХ ба номи Б. Ғафуров,
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, дақиқ ва ғайра дар ҷараёни таълим дар замони муосир барои гул-гулшукуфонии кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд. То замони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 46 ва шумораи донишҷӯён ба 285 ҳазор нафар расидааст [1, 24], 146 мактаби миёнаи махсус, қариб 4000 мактаби миёна фаъолият мебаранд. Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ, қариб 10 ҳазор фарзандони халқи тоҷик дар асоси Квотаи президентӣ дар мамлакат таҳсил мекунанд. Шумораи умумии хонандагону донишҷӯён зиёда аз 2,5 млн нафарро ташкил менамояд ва зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро то синни 30-сола ташкил мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ бобати ҷонибдорӣ аз ин иқдомҳои неки Сарвари давлат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии қаламрави вилоят ва истифодаи технологияи инноватсионӣ тамоми тадбирҳои муҳим ва заруриро амалӣ менамояд. Ҳамасола зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъол стипендияҳои номии Раиси вилоятро соҳиб мешаванд, ки аксарияти онҳоро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил медиҳанд. Имсол низ ин иқдом бо баргузории озмун дар миёни донишҷӯён ва аспирантон мавриди амал қарор гирифт, ки донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба ин номи пуршарафи гирандаи стипендияи номии Раиси вилоят мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, аз МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров», ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ДДҲБСТ, ДИС ва ДКМТ шумораи калони донишҷӯён ва аспирантон ба гирифтани идрори мазкур лоиқ шуданд ва он дар маросими тантанавӣ аз ҷониби худи Раиси вилоят қадрдонӣ гаштанд [2, 4].
Дарҳақиқат, дар ин мулоқот Раиси вилоят иброз доштанд, ки имсол танҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 500 стипендияи номӣ таъсис дода шудааст ва онҳо дар ҳавасмандкунию дастгирии мутахассисони ояндаву олимони ҷавон нақши муҳим доранд. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва аз баракати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қаламрави вилоят шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус афзун гардидааст, ки онҳо баҳри омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ хидмат мекунанд. Барои таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои таҳсил ва фароғати донишҷӯёни қаламрави вилоят Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд [3, 6]. Танҳо дар давоми даҳ соли охир шахсан худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 7 маротиба, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҷомеаи устодону донишҷӯёни қаламрави вилоят мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд. Маҳсули ин таваҷҷуҳи Роҳбари давлат буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр, бинои нави таълимӣ ва бинои истиқоматӣ барои устодони донишгоҳ, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бинои таълимӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ба бинои нави таълимии ДДХ асос гузошта шуд, ки дар маросими ифтитоҳи онҳо бевосита худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳилаи ҳозираи ислоҳоти таълим якчанд намудҳои усули инноватсионии таълим, амсоли усули татбиқи Низомномаи бакалавр, магистратура, доктор PhD, таҳсилоти кредитӣ дар таълим, татбиқи босамари технологияи компютерӣ, таълими фосилавӣ, нақши Интернет ва ғайраро дар баланд бардоштани сифати таълим ва дигар роҳҳову усулҳо истифода бурдан лозим мебошад. Роҳ, методҳо ва усулҳои дар боло қайдкардашударо, агар омӯзгор таҷрибаи бойи кории таълимӣ дошта бошад, дар омӯзиши фанҳо васеъ истифода бурдан мумкин аст [5, 1–5]. Таърихнигорӣ як соҳаи илмро номанд, ки таърихи илми ҳамаи фанҳоро меомӯзад. Ин фан барои пурратар ва чуқуртар омӯхтани ҳамаи илмҳои ҷаҳон зарур ва шарт аст. Ҳар як фан таърих ва таърихнигории (историография) худро дорад.
Дар замони муосир омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар рафти тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси касбӣ мавқеи ҳалкунанда ишғол мекунад. Дар омӯзиши амиқу ҳаматарафаи рафти ташаккулёбӣ ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ – илми таърихшиносӣ, таърих, қонуниятҳои асосии инкишофи давраҳои таърихи ҷамъият, баланд шудани савияи назариявию методологии тадқиқотчиён муҳим мегардад ва он ба кадрҳои касбии оянда имконият медиҳад, ки таҷриба ва малакаҳои илмӣ, тадқиқотӣ, эҷодкорӣ пайдо карда, ба тадқиқотҳои мукаммали илмӣ ва омӯзиш машғул шаванд.
Имрӯзҳо дар вақти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, дақиқ ва дигар фанҳо истифода бурдани метод-усули «дарс-лексия» ва технологияи инноватсионӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, барои баланд бардоштани саводнокии донишҷӯён саҳми махсус мегузорад. Барои он ки дар давраи гузариш аз системаи таълими мактаби олии давраи шӯравӣ ба системаи таълими марҳилаи истиқлолияти Тоҷикистон бо сабабҳои объективию субъективӣ дониши мактаббачагон ва донишҷӯён нисбатан суст шуда буд. Ислоҳотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию маданию фарҳангӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, воқеаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри XX ва ғайра дар қатори соҳаҳои хоҷагии халқ ба системаи таълим ва тарбия ҳам таъсири манфӣ расонида буд. Дар омӯзиши фанҳои дақиқ бештар усулҳои инноватсионӣ: «лексия», «дарси амалӣ», «дарси лабораторӣ», КМРО, КМРО берун аз дарс, КМД истифода бурда мешаванд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки усули «дарс-лексия» аз панҷ қисмат:
- пурсиши вазифаи хонагӣ ва дарсҳои гузашта;
- баёни мавзуи нав;
- равиши дарс-лексия ҳангоми баёни мавзуи нав;
- мустаҳкам гардонидани дарс-лексия;
- ҷамъбасти дарс-лексия иборат мебошад.
Имрӯзҳо бештар ба мустақилона дарс тайёр кардани донишҷӯён эътибори махсус дода, дар асоси барномаи таълимии кредитӣ (лексия, амалӣ, КМРО, КМД ва ғайра), аз он ҷумла тартиб додани силлабус, маводи комплекси таълимӣ, презентатсия (муаррифии фан бо нақшу нигор, расмҳо, схема, диаграммаҳо ва ғ.) ташкил карда шуда истодааст. Албатта, ин намуди дарсгузорӣ як намунаи таҷрибаи пешқадамтарини ҷаҳон буда, ҳаматарафа мавриди таҳлили баҳснок ва омӯзиш қарор дорад. Дар ин шароит сифат ва самаранокии дарс беҳтар мешавад. Илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ нисбат ба дигар фанҳо хеле мураккабтар мебошанд, чунки дар онҳо таърихи илмҳо дар асоси таҳлили илмии назария ва хулосаҳои гуногуни илмӣ, натиҷаҳои илм, муқоисаҳои равандҳои гуногуни илми таърихнигорӣ, маводҳои матбуот, асарҳои гуногуни таърихӣ ва ғайра омӯхта мешаванд.
Дар асоси таҷрибаи корӣ ҳаминро пешниҳод кардан мумкин аст, ки истифодаи технологияи инноватсионӣ сифат ва сатҳи баланди таълимро таъмин менамояд. Ба шароити гуногуни объективию субъективӣ нигоҳ накарда, омӯзгор бо донишҷӯён системанок ва бештар кор ташкил намояд. Масалан, саволу ҷавоб дар давоми дарс-лексия (3–4 дақиқа), кори хаттӣ дар нимсола 2–3 маротиба, ё ки дар вақти дарс (5 дақиқа), гузаронидани усули тест, интихобан пурсиши мавзуъҳои фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ аз донишҷӯён дар асоси маводҳои матбуотӣ, асарҳои нави таърихӣ, маълумот дар бораи олимони варзида, ихтироъҳо ва ғайра. Барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии омӯзиши фанҳои дақиқ аз роҳ ва метод-усулҳои бисёри кори мустақили донишҷӯён – кори хаттӣ (назоратӣ), коллоквиум, саволу ҷавоб, баҳс, мулоқот, навиштани реферат, кори индивидуалӣ-инфиродӣ, муаррифии асарҳои нави таърихнигорӣ (историографӣ), тайёр кардани маърузаи илмӣ дар конфронси илмӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар озмунҳо (олимпиада, озмуни корҳои илмӣ ва ғайра), кори мустақили хонагӣ ва дигар методҳо устокорона истифода бурдан лозим мебошад. Ва баъд аз он, барои баланд бардоштани сатҳи таълими фан истифодаи технологияи инноватсионӣ-компютерӣ ва нақши Интернетро босамар дар раванди таълим васеъ истифода бурдан лозим аст, ё ин ки дар асоси талаботи замони ҳозира давра ба давра донишҷӯёнро ба ин роҳ ва метод-усулҳои инноватсионии таълим, ба дарси шавқовар ҷалб кардан зарур аст. Омӯзиши мазмун ва моҳияти таҳсилоти кредитӣ давом дорад. Дар тартиби таҳсилоти кредитӣ дар давоми ҳар як нимсолаи таълим ду бор санҷиши фосилавӣ ва имтиҳони ниҳоӣ дар асоси тест (тести одӣ, тести мувофиқоварӣ, тести якчанд ҷавобдошта, тести «ҳа ё не»), саволҳои хаттӣ мутобиқи нақшаи раванди таълим ба роҳ монда мешаванд. Тартиби гузаронидани имтиҳони ниҳоӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ муқаррар мегардад [6, 297].
Дар соҳаи таълими давраи истиқлолият якчанд бор ислоҳот гузаронида шуда, дар натиҷаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир ба стандарти ҷаҳонӣ наздик шуда истодааст. Онро дар барномаҳои таълимии бакалавр, магистратура, доктор PhD, фосилавӣ ва ғайра дидан мумкин аст. Сиёсати давлатии илм дар замони муосир аҳамияти муҳим дошта, ба масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, самтҳои афзалиятноки илм, ихтироъкориву навоварӣ, банақшагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷроиши он, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаҳои магистратура, докторантура, равиши вижаи унвонҷӯӣ, дастрасӣ ба иттилоот, дастрасӣ ба лаборатория ва корҳои ташхиси маводҳо, табъу нашри маводҳои илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ҳалли мушкилоти самтҳои афзалиятноки илмӣ, иштирок ва дарёфти грант ва лоиҳаҳои фаромиллӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, семинарҳо, конференсия, симпозиум, марбути рейтинги олимон ва муҳаққиқони кишвар ва ба дигар масъалаҳо эътибори махсус дода, сифат ва самаранокии таълиму тарбияро баланд бардошта, кадри мутахассиси касбӣ тайёр карданро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд [7].
Вазифаи асосӣ дар идоракунии мактабҳои олии кишвар – идоракунӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти Тоҷикистон – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд: «Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Бори дигар таъкид менамоям, ки неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард».
Дар замони муосир масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои гул-гулшукуфонии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти ҳалкунанда доранд [8, 4].
Адабиёт:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ш. Душанбе, 26 январи соли 2021. – Душанбе: Шарқи озод, 2021.
- Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат. – Душанбе, 2017.
- «Ҷавонони Тоҷикистон», № 18 (9704), 06.05.2021.
- Эркаев С.А. Таърих ҳикмати асрҳои гузашта. – Хуҷанд, 2020. – с. 52.
- Ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020. – Душанбе, 2021.
- «Нури маърифат», № 13–14 (2255–56), 18 сентябри соли 2019.
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур ҳадафҳои асосии истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир, таҳсилоти кредитӣ дар таълим, истифодаи самараноки технологияҳои компютерӣ, таълими фосилавӣ, нақши Интернет ва дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир истифода бурдани усулу методҳои дигар баррасӣ мегарданд.
Калидвожаҳо: донишгоҳ, технология, инноватсия, мутахассисон, рақобатпазир, Тоҷикистон, табиатшиносӣ, риёзӣ, илмҳои дақиқ, омӯзиш.
Маълумот дар бораи муаллифон:
Эркаев Сафар Абдулхайрович – дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров», номзади илмҳои таърих, e-mail: safar.erkaev@mail.ru.
Шоҳиён Алмосшо Набот – доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Исоев Собир Қурбоналиевич – н.и.т., ноиби ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.




