Зеҳн

Панди рӯзгор (андарзҳои Афлотун)

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Аз Афлотун ду савол пурсиданд:
— Кадом рафтори одамият шуморо ба ҳайрат меорад?

Афлотун гуфт:
— Одамият аз кӯдакӣ ҳамеша орзуи ҳарчӣ зудтар ба камол расиданро мекунад, вале пас аз бузург гаштан, кӯдакияшро ёд мекунад. Ҳамчунин, барои ба даст овардани сармоя саломатияшро аз даст медиҳад, вале боз барои барқарор кардани саломатӣ сармоя сарф мекунад. Ояндаашро фикр карда, имрӯзашро фаромӯш мекунад, вале дар охири умр мебинад, ки на имрӯз ва на ояндаашро зиндагӣ накардааст. Ҳамон гуна ба сар мебарад, ки гӯё намиранда бошад, вале он гуна мемирад, ки гӯё ҳеҷ вақт дар ин олам назистааст.

Бори дигар ба Афлотун чунин савол доданд:
— Барои хушбахт зистан чӣ тавсия медиҳед?

— Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед! Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд! Вазифаи шумо ин аст, ки шахси лоиқи дӯст доштан бошед. Муҳим он нест, ки соҳиби чизи зиёд бошед, муҳим он аст, ки бо чизи андак эҳтиёҷро бартараф кунед...

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2