29 соли фаъолияти ҳизбӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат
«Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд».
— Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Хушбахтона, имсол 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо як дили гарм ва шаҳомати хосса дар доираи ободкориҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон таҷлил менамоем. Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳизб замоне ба саҳнаи сиёсати кишвар омад, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол оташи низоъҳои ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагардида буд. Дар он давраҳои бисёр мураккабу ҳассос маҳз аъзои фаъол ва ҷонибдорони ин ҳизби бунёдкор тавонистанд дар атрофи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, кишвари дар оташи ҷанг бударо аз парокандагӣ наҷот дода, сулҳу субот ва тинҷию оромии кишварро таъмин кунанд.
Бешубҳа метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш ҳамчун омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорад, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Дар воқеъ, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.
Як ҳақиқати таърихӣ ин аст, ки ҳизб то имрӯз ба чӣ муваффақияту дастовардҳо ва мавқею ҷойгоҳ сазовор гаштааст, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Раиси ҳизб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат тавонистанд, ки номи худро ҳамчун эҷодгари сулҳ дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Қиматтарин арзиш барои зиндагии осоиштаи мардум сулҳу субот, амнияту оромӣ ва иттиҳоду ваҳдати комил аст, зеро дигар арзишҳо бе будани инҳо ҳеҷ аст. Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳсозӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қуллаҳои баланди нуфузу шуҳратро соҳиб гардидаанд.
Дар китоби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бист қадами созанда», ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, чунин омадааст: «Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем». Тавре дида мешавад, дар ин суханон як ҷаҳон масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат нисбат ба имрӯзу ояндаи халқ, умед ба ояндаи неки кишвар таҷассум ёфтааст.
Ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.
Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Тоҷикстандарт» пайваста барои амалӣ намудани ҳадафҳои олии кишвар кӯшиш менамояд. Маъракаҳои сиёсию ҷамъиятиро бо дили гарм ва рӯҳи болида мегузаронад. Ҳама гуна ҷашнҳои миллию сиёсӣ, аз қабили ҷашни Истиқлол, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Иҷлосия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи байналмилалии Наврӯз, Идҳои Ғалабаву Ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳоро бо ифтихори хос таҷлил намуда, моҳияти ҳастии ин ҷашнҳои миллиро ба таври равшан барои аҳли ҷомеа, хусусан кормандони Агентии Тоҷикстандарт мерасонад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ташкилоту кумитаҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳои давлатӣ пайи иҷрои рисолати кории худ буда, бо фаъолияти густурдаи худ барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нақши барҷаста мегузоранд.
Бахтиёр Баротзода,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Агентии Тоҷикстандарт




