Зеҳн

Мафҳум ва моҳияти идоракунии сифати маҳсулот

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар ҳаёти имрӯза мо истилоҳи «сифат»-ро зиёд истифода менамоем, масалан: сифати маҳсулот, сифати хизматрасонӣ, сифати меҳнат ва ғайра.

Сифати маҳсулот яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхона мебошад. Баландбардории сатҳи сифати маҳсулот ба дараҷаи назаррас устувории корхонаро дар шароити бозор, суръати тараққиёти техникӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ (инноватсия), рушди самаранокии истеҳсолот ва сарфаи тамоми намуди захираҳоро, ки дар корхона истифода мегарданд, муайян менамояд.

Таъсири назаррас ба сатҳи зиндагӣ сифати мол ва хизматрасонӣ мерасонанд. Бинобар ин, масъалаи сифати маҳсулот ва хадамот мубрам боқӣ мемонад. Ин як масъалаи стратегӣ буда, аз ҳалли он устувории иқтисодиёти давлати мо вобастагӣ дорад.

Мавҷудияти рақобатнокӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамаи корхонаю ташкилотҳоро уҳдадор мекунад, ки ба муаммоҳои сифати маҳсулоти хӯрокворӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Иқтисоди бозоргонии муосир ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда талаботи ҷиддиро пешниҳод мекунад. Ин бо он алоқамандӣ дорад, ки дар шароити муосири мутобиқшавии ҳар як корхона вазъи устувории он дар бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ бо дараҷаи рақобатпазирии он дар бозор муайян карда мешавад. Дар навбати худ, рақобатпазирӣ бо ду нишондиҳанда – дараҷаи нарх ва дараҷаи сифат алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ омили дуюм ба ҷойи якум гузашта истодааст. Ҳосилнокии меҳнат, сарфаи ҳама намуди захираҳо мавқеашонро ба сифати маҳсулот медиҳанд.

Раванди баландбардории сифат, ки фаъолияти кормандони бисёр соҳаҳо, гурӯҳҳои мутахассисон, кормандони қаторӣ ва дигаронро ба ҳам меорад, на танҳо барои фоида аз фурӯши мол ва хизматрасонӣ, балки барои манфиати тамоми ҷомеа низ нақши асосиро мебозад.

Сифати маҳсулоти хӯрокворӣ нишондиҳандаи муҳими фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Баландбардории сифати маҳсулоти хӯрокворӣ аз бисёр ҷиҳат ба суръати пешрафти илму техника, афзоиши самаранокии истеҳсолот, сарфи ҳама намуди захираҳои истифодашаванда ва дар бозор мавқеи худро аз даст надодан вобаста мебошад. Сифати маҳсулот натиҷаи сифати меҳнат, предмети меҳнат, воситаи меҳнат, техникаву технология, умуман натиҷаи сифати истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Мафҳуми «сифат» ҳамчун маҷмӯи хусусиятҳои хос, шакл, намуд, шароити истифода ва элементҳои маҳсулот ё хизматрасонӣ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда ва қобилияти қонеъгардонии талаботро доранд, муайян шудааст. Сифат нишондиҳандаи мураккаб ва категорияи универсалӣ буда, бисёр хусусиятҳо ва ҷанбаҳои гуногунро вобаста ба соҳа доро мебошад.

Дар назария ва амалияи муосир мафҳуми сифат гуногун шарҳ дода шудааст. Сифати маҳсулоти хӯрокворӣ – маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қобилияти қонеъ гардонидани талаботи инсонро ба хӯрок дар сурати мувофиқати ҳатмии онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ доранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 10 майи соли 2001, № 54).

Стандарти ГОСТ Р ISO 9000-2001 «Системаҳои менеҷменти сифат. Муқаррароти асосӣ ва истилоҳот» сифатро ҳамчун дараҷаи мутобиқати маҷмӯи хусусиятҳо ба талабот муайян мекунад. Ба ибораи дигар, сифат маҷмӯи хосият ва хусусиятҳои маҳсулот ё хадамот аст, ки қобилияти қонеъ гардонидани талаботи муайяншуда ва пешбинишударо доранд.

Сифат – ин маҷмӯи хусусиятҳои муайянест, ки предмети додашударо аз дигар предметҳои ҳамон намуд ҷудо (фарқ) мекунад. Ё худ сифат бо хусусиятҳои асосӣ ташкил мешавад, ки воқеан ба ашёҳо тааллуқ доранд, чунончи андоза, шакл, вазн, инчунин хусусиятҳои ғайриасосӣ, ки асли предмет набуда, аммо аломатҳои ҷудонашавандаи онро ташкил намуда, дарккунии эстетикаи онро тартиб медиҳанд.

Унсурҳои асосии муайянкунандаи коршоямии молро сифати он низ меноманд. Ҳангоми беҳтар намудани сифати маҳсулот арзиши он баланд мешавад.

Музаффар Мирзоев,
мутахассиси бахши назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум ва саноати вазнини Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Ваҳдат

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2