Зеҳн

Татбиқи стандарти байналмилалии ISO 45001: таъмини бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, инчунин мусоидат дар татбиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва татбиқи талаботи системаи менеҷменти сифат барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур арзёбӣ мешавад.

Дар шароити муосир, дар замоне ки буҳрони молиявӣ ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳарчи зудтар рафъ намудани буҳрон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлат мебошад. Айни замон кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта кӯшиш менамоянд, то аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта истифода намуда, модели тараққиёти иқтисодии он кишварҳоро нисбат ба низоми менеҷменти сифат дар худ амалӣ созанд. Татбиқи низоми менеҷменти сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти мақомот, ташкилоту корхонаҳо ба воситаи истифодабарии принсипҳои системаи менеҷменти сифат таҷассум меёбад. Принсипҳои менеҷменти сифат аз таҷрибаҳои мамлакатҳои мутараққӣ сарчашма гирифта, ба воситаи стандартҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд.

Ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар шароити имрӯза хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ин як омили нави ёрирасон барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна дар омӯзиши сегментатсияи бозор мебошад. Аз ин рӯ, барои дастгирии манфиатҳои зерсохторҳо ва муайянкунии банду басти бозоргонӣ дуруст башаклдарории низоми идоракунӣ зарур мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар даҳсолаҳои охир дар корхонаҳои мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда системаи менеҷменти сифат, хизматрасонии сатҳи баланд ва роҳандозӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ ба тадриҷ рушд кардааст. Гуфтан мумкин нест, ки пештар дар ин мамлакатҳо доир ба масъалаи сифат, хизматрасонӣ ва монанди инҳо кам диққат дода мешуд, балки онҳо худро пайваста ҳамқадами замон дониста, беҳтар кардани сифат ва хизматрасониро омили муваффақ гардидани худ медонанд.

Ҳамчунин, дар давраи тараққиёти истеҳсолот бисёр моделҳо пайдо шудаанд, ки дар онҳо дар баробари зиёд кардани истеҳсолот, инчунин идорашавии сифати маҳсулот, самаранокӣ, даромад, бехатарии экологӣ ва саноатӣ, бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат (International Labour Organization, ILO), ҳамарӯза ҳазорҳо нафар бар асари садамаҳо ё бемориҳо дар ҷойи кор мефавтанд. Дар ҳоле ки метавон чунин ҳолатҳоро пешгирӣ намуд ва аз рӯи масали «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» амал кард. Вобаста ба пешрафти ҷомеа, кумитаҳои техникии ташкилоти байналмилалии ISO стандарти байналмилалии ISO 45001 «Системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ»-ро барои ноил шудан ба ин ҳадаф пешбинӣ кардаанд. Лозим ба зикр аст, ки натиҷаи ниҳоии истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ ба корхонаю ташкилот имконият медиҳад, ки ҳифзи саломатии кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат, пешгирии осеб ва захмдоршавиро дар истеҳсолот таъмин намоянд ва нишондиҳандаҳои худро дар самти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ баланд бардоранд. Омили мазкур ба беҳтаршавии сифати маҳсулот, болоравии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рақобатпазирии маҳсулот ва дар ин замина мусоидат ба рушди иқтисод, ки мақсади асосии ҳар як корхонаю ташкилот ба ҳисоб меравад, бевосита таъсир мерасонад.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир ҷорӣ намудани низоми стандарти байналмилалии ISO 45001 «Системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ» дар корхонаву ташкилоти мамлакат (аз ҷумла, дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, ширкатҳои сохтмонӣ) хеле боманфиат хоҳад буд. Зеро ин амал, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сифати идоракунӣ дар корхона, шаффоф гардонидани равандҳои истеҳсолӣ барои муштариён, зиёд намудани самаранокии ширкат, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, кам кардани хатарҳо, беҳтар намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти тайёр, ҳамоҳанг намудани системаи идоракунии сифат бо системаҳои соҳавӣ ва тақсим намудани масъулият дар байни роҳбарон ва кормандон мусоидат мекунад.

Мирзоён Раҳмоншо,
муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2