Зеҳн

Маълумот дар бораи антифриз ва ТОСОЛ

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Антифриз ва ТОСОЛ моее аст, ки дар системаҳои хунуккунии автомобилҳо истифода бурда мешавад.

Таърихи пайдоиши антифриз ва ТОСОЛ

Антифриз аз калимаи юнонии «anti» (муқобил) ва калимаи англисии «freeze» (яхшавӣ), яъне муқобили яхшавӣ мебошад. Антифриз аввалин маротиба соли 1930 дар Аврупо ихтироъ карда шуд. Барои антифризи -40 тайёр намудан дар он 35% об ва 65% глитсерин, яъне спирти сеатома омехта намуданд, ки ҳарорати ҷӯшиш ба 290 °С баробар буд. Баъди ташхис муайян гардид, ки дар баробари ҳарорати ҷӯшиш часпакии кинематикӣ баланд шуда, дар гардиш барои хунук намудани муҳаррик монеа ба вуҷуд меорад. Барои ҳарорати ҷӯшиш ва часпакиро паст намудан, ба он спирти этил (этанол) ва ё спирти метил (метанол) ҳамроҳ карданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки метанол ва этанол заҳри бениҳоят хатарнок буда, барои ронанда ва одамони гирду атроф зарари калон доранд. Аз ин рӯ, олимон зарур донистанд, ки ба ҷои он маҳлули дигареро фикр карда бароянд, ки ҳам барои инсоният бехатар ва ҳам барои гирду атроф безарар бошад. Онҳо ба хулосае омаданд, ки ба ҷои маҳлули заҳролуду хатарнок этиленгликолро истифода баранд. Аслан, этиленгликол ин спирти дуатома мебошад, ки ҳарорати яхшавии он ба -12 °С, ҳарорати ҷӯшишаш 197,4 °С ва зичиаш 1,113 г/см³ баробар аст ва дар вақти бо об омехта шудан ҳарорати яхшавиаш паст мешавад.

Дар давраи Шӯравӣ аввалин бор соли 1971 барои автомобилҳои ВАЗ аз тарафи Донишкадаи химияи органикӣ ва технологӣ ТОСОЛ ихтироъ намуданд. Маънои ТОСОЛ ин Т.О.С. – «Технологии Органического Синтеза» ва ОЛ – пайвастагии спиртӣ мебошад. ТОСОЛ истеҳсоли Шӯравӣ буда, антифриз истеҳсоли Ғарб мебошад. ТОСОЛ айнан ранги кабуд дорад.

Хусусиятҳои моеъҳои G11, G12, G12+ ва G13

  • Хусусиятҳои моеи G11: Антифризи G11 маҳлулҳои силикатӣ ва иловаҳои ғайриорганикӣ буда, барои автомобилҳое истифода бурда мешаванд, ки то соли 1996 истеҳсол шудаанд. Ҳарорати ҷӯшиши ин маҳлул 105 °С аст ва муҳлати нигоҳдории ин хунуккунандагон на бештар аз 2–3 сол ё 80 000 км мебошад. Аксар вақт пайвастагиҳои G11 метавонанд сабз ё кабуд бошанд. Бояд дар хотир дошт, ки G11 барои автомобилҳое, ки блоки алюминий ва радиатор доранд, мувофиқ нест, зеро моеи хунуккунӣ онҳоро дар ҳарорати баланд муҳофизат карда наметавонад. Қабати муҳофизатӣ ба ҳарорати баланд зиёда аз 105 °С тоб намеорад, аз ин рӯ интиқоли гармии G11 кам аст.
  • Хусусиятҳои моеи G12: Фарқи калон байни G11 ва G12 на дар ранг, балки дар таркиби он аст. Дар таркиби антифризи G12 пайвастагии органикии карбоксилат ҷойгир мебошад, ки нуқтаи ҷӯшиши баландтар дорад ва дар ҳарорати 115–120 °С меҷӯшад. Қобилияти худро дар тӯли 5 сол гум намекунад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки антифризи G11 ва G12-ро бо ҳам омехта накунанд, зеро пайвастагиҳои дар таркибашон буда аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
  • Хусусиятҳои моеи G12+: Антифризи G12+ аз антифризи G12 чандон фарқ надорад, ранги сурх, беҳтаркардашуда, бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Пайвастагиҳояш дорои иловаҳои зидди коррозия буда, ба таври самтӣ кор мекунад.
  • Хусусиятҳои моеи G13: Ин навъи антифриз аслан соли 2008 пайдо шуд. Таркиби ин намуди антифриз ба куллӣ фарқ мекунад ва дорои моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ранги ин антифриз арғувон буда, муҳлати истифодабарии он 5 солро дар бар мегирад.

Таркиби консентрати антифриз ва мутобиқат ба ранг

Ин консентрат дорои 90% спирти дуатома (этиленгликол), инчунин 3% об ва 5% иловакунандаҳо мебошад. Ба таркиб бояд иловаҳои силикат, фосфат ва карбоксилат илова карда шаванд. Онҳо аз кислотаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ асос ёфтаанд, ки тамоми таъсири манфиро безарар мегардонанд. Антифризҳо бо иловаҳо метавонанд бо тарзҳои гуногун кор кунанд ва фарқи асосии онҳо дар он аст, ки чӣ гуна онҳо бо зангзанӣ мубориза мебаранд.

Ранги моеъ ба хусусиятҳо ҳеҷ таъсир намерасонад. Истеҳсолкунандагон метавонанд маҳсулоти худро бо рангҳои гуногун истеҳсол кунанд, аммо стандартҳои муайян мавҷуданд, ки истеҳсолкунандагон метавонанд истеҳсоли худро тибқи талаботи он ба роҳ монанд. Формулаҳои маъмултарини он ранги сабз, кабуд, сурх, гулобӣ ва норинҷӣ мебошанд.

Талаботи стандарти ГОСТ 33591-2015

Ёдовар бояд шуд, ки бо фармони Агентии федералии танзими техникӣ ва метрология аз 18 марти соли 2016 стандарти байнидавлатии ГОСТ 33591-2015 ҳамчун стандарти миллии байнидавлатӣ аз 1 июли соли 2017 мавриди амал қарор дода шудааст. Ин стандарт талаботро ба моеъҳои хунуккунандаи дар асоси этиленгликол ё пропиленгликол, ки дар системаҳои хунуккунии автомобил ё дигар системаҳои хунуккунии сабук истифода мешаванд, муайян мекунад.

Ин стандарт ба намудҳои зерини моеъҳои хунуккунанда дахл дорад:

  • I – консентрати этиленгликол;
  • II – консентрати пропиленгликол;
  • III – маҳлули этиленгликоли қаблан маҳлулшуда (консентратсияи 50% ҳаҷм);
  • IV – маҳлули пропиленгликоли қаблан маҳлулшуда (консентратсияи 50% ҳаҷм);
  • V – консентрати этиленгликол бо омехтаи глитсерин;
  • VI – маҳлули этиленгликоли қаблан маҳлулшуда бо омехтаи глитсерин (консентратсияи 50% ҳаҷм).

Консентратҳо ё моеъҳои дар асоси гликол пешакӣ ҳалшуда бояд дорои этиленгликол ё пропиленгликоли мутобиқ ба стандарт, об, ингибиторҳои мувофиқи зангзанӣ, рангкунанда ва кафкшикан (дифоамер) бошанд. Консентрати этиленгликол (навъи I) метавонад на бештар аз 15% гликолҳои дигарро дар бар гирад, ба шарте ки ба хосиятҳои физикӣ-кимиёвӣ ва талаботи иҷрои ин стандарт ҷавобгӯ бошад. Маҳлули қаблан омехташудаи этиленгликол (навъи III) метавонад на бештар аз 7,5% гликолҳои дигарро дар бар гирад. Консентрати пропиленгликол (навъи II) метавонад на бештар аз 1% гликолҳои дигарро дар бар гирад (максимум 0,5% барои навъи IV). Консентрати этиленгликол (навъи V) метавонад дорои глитсерини мутобиқ ба ГОСТ бошад.

Абдуқодир Юсупов,
сармутахассиси озмоишгоҳи маҳсулоти нафтии Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2