Зеҳн

Ташхиси дақиқи таҷҳизоти барқии пастшиддат

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизоти барқии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхисҳоро дар асоси Регламенти техникии «Бехатарии таҷҳизоти пастшиддат» ба роҳ мондааст. Регламенти мазкур бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани талаботи ягонаи ҳатмӣ ба таҷҳизоти пастшиддат, ки ба муомилот бароварда мешавад, таҳия шудааст. Ба таҷҳизоти пастшиддат, ки амали Регламенти техникии мазкур татбиқ мегардад, таҷҳизоти барқие мансуб дониста мешавад, ки барои истифода дар шиддати номиналии аз 50 то 1000 В барои ҷараёни тағйирёбанда ва аз 75 то 1500 В барои ҷараёни доимӣ муқаррар гардидааст.

Озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизоти барқии Агентии Тоҷикстандарт дар системаи миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи стандарти байнидавлатии ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 аккредитатсия карда шудааст.

Мутахассисони озмоишгоҳ дар доираи ваколати худ фурӯзонакҳои барқиро қаблан ба хати барқ пайваст намуда, бузургиҳои физикии онро ба қайд мегиранд. Баъд ба дастгоҳи намунавии SPEC-300, ки ба компютер ба таври пай дар пай пайваст карда шудааст, пайваст намуда, мувофиқи барнома ташхис мегузаронанд. Ташхис ба таври барномавӣ гузаронида мешавад ва мутахассис ҳангоми ташхис ба бузургиҳои ченкунандаи барнома дахолат карда наметавонад. Ҳангоми ташхиси барномавӣ бузургиҳои сели рӯшноӣ ва ҳарорати ранги фурӯзонакҳо ба таври барномавӣ ҳисоб карда мешаванд.

Сели рӯшноӣ чист?

Миқдори равшании ба ягон сатҳ (масоҳат) дар воҳиди вақт афтидаро сели рӯшноӣ меноманд.

Ҳарорати ранг чист?

Ҳарорати ранг (ҳарорати спектрофотометрӣ, аломаташ T ва бо келвин чен карда мешавад) хусусияти ҷараёни шиддатнокии радиатсияи манбаи рӯшноӣ ҳамчун функсияи дарозии мавҷ дар диапазони оптикӣ мебошад.

Дар борҷома ва лампаҳои каммасраф LED навишта шудааст. LED аз калимаи англисии «Light-emitting diode» гирифта шуда, маънояш диоди равшанидиҳанда (светодиод) мебошад. Қабати диодро аз моддаҳои гуногун месозанд. Барои нури сафед қабати диоди моддаи фосфордоштаро истифода мебаранд. Бо нури аз моддаи фосфор дар фазо хориҷшаванда омехта карда, нури сафед пайдо мекунанд. Лампаҳои муосири LED равшании рангҳои гуногунро дар доираи аз 2700 К то 6400 К пахш мекунанд. Ҳарорати ранги лампаҳо ва чароғҳои LED нишондиҳандаест, ки ба дарки нур аз ҷониби чашми инсон таъсир мерасонад. Он бо Келвин (К) чен карда мешавад ва ба ҳарорати гармкунии лампа ҳеҷ иртиботе надорад.

Ҳарорати ранг чунин тавсиф карда мешавад:

  • Ҳарорати аз 2500 К то 3000 К – сафеди гарм;
  • Ҳарорати аз 4000 К то 5000 К – сафеди бетараф ё рӯзона;
  • Ҳарорати аз 5000 К то 6500 К – сафеди хунук.

Ҳарорати ранг дар хонаи хоб ва кӯдакон бояд дар ҳудуди 2700–3200 К бошад, дар чунин фазои бароҳат истироҳат кардан осонтар аст. Дар ошхона, ҳаммом, ҷои кор ва майдони хониш чароғҳои 4000–5000 К мувофиқанд. Барои меҳмонхона ва зал фурӯзонакҳоеро харидан беҳтар аст, ки ҳарорати рангаш 3000–6500 К аст.

Ҳангоми аз як муҳит ба муҳити дигар гузаштан, парокандашавии рӯшноӣ ба амал меояд. Парокандашавии рӯшноӣ (аз лотинии dispersio – парокандашавӣ) дар оптика ҳодисаи таҷзияи рӯшноӣ ба ҷузъҳои рангҳои гуногун аз сабаби фарқияти суръати паҳншавӣ дар муҳити шуоъҳое, ки дарозии мавҷҳои гуногун доранд, мебошад. Ҳангоми аз призма гузаронидан рӯшноӣ ба монанди тиру камон ба ҳафт ранг (сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд, бунафш) ҷудо мегардад. Тасмаи рангоранги ҳосилгардидаро спектри Нютон меноманд.

Барои саломатӣ равшании миёнаро интихоб менамоянд, ки он ранги сабз мебошад. Барои ҳамин ҳам дар рӯи сабза нишаста ба сабза чашм дӯхтан ба инсон роҳат меоварад.

Убайдулло Зарифов,
сармутахассиси озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизоти барқии Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2