Назари хос ва ё мулоҳизае чанд перомуни номи баланд
Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад.
Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Дар баробари ба сари қудрат омаданашон аввалин ҳарфе, ки гуфтанд «Ман ба Шумо сулҳ меорам» буд, ки ӯ ба ваъдаи худ вафо кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва азхудгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд. Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат медонем.
Маҳз истиқлол ва озодиву созандагӣ бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатдориро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеаи мо мебошад, рӯи кор овард. Имрӯз, ки мо дар давлати соҳибистиқлол ҳаёт ба сар мебарем, бояд истиқлоли кишвар ва муқаддасоти миллатро ҳифз кунем ва ҳамеша барои ободии меҳани худ саъю кӯшиш намоем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳову мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ, яъне аз торикию зулмот ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуд. Мулоқотҳои Сарвари давлат дар он солҳо як умеде ё як шуълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард.
Ӯ марди дурбину хирадманд аст. Таърихан ин хислати беҳтарини роҳбарон ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо тайи ин муддат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст.
Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони ҷомеаи пешрафта равона месозад: «Президент танҳо ба аҳли ҷамъият такя хоҳад кард. Зеро аз мавқеи манфиатҳои ин ё он гурӯҳ баромад кардан ҷамъиятро номуътадил мегардонад. Мо бояд манфиатҳои аксариятро ҳимоя кунем, вале манфиатҳои ақаллиятро нодида гирифтан низ наметавонем, ҳуқуқи онҳоро поймол кардан ҳам надорем. Пас, биёед, ба ҳисоб гирем, ки муҳимтарин масъала барои мо сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад».
Муаллифи китоби «Сиёсати давлат ва ваҳдати миллӣ» давраи муайяни кӯшишҳо, иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро таҳлил карда, онро мактаби сиёсии Президент меномад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва суҳбатҳои Пешвои миллат дар ҳақиқат мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон мебошанд ва бешубҳа дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон абадӣ дар китобҳо ва расонаҳои гуногун боқӣ хоҳанд монд. «Эътироф кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат шаҳодат аз он дорад, ки мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи муҳими гузариш қарор дорад ва дар ин давра паи ҳам ивазшавии ҳокимият танҳо ба ноором гардидани тавозуни иҷтимоии мамлакат мегардад».
Рафти дигаргуниҳои кишвар собит мекунад, ки Тоҷикистон дар давраи гузариш ва сохтмони давлатдорӣ қарор дорад ва яке аз омилҳои муҳимтарини ин давра таъмини ҳаёти осоишта ва сулҳу субот дар мамлакат мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Пешвои миллат дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ сохти давлатии худро муайян созад. Дар тӯли 31 соли сарварии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот кард, ки вай сазовори унвони олии Пешвои миллат аст, зеро бо халқи худ дар таърихи кӯтоҳ тавонист Тоҷикистонро ба як давлати дорои иқтисоди пешрафта, дорои тамаддуни фарҳангӣ ва маънавӣ табдил диҳад.
Фарух Замонаев,
сармутахассиси шуъбаи Нозироти савдои Маркази Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб




