ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019: Талаботи нав оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирӣ
Дар робита бо такмили пайвастаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талабот ба марказҳои озмоишие, ки хизматрасониро дар соҳаи гузаронидани санҷиш ва андозагирӣ амалӣ менамоянд, афзоиш меёбад. Муҳимияти мавзӯъ ба гузариши озмоишгоҳҳо ба тафсири нави стандарти ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 «Талаботи умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» равона гардидааст. Дар мақола таҳлили муқоисавии тафсири ду стандарти мазкур ва муайян намудани тағйирот баён мегардад.
Диққати ҳамешагии истеъмолкунандагон ба дарёфти маҳсулот ва хизматрасонии босифат равона гардидааст. Дар ин раванд ташкилотҳое, ки ба санҷишҳои озмоишӣ фаъолият менамоянд, нақши муҳим доранд. Бештари истеъмолкунандагоне, ки мехоҳанд аз хизматрасониҳои марказҳои санҷишӣ ё озмоишгоҳи алоҳида истифода баранд, пеш аз ҳама ба шаҳодатномаи аккредитатсияи он назар мекунанд, ки ширкат салоҳияти гузаронидани кадом намуди хизматрасониҳоро дорад.
Барои озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарте, ки ин талаботро дар бар мегирифт, пеш аз ҳама стандарти байнидавлатии ГОСТ ISO/МЭК 17025-2009 «Талаботи умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» мебошад.
Мувофиқати фаъолияти озмоишгоҳҳо ба талаботи ГОСТ ISO/МЭК 17025-2009 маънои онро дорад, ки озмоишгоҳ ҳам ба салоҳияти техникӣ ва ҳам ба системаи идоракунӣ ҷавобгӯ мебошад. Агар озмоишгоҳ талаботи муқарраршударо иҷро намояд, пас бармеояд, ки он ба истифодабарандагон (истеъмолкунандагон)-и худ натиҷаҳои боэътимоди санҷишро кафолат медиҳад.
Барои баланд бардоштани сифат дар соҳаи хизматрасонӣ бо ёрии озмоишгоҳҳои санҷишӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доимо такмил дода мешаванд. Барои ҳамин тафсири нави стандарти ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 таҳия гардид. Бо ин мақсад озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ, ки ин стандартро истифода мебурданд, бояд ба тафсири нав гузаранд.
Самтҳои тағйиротро, ки дар стандарти ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 «Талаботи умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» инъикос гардидаанд, баррасӣ менамоем:
- Навсозии истилоҳот ва навсозии ҳуҷҷатҳои истинодӣ.
- Азнавсозӣ ва навсозии сохтори стандарт.
- Навсозӣ, дақиқсозӣ ва васеъ кардани доираи он.
- Мушаххасот ва дақиқ кардани талабот нисбати беғаразӣ ва махфият.
- Мушаххасот ва шарҳи ҳолатҳои марбут ба истифодаи пудратчиён.
- Васеъ намудани талабот ба пайгирии метрологии натиҷаҳои санҷиш ва андозагирӣ.
- Ҷудошавии фаъолияти санҷишӣ ва андозагирӣ дар баъзе муқаррароти стандарт.
- Тавзеҳ ва тақвияти талабот барои гирифтани намуна, ки ба эътимоднокии натиҷаҳо таъсир мерасонанд.
- Ҷорӣ намудани имконияти истифодаи системаҳои компютерӣ ва нармафзор ҳангоми кор, аз ҷумла интиқоли фосилавии натиҷаҳо (протоколҳо) ва идоракунии ҳуҷҷатҳо.
Хусусиятҳои ёддоштҳо низ тағйир ёфтанд, онҳо дастур барои дақиқ кардани талаботи дахлдор шуданд.
Таҳлили муқоисавии бандҳои асосии ГОСТ ISO/МЭК 17025-2009 ва ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 чунин аст:
- Сарсухан, Муқаддима, Доираи қабул: тағйироти хеле хурд.
- Истинодҳои меъёрӣ, Шартҳо ва таърифҳо: тағйироти таъсирнок.
- Талаботи умумӣ (Беғаразӣ, Махфият): боби алоҳида ва тағйироти таъсирнок.
- Талабот оид ба сохтори ташкилот: тағйироти камтаъсир.
- Талаботи захираҳо (Кормандон, Биноҳо ва шароити экологӣ, Таҷҳизот, Пайгирии метрологӣ, Хизматрасониҳое, ки аз ҷониби провайдерҳои беруна пешниҳод мешаванд): тағйироти таъсирнок ва камтаъсир.
- Талаботи раванд (Таҳлили дархостҳо ва шартномаҳо, Интихоб ва тасдиқи усулҳо, Интихоби намунаҳо, Муносибат бо объекти санҷишӣ, Сабтҳои техникӣ, Баҳодиҳии номуайянии ченкунӣ, Таъмини сифати натиҷаҳо, Ҳисобот оид ба натиҷаҳо, Даъво, Идоракунии корҳои номувофиқ, Идоракунии маълумот): тағйироти таъсирнок.
- Талабот ба системаи идоракунӣ (Вариантҳои A ва B, Ҳуҷҷатҳо, Идоракунии сабтҳо, Чорабиниҳо барои рафъи хавфҳо ва имкониятҳо, Беҳбудиҳо, Амалҳои ислоҳӣ, Аудити дохилӣ, Таҳлил аз ҷониби роҳбарият): тағйироти таъсирнок.
Илова бар тағйирот дар бандҳои стандарт, Замимаи А (пайгирии метрологӣ, истинод) ва Замимаи В (низоми идоракунӣ, истинод) ба таҳрири нав ворид карда шуд. Тағйироти нав ба бандҳо оид ба пудрат, оид ба санҷиш ва андозагирӣ, хариди лавозимот, хизматрасонӣ ба мизоҷон ва амалҳои пешгирикунанда илова карда шуданд.
Аз таҳлили муқоисавии стандарт бармеояд, ки дар таҳрири нави стандарт тағйироти ҷиддӣ ба амал омадааст, бинобар ин диққати асосӣ на танҳо ба таҷҳизоти озмоишӣ, балки ба ҳамкорӣ бо пудратчиён, риояи махфият ва идоракунии хавфҳо равона мегардад. Гузариш ба тафсири нави стандарти ГОСТ ISO/МЭК 17025-2019 «Талаботи умумӣ ба салоҳияти озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» барои марказҳои озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва санҷишӣ баҳри рақобатпазир гардидан дар бозори хизматрасониҳо муҳим аст.
Рамазон Самадов,
сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак




