Зеҳн

Зарурати татбиқи системаи менеҷменти сифат

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир асоси муваффақият дар идоракунии корхонаҳо истеҳсоли молу маҳсулоти босифат, бехатар ва хизматрасонии сатҳи баланд мебошад. Ин омил бевосита ба рақобатпазирии молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина ба рушди саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

Айни замон корхонаҳои муосири ҷаҳонӣ, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, бо бисёр шарикони хориҷӣ ва ватанӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки ҷавобгӯ будан ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO 9000 асос ёфтааст, пеш аз ҳама барои қаноатмандии устувори истеъмолкунандагон замина фароҳам меорад.

Пӯшида нест, ки айни замон дар корхонаҳои саноатии кишвар мушкилоти таъмин намудани сифат ва бехатарии маҳсулот ба назар мерасад. Бинобар ин зарурати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои бартараф намудани ин мушкилот ба ҳисоб меравад.

Стандарти байналмилалии ISO 9001 (ISO 9001:2015) универсалӣ буда, ба ҳама гуна ташкилоти ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва дигар ташкилот новобаста аз шакли фаъолият татбиқ мегардад. Талаботи стандартҳои байналмилалии ISO 9001 на барои маҳсулот ё хидматҳо, балки барои тамоми равандҳои системаи идоракунии сифат муқаррар карда шудаанд.

Имрӯз талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ зиёд аст. Аммо талабот ба сифат вобаста ба хоҳиши истеъмолкунандагон гуногун буда, талабот оид ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ доимӣ мебошад. Дар самти бехатар ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти озуқаворӣ аз принсипҳои таҳлили хатар ва назорати нуқтаҳои таҳдидомез (НАССР), инчунин ҷорӣ намудани Системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи талаботи ISO 22000 барои он корхонаҳое, ки дар занҷири истеҳсолӣ ширкат меварзанд, муҳим шуморида мешавад.

Ҳамзамон, корхонаҳои муосир барои баланд бардоштани сифат ва бехатарии молу маҳсулот, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарии кормандони корхона, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат менамояд, дар як вақт ду ва зиёда стандартҳои байналмилалиро, аз ҷумла: ISO 9001 – Низоми менеҷменти сифат; ISO 14001 – Низоми менеҷменти экологӣ ва OHSAS 18001 – Системаи менеҷменти ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат, ки дар маҷмӯъ ҳамгироии системаи менеҷментро ташкил медиҳад, ҷорӣ намудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар якчанд корхонаи кишвар ду ва зиёда стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шудааст. Сертификати ҳамгирошудаи низоми менеҷменти сифат аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона ба тамоми талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан ҷавобгӯ буда, рақобатро дар байни шарикон таъмин менамояд.

Бад шудани вазъи экологӣ зери таъсири корхонаҳои саноатӣ яке аз мушкилоти муҳими глобалии замони муосир ба ҳисоб меравад. Ҳалли самарабахши ин мушкилот дар тамоми ҷаҳон аз татбиқи системаи идоракунии муҳити зист тибқи талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001 барои коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист кумак мекунад. Имрӯз бисёре аз ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатии кишварамон низ системаи менеҷменти ҳифзи муҳити зистро тибқи талаботи стандарти мазкур ҷорӣ намудаанд.

Бинобар ин ҳадафи асосии ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ аз инҳо иборат мебошад:

  • баланд бардоштани нуфузи корхона дар назди ҷомеа ва истеъмолкунандагон;
  • боварии устувор ба тамғаи молӣ;
  • беҳтаркунии нишондодҳои иқтисодӣ (баландбардории ҳаҷми фурӯш, зиёдшавии даромаднокӣ, баландбардории маҳсулнокӣ ва манфиатнокӣ, пасткунии талафот ва ғайра);
  • бартарият дар иштироки тендерҳо, озмунҳо оид ба таъмини маҳсулот ё хизматрасонӣ;
  • васеъ намудани имконияти содиротии маҳсулоти ватанӣ.

Дар ин замина ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат дар корхона омили рушди устувори онҳо гашта, имконияти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ зиёд мегардад ва маҳсулот бо нархҳои ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад.

Рустам Шарипов,
сармутахассиси бахши сертификатсияи молу маҳсулоти МТМ дар шаҳри Конибодом

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2