Тренинги омӯзишӣ оид ба баҳодиҳии салоҳиятнокии озмоишгоҳҳо тибқи талаботи ISO/МЭК 17025-2017
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиш ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва такмили дараҷаи касбии кормандони соҳа ва мутахассисони озмоишгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолӣ, бо дастгирии директори Агентии Тоҷикстандарт ва ташаббуси Институти физикӣ-техникии Олмон аз 16 то 20 октябри соли равон дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ оид ба «Баҳодиҳии салоҳиятнокии озмоишгоҳҳо» баргузор гардид.
Дар тренинги мазкур зиёда аз 30 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи стандартонӣ ва метрологияи Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он, инчунин намояндагони озмоишгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ширкат намуданд. Тренинги омӯзишӣ бо ҷалби мумайизони (экспертҳо) сатҳи байналмилалӣ бо сардории роҳбари ташкилоти Triple Point Engineering, эксперт-аудитор Ғайратҷон Ғозиев, экспертҳо Бобир Юлдошев, Дилфуза Сатторова, Сурайё Абдуҷалилова, Мақсуд Қиличев, Ҳаитбек Аҳмадов ва намояндаи лоиҳаи РТВ Институти физикӣ-техникии Олмон Вероника Грушевская баргузор гардид.
Дар тренинги омӯзишӣ оид ба моҳияти стандарти байналмилалии ISO/МЭК 17025-2017 «Талаботи асосӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ», аз ҷумла мавзуъҳои «Инфрасохтор ё зербинои сифат», «Сохтори озмоишгоҳ. Беғаразӣ. Махфият», «Талабот ба захираҳо», «Таҷҳизот. Қобилиятнокии метрологӣ», «Талабот ба системаи менеҷмент», «Пешниҳоди ҳисобот аз натиҷаи ташхис» ва дигар мавзуъҳо андешаронӣ намуда, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Баргузории тренинги омӯзишӣ барои мутахассисони соҳа ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, татбиқи талаботи стандарти байналмилалии ISO/МЭК 17025-2017 «Талаботи асосӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ» барои огоҳонидан ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи масъулини корхонаҳои истеҳсолӣ ва мутахассисони озмоишгоҳҳо, инчунин такмили ихтисоси онҳо мусоидат мекунад.
Илова бар ин, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти озмоишгоҳҳо, ташхиси дақиқ ва саҳеҳи маҳсулот, таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда, инчунин зиёд гаштани боварии ширкатҳои хориҷӣ ва истеъмолкунандагони ватанӣ мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар татбиқи ин талабот метавонад дар оянда барои боз ҳам тақвият ёфтани иқтидори содиротии кишвар мусоидат кунад.
Дар ҷамъбасти тренинги омӯзишӣ байни иштирокчиён ва экспертҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуд.
Ғайбулло Муҳиддинов,
сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




