Зеҳн

Таҷрибаи байналмилалии стандартонӣ дар низоми идоракунии давлатӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Имрӯз дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба стандарт ҳамчун омили боманфиати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сифат, кор ва хизматрасониҳо назари ягона зоҳир карда мешавад.

Маҷмӯи воситаҳои ҳимояи манфиатҳо ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи давлатӣ, тибқи қоида, аз ду ҳалқаи асосии дарбаргирандаи санадҳои меъёрии мутобиқ (қонунҳои умумимиллӣ, фармон ва амру супоришҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ) иборат мебошад. Мақомоти давлатӣ нақшаи генералии сиёсиро таҳия намуда, вазифаҳои ҳамоҳангкуниро ба иҷро мерасонад ва назорат оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқиро ба роҳ монда, санҷиши сифати маҳсулотро мегузаронад. Ҳамзамон, ихтилофҳои пайдошударо ҳал намуда, дар байни истеъмолкунандагон корҳои иттилоотӣ ва равшаннамоиро ба роҳ мемонанд.

Имрӯз бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ яке аз равандҳои ҳамкориҳои мустаҳками давлат ва институтҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилоти ҷамъиятии давлатҳои пешрафта мебошад. Дар системаи бамеъёрдарории техникӣ дар ин давлатҳо стандартҳо нақши асосӣ доранд. Стандартҳо бехатарии мол ва хизматрасониро дар бозори дохилии онҳо таъмин намуда, нақши «муҳаррики савдо»-ро иҷро мекунанд ва ҳамчунин механизми фаъоли банизомдарории соҳаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Ғайр аз ин, стандартҳо мустақиман ба савдои хориҷӣ таъсир расонида, монеаҳои техникиро дар вақти дастрас намудани маҳсулот ба бозор кам менамоянд. Тибқи маълумот, 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобастагӣ дорад.

Принсипҳои идоракунии байналмилалӣ чунинанд:

  • давлат мувозинати манфиатҳои истеъмолкунанда ва истеҳсолкунандаро ҳимоя ва таъмин намуда, ҳамзамон ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагонро низ ҳифз менамояд;
  • барои бехатарии маҳсулот истеҳсолкунанда ҷавобгар аст, вале давлат боварии пурраро ба он таъмин менамояд;
  • давлат фақат ҳамон омилҳоеро назорат ва ба танзим медарорад, ки дар доираи назорати давлатианд ва қисми зиёди вазифаҳои батанзимдарориро ба бозор медиҳад;
  • баробарҳуқуқии иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдорро дар таҳияи регламентҳои техникӣ ва ҳам стандартҳо таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи ҳуқуқӣ ва банизомдарории техникии кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки барои таъмини зиндагии ҷомеаи кунунӣ муҳим ба ҳисоб меравад, нишон медиҳад, ки дар қисми зиёди давлатҳои мутараққӣ мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро бо риояи татбиқи қонунгузориҳо фаъолона ба роҳ мондаанд.

Сиёсати иқтисодии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба аъзошавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар такя бо иқтисодиёт ва савдои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон базаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ такмил дода шуда, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани иқтисодиёти миллӣ аз тарафи давлат тадбирҳои судманд андешида шудааст. Рушди низоми стандартонӣ ва бамеъёрдарории техникӣ пеш аз ҳама барои такмили қонунгузорие, ки созишномаҳои СУС-ро оид ба Монеаҳои техникӣ дар савдо (ТБТ) бо дарназардошти принсипҳои муносибатҳои наву ҷаҳонӣ ба низоми техникӣ асос мегузорад, равона шудааст. Гузаштан ба системаи стандартонӣ ва бамеъёрдарории техникӣ мутобиқи қоидаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ва иқтидори содиротии мамлакат замина мегузорад. Барои ин зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани монеаҳои техникӣ дар савдо тадбирҳо андешида шаванд.

Стандартҳо яке аз нишонаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар марҳилаи ҳозира бояд барои ташаккули фалсафаи сифати ҳаёт хизмат намоянд. Бе истифодаи олотҳои бамеъёрдарории техникӣ баланд бардоштани манфиатҳои иқтисодӣ имконнопазир аст.

Боиси хушнудист, ки имрӯз ғояҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, кор ва хизматрасониҳо татбиқ шуда истодаанд ва ин барои рушди иқтисодиёти кишвар имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.

Ҳайдар МИРАЛИЕВ,
сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2