Зеҳн

Ӯ ифтихору нусрати армони миллат аст

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Омили ягонаи рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Бо шаҳомат ва муҳаббат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Хотирнишон бояд сохт, ки таҷлили ин рӯзро, ки ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар овони давлатдории навини тоҷикон дониста мешавад, миллати тоҷик паёме аз раҳмату накҳати ҳазрати Парвардигор барои мардуми ранҷдидаву ранҷкашидаи худ медонад. Ҳамин раҳми Парвардигор буд, ки барои ин Ватан ва ин мардум фарзанди дурандеш ва ҳомии сулҳу суботро ба арсаи сиёсат овард.

Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносии баланд аст, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои азим ноил гардид. Асоситарин дастоварди давлат ва халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбиру талошҳои ӯ давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Мардум ба ваҳдати миллӣ расид.

Гузашти солҳо собит намуд, ки дарвоқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом доданд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо асоситарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумӣ буданашон ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллат ифода гардидаанд. Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми даврони фаъолияти хеш бо мардум аст ва мардум бо Эмомалӣ Раҳмон. Маҳбубияти ин марди фозил то андозаест, ки хурду бузурги кишвар ҳама ӯро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва барои ҳар нафар ҳамчун шахси наздик ба ҳисоб мераванд.

Ин марди шуҷою хирадманди миллат дар пеши ҳар мушкилоту тазодҳое, ки болои ин Ватан ва мардум омада буд, бо шуҷоатмандӣ истодагарӣ кард. Албатта дар атрофи ӯ мардони далеру ҷонфидои Ватан иттиҳод шуда, дар радифи эшон хизмат ба халқу миллат мекарданд. Бешубҳа метавон гуфт, ки ҳар ҳадафе, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пеши худ гузоштааст, ба он ноил гардидааст. Ӯ сидқан дӯст доштани Ватан ва миллатро ба халқ бо амали хеш омӯхтааст. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад, иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо, ҷасорат дар иҷрои амал накӯтарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳон киштии давлатдории тоҷиконро беосеб ба пеш бурда истодааст.

Аз рӯи баҳои сиёсатмадорону таърихнигорон, агар Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат намеомаду дар ин мақом кор намекард, чунин сулҳи пойдор ва саодату ягонагӣ ҳам ба даст намеомад. Чунки ҳар як сиёсатмадор вобаста ба неруи ақлонию корӣ, ҷаҳондорию ҷаҳонбинӣ боз хусусиятҳои хосаи касбие дорад, ки он ба сиёсат ва кору хизмати давлатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Воқеан, Пешвои миллат сиёсатмадорест, ки садоқаташро ба асосҳои олии давлатдорӣ, адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демокративу қонуният ба таври барҷаста нишон додааст ва собит кардааст, ки ин аслҳо дар сиришту бунёди ӯ ҷои намоён доранд. Имрӯз мо чӣ қадаре ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти дар ҷаҳон эътирофшуда сухан гӯем, кам аст.

Бо итминони комил метавон иброз намуд, ки Пешвои миллат воқеан як мактаби бузурги сиёсист, ки месазад аз он пайравӣ кард, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва барқарор кардани амнияти комил муҷиби омӯзиш ва пайравии халқу миллатҳои дигар гардидааст. Ин барои мо ифтихор ва боиси сарфарозист.

Аҳмадҷон Туманов,
сардори Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2