Конститутсия қавлу қасами миллат дар назди худ ва халқи ҷаҳон аст
Қабули Конститутсия маъракаи муҳими сиёсии давлати соҳибистиқлол буд, ки халқи тоҷикро ҷиҳати муайян намудани сарнавишти ояндаи худ, бунёди давлат ва расидан ба ормонҳои миллӣ ба ҳам овард ва раъйдиҳии муташаккилонаи мардуми кишвар кӯшишҳои бадхоҳони миллати тоҷикро оид ба пешгирӣ намудан ва халал расондан ба ин чорабинии ҳаётан муҳим барбод дод. Гузашта аз ин, ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва неруи нав бахшида, ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ислоҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардум орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид кард.
Конститутсия ин орзуву омоли ҳазорсолаи гузаштагони халқи тоҷик дар роҳи расидан ба истиқлоли комили давлатӣ ва давлатдорӣ, тавассути андеша, арзишҳои миллӣ ва умумипазируфташудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу дунявӣ буда, бо хусусияти соф миллии худ ифодаи воқеии иродаи халқи тоҷик мебошад. Ин санади муҳими сиёсӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури се шохаи ҳокимияти давлатӣ танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намуд.
Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар Қонуни асосӣ ин масъалаҳо бо дарназардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишвар дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуҳои халқи Тоҷикистон аст.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст».
Бо гузашти солҳо ҳаёт дар назди давлат ва миллат вазифаҳои нав ба нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро рӯи кор меорад. Аз ин рӯ, ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълоннамудаи Конститутсия пешбурди сиёсати бомаром, бонизом, дурандешона ва ватандӯстонаю ба манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат тавъамро, ки дар маҷмӯъ манфиатҳои миллӣ ном доранд, тақозо дорад. Муҳим он аст, ки мо ба арзишҳои конститутсионӣ, ки онҳо аз арзишҳои миллӣ ва умумиэътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтидо мегиранд, содиқ бошем. Онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, ба хотири рушди миллӣ таҳким бахшем ва қоидаи рафтори ҳамагон гардонем.
Мирзоён Раҳмоншо Давлат,
муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт




