Пешвои миллат – эҳёгари миллат
Дар рушду нумӯи ҳар як давлату миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки нақши босазо ва калидӣ дар дастовардҳои бузурги он миллату давлат гузоштаанд. Хусусан, барои рушди кишварҳои тараққикардаи имрӯза низ замоне сарсупурдагоне буданд, ки саҳми бориз ва раҳнамоии худро доштанд. Барои мисол, дар рушди Россия – Пётри Кабир, дар рушди ИМА – Ҷорҷ Вашингтон, Ҷефферсон, барои рушди Олмон – Отто фон Бисмарк, барои рушди Фаронса – Наполеон, барои пешрафт ва озодиҳои халқи Ҳиндустон – Маҳатма Ганди, Ҷавоҳирлал Неҳру ва барои рушди имрӯзаи Ҷумҳурии Халқии Хитой – Ден Сяопин саҳми бузурге доштанд.
Хушбахтона, дар таърихи миллати мо низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта амир Исмоили Сомонӣ дошт. Дар эҳёи нави миллати тоҷик, пас аз ҳазорсолаҳо, чунин нақши барҷастаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст.
Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ҷангу низоъҳои хуниниро аз сар мегузаронид. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои ба даст овардани сулҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешонгашта якчанд сол давом кард.
Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонид. Дар баробари ин, Пешвои миллат миллати тоҷикро барои оғоз намудани корҳои созандагию ободкорӣ даъват намуд.
Ҳамин тариқ, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлоли давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид, махсусан миллати тоҷик соҳиби давлати миллии худ гашт.
Дар марҳилаи навини рушди давлати тоҷикон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои чунин шахсияти беназири таърихӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад.
Дар воқеъ, ҷаҳони кунуниро хатару таҳдидҳои нав, ба монанди экстремизму терроризм, манфиатҷӯии давлатҳо, ҷангҳои иттилоотӣ, мушкилоти табиӣ ва ғайра ноором сохта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ қобилияти дарки чунин равандҳоро дорад ва ҳамчунин яке аз субъектҳои муҳими мубориза бо экстремизму терроризм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Ҳамзамон, қудратҳои ҷаҳонӣ ва доираҳои манфиатхоҳ Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи стратегӣ медонанд ва кӯшиш менамоянд дар ин ҷо ҳадафҳои худро амалӣ гардонанд. Аз ҳамин лиҳоз, интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки суботи сиёсӣ дар минтақа мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Чун Эмомалӣ Раҳмон дорои обрӯ ва шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон аст. Дар сиёсати ҷаҳонӣ эътибори сарвар нақши бағоят бузургро мебозад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияте ба ҳисоб меравад, ки баъд аз ҳазорсолаҳо барои миллати куҳанбунёди тоҷик давлатдории навини миллии тоҷиконро эҳё намуд ва барои нигоҳ доштани оромӣ, ободӣ, осоиштагӣ, пешравӣ ва тараққиёти он таносуб ва тавозуни сиёсати дурандешонаи хориҷиву дохилиро амиқу дақиқ муайян менамояд, то ки манфиатҳои миллиро баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва афзудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза нигоҳ дорад.
Темурҷон АБДУЛВАҲОБЗОДА,
директори Агентии Тоҷикстандарт




