Шурои миллии об: заминаи институтсионалии идоракунии устувори захираҳои об

Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талаботи рӯзмарра ба оби тозаву босифат 10-уми декабри соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Шурои миллии об баргузор гардид, ки марҳилаи муҳиме дар ташаккули низоми муосири идоракунии захираҳои обии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъсиси Шуро гузариш аз равиши соҳавӣ ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обро нишон медиҳад, ки он бар ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, банақшагирии стратегӣ ва қабули қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок такя мекунад.
Об ҳамчун омили рушди устувор ва эътирофи байналмилалӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода, зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид намуд, ки имрӯз масъалаҳои марбут ба об фаротар аз як соҳа буда, масъалаҳои амнияти энергетикӣ, таъминоти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва суботи иҷтимоиро дар бар мегиранд.
Махсус қайд карда шуд, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тули ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси стратегӣ пайдо карданд. Маҳз бо ибтикорҳои Сарвари давлат, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даҳ қатъномаи муҳимро дар бораи об қабул намудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба пешрафти фаъоли Рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда, ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари манбаи обҳои фаровони минтақа боз ҳам мустаҳкамтар гардонид.
Платформаи институтсионалии насли нав
Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба як майдони калидӣ барои ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои об табдил хоҳад ёфт.
Вазифаи асосии Шуро ташаккули механизми ягонаи арзёбӣ, ҳамоҳангсозӣ ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои истифода, ҳифз ва барқарорсозии захираҳои об мебошад.
Ин гуна равиш имкон медиҳад, ки шаффофияти банақшагирӣ баланд бардошта шуда, масъулияти иштирокчиёни раванди хоҷагии об пурзӯр гардад ва рушди мутавозини соҳа бо дарназардошти манфиатҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат ва экосистемаҳо таъмин карда шавад.
Шарикии байналмилалӣ ва дастгирии ислоҳот
Дар кори ҷаласа намояндагони шарикони байналмилалӣ низ иштирок намуданд – Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарский ва намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ Раҳимҷон Ассангазиев. Дар суханрониҳои худ онҳо аҳамияти ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши обро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар татбиқи барномаҳои миллӣ ва минтақавии об изҳор карданд.
Аз ислоҳот – ба қарорҳои амалӣ
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа ҷамъбасти Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2025, инчунин баррасии лоиҳаи Нақшаи ҳавзавии идоракунии захираҳои оби ҳавзаи Зарафшон барои солҳои 2026-2030 буд.
Ин ҳуҷҷатҳо гузариш ба принсипи ҳавзавии идоракуниро инъикос менамоянд, ки ба тақсимоти оқилонаи об, баланд бардоштани самаранокии иншооти гидротехникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири баҳисобгирӣ ва таҳлили истифодаи об равона гардидааст.
Раиси Шуро оид ба насби асбобҳои обченкунӣ, тақвияти корҳои таҳлилӣ дар ташкилотҳои ҳавзавӣ ва таъмин намудани муносибати сарфакорона нисбат ба захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо супоришҳои мушаххас дод.
Самти стратегии соли 2026
Марҳилаи ниҳоии ҷаласа тасдиқи Нақшаи кори Шурои миллии об барои соли 2026 гардид, ки он таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, рушди воситаҳои рақамии идоракунии захираҳои об ва густариши ҳамкории байниидоравиро пешбинӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, ҷаласаи аввалини Шурои миллии об заминаи институтсионалиро барои идоракунии низомманд ва устувори захираҳои об фароҳам овард, ки ин барои кишваре, ки дар ташаккули тавозуни обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад, аҳамияти махсус дорад.




