Истиқлоли давлатӣ – заминагузори мақоми зан дар ҷомеа
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омада, дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаи кишвари мо нақши ниҳоят муассир гузошта истодааст. Бо тасдиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998–2005» ва баъдан қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти бонувон марҳилаи наве оғоз гардид.
Ҳамин тавр, тӯли 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар даҳҳо барномаву стратегияҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим дар самти ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтану тарбия ва омода намудани занону духтарони лаёқатманд ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Таъсиси квотаҳои президентӣ барои ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтани духтарони деҳот дар соли 1997 аз дигар иқдомҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад, ки бо мурури солҳо таҳаввулоти бузурге дар рӯзгори мардуми Тоҷикистон овард. Дар ин давра даҳҳо ҳазор нафар ҷавонон, аз ҷумла духтарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд. Аз сӯи дигар, дар шароити кунунӣ маҳз хонаводаҳои ҷавоне устувор монда истодаанд, ки наварӯсон таҳсилдидаву ба ҷойи кор таъмин буда, дар тарбияи фарзандони худ низ муваффақанд.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат ҳамеша дар паёмҳо, мулоқоту суханрониҳояшон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро матраҳ намуда, ҷиҳати ба шуғлҳои муфид таъмин намудани онҳо ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати рушду пешрафти бонувон ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳанд. Самараи даврони истиқлол аст, ки имрӯз фаъолияти пурсамари занонро ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон мебинем.
Бонувони Тоҷикистон низ бо нишони шукронаи соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат дар арсаҳои гуногун кору фаъолият дошта, саъю талош доранд, то боварии роҳбарияти олии кишварро сазовор бошанд. Мо – занону модарони хушбахти даврони Истиқлол бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо барои таҳким ва пойдории он ҳамеша сипар бошем.
Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳама бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ба мо даст додааст. Аз ин рӯ, моро мебояд онро гиромӣ дорем ва ба қадри сулҳу оромии кишвар бирасем. Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
Гулнисо Ёқубова,
мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқии МТМ дар ноҳияи Шаҳритус




