Зеҳн

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам» – ин суханони волое буданд, ки Пешвои миллат ба сари қудрат омаданашон дар як давраи бисёр ҳассос ироа доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллати тоҷик фурӯзон намуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки раванди истиқлолхоҳӣ ва давлатсозӣ кори содаву осон нест. Садҳо халқу миллатҳо ин орзуву омолро бо худ бурдаанд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст. Як қатор давлатҳои бонуфузи замон раванди истиқлолхоҳиро бо муборизаҳои шадид аз сар гузаронидаанд.

Метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ дар шароити ин давлатҳо гарчанде решаҳои амиқи таърихӣ дошта бошад ҳам, маҳз дар охири асри бисти милодӣ ҳодисаи ғайриинтизор буд. Дар ин марҳалаи таърихӣ заминаҳо барои истиқлол чандон устувор дониста намешуданд, вале ба ин нигоҳ накарда, истиқлоли давлатӣ аз тарафи мардум қабул шуд, аммо дарки ин падида барои мардуми ба мустақилият одатнакарда хеле душвор ва мушкил буд. Мардум намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Касе дигар раҳнамо набуд, касе кумак намекард, касе парвои мардум, кишвар ва давлат надошт. Ҳама мехостанд, ки ба ҳокимият расанд, вале дар пушти ин хоҳишҳо кӣ меистод ва ба лӯхтакбозиҳо кӣ машғул буд, касе намедонист. Қувваҳои муайян гуноҳро гоҳ ба гардани дин ва гоҳе ҳизбҳои сиёсӣ, гоҳе ба ҳамсояҳову кишварҳои дур ҳавола мекарданд, вале касе аз пастии маърифати сиёсӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, надонистани таърихи худу бозиҳои геополитикӣ ва қувваҳои дохилии марказгурезу ҷудоихоҳ, ки ҷомеаро ба бунбаст кашиданд, фикр намекард. Ба таври дигар гӯем, омилҳои дохилиро, ки ҳама вақт нақши аввалиро доштанд, ба назари эътибор намегирифтанд. Ин дарси таърихие шуд барои давлатдории тоҷикон. Ин таҷриба бояд дар хотираи таърихии миллат боқӣ монад ва барои ин бояд низоми нигоҳдорӣ ва таҳлили пайвастаи таҷрибаи таърихии миллатро дошта бошем.

Маҳз дар ҳамин рӯзҳои сахту сангин бо инояти Худованд марди шуҷои Ватан, далеру нотарс ва пуштибони мардуми мазлум ба майдони сиёсат баромад, ки ин Эмомалӣ Раҳмон буд. Хизмати таърихии Пешвои миллат аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд.

Таърихи давлату давлатдорӣ борҳо собит сохтааст, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ бе бунёд намудану устувор гардонидани рукни асосии он – таъмини истиқлолияти иқтисодӣ номумкин аст. Истиқлолияти иқтисодӣ, иқтисоди рушдёфтаву тавоно пояи устувори давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бо дарки амиқи ин нукта Сарвари дурандеш ва хирадманди Тоҷикистон баъди бартарафсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ баҳри инкишофу рушди ҷомеа ҳадафҳои асосии сиёсати давлатро дар ҷодаи рушди иқтисод ва тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар муайян намуданд ва неруи созандаи аҳли ҷомеаро баҳри расидан ба ҳадафҳо раҳнамун сохтанд.

Дар баробари ин метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли фарҳангии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалкунанда аст. Аввалан, қадру манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ боло бардошта шуд, баъдан ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ ва умумибашарӣ эълон гардидани ҷашни бостонии Наврӯз ба тақвият бахшидани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Метавон гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бонангу номуси миллат, инчунин ҳамкории беғаразонаи тамоми табақаҳои аҳолӣ корҳои азими созандагиро пеш гирифта, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои мавҷуда роҳу равиши ояндаро тарҳрезӣ намояд.

Аз ин рӯ, дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ватанамонро ҳамеша дӯст дорем, ҷаҳду талош ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиамон қадр намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо ин сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.

Сафаралӣ Нуралиев,
мутахассиси пешбари Раёсати баҳодиҳии мутобиқат

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2