Зеҳн

Шукри истиқлолу Сарвар мекунем

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Истиқлоли давлатӣ волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи навини тоҷикон ба шумор рафта, оғози ҳама оғозҳо, эҳёи нави ин мамлакати тамаддунҳо ва рушди суннатҳои аҷдодӣ мебошад. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни бузурги тақдирсози миллатамон – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ қарор дорем.

Ҳамин аст, ки тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо тантанаи ҷашни Истиқлоли давлатиро бо як шукуҳ ва шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд. Шинохт ва огоҳии миллӣ амри нахустини худшиносии миллист, ки хушбахтона имрӯз ҷомеаи мо онро ба хубӣ дарк менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки талошҳои беназир, иродаи қавӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат буд, ки мо дар як давраи кӯтоҳ кишвари ҷангзадаву парокандаро ба як кишвари ободу озод ва шукуфону дурахшон табдил додем. Устуворӣ дар эҳтироми арзишҳо ва даъвати мунтазам ба фароҳамсозии сулҳу суботи марзу буми Ватани хеш Пешвои миллати моро дар тасмиму талошҳояш муваффақ сохт ва Тоҷикистонро озоду обод гардонид. Таърих ин корномаи Пешвои миллатро фаромӯш намесозад, зеро он бо хатҳои заррин дар таърихи миллати тоҷик сабт шуда, имрӯз мояи ифтихор ва сарчашмаи илҳом дар ҳифзи Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.

Дастоварди муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар марҳилаҳои нахусти истиқлоли давлатӣ нигаҳдории якпорчагии кишвари азизи мо ва ташаккули сохти конститутсионии Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад. Дастоварди дигари замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тантанаи сулҳу ваҳдат дар кишвар дониста мешавад.

Бояд қайд намуд, ки бунёд намудани як давлати ободу зебо ва тараққикарда кори дастаҷамъона аст. Мо метавонем бо хурдтарин амали неки худ барои оянда ва рушди кишвар нақши худро гузорем. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки дар ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш ҳар фарди кишвар масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.

Ба шарофати истиқлол ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлол, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон на танҳо барои мардуми мо, балки барои тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Хотирнишон бояд кард, ки миллати тоҷик дар роҳи ваҳдату озодӣ ва истиқлоли сарзамини худ қурбониҳо карда, моро ба Истиқлоли комил расонидааст. Истиқлоли давлатии мо рангест тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандӯст. Мо дар муддати 32 соли соҳибистиқлолӣ тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем ва тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.

Рустамзода Малоҳат,
муовини директори Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2