Шоҳкории инсон барои ба даст овардани қанду шакар
Дар замони муосир дар хусуси чӣ гуна пайдо шудани анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока қариб касе андеша намекунад, вале ҳар як намуди ғизое, ки имрӯз дастрас карданаш барои мо ҳеҷ мушкилие надорад, дар гузаштаи начандон дур бо душвориҳои зиёде ҳамчун ғизои аҳли омма ба миён омадааст.
Касе ҳам андеша намекард, ки олимон аз хокаи дарахтон, орди ҷав, картошка ва лаблабу гирифтани шарбати қандро пайдо мекунанд. Ба андешаи касе ҳам намеомад, ки аз сарзамини сарди Русия имкони ба даст овардани шакару қанди тозаву сафед мавҷуд аст. Одамон дар он замон фикр мекарданд, ки ин имконият танҳо дар кишварҳои гарм ба мисли Ҳиндустону Куба ва Бразилия муяссар аст. Баъд аз гузашти чанд вақт тавассути заводи буғии қанд шароит фароҳам омад, ки ҳазорҳо пуд шакари тозаву покиза ба даст ояд ва ин ширинӣ, ки дар оғоз хеле қимматбаҳову танҳо дастраси сарватмандон буд, ба тамоми мардуми одӣ низ дастрас гардад.
Гирифтани шакар аз найчаи найшакар ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим маъмул аст. Дар саноат ба роҳ мондани истеҳсоли қанду шакар бошад, дар асри XVI дар Ҳиндустон оғоз ёфтааст.
Дар Русия бошад, саноати қанд дертар, аз ибтидои асри XVIII инкишоф ёфт. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо, 14 марти соли 1718 Пётри I дар бораи оғози сохтмони аввалин заводи қанд дар Русия фармон баровард, ки сохтмони он ба зиммаи тоҷир Павел Вестов гузошта шуда буд. Аввалин корхонаи коркарди шакар бо истифода аз шакари хоми воридотӣ дар Санкт-Петербург соли 1719 ба кор даромад.
Истеҳсоли лаблабуи қанди маҳаллӣ дар ибтидои асри XIX дар Русия ва Олмон ба роҳ монда шудааст. Дар Русия соли 1799 профессори химияи фармасевтӣ ва фармасевтикии Донишгоҳи Маскав Йоган Якоб Биндхайм усули аз лаблабу қанд гирифтанро кор карда баромад. Дар мақолаи худ «Таҷриба ва мушоҳидаҳо оид ба тайёр кардани қанд дар шароити хонагӣ дар Русия ва махсусан аз лаблабу» нақшаи сохтмони заводҳои қанд дар империяи Россияро пешниҳод намуда, қисмҳои асосии истеҳсоли шакарро тавсиф менамояд. Солҳои 1799–1801 Яков Степанович Есипов технологияи аз лаблабу гирифтани қандро дар шароити саноатӣ кор карда, бори аввал усули бо оҳак тоза кардани шарбати лаблабуро ба кор бурд, ки то имрӯз истифода мешавад.
Ҳамин тавр, аввалин корхонаи коркарди шакар, ки дар миқёси саноатӣ маҳсулот истеҳсол мекард, соли 1802 дар деҳаи Алябевои ноҳияи Чернскии губернияи Тула аз ҷониби шарикон Е. И. Бланкеннагел ва Я. С. Есипов таъсис дода шудааст. Дар соли 1810 П. Ермолаев аввалин бор барои гарм кардан ва ғафс кардани шарбати лаблабу буғро истифода бурда, бо ҳамин ташаббуси худ аз истифодаи оташ дар завод даст кашида, ба заводи қанди буғӣ гузаштанд.
Дар Франсия истеҳсоли қанди лаблабу ба соли 1843 рост меояд. Дар байни тарафдорони он ҳатто хешованди император граф А. А. Бобринский низ буд, ки дар Смела заводи калони қандро кушода, баъд аз он тамоми «империяи қанд»-ро бунёд кард. Дар Подоля аввалин истеҳсолкунандагони калони қанд заминдорон Собанскийҳо буданд. Дар Русияи хурд, ки шароити табиии он махсусан барои парвариши лаблабу мусоид буд, аввалин шакарро заводҳои Трощинаи ноҳияи Каневский (1822) ва Макошини ноҳияи Сосницкий (1824) истеҳсол карданд. Дар давоми 30 соли ҳукмронии Николайи I, истеҳсоли шакар дар Русия 115 маротиба зиёд шуд.
Барои омода кардани қанди сафед ва шакар асосан аз ашёи хоми лаблабу ва ё найшакар истифода карда мешавад. Маҳз аз ҳамин намуди ашёи хом пораҳои қанди ба шакли муайяншуда даровардашуда бо сифати баланд ва дорои 99,9% сахароза истеҳсол мешаванд. Ҳосилшавии қанд тавассути техникаи пуриқтидор, ки дар як марҳила чандин корро анҷом медиҳад, амалӣ мегардад. Аз тоза кардани ашёи хом то маҳсулоти тайёр чандин марҳила дар шароити саноат иҷро мешаванд ва дар натиҷа қанди покизаву сафед дар шакли чоркунҷа омода мегардад.
Нақшаи технологии истеҳсоли қанди прессшуда аз амалиётҳои асосии зерин иборат аст:
• тоза кардани шакар;
• тайёр кардани шарбати тозашуда ва клер;
• тоза кардани ифлосиҳои механикӣ аз шарбат;
• тозакунии адсорбсия;
• ҷӯшондани шарбати тозашуда;
• гирифтани хамираи тозашуда;
• сахткунии хамира;
• хушк кардани шакари тозашуда.
Ҳоло дар тамоми ҷаҳон истеҳсоли шакар ва қанд дар шароити саноат васеъ роҳандозӣ шуда, се навъи шакари софшуда асосан истеҳсол карда мешавад: шакари фишурдашуда-хока, фишурдашудаи зудҳалшаванда ва шакари тозашуда. Ба ғайр аз ин, ба миқдори ками маҳлули тозашуда, фишурда бо хосиятҳои рехташуда ва сайёҳии тозашуда дар бастаҳои хурд истеҳсол карда мешаванд, ки онро дар ҳама ҷо бо худ гирифтан имкон дорад.
Вобаста ба миқдори рутубат, ҳаҷм ва якрангии кристаллҳо, намуд ва дараҷаи башаклдарорӣ, навъҳои гуногуни қанди софи сахтшуда омода мешаванд:
• сахтшудаи аз ҳад сахт;
• сахтшудаи зудобошаванда.
Ҳангоми гирифтани шакари тозашуда, массекуит мувофиқи схемаи ба даст овардани шакари одӣ коркард мешавад, аммо то намии 0,1% хушк карда мешавад.
Хокаи тозашуда (шакар) аз маҳсулоти иловагӣ (партовҳо) дар истеҳсоли қанди тозашуда тавассути суфта кардани онҳо то 0,1 мм гирифта мешавад. Барои он ки хока дар вақти нигаҳдорӣ ба пораҳои гуногуншакл табдил наёбад, ба он то 3% крахмал илова мекунанд. Миқдори намии хока 0,2 фоизро ташкил медиҳад.
Таҳияи Ойгул Одинаева




