Ваҳдати миллӣ – бақои устувории пояҳои давлатдорӣ
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Ҳар гоҳ сухан дар бораи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон равад, пеш аз ҳама, симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки ин бесабаб нест. Зеро ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз ҳамин шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик ҳастанд.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамоянд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон, фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Пеш аз ҳама, барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозад, ки дар он рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, инчунин ҳамкориҳои зичи ниҳодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки муносибати зич ва созандаи институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро рушд диҳем, ки ин метавонад барои амалишавии сиёсати давлатӣ ва аз он ҷумла амалишавии ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намояд. Албатта, аз ҷониби давлат ҳамаи ин корҳо дар барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар шароити кунунии вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таҳдид ва хатарҳои муосир фаъол гардидаанд, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Чунки вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ онро тақозо мекунад, ки мо ҳама дар атрофи парчами миллии кишвари соҳибистиқлоли худ муттаҳид шавем ва барои ободии кишвар талош намоем. Гарчанде ки душманони давлату миллати мо муваффақиятҳои моро нодида мегиранд ва ҳама вақт бар мо санг мезананд, вале мо роҳи худро муайян намудаем ва барои таҳкими давлатдории миллӣ ва амнияти ҷомеа қадамҳои устувор мегузорем.
Насриддин Сабзалиев,
сардори Маркази Тоҷикстандарт дар ВМКБ




