Зеҳн

Нақши Пешвои миллат дар таҳким ва рушди кишвари азизамон

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Хиради азалӣ ва талошҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 31 сол аст, ки миллат ва халқи кишварро ба зиндагии осоиштаву дастовардҳои назаррас ноил гардонида, Тоҷикистонро ҳамчун як давлати мутараққӣ ва созанда дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Маҳз истиқлол ва озодиву созандагӣ бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатдориро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеаи мо мебошад, рӯи кор овард. Имрӯз, ки мо дар давлати соҳибистиқлол ҳаёт ба сар мебарем, бояд истиқлоли кишвар ва муқаддасоти миллатро ҳифз кунем ва ҳамеша барои ободии меҳани худ саъю кӯшиш намоем. Истиқлол на танҳо соҳибихтиёрии давлату миллат, балки дар баробари ин фазои озоду амни зиндагиро ба ҳар яки мову шумо муҳайё намуд. Зеро озодии сухан, фаъолияти озоди шаҳрвандон, вазъияти осоиштаю ороми кишвар, равобити бемамониати байниҳамдигарии одамон, рангинии ҳаёти кӯдакон ва наврасон – ин ҳама аз меваҳои истиқлол аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин шаҳди соҳибистиқлолии миллати тоҷикро дар асари гаронбаҳои хеш «Уфуқҳои истиқлол» ба таври зебо тасвир намуда, навишта буданд: «... давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9-уми сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд».

Барои расидан ба ин неъмати гаронарзиш таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон зоҳиран хеле осон ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлол осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он баръало эҳсос мегардид. Неруҳои марказгурезу манфиатхоҳ таҳти шиорҳои авомфиребонаи хеш бо мақсади амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ бо ҳам дар муқовимат буданд. Кинаҷӯию хусуматварзӣ ва қасосгирию бадхоҳӣ хислати ҳамешагии ин гуна қувваҳо гардида буд. Ҳатто бархе аз чунин гурӯҳҳо дар иртибот бо қувваҳои хориҷии манфиатхоҳ дар паи тақсиму нобудкунии давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Махсусан ҳодисаҳое, ки дар соли 1992 ба вуҷуд омаданд, ифшогари муаммоҳои дар боло зикршуда мебошанд.

Замоне ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, воқеияти ҳол чунин буд, ки дар вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирад. Аз нухбагони сиёсии вақт нафаре ҳозир набуд, ки рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро анҷом диҳад.

Дар чунин вазъи душвор, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои ҳақиқии миллат, ки дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархостанд, бо ҷасорат, дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватанхоҳӣ азми наҷоти Ватан, мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳою мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ, яъне аз торикию зулмот, ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуд. Мулоқотҳои Сарвари давлат дар он солҳо як умеде ё як шуълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард.

Ӯ марди дурбину хирадманд аст. Таърихан ин хислати беҳтарини роҳбарон ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо тайи ин муддат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Ба ҳар ташаббусе, ки Эмомалӣ Раҳмон бо инояти кирдугори пок роҳбаладӣ кард, муваффақ шуд ва иқдомҳояш мояи таҷрибаи дигарон шуд. Аввалан, нурафшонии хуршеди оромиву осоиш ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан ва парвози кабутари сулҳу ваҳдат дар фазои хонадони ҳар як сокини мамлакат хизмати арзандае ба ҳисоб меравад. Аксари муҳаққиқони илми таъриху сиёсатшиносӣ ба ин назаранд, ки таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар бузургтарин ва бебаҳотарин хизмати Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таъмини ваҳдату оромӣ дар мамлакат тақдири ояндаи давлатдории тоҷиконро мустаҳкам намуд. Ҳақ ба ҷониби файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер аст, ки дар бораи чунин афрод мефармояд: «Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд».

Моро мебояд ба қадри ин ҳама заҳмату меҳнатҳои Пешвои миллат бирасем, Ӯро сидқан дӯст дорем ва дар паҳлуи ин марди наҷиб истода, ватани худро боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар намоем.

Беғамов Неъматулло,
сардори МТМ дар шаҳри Исфара

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2