Фаъолияти тамоми самтҳои ҷамъият бе саҳеҳияти ченак имконнопазир аст
Ҳамасола дар ҷаҳон 20 май Рӯзи умумиҷаҳонии метрология қайд карда мешавад. Бо ин мақсад дар Агентии Тоҷикстандарт таҳти унвони «Ченкуниҳо барои нигаҳдории системаи ҷаҳонии озуқаворӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд.
Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки вазифаи асосии метрология аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарур аст, таъмин намояд.
Ба андешаи сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии Тоҷикстандарт Раҳимзода Ҷӯрахон барои тиҷорати байналмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо барои маҳсулоти гаронбаҳо истеҳсолкунандагон бояд риояи стандартҳои ғизоро нишон диҳанд. Илова бар ин, давлатҳо бояд амният ва тиҷорати одилонаро, бахусус дар бозорҳои маҳаллии озуқа, таъмин намоянд. Ҳамаи ин бо ченкунии боэътимоди миқдор ва сифати маҳсулоти ғизоии хом ва коркардшуда тасдиқ карда мешавад.
Раҳимзода Ҷ. таъмини ягонагии ченакро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳонӣ омили рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва равобити илмию техникии байни давлатҳо ҳисобида, изҳор намуд, ки вусъати савдои умумиҷаҳонӣ, истеҳсоли муштараки молҳо дар байни кишварҳо, ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ ва масоили муҳити атроф талаботро ба таъмини ченаки ягонаи байналмилалӣ зиёд мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ




