Иштироки намояндагони Агентии Тоҷикстандарт дар ҷаласаи 34-уми Кумитаи СООМЕТ
Иштироки намояндагони Агентӣ дар ҷаласаи 34-уми Кумитаи СООМЕТ ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии метрология дар Қазоқистон
23–24 майи соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 34-уми Кумитаи Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (СООМЕТ) ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии метрология дар Қазоқистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ дар ҳайати муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Сафарзода М. Х. ва сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак Раҳимзода Ҷ. Р. иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши навбатӣ намояндагони мамлакатҳои узв (Арманистон, Беларус, Булғория, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Словакия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Хитой) иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа, инчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ (BIPM, BIML) ва ташкилотҳои минтақавӣ (APMP, GULFMET, SIM ва МГС) иштирок дошта, дар бораи фаъолияташон давоми солҳои 2022–2023 бо рӯнамоҳо (презентатсияҳо) баромад намуданд.
Сараввал Президенти КООМЕТ Валерий Гуревич (Ҷумҳурии Беларус) дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Созмон давоми солҳои 2022–2023 баромад намуда, оид ба мушкилиҳои дар раванди ҳамкориҳо ҷойдошта ва вазифаҳои аввалиндараҷаи КООМЕТ дар шароити баамаломада маълумот пешниҳод намуд. Роҳбари котиботи КООМЕТ Надежда Ляхова (Ҷумҳурии Беларус) оид ба фаъолияти КООМЕТ дар давраи ҳисоботӣ оид ба ҳама самтҳои ҳамкориҳо, ки дар Ёддошти тафоҳуми КООМЕТ пешбинӣ гардидаанд, маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа масъалаи интихоби президенти нави КООМЕТ баррасӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ, ки байни аъзоёни Кумитаи КООМЕТ ва намояндагони расмии онҳо гузаронида шуд, тибқи боби 5 ҳуҷҷати COOMET D1/2022 «Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо» Габит Мухамбетов (директори генералии Институти стандартизатсия ва метрологияи Ҷумҳурии Қазоқистон – КазСтандарт) Президенти нави КООМЕТ интихоб гардид.
Тибқи барномаи ҷаласа намояндаи Агентии Тоҷикстандарт – аъзои Кумитаи КООМЕТ, муовини директори Агентӣ Сафарзода М. Х. оид ба корҳои иҷрошуда дар самти таъмини ченаки ягона бо рӯнамо (презентатсия) баромад намуда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати рушди метрологияи тоҷик як қатор корҳо, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Агентии Тоҷикстандарт ва Агентии федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, ҳамзамон ҷамъбасти корҳо оид ба омодасозии ду озмоишгоҳи андозагии воситаҳои ченак (масса ва ҳарорат) барои аккредитатсиякунонӣ ва дар оянда эътироф намудани имкониятҳои техникии ин озмоишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба сомон расонида шуданд.
Дар раванди баргузории чорабиниҳо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ (BIPM, BIML) ва ташкилотҳои минтақавӣ (APMP, GULFMET, SIM ва МГС), инчунин намояндагони давлатҳои аъзо 25 майи соли 2023 дар кори конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии метрология дар Қазоқистон иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои хеле муҳими соҳаи метрологияи муосир бо маърӯзаҳо ва рӯнамоҳо баромад намуданд.
Иштирок дар чорабиниҳои мазкур барои намояндагони Агентии Тоҷикстандарт хеле муфид буд, чунки онҳо дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа имконият пайдо намуданд бо мутахассисону масъулони як қатор пажӯҳишгоҳҳои метрологии мамлакатҳои пешрафта ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии метрологӣ ҳамсуҳбат шуда, таҷрибаи пешқадами онҳоро барои пешбурди фаъолият ва рушди метрологияи тоҷик омӯзанд.
Лозим ба зикр аст, ки Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (КООМЕТ) моҳи июни соли 1991 таъсис ёфта, айни замон 18 мамлакат: Арманистон, Беларус, Булғория, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Словакия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Хитой шомили ташкилоти мазкур мебошанд.
Соли 2009 бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар кишвар, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ, такмили базаи эталонии Тоҷикстандарт ва навсозии озмоишгоҳҳои санҷишии метрологӣ аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт барои аъзо шудан ба узвияти ин Созмон дархост пешниҳод карда шуда буд.
18 ноябри соли 2009 дар ҷаласаи Шӯрои Президенти Созмони СООМЕТ, ки дар он бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентӣ ва муовини ӯ иштирок доштанд, ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Мақоми миллии метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) баррасӣ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ба узвияти ин Созмон қабул гардид.
Муддати чордаҳ соли аъзогӣ дар Созмони мазкур имконият фароҳам овард, ки мутахассисони озмоишгоҳҳои Агентӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши тахассусии худ дар самти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ISO/IEC 17025, ISO 9001 дар озмоишгоҳҳои метрологӣ, мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои аврупоӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои метрологии ҷавобгӯи сатҳи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт тамоми чораҳо андешида шуда истодааст ва дар ин ҷода, албатта, ҳамкориҳои Агентии Тоҷикстандарт бо ташкилотҳои минтақавии метрологӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам басо муҳим мебошад.




