Баргузории ҷаласаи 57-уми НТКМетр ва ҷаласаи 22-юми РГ ОДМ НТКМетр дар шаҳри Москва
Оид ба баргузории ҷаласаи 57-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба метрология (НТКМетр) ва ҷаласаи 22-юми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии асосӣ дар соҳаи метрология (РГ ОДМ НТКМетр)
15–16 майи соли 2023 дар доираи Форум-намоишгоҳи байналмилалии метрологии «Метрология бидуни марз», ки ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии метрология бахшида шуда буд, дар шаҳри Москва ҷаласаи 22-юми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии асосӣ дар соҳаи метрология (РГ ОДМ НТКМетр) ва ҷаласаи 57-уми Комиссияи илмӣ-техникии метрология (НТКМетр)-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар формати гибридӣ баргузор гардид, ки дар кори онҳо мутахассисони мақомоти миллии метрология ва кишварҳои узви Шӯро – Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин намояндагони Кумитаи Иҷроияи ИДМ ва Бюрои стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия ва метрология иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур як қатор масъалаҳои муҳим дар соҳаи метрология мавриди баррасии иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифтанд. Аз ҷумла, санаи 15.05.2023 дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии асосӣ дар соҳаи метрология (РГ ОДМ НТКМетр) лоиҳаи ПМГ 06-20хх «Тартиби тасдиқи натиҷаҳои ташхис ва тасдиқи навъ, санҷиши ибтидоӣ, аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак», аз нав дида баромадани қонуни моделии «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ГОСТ 24555-81 «Низоми ташхиси давлатии маҳсулот. Тартиби аттестатсияи таҷҳизоти санҷишӣ. Муқаррароти асосӣ», ГОСТ 8.417-2002 «ГСИ Воҳидҳои бузургӣ» ва ғайра баррасӣ гардида, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Санаи 16.05.2023 ҷаласаи 57-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба метрологияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (НТКМетр) баргузор гардид, ки онро муовини роҳбари Агентии федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия Лазаренко Евгений Русланович ифтитоҳ намуд ва иштирокчиёнро табрик намуда, ба онҳо кори пурсамар таманно намуд.
Евгений Русланович ҳамаро бо Рӯзи умумиҷаҳонии метрология табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамкории зич ба қабули ҳуҷҷатҳо ва ҳалли мушкилоти на танҳо метрологияи қонунгузор, балки метрологияи амалӣ ва саноатӣ барои рушди минбаъда ба манфиати кишварҳои ИДМ такони нав мебахшад.
Сипас сардори шуъбаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ва инноватсияҳои шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии ИДМ Тимур Тиллоевич Мансуров баромад намуда, аз номи Кумитаи Иҷроияи ИДМ иштирокчиёни ҷаласаро бо Рӯзи ҷаҳонии метрология табрик гуфт.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён рафти иҷрои қарору тавсияҳои дар ҷаласаҳои қаблии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС) ва НТКМетр қабулшуда ва корҳоеро, ки дар кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъмини ченаки ягона амалӣ карда мешаванд, баррасӣ намуданд. Иштирокчиён, инчунин, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди МГС барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ карданд.
Давоми рӯзҳои 15–16 май иштирокчиёни ҷаласаҳои болозикр, ҳамчунин, фурсат пайдо намуда, дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии метрологии «Метрология бидуни марз» иштирок намуданд ва бо намунаи таҷҳизоту асбобҳои ченкунии истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии Федератсияи Русия, ки маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштаанд, шинос гардиданд.
Иштирок дар чорабиниҳои мазкур барои ман, ҳамчун намояндаи Агентии Тоҷикстандарт, хеле муфид буд, чунки ҳуҷҷатҳои баррасишуда ва барои қабул пешниҳодгардида барои истифодабарӣ дар фаъолияти мутахассисони Агентӣ бағоят зарур мебошанд. Дар ҳолати қабул гардидани ин ҳуҷҷатҳо дар сатҳи байнидавлатӣ, аз ҷумла ПМГ 06-20хх «Тартиби тасдиқи натиҷаҳои ташхис ва тасдиқи навъ, санҷиши ибтидоӣ, аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак», як қатор монеаҳо дар фаъолияти озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ аз байн мераванд.
Ҳамзамон, дар фурсатҳои муносиб ман тавонистам бо роҳбарону коршиносони ботаҷрибаи институтҳои метрологии кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус вохӯрда, оид ба тақвият бахшидан ба рушди ҳамкориҳо дар самти метрология суҳбатҳои муфид анҷом диҳам.
Раҳимзода Ҷӯрахон,
сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак




