Зеҳн

Масҷиди Набавӣ: аз ибтидо то имрӯз

АГ
Агенти Зеҳнӣ14 ноябри 2026 · 23 дақиқа хондан

МАСҶИДИ НАБАВӢ: АЗ ИБТИДО ТО ИМРӮЗ – I
Дар ибтидо
Масҷиди набавӣ – бинобар фармудаи Расули акрам (с) яке аз се масҷиди муқаддасе аст, ки бори сафар баста намешавад, магар ба сӯи онҳо. Он намозгоҳ, минбар, равзаи муборака ва имрӯз турбати поки Паёмбари акрам (с) ва ҳамин тавр сутунҳои таърихиеро дар худ ҷой додааст.
Ин масҷид аввалин хезишгоҳи ойини ислом, меҳвари ҳаводиси сарнавиштсози таърих, маркази ҳокимият ва саргаҳи тамаддуни боазамати Ислом аст. Бинобар ин, дар тӯли таърихи мавҷудияти худ мавриди эҳтимоми хосу ом қарор дошта, аз ҷанбаҳои гуногуне ба ҳифзи осори таърихӣ, қадосати маънавӣ ва сохту бофти меъмории он таваҷҷӯҳ шуда ва ин таҳаввулот ва тавсиаҳо бо имтидоди замон идома доранд.
Ҷойгоҳи масҷиди Расули Худо (с) пеш аз ҳиҷрати мусалмонон ҷои нигаҳдорӣ ва шабгузаронии гӯсфандон ва шутурони тавоифе аз аҳли Мадина буд ва ба ду ятимбачае бо номҳои Саҳл ва Суҳайл тааллуқ дошт. Паёмбар (с) он қитъаи заминро аз онҳо бо даҳ динор харид ва фармуд қабрҳои мушриконро аз он барканданд ва заминашро ҳамвор намуданд, он гоҳ масҷиди худро дар он бино кард.
Масҷид дар васати шаҳри Мадина ҷойгир шуда, моҳи рабеъулаввали соли якуми ҳиҷрӣ баробар ба соли 622 милодӣ сохта шудааст. Дар он замон тӯлу арзи он 70х60 зироъ, тақрибан 35х30 метр ва масоҳати умумиаш 4200 зирои мураббаъ=1050 м² ва баландиаш 5 зироъ=2,5 метр будааст. (Зироъ воҳиди ченаки масоҳат аст, ки дар рӯзгори қадим дар чандин кишвар бо тафовутҳои ҷузъие ба кор мерафта ва он аслан ба зирои даст аз оринҷ то нӯги ангушти миёна баровард мешавад). Пойдевораш аз санг, деворҳояш аз хишти хом, сутунҳояш аз чӯби дарахти хурмо ва сақфаш бо шохаҳои он сохта шуда буд.
Масҷид дар замони Расули Худо (с) се дар дошта: даре дар охир дар ҷануби бино, даре дар шарқ, ки ба он дари Ҷабраил гуфта мешуд ва даре дар ғарб, ки ба он аввал дари Отика ва баъдҳо дари Раҳмат гуфта мешуд ва қиблааш ба сӯи Байтулмуқаддас буд. Пас аз ҳодисаи таҳвили қибла, ки ҳудудан пас аз шонздаҳ ва ё ҳабдаҳ моҳи мақдами Паёмбар (с) ба Мадина дар нимаҳои соли дуюми ҳиҷрӣ иттифоқ уфтод, даре, ки дар охири масҷид буд, дар ҷиҳати қибла воқеъ гардид ва баста шуд ва ба ҷои он дар тарафи шимол – самти қиблаи аввал дари дигаре кушода шуд.
Пас аз таҳвили қибла Паёмбари Акрам (с) барои нишаст, шабгузаронӣ ва нигоҳубини муҳоҷирон ва дигар мардуми бесарпаноҳ дар шимолу шарқи масҷид дар тарафи рости қиблаи аввал ба сӯи Байтулмуқаддас суффаи болопӯшидае бино кард.
Ҳуҷраи Оиша (р) дар паҳлӯи чапи қиблаи нав дар канори равзаи он Ҳазрат (с) аз шарқ ва пеш аз дари Ҷабраил воқеъ шуда ва хонаи Фотима (р) ҳам дар пушти он ба сӯи дари Ҷабраил ҷойгир буд.
Васеъсозии Масҷиди набавӣ дар замони Пайғамбар ва саҳобагон
Шумораи мусалмонон сол ба сол меафзуд ва дар таносуб бо ин сафи намозгузорон ҳам зиёд мешуд. Бинобар ин, Паёмбар (с) соли 7 ҳиҷрат мутобиқ ба соли 628 милодӣ пас аз бозгашт аз ғазваи Хайбар дар моҳи муҳаррам ба нахустин тавсиаи масҷид оғоз кард ва 40 зироъ=20 метр дар арз (бар) ва 30 зироъ=15 метр дар тӯли он афзуд. Масҷид пас аз ин тавсиа комилан мураббаъ шуд ва тӯлу арзи он 100х100 зироъ ва ё 50х50 метр ва масоҳати умумиаш 10 000 зироъ=2500 м²-ро ташкил медод. Дар ин тавсиа аз тарафи шимол ва ғарб ба он афзуда шуд ва тарафи қибла дар ҳамон марзи қаблии худ боқӣ монд. Марзи он пас аз тавсиа дар шимол ба бинои маҷидии имрӯз ва дар ғарб ба сутуни панҷуми минбар расид, ки дар равоқи сабзи он: "Марзи масҷиди Паёмбар (с)" навишта шудааст.
Масҷиди Паёмбар (с) дар замони Абӯбакр (р) ба ҳамон вазъи пешин боқӣ монд, вале дар аҳди Умар (р) тавсиаи дуюм дар он анҷом гирифт. Халифаи дуюм соли 17 ҳиҷрат баробар ба соли 638 милодӣ аз сӯи қибла то равоқе дар миёнаи намозгоҳи Паёмбар (с) ва намозгоҳ (мусалло)-и усмонӣ ба андозаи даҳ зироъ=5 метр, аз шимол 30 зироъ=15 метр ва аз ғарб ба андозаи ду сутун, ки бо 20 зироъ=10 метр баробар аст, бар он афзуд ва аз тарафи шарқ дар он тағйире ворид накард. Пас аз ин тӯли масҷид аз шимол ба ҷануб 140 зироъ=70 метр ва бари он 120 зироъ – тақрибан 60 метр тавсиа ёфт ва масоҳати умумиаш ба 16 800 зирои мураббаъ (4200 м²) расид. Боми онро ба андозаи 11 зироъ бардошт ва даре бо номи дари Салом (бобу-с-Салом) дар ибтидои девори он аз ҷануб ва дари дигаре бо номи дари Занон (бобу-н-Нисо) дар интиҳои он аз шарқ ва дари дигаре дар охири он аз тарафи шимол боз кард.
Халифаи дуюм ба риояи одоби духули масҷид ва ҳузур дар равзаи Паёмбари акрам (с) сахт эҳтимом меварзид ва намегузошт касе дар он ҷо садояшро баланд кунад. Бинобар ин, дар беруни масҷид аз шарқ наздик ба ҳавлии Холид ибни Валид (р) саҳне барои суҳбат ва гуфтугӯи мардум омода кард, ки ба он Бутайҳо мегуфтанд.
Халифаи сеюм Усмон ибни Аффон (р) дар моҳи рабеъулаввали соли 29 ҳиҷрӣ баробар ба соли 649 милодӣ ба тавсиаи сеюми масҷиди набавӣ пардохт ва аз се тараф: тарафи қибла – ҷануб ва шимолу ғарб бар он афзуд. Дар ҷониби қибла равоқе бар он афзуд ва девори қиблаи масҷидро дар ҷое, ки имрӯз воқеъ шудааст, бардошт, ки пас аз он дигар тағйир ва тавсиае дар он ворид карда нашудааст. Аз тарафи ғарб низ равоқе бардошт, ки ба қавли роҷеҳ сутуни ҳаштум аз сӯи минбар аст ва аз тарафи шимол ҳам даҳ зироъ бар он афзуд. Яъне, аз се тараф ба миқдори 10 зироъ=5 метр бар он афзуд. Дарозии масҷид пас аз он ба 160 зироъ=80 метр ва бараш ба 130 зироъ=65 метр расид ва масоҳати умумиаш 20 800 зирои мураббаъ (5200 м²)-ро ташкил медод.
Гуфтанист, ки ҳарду халифа Умар (р) ва Усмон (р) масҷидро аз тарафи шарқ, ки ҳуҷраҳои ҳамсарони Паёмбар (с) дар он тараф воқеъ шуда буданд, тавсиа надоданд ва ҳуҷраҳо ҳанӯз ҳам – пас аз тавсиаи сеюми масҷид дар замони халифаи рошид Усмон (р) дар канори он мавҷуд буданд, вале ҳавлии чанд саҳоба харидорӣ ва аз тарафи ғарб ва шимол ба масҷид ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамчунин барои рӯшноӣ ва тоза шудани ҳавои дохили масҷид дар шарқу ғарби он равзанаҳое боз карда шуданд. Ин тавсиа моҳи муҳаррами соли 30 ҳиҷрӣ ба поён расид.
Идомаи тавсиаи масҷид
Масҷиди набавӣ то замони халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик (88–91 ҳ.) бо ҳамон шакл ва абъоди тавсиаи Усмон (р) боқӣ монд. Валид моҳи рабеъулаввали соли 88 коргузори худ дар Мадина Умар ибни Абдулазиз (рҳ)-ро ба бозсозӣ ва тавсиаи масҷиди набавӣ супориш дод. Ин тавсиа то соли 91 идома ёфт. Умар ибни Абдулазиз (рҳ) аз тарафи ғарб ду сутун – ба андозаи 20 зироъ=10 метр, аз тарафи шарқ се сутун – ба андозаи сӣ зироъ=15 метр ва аз шимол низ 40 зироъ=20 метр бар он афзуд. Дар болои масҷид ду сақф – сақфи поёнӣ ва сақфи болоӣ бардошт, ки сақфи поёнӣ аз чӯби соҷ ва бо иртифои 25 зироъ=12,5 метр сохта шуда буд. Умар ибни Абдулазиз (рҳ) тамоми ҳуҷраҳои ҳамсарони Паёмбар (с), ки дар шомили масҷид воқеъ гардида буданд ва ҳамин тавр ҳавлиҳои ҳамҷаворро харидорӣ ва ба он афзуд. Шоёни зикр аст, ки ҳамсарони он Ҳазрат (с) дар он вақт ҳама аз дунё гузашта ва ҳуҷраҳои эшон ба ворисон ва бастагонашон тааллуқ доштанд.
Дарозии масҷид ба 200 зироъ=100 метр ва бараш дар тарафи пеш ба 200 зироъ=100 метр ва дар тарафи охир ба 180 зироъ=90 метр расид ва масоҳати умумиаш 36 000 зирои мураббаъ (9 000 м²) тавсиа ёфт.
Дар ин тавсиа барои масҷид чаҳор миъзана ва меҳробе низ сохта шуд ва деворҳояш аз дохил бо мармар, тилло ва қитъаҳои гулкоришуда тазйин дода шуданд, сақф, болои сутунҳо ва остонаи дарҳо бо тилло ороиш дода шуданд ва дар ҷо-ҷои он 20 дар ва 14 равзана (тиреза) боз карда шуд.
Дар замони халифаи аббосӣ Маҳдӣ панҷумин тавсиаи масҷиди набавӣ сурат гирифт. Вай пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ соли 161 ҳ. (779 м.) ба Мадина ташриф овард ва ба тавсиаи масҷиди набавӣ амр кард ва Абдуллоҳ ибни Осим наводаи Умар ибни Абдулазиз (рҳ)-ро ба ин кор гуморд. Тавсиа ва бозсозии он пас аз чаҳор сол дар соли 165 ҳ. (782 м.) ба поён расид. Танҳо аз тарафи шимол 100 зироъ=50 метр ба масҷид афзуда шуд, ки дарозиаш 300 зироъ=150 метр ва масоҳати умумиаш 54 000 зирои мураббаъ (13 500 м²)-ро ташкил дод.
Хулафои аббосӣ ба ободии масҷид ба ғоят эҳтимом меварзиданд, то ҷое, ки дигар то сӯхтани он дар соли 654 ҳ. ба тавсиа ва бозсозии он ниёзе пеш наомад.
МАСҶИДИ НАБАВӢ: АЗ ИБТИДО ТО ИМРӮЗ – II
Оташсӯзӣ ва бозсозӣ
Соли 654 ҳ. баробар ба соли 1256 м. дар масҷиди набавӣ оташсӯзие ба амал омад ва аксари бинои он аз байн рафт. Як сол пас соли 655 ҳ. (1257 м.) халифа Мустаъсим Биллоҳ ба бозсозӣ ва бинои он пардохт, вале ба сабаби истилои муғулҳои муҳоҷим бар Бағдод нотамом монд. Пас аз он султони Миср Рукнуддини Бейбарс барномаи такмили бинои масҷидро рӯи даст гирифт ва пас аз чанде онро бар ҳамон асли пешин бино кард. Ин аввалин оташсӯзӣ дар масҷиди набавӣ буд.
Пас аз инқирози хилофати аббосиён дар соли 656 ҳ. (1258 м.) ба дасти муҳоҷимони муғул сарпарастӣ ва идораи Мадина ба дасти подшоҳон – мамлукҳои Миср гузашт, ки дар эъмори масҷиди Паёмбар (с) корҳои баёдмондание анҷом доданд. Соли 886 ҳ. (1481 м.) масҷиди набавӣ бар асари фурӯ рехтани соиқа (оташак)-е аз осмон боз дучори оташсӯзӣ гардид ва малик Ашрафи Қойтбой ба бозсозӣ ва бинои он пардохт ва соли 888 ҳ. (1483 м.) бинои онро ба итмом расонд.
Гуфтанист, ки дар ин тавсиа девори шарқии масҷид аз паҳлӯи ҳуҷраи Паёмбар (с) ба андозаи ду зироъ ва рубъе васеъ карда шуд, ки дар умум 120 м²-ро ташкил медиҳад.
Пас аз поёни ҳукми мамлукҳо дар Миср соли 923 ҳ. (1517 м.) хулафои усмонӣ сарпарастӣ ва идораи масҷиди набавиро ба даст гирифтанд ва ба иҷрои ислоҳоте дар он пардохтанд, вале бинои малик Қойтбой ба муддати 377 соли дигар ҳамчунон побарҷо буд, то он ки дар деворҳои масҷид тарқишҳое ба вуҷуд омад. Пас аз омӯзиш ва таҳқиқи мавзӯъ султон Абдулмаҷид соли 1265 ҳ. (1848 м.) ба бозсозӣ, тавсиа ва бинои масҷиди набавӣ амр кард ва пас аз 13 сол онро дар соли 1277 ҳ. (1861 м.) ба итмом расонданд.
Султон Абдулмаҷид барои ин кори азим ҳайати бештар аз сесаду панҷоҳнафараи коншиносон, оҳангарон, сангтарошон, гачкорон, наҷҷорон ва хаттотон ва ғайраро бо тамоми васоил ва таҷҳизоти зарурӣ аз Остона (Истанбул) ба Мадина равона кард ва илова бар маъмури хосси худ дар ин кор онро ба василаи қосидони худ аз пойтахти хилофат пайваста пайгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард. Онҳо дар теппаҳои беруни Мадина дар рӯ ба рӯи Абёри Алӣ дар Водии Ақиқ кӯҳ ва маъдане аз сангҳои сурхи ақиқӣ кашф ва аксари маводи сохтмониро аз он омода карданд. Дар беруни шаҳр корхонаҳои гачгудозӣ ва ғайра ба кор андохтанд ва масҷидро бо меъмории нодире бино карданд.
Султон Абдулмаҷид дар тарафи шимоли масҷид ҳуҷраҳое барои таълими Қуръон бино кард ва масҷидро дар ҷои миъзанаи асосӣ 5 зироъ ва рубъе тавсиа дод, ки дар умум 1300 м²-ро ташкил медиҳад.
Оли Саъуд ва Масҷиди набавӣ
Бинои масҷид то нимаи дуюми асри бист бар ҳамон меъмории маҷидӣ боқӣ монд, то он ки мамлакати Саъудӣ дар замони малик Абдулазиз Оли Саъуд моҳи рабеъулаввали соли 1372 ҳ. (1952 м.) ба тавсиаи ҷадиде дар он оғоз кард ва писараш малик Суъуд онро дар моҳи рабеъулаввали соли 1375 ҳ. (10/1955 м.) ба итмом расонд.
Тарҳи дувумин тавсиаи масҷиди набавӣ дар даврони ҳукми хонадони Оли Саъуд дар замони малик Фаҳд ибни Абдулазиз соли 1405 ҳ. (1984 м.) ба мавриди иҷро бароварда шуд ва пас аз даҳ сол дар соли 1414 ҳ. (1994 м.) ба итмом расид. Ин охирин ва бузургтарин тавсиае буда, ки дар таърихи масҷиди набавӣ ба амал бароварда шуд.
Шукӯҳи он имрӯз ҳар бинандаеро маҷзуб месозад. Масҷиди набавӣ ин навбат бо тамоми таҷҳизоти муосири барқӣ, васоили сардкунанда, имконоти оби ошомиданӣ ва ғуслу вузӯ, микрофонҳо, маркази тавлиди нерӯи барқ, дастгоҳҳои пахши мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ва ғайра муҷаҳҳаз сохта шуд.
Ҳарчанд дар бораи ҳаҷми рақамҳои тавсиаи масҷид тайи мароҳили гуногуни он ва ҳамин тавр чанд сантиметр эътибор шудани зироъ дар байни муаррихон ва коршиносони соҳа ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале бар асоси рақамҳои фавқ масоҳати умумии масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи маҷидӣ (султон Абдулмаҷид), ки имрӯз ҳам қисмате аз он дар ҷиҳати қиблаи масҷид ҳифз шудааст, ҳудуди 15 000 м² ва ба гуфтаи мураттибони китоби Тавсиату-л-ҳарамайни-ш-шарифайн бештар аз даҳ ҳазор (10 303) м²-ро ташкил медодааст.
Дар тавсиаи аввали Саъудӣ 4056 м² аз бинои маҷидӣ боқӣ гузошта ва 6247 м²-и он аз байн бурда шуд. Сипас ба қисмати зоилшуда бештар аз 6 000 м²-и дигар афзуда шуд ва маҷмӯи тавсиаи аввали Саъудӣ 12 270 м²-ро ташкил дод ва ба ин тартиб масоҳати умумии масҷид бо изофаи 4056 м² боқимонда аз бинои маҷидӣ ба 16 326 м² расид, ки барои 28 000 намозгузор гунҷоиш доштааст. Аммо дар тавсиаи дуюми ходими Ҳарамайн малик Фаҳд масоҳати 82 000 м² ба он афзуда шуд ва масоҳати он дар маҷмӯъ 98 326 метри мураббаъро ташкил дод, ки барои ҳудуди 180 000 намозгузор гунҷоиш дорад.
Масоҳати сатҳи масҷид 67 000 метри мураббаъ буда, 8750 метри мураббаъи он финоҳои қуббапӯш ва мавзеи гунбазҳо ва 58 250 метри мураббаъи он барои намоз омода аст, ки гунҷоиши 90 000 намозгузорро дорад. Пас дохили масҷид ва сатҳи он дар маҷмӯъ гунҷоиши ҳудуди 270 000 намозгузорро дорад. Саҳнҳои атрофи масҷид масоҳати 235 000 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки 135 000 метри мураббаъи он барои намоз пешбинӣ шуда ва гунҷоиши 430 000 намозгузорро дорад. Ба ин тартиб масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи дуюми он дар замони малик Фаҳд бо сатҳ ва саҳнҳои атрофаш дар умум гунҷоиши ҳудуди 700 000 намозгузорро дорад.
Қисматҳои афзудашуда бар масҷиди набавӣ тайи мароҳили гуногуни тавсиаи он дар фазилат, афзоиши аҷр ва дигар аҳком дар назди ҷумҳури уламо ҳукми ҳамон қисматеро доранд, ки масҷид дар замони ҳаёти Расули Худо (с) шомили он буд ва аҷру савоб ва арзиши ибодатии намоз дар ҳама ҷои он, ба ҷуз равзаи муборака, яксон аст.
Ривоят шуда, ки саҳобагони киром ва салафи солеҳ пас аз тавсиаи масҷид дар замони халифаи дуюм Умар (р) ва сеюм Усмон (р) ва Валид дар қисматҳои афзудашудаи он намоз мехонданд.
Саҳнҳои атрофи масҷид низ бахшҳои мукаммили он ба шумор мераванд, ҳарчанд ҳанӯз ба бинои масҷид шомил нашудаанд, пас намоз дар онҳо низ ҳамон аҷру савоб ва ҳукми намоз дар дохили масҷидро дорад.
Доктор Ризвон Фазлурраҳмон масоҳати масҷид дар замони Расули Худо (с) ва ҳаҷми тавсиаҳои гуногунро дар он то тавсиаи аввали саъудӣ дар ҷадвале овардааст, ки баъзе рақамҳояш аз гуфтаҳои боло фарқ доранд ва зикри он аз фоида холӣ нест.
Дар замони Расули Худо (с) соли 7 ҳ./628 м. 2475 м²
Дар замони Умар (р) соли 17 ҳ./638 м. 1100 м²
Дар замони Усмон (р) 29-30 ҳ./649-650 м. 496 м²
Дар замони Валиди Умавӣ 88-91 ҳ./707-710 м. 2369 м²
Дар замони Маҳдии Аббосӣ 161-165 ҳ./779-782 м. 2450 м²
Дар замони Ашрафи Қойтбой 886-888 ҳ./1481-1483 м. 120 м²
Дар замони султон Абдулмаҷид 1265-1277 ҳ./1848-1861 м. 1293 м²
Дар замони малик Абдулазиз ва писараш малик Суъуд 1370-1375 ҳ./1951-1955 м. 6024 м²
Дар маҷмӯъ 16327 м²
Аз чароғ то барқ
Масҷиди набавӣ дар имтидоди асрҳо бо васоили рӯшноидиҳандаи муносиб бо ҳар давр, аз қабили чароғ, қандил, шамъ ва ахиран неруи барқ таъмин шудааст. Гӯянд аввалин касе, ки дар масҷиди набавӣ дар замони Расули Худо (с) чароғ овехта, Тамими Дорӣ (р) буда ва ба қавле Умар ибни Хаттоб (р) будааст. Ба гуфтаи Самҳудӣ дар замони Ибни Забола (ибтидои асри 3 ҳ.) дар масҷиди набавӣ 256 қандили доимӣ ва 100 қандили дигар барои вақтҳои зарурӣ вуҷуд дошта ва дар саҳни он 4 машъал буд, ки дар болояшон чароғдонҳои бузург насб шуда ва 6 фонус ҳам мавҷуд буд, ки кормандони хадамоти масҷид пас аз намози хуфтан барои берун кардани мардум ва бастани дарҳои он онҳоро ба даст мегирифтанд.
Ин амал ҳамеша фузунӣ меёфт ва масҷид давра ба давра бо васоил ва хадамоти рӯшноидиҳии бештар ва беҳтаре муҷаҳҳаз мешуд, то он ки дар арафаи ҷашни ёдбуди ба хилофат расидани султон Абдулҳамид дар 25 шаъбони соли 1326 ҳ./1907 м. барои аввалин бор неругоҳи хурди барқие дар шимоли масҷид коргузорӣ ва дохил ва саҳнҳои атрофаш бо неруи барқ таъмин карда шуд. Ифтитоҳи он бо расидани аввалин қатора (поезд) ба Мадина аз маркази хилофат шаҳри Остона (Истанбул) дар 22 шаъбони ҳамон сол рост омад.
МАСҶИДИ НАБАВӢ: АЗ ИБТИДО ТО ИМРӮЗ – III
Дарҳои Масҷиди набавӣ
Чӣ тавре зикр гардид, масҷид дар замони Расули Худо (с) се дар дошт, яке дар тарафи шимол-шарқ, ки ба он дари Паёмбар (бобу-н-набӣ) (с) гуфта мешуд, дигаре дар тарафи ғарби он, ки ба он дари Раҳмат (бобу-р-раҳмат) гуфта мешуд ва сеюм дар тарафи ҷануб дар охири масҷид, ки пас аз таҳвили қибла баста ва ба ҷои он дар шимоли масҷид дари дигаре боз карда шуд.
Дари аввалро барои он бобу-н-Набӣ мегуфтанд, ки Паёмбар (с) аз он дар ба масҷид меомад. Номи он баъдҳо, вақте Расули Худо (с) аз ғазваи Хандақ баргашт ва силоҳ ба замин ниҳод, Ҷабраил (ъ) савори аспе омад ва аз рӯ ба рӯи дари масҷид аз ҷанозагоҳ ӯро садо кард ва фармуд: "... Ба сӯи онҳо – банӣ Қурайза хориҷ шав!...", ба дари Ҷабраил (ъ) иваз шуд.
Самҳудӣ дар сабаби тасмияи дари дуюм ба дари Раҳмат дар Вафоу-л-вафо (Ҷ. 2. – С. 697) овардааст, ки он ба сабаби вуруди марде рӯзи ҷумъа аз дари масҷид аст, ки дар самти Дорулқазо дар тарафи ғарби минбар воқеъ шуда буд. Он мард барои рафъи хушксолӣ аз Расули Худо (с) дархости дуо кард ва Паёмбар (с), ки хутба мехонд, даст ба дуо бардошт ва аз даргоҳи Худо талаби борон ва серобӣ кард. Ин буд, ки дар осмон абр пайдо шуд ва борон – раҳмати Худо он сарзаминро шодоб гардонд.
Дар тавсиаи замони Умар (р) (17 ҳ./638 м.) низ се дари дигар ба масҷид афзуда шуд. Яке аз онҳо дар қисмати охири масҷид аз тарафи шарқ барои занон ихтисос дода шуд, ки ба дари Занон (бобу-н-Нисо) маъруф аст, дари дуюм дар қисмати пеши масҷид аз тарафи ғарб ҷойгир шуда ва ба он дари Салом (бобу-с-Салом) мегӯянд ва дари сеюм дар шимоли масҷид буд. Дари дуюмро барои он бобу-с-Салом гуфтаанд, ки дар мувозоти зиёратгари турбати пок воқеъ шудааст ва зиёраткунанда дар рӯ ба рӯи қабри шариф ба он ҷаноб (с) салом мегӯяд.
Дар замони Расули Худо (с) дар масҷид даричаҳои дигаре низ вуҷуд дошта, ки яке аз онҳо даричаи Абӯбакри Сиддиқ (р) буд. Он дар девори ғарбии масҷид аз тарафи рости минбар воқеъ буда, хонаи ӯро ба масҷид мепайваст ва бо хавхаи Абӯбакри Сиддиқ (р) шинохта мешуд. Расули Худо (с) дар беморие, ки бар асари он вафот кард, фармуд: "Ҳеҷ даре (аз чунин дарҳо) дар масҷид, ба ҷуз дари Абӯбакр, боқӣ намонад, магар баста шавад!".
Дар тавсиаи замони Умар (р) хонаи Абӯбакри Сиддиқ (р) ба масҷид ҳамроҳ карда шуд ва он дарича дар мувозоти ҷои аввалаш боқӣ гузошта шуд. Имрӯз ҳам даричаи Абӯбакри Сиддиқ (р) дар масҷиди набавӣ дар байни боби Раҳмат ва боби Салом вуҷуд дорад ва дар равоқи он: "Ин хавхаи Саййидуно Абӯбакри Сиддиқ (р) аст", навишта шудааст.
Пас аз эҷоди ҳар тавсиае дар бинои масҷид он дарҳо дар мувозоти ҷои аввалашон насб мешуданд. Дар тавсиаҳои баъдӣ низ ба он дарҳои нав афзуда шуда ва бо номҳои хулафои рошид, баъзе подшоҳон ва ғайра номгузорӣ шудаанд.
Масҷидулҳаром
Масҷидулҳаром – арса ва фазои бози атрофи хонаи Каъба, ки дар замони Расули Худо (с) гирди он деворе надошт. Халифаи дуюм Умар (р) соли 17 бар вусъати он афзуд ва ба гирдаш деворе пасттар аз қомати инсон бардошт. Он дар тӯли таърихи ислом борҳо бозсозӣ ва тавсиа дода шуд, ки яке аз бузургтарини онҳо тавсиаи султон Салими Дуюм дар соли 979-980 ҳ./1571-1572 м. ба шумор меравад. Кишвари Саъудӣ дар ду навбат зимни барномаи пурҳаҷме онро тавсиа дода, бинои чандошёна бо сангҳои мармар ва шабистонҳои васеъе дар атрофи он сохтааст ва ҳанӯз қисмати муҳимме аз айвонҳо ва шабистонҳои сохтаи салотини усмонӣ дар маҳватаи дохили он ҳифз шудаанд.
Номи Масҷидулҳаром борҳо дар Қуръони карим, аз ҷумла дар оятҳои 144, 149, 150, 191, 196 ва 217 сураи Бақара, ояти 2 сураи Моида, оятҳои 7, 19 ва 28 сураи Тавба, ояти 1 сураи Исро ва ғ. зикр шудааст.
Ҳарами Каъба – он ҷое, ки имрӯз бинои Масҷидулҳаром дар он воқеъ шудааст, дар замони Расули Худо (с) саҳни кушода ва фазои бозе буда, ки ба хонаҳои сокинони атроф мунтаҳӣ мегашт ва гирдогирди онро ҳеҷ гуна девор ва ё ҳиёте аз берун ҷудо намекард. Бо густариши сареи ислом ва ҳамроҳ шудани миллатҳои тоза ба уммати ислом шумораи ҳаҷгузорон низ сол ба сол афзоиш меёфт. Соли 17 пас аз ҳиҷрат (638 м.) халифаи дуюм – Умар (р) бо назардошти ин раванди таърихӣ ва афзоиши ҳаҷми гунҷоиши Ҳарам тарҳи аввалин тавсиа дар таърихи ҳарими Каъбаро ба мавриди иҷро гузошт.
Он сол бар асари боришоти сахт сели бузурге бо номи Умминашҳал ҳарами Маккаро фаро гирифт ва Мақоми Иброҳим (ъ)-ро ба поёни шаҳри Макка бурда партофт. Умар (р) Мақомро ба ҷои аввалаш баргардонд ва ҳавлиҳои атрофи ҳарамро харидорӣ ва пас аз вайрон намудани иморатҳо онҳоро ба саҳни Масҷид ҳамроҳ кард. Ба гирди он девори пасте бардошт, дарҳое дар он насб кард ва дар болояш барои рӯшноии шабонаи саҳни Ҳарам чароғҳо гузошт.
Вай ҳамчунин дар пеши селроҳа садди бузурге бино кард ва маҷрои онро ба сӯи водии Иброҳим тағйир дод.
Дар замони халифаи сеюм саҳни Масҷид аз гунҷоиши намозгузорон ва тавофкунандагон, ба хусус дар мавсими ҳаҷ, танг омад ва Усмон (р) соли 27 ҳ./647 м. ба тавсиаи муҷаддади он пардохт. Вай ҳавлиҳои атрофро харидорӣ ва пас аз вайрон кардани биноҳо онҳоро ба саҳни Масҷид ҳамроҳ намуд ва Масҷидро аз нав бо равоқҳои сақфдор бино кард.
Соли 66 ҳ./686 м. аз сӯи халифа Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) тавсиаи сеюми Масҷид сурат гирифт. Вай соли 64 ҳ./684 м. бинои хонаи Каъбаро низ аз нав сохта буд, ки дар таърих ба бинои Ибни Зубайр (р) маъруф аст.
Соли 91 ҳ./710 м. халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик ба тавсиаи чоруми Масҷид иқдом кард ва қисматҳоеро ба он афзуд, равоқҳоро бо чӯби соҷи музайян пӯшонд ва барои аввалин бор дар он сутунҳои рухомӣ (мармарӣ)-ро ба кор бурд.
Соли 139 ҳ./756 м. халифаи аббосӣ Абуҷаъфари Мансур ба тавсиаи панҷуми он пардохт ва масоҳати васееро ба он афзуд.
Соли 160 ҳ./777 м. халифа Маҳдии Аббосӣ дар аснои баргузории фаризаи ҳаҷ тангии саҳни Масҷидро аз гунҷоиши намозгузорон ва тавофкунандагон мушоҳида ва ба тавсиаи он аз тарафи шарқ ва шимол амр кард. Соли 164 ҳ./780 м. халифа Маҳдӣ барои адои фаризаи ҳаҷ боз ба Макка рафт ва бо мушоҳидаи наздикии хонаи Каъба ба ҷануби Масҷид ба тавсиаи он аз ҷануб амр кард, то хонаи Каъба дар миёнаи саҳни Масҷид бошад.
Маҳдӣ соли 167 ҳ./783 м. ба тавсиаи дуюми Масҷид иқдом кард, ки бузургтарин тавсиаи Масҷид то он замон ба шумор мерафт ва масоҳати афзудаи ӯ 12512 м²-ро ташкил медод. Бинои онро пас аз вай писараш Ҳодӣ ба итмом расонд. Ҳазинаи умумии он 4 578 750 динорро ташкил додааст.
Қисмате аз Доруннадва – бинои анҷумани Қурайш дар тавсиаҳои қаблӣ ба Масҷид ҳамроҳ карда шуда ва соли 284 ҳ./897 м. халифа Муътазиди Аббосӣ ба ҳамроҳ намудани боқимондаи он ба Масҷид амр кард ва ин тавсиа ба боби Зиёда маъруф аст.
Соли 306 ҳ./919 м. қисмати дигари Доруннадва ба Масҷид ҳамроҳ карда шуд, ки ба боби Иброҳим маъруф аст ва бо ҳамин тавсиаи Масҷид дар гузашта ба охирин ҳадди худ расид. Пас аз он Масҷид ба муддати наздик ба 600 сол ба ҳамон ҳол боқӣ монд ва ҷуз бозсозӣ ва таъмироти ҷузъӣ дар он тавсиаи дигаре сурат нагирифт.
Соли 803 ҳ./1399 м. дар Масҷидулҳаром аз дари Вадоъ то дари Иброҳим оташсӯзие ба вуқуъ омад, ки бар асари он равоқҳои он қисмати Масҷид фурӯ рехтанд ва аз нав бозсозӣ шуданд.
Соли 976 ҳ./1568 м. баъзе тарқишҳо ва осебҳо дар бинои Масҷид ба вуҷуд омад ва султон Салим халифаи усмонӣ 979-980 ҳ./1571-1572 м. ба тавсиа ва таъмири комили бинои Масҷид амр кард. Султон Салим соли 980 ҳ./1572 м. қабл аз такмили он вафот кард ва писараш султон Мурод бинои онро соли 984 ҳ./1576 м. ба итмом расонд. Он ба бинои салимӣ, муродӣ ва ё усмонӣ маъруф аст ва аз тарафи дохил то имрӯз ҳифз шудааст.
Сақфи Масҷид дар бинои салимӣ бори аввал ба ҷои равоқҳои чӯбин бо 152 қубба пӯшонида шуд ва масоҳати саҳни он ба 28003 м² расид.
Соли 1373 ҳ./1952 м. малик Суъуд ибни Абдулазиз тарҳи тавсиаи Масҷидулҳаромро рӯи даст гирифт ва марҳалаи аввали онро соли 1375 ҳ./1955 м. ба итмом расонд. Марҳалаҳои баъдии он ба дасти фарзандонаш малик Файсал ва Холид аз соли 1384 ҳ./1963 м. оғоз ва соли 1398 ҳ./1978 м. ба поён расиданд. Ба тамоми ин марҳалаҳо тавсиаи аввали саъудӣ гуфта мешавад.
Тавсиаи Ходими Ҳарамайн малик Фаҳд, ки ба тавсиаи дуюми саъудӣ машҳур аст, охирин ва бузургтарин тарҳе буда, ки соли 1409 ҳ./1988 м. оғоз ва пас аз чанд сол бо меъмории нодир ва пешрафтатарин имконоти умронӣ ба итмом расид.
Абдушариф Боқизода, барои "Рӯзгор"
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор», декабри соли 2013

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2