ҲАР КАСРО ҶОЙГОҲЕСТ
Табиат олами пур аз асрор ва манзараҳои шигифтангез аст. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи боҳашамат, дашту биёбонҳои сабзу хуррам, чашмасорони мусаффо ва водиҳои файзбор чунон зебову рангинанд, ки ҳар бинандаро мафтуни ҷамоли хеш мегардонанд.
Дар канори ин кӯҳу даштҳо ҳазорон ҷонвари гуногун умр ба сар мебаранд ва дар сукути қуллаҳои сарбафалаккашида ҳазорҳо рози нуҳуфта ҷой доранд.
Дар яке аз ҳамин қуллаҳои баланд оҳуи зебову хушхироме зиндагӣ мекард. Ӯ аз баландии кӯҳ тамоми атрофро назора менамуд ва дар макони амну ороме рӯз мегузаронд. Бачаҳояш низ дар он муҳити дилангез парвариш ёфта, аз озодиву осоиш баҳра мебурданд. Онҳо аз санге ба санге меҷаҳиданду бо шӯру шавқи кӯдакона рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.
Аммо он сол зимистон дар кӯҳ нисбат ба солҳои пеш сахттар омад. Барф тамоми доманаву қуллаҳоро пӯшонида, рӯйи гиёҳону алафҳоро баста буд. На барои оҳу ва на барои бачаҳояш дигар хӯроке боқӣ монда буд.
Оҳу ночор бо бачагонаш оҳиста-оҳиста аз қулла ба доманаи кӯҳ фаромад, то барои худ ғизое пайдо кунад.
Дар он ҷо бо ҷонварони гуногун рӯ ба рӯ шуданд. Дар миёни онҳо оҳу бештар бо як гавазни кӯҳӣ унс гирифт. Онҳо зуд бо ҳам дӯст шуданд ва ҳар рӯзро бо ҳам мегузарониданд. Дидори ҳамдигар барояшон мояи шодиву хушҳолӣ буд.
Гавазн, ки солҳои зиёд дар он кӯҳдоман зиндагӣ мекард, тамоми гӯшаву канори онро хуб мешинохт. Медонист, ки кадом мавзеъ чашмаи мусаффо дорад, дар куҷо алаф фаровон аст ва дар кадом гӯшаи кӯҳ метавон аз сардию хатар дар амон монд. Аз ин рӯ, ҳар ҷо, ки мерафт, оҳуро низ бо худ мебурд ва аз таҷрибаи чандинсолаи худ баҳраманд месохт.
Аммо дар миёни ҷонварон бузеро буд, ки аз дӯстии самимии оҳу ва гавазн хушнуд набуд. Ӯ худро ҳамҷинси оҳу медонист ва гумон мекард, ки бояд аз нигоҳи дигарон низ ҳампояи ӯ бошад. Вале дар дилаш тухми ҳасодат реша давонда буд.
Буз пайваста мекӯшид, ки ба оҳу монанд шавад. Гоҳе роҳравии ӯро тамрин мекард, гоҳе ҷаҳиданашро тақлид менамуд ва мехост ҳамон қадар зебову чолок намояд. Аммо намефаҳмид, ки ҳар мавҷуде бо табиату истеъдод ва тавоноии хоси худ офарида шудааст.
Ӯ ҳатто гоҳе бо ҳилаю найранг бачаҳои оҳуро ба сӯи биёбон роҳнамоӣ мекард, то аз онҳо дур шуда, худро аз ҳузурашон раҳо созад.
Оҳу аз ниятҳои нопоки буз бехабар буд. Ӯ гумон мекард, ки буз ба ӯ меҳр мебандад ва аз зебоиву чолокиаш илҳом мегирад, на ин ки дар ботинаш оташи ҳасодат мепарварад.
Ба ҳамин минвол, рӯзҳо гузаштанд ва зимистони сарду пурмашаққат низ ба поён расид.
Баҳор омад. Табиат бори дигар ҷомаи сабзи худро бар тан кард. Дашту даман аз гулу гиёҳ ороста шуданд, чашмаҳо ба ҷӯш омаданд ва насими форами баҳорӣ ба кӯҳу водиҳо ҷони тоза бахшид.
Оҳу, ки акнун аз фаро расидани фасли баҳор неруи тоза гирифта буд, тасмим гирифт ба макони аслии худ, ба қуллаҳои баланд баргардад.
Буз низ аз ин тасмим огоҳ шуд ва бо исрори зиёд аз оҳу хоҳиш кард, ки ӯро ҳамроҳи худ барад.
Оҳу ҳарчанд кӯшиш кард, ӯро аз ин сафар боздорад, фаҳмонд, ки зиндагӣ дар қуллаҳои баланд барои ҳар ҷонвар муносиб нест. Он ҷо роҳҳои душворгузар, сангҳои лағжанда ва фарозу нишебҳои хатарнок зиёданд. Ҳар мавҷуд бояд дар маконе зиндагӣ кунад, ки табиаташ ба он созгор бошад.
Аммо буз ба ин суханон гӯш надод. Ӯ чунон ба тақлиди оҳу дил баста буд, ки дигар ҳеҷ панду насиҳатро намепазируфт.
Оҳу ночор розӣ шуд, ки ӯро ҳамроҳи худ барад.
Сафари онҳо оғоз ёфт. Буз дар роҳ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Гоҳе аз сангҳо гузашта наметавонист, гоҳе дар нишебиҳои тезмонда мемонд ва гоҳе аз хастагӣ қуввати роҳ рафтан надошт. Оҳу ба ӯ ёрӣ мерасонд, дастгираш мешуд ва роҳро барояш осон мекард.
Пас аз чандин рӯзи пурмашаққат онҳо ниҳоят ба қуллаи кӯҳ расиданд.
Буз ҳамин ки худро дар баландии қулла дид, аз шодиву ҳаяҷон саросема ба ҷаҳидан оғоз кард. Ӯ мехост нишон диҳад, ки мисли оҳу чолок аст ва метавонад дар чунин баландӣ низ зиндагӣ кунад.
Аммо ҳанӯз чанд қадам нагузошта буд, ки пояш рӯйи санги лағжанда хато рафт. Мувозинаташро аз даст дод ва аз баландии кӯҳ сарозер шуд.
Гавазн, ки дар поёни кӯҳ мечарид, бо афсӯсу надомат ба ҷасади порапораи буз назар афканд.
Оҳу бо чашмони пур аз андӯҳ ба поён менигарист. Дилаш аз ин ҳодиса ба дард омад. Ӯ борҳо бузро аз чунин хатар огоҳ карда буд, аммо ҳасодату тақлид чашми бузро ба воқеият кӯр карда буданд.
Ва ин аст панду ҳикмати рӯзгор!
Зеро ҳар касро ҷойгоҳи хеш аст ва ҳар қулларо танҳо он кас метавонад фатҳ кунад, ки барои расидан ба он офарида ва омода шудааст.




