Муаммоҳои ташкил ва гузаронидани низоми назорати дохилӣ дар корхона
Муаллиф(он): Пирова И. Т., Неъматова М. А.
Назорати дохилӣ базаи асосии ифодакунандаи дурустии фаъолияти корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Он дар корхонаҳо вобаста аз шакли ташкилӣ (корхонаи муштарак, ширкат, ҶСК, ҶДММ, ҶСП, хоҷагии деҳқонӣ), инчунин вобаста аз сохтори ташкилшавиашон амалӣ карда мешавад. Низоми назорати дохилӣ барои маҷмӯи тафтишоти берунӣ базаи ахборотиро доир ба саволҳои гуногуни дар корхона ҷойдошта, амалӣ карда метавонад. Низоми назорати дохилӣ барои он ба таври низомӣ ташкил карда мешавад, ки агар дар як шуъбаи корхона иҷроиши корҳо назорати ҷиддӣ карда нашавад, таъсири он ба тамоми шуъбаҳои дигар, маъмурияти корхона, ҳамкорону муштариён ва истеъмолкунандагон мерасад.
Дар баъзе мавридҳо низоми назорати дохилӣ ҳамаи ҳолатҳои ба корхона таъсири манфӣ расонандаро тафтиши дуруст намуда наметавонад. Азбаски сиёсати баҳисобгирии корхонаҳои гуногун хусусиятҳои хоси худро дорад, бинобар ин, низоми назорати дохилӣ пурра вазифаҳои худро иҷро карда наметавонад. Аз рӯйи тартиботи пешбинишуда бояд ҳамаи амалиётҳои корхона мувофиқи ҳуҷҷатнигорӣ, муаммоҳои идоракунӣ, мушкилоти истеҳсолот, инчунин муносибатҳои берунаи корхонаҳо ба шуъбаи назорати тафтишоти дохилӣ пешниҳод карда шавад. Кормандоне, ки ба низоми назорати дохилӣ аъзо мебошанд, бояд ин пешниҳодҳоро омӯхта, як бори дигар тафтиш намоянд. Низоми номбаршуда аз ҷониби дигар мақомотҳои тафтишотӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Ин ба он мақсад иҷро карда мешавад, ки то кадом андоза низоми назорати дохилӣ рост ва дуруст дар корхонаҳои гуногун кор мекунад шакли монополӣ доштани он, шакли рӯйпӯш кардани иҷроиши қарорҳои идоракунӣ, шакли қаллобиҳо дар саволҳои молиявӣ, сӯйиистифода кардани маблағҳои корхона, аз меъёр кам истифода бурдани ашёи хом барои як воҳиди маҳсулот, нодуруст баҳо гузоштан ба истеъдоди кадрҳо, муҳити психологӣ, тарзи дуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳо ва ғайра). Агар низоми назорати дохилӣ дар ҳақиқат шаффоф бошад, боварии ҷамъият ва мақомотҳои тафтишкунанда ба корхона барзиёд мешавад.
Инчунин, дар ҳолатҳое, ки ба корхона сармояи берунӣ, саҳҳомон ва моликон алоқаманд мебошанд, онҳо низ аз самаранок фаъолият намудани ин низом кафолатнок будани корхонаро эътироф менамояд.
Низоми назорати дохилӣ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
-
Ҷамъоварӣ намудани маҷмӯи қарорҳои қабулкардашуда, дар соли ҷорӣ, давраҳои гузаштаи ҳисоботӣ, инчунин давраи тафтишотӣ;
-
Баҳогузории муҳимияти қарорҳои қабулкардашуда;
-
Назорати пурра оид ба истифодабарии амалиётҳои иҷрогардида дар зергурӯҳҳои корхона;
-
Муқоиса намудани ҳаракати ҳуҷҷатҳо дар шуъбаҳои корхона, баҳо додани сатҳи дурустии онҳо;
-
Омӯзиши ҳуҷҷатҳои умумии дар корхона истифодашаванда ва муайян кардани миқдори умумии онҳо;
-
Тасдиқ намудани дурустии ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки берун аз корхона дар шакли ҳисоботҳо пешниҳод карда шудаанд;
-
Гузаронидани маниторингҳо дар дохили истеҳсолот, инчунин назорати дурустии ташкили корҳо дар ҷараёнҳои технологӣ ва истеҳсолии корхона;
-
Омӯзиши анбори марказӣ ва анборҳое, ки вобаста ба сохтори корхона фаъолият мекунанд;
-
Муносибати корӣ бо шахсони сеюм доир ба фаъолияти корхона аз рӯйи саволҳое, ки ба он муроҷиат карда мешавад;
-
Дарёфт намудани хатогиҳое, ки дар корхона саҳван, ё ин ки махсус роҳ дода шудаанд, дар баробари ин, пешгӯйӣ намудани ҳудуди хатогиҳое, ки ба натиҷаҳои истеҳсолии корхона таъсири манфӣ расонидаанд ва дар интиҳо тайёр намудани маълумотҳо, пакетҳои ахборотӣ, дастурҳо ва маълумотномаҳо барои тафтишкунандагони гуногун, ки аз низоми назорати дохилӣ истифода мебаранд, махсусан аудиторони беруна.
Масъалаи ташкили низоми назорати дохилӣ аз масъалаи назорати молиявии давлатӣ ҷудонашаванда мебошад. Назорати дохилӣ таҳкурсиест, ки дар он ҳамаи фаъолиятҳои корхона ба роҳ монда мешаванд.
Сарчашмаи инкишофи самараноки ҳар як ширкат, новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ин амалкунии функсияи назорати дохилӣ мебошад.
Назорати дохилӣ дар бештари корхона вуҷуд дорад, вале самаранокии он ҳама вақт таъмин карда намешавад.
Бештари ширкатҳо аксаран ҳайати корӣ, захираҳои моддӣ ва мутахассисони салоҳиятдор барои ташкили низоми назорати дохилӣ надоранд.
Як қатор олимони соҳаи иқтисодиёт барои ҳалли мушкилоти ин низом дар корхонаҳо таҳқиқот бурдаанд, аммо бештари муаммоҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Мақсади мо дар мақолаи мазкур, омӯзиши ҳолати назорати дохилӣ, муайяннамоии мушкилиҳои асосии он ва мукаммалгардонии самараноки назорат дар корхонаҳо мебошад.
Сабаби асосии баамалоии ҳар як мушкилӣ он ба шумор меравад, ки роҳбарони корхонаҳо моҳият, мақсад ва вазифаҳои назорати дохилиро намефаҳманд. Онҳо барои ташкили низоми самараноки амалинамоии он ба дараҷаи кофӣ диққат намедиҳанд.
Ин муаммоҳо дар замони иқтисоди бозорӣ бояд дар сатҳи назорати дохилӣ ба амал оянд, аммо мутаассифона, чунин муаммоҳо дар сатҳи назорати давлатӣ низ ба миён омада истодаанд.
Бо мақсади мустаҳкамкунии назорат диққати махсусро бояд ба тафтиши самаранокии иқтисодӣ ва мувофиқи мақсад будани амалиётҳо равона намуд.
Назорати фаъолияти дохилии ҷорӣ бояд ҳаматарафа амалӣ гардонида шавад, барои ҳамин ба ин бояд шахсоне, ки дониши кофӣ доранд, машғул шаванд. Барои баландкунии самаранокии назорат на танҳо таъминкунии он бо маълумот, инчунин пуррагии ҳамаи амалиётҳо ва ҷараёнҳо, коркарди стандартҳои дохилии назорат лозим мебошанд.
Муаммоҳои асосии инкишофи назорат дар корхона ба таври манфӣ ҳам ба самаранокии назорати дохилӣ ва ҳам ба натиҷаи фаъолияти он таъсир мерасонанд. Ҳалли масъалаҳои вуҷуддошта боиси самаранокии назорати дохилӣ мегарданд.
Низоми назорати дохилӣ чун аудити дохила дар дохили корхона амалӣ гардонида мешавад. Низоми назорати дохилӣ як қатор муаммоҳоро дар бар мегирад.
Аз муаммоҳои низоми назорати дохилӣ метавон ба нуктаҳои зер ишора намуд:
-бесамарии маълумотҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
-таҷрибаи нокофии коргарони корхона;
-норасоии кадрҳои баландихтисос;
-набудани шаклҳои зарурии махсусгардонидашудаи ҳуҷҷатҳо;
-набудани назорати автоматикунонидашуда аз болои фаъолияти коргарон.
Ғайр аз ин муаммоҳо, инчунин як қатор муаммоҳои дигар низ ҳастанд, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Ба тавсифи муаммоҳои актуалии гузарондани низоми назорати дохилӣ дар корхона мегузарем. Мо якчанд муаммоҳоеро, ки ба гузарондани низоми назорати дохилӣ дар корхона алоқаманд мебошанд, ҷудо намудаем. Ба роҳбарияти корхона лозим аст, ки раванди идоракунии моҳиронаи низоми назорати дохилиро бо мақсади баҳодиҳии самтҳои суст ва тавонои корхонаро муайянкунанда ташкил намоянд.
Муаммои 1. Роҳбарияти корхона ҳангоми ташкилкунии низоми назорати дохилӣ на ҳамаи меъёрҳоро ба инобат мегирад, ки ин ба нофаҳмӣ байни коргарон ва аудити дохилӣ, баъзе вақт бошад, ба мухолифат байни онҳо оварда мерасонад.
Агар ба ҷойи аудитори дохилӣ шахсеро ба кор гиранд, ки ӯ таҷрибаи кифоя надорад, курсҳои махсусро нахондааст, ё ин ки бо тамоми фаъолияти корхона шинос нест, ҳамаи ин ба таври манфӣ ба натиҷаи ҷараёни гузаронидани низоми назорати дохилӣ таъсир мерасонад.
Муаммои 2. Одатан роҳбарияти корхона натиҷаи тафтиши гузаронидаи назорати дохилиро ҳамчун асос барои ҷазодиҳии кормандон истифода мебарад. Аз чунин вазъият дар коллективи корхона муҳити тарс ҳукмрон мешавад, ки ин ба кӯшиши пинҳоннамоии номувофиқӣ оварда мерасонад.
Дар ин ҳолат, роҳбарияти корхонаро зарур аст фаҳмад, ки номувофиқӣ имконияти беҳтарнамоии фаъолияти корхона намебошад. Ҳамаи он муаммоҳоеро, ки ҳангоми гузарондани назорати дохилӣ, ё ин ки аудити дохилӣ ошкор нашудаанд, метавон ҳангоми гузаронидани аудити беруна ошкор намуд.
Муаммои 3. Ҳангоми ошкоршавии номувофиқатӣ роҳбарият мусолиҳакорона бо коргароне, ки ба ин номувофиқатӣ роҳ додаанд, муносибат мекунад. Муаммои мазкур ба таври қатъӣ бо муаммои дуюм муқобил аст. Вақте ки роҳбарияти корхона кӯшиш барои муайян намудани сабабҳои номувофиқатӣ намекунад, бо коргарон ҳамсуҳбат намешавад, коргаронро беназорат мегузорад, ин ба қонуншиканиҳо дар корхона оварда мерасонад. Ҳамаи ин ба он оварда мерасонад, ки коргарон ба таври ҷиддӣ вазифаҳои худро иҷро намекунанд.
Муаммои 4. Вақте ки роҳбарият низоми назорати дохилиро ба амалиёти маросимие табдил медиҳад, ки дар дараҷаи баланд барои мақомотҳо оиди сертификаткунонӣ иҷро мешаванд, назар ба худи корхона. Бо ин гуна муносибат ба низоми назорати дохилӣ ҳавасмандии кормандони ба назорат машғул шуда кам мешавад.
Муаммои 5. Роҳбарият масъулиятро аз дӯши худ оид ба гузаронидани назорати дохилӣ гирифта, онро пурра ба зиммаи мутахассисони корхона мегузорад. Вале, ташкилкунии низоми назорати дохилии натиҷавӣ дар ҳолате ба амал меояд, ки худи роҳбар дар сохтани он иштирок намуда, таваҷҷуҳи заруриро барои ҷорикунии ин низом медиҳад. Дар чунин корхонаҳо роҳбарияти болоӣ на танҳо масъулиятро ба зиммаи худ барои ташкилкунии назорат мегиранд, балки бо кормандони корхона дар бораи муҳимияти ин низом суҳбат менамоянд.
Муаммои 6. Нофаҳмии роҳбарияти корхона оиди он ки гузаронидани назорати дохилӣ, чун дигар шуъбаи корхона хароҷоти вақтро талаб менамояд. Ин муаммо хосси корхонаҳои хурд ва миёна мебошад, ки шахсони дар шуъбаи низоми назорати дохилӣ фаъолияткунанда, ғайр аз ин шуъба инчунин ба якчанд функсияҳои дигари корхона ҷавобгар мебошанд. Агар роҳбари корхона нафаҳмад, ки дар муҳлати гузаронидани назорати дохилӣ ин коргаронро аз дигар уҳдадорӣ озод бояд кард, дар ин ҳолат дар бораи самаранокӣ ва натиҷаи хуби назорати дохилӣ сухан гуфтан маъно надорад.
Бо ташкилнамоии низоми назорати дохилӣ корхонаҳо як қатор бартариҳоро соҳиб мешаванд, ки ин дар навбати аввал бо ошкорнамоии захираҳо ва сарчашмаҳои зарурии ба даст овардани воситаҳо алоқаманд мебошад. Самаранокии аз ҳама бештар барои корхона ҳангоми ташкили низоми назорати дохилӣ дар навбати аввал дар он зоҳир меёбад, ки ба шахсони идоракунандаи корхона имконияти назорати самаранок аз болои зерсохторҳои корхона дода шавад. Дар навбати дуюм, тафтиш ва таҳлили назорати дохилӣ ба ошкорнамоии захираҳои истеҳсолӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи ояндаи корхона нигаронида шавад. Ва дар навбати савум бояд қайд намоем, ки назорати дохилӣ метавонад функсияи маслиҳатдиҳиро иҷро намояд.
Ҳангоми ташкил намудани низоми дурусти назорати дохилӣ дар корхона, роҳбари корхона соҳиби воситаи пурзӯр мегардад ва ин имкон медиҳад, то самаранокии фаъолияти корхона баланд шавад. Дар охир метавон гуфт, ки тавассути низоми дурусти назорати дохилӣ корхона ба қуллаҳои баланди иқтисодӣ мерасад.
Пас аз омӯзиши мавзӯи мазкур, метавон хулоса баровард, ки тартиби назорати дохилӣ бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
-
Дар асоси дастурамалҳои ҳаматарафа коркардашуда, фаъолияти расмӣ ва ҳуҷҷатии доираи муайяни коргарони корхона дар қисмати банақшагирӣ, ташкилкунӣ, батанзимдарорӣ, назорат, баҳисобгирӣ ва таҳлили фаъолияти корхона ба роҳ монда шавад;
-
Муайян намудани доираи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва дигар барандагони ахборот, ки дар онҳо маълумотҳо инъикос мегарданд;
-
Муайян намудани нуқтаи назорат барои баҳодиҳии ҷанбаҳои гуногуни корхона ва баҳодиҳии ҳолати молиявии корхона;
-
Интихоби намуд ва усулҳои гузарондани назорат.
Ҳангоми омӯхтани ин масъала метавон ба хулосае омад, ки дар шароити амалкунанда бештари корхонаҳо ба низоми назорати дохилӣ эҳтиёҷ доранд. Назорати дохилӣ мавқеи асосие, мебошад, ки тавассути он фаъолияти корхона, аз он ҷумла муҳосибот амалӣ гардонида мешавад. Агар назорати дохилӣ дар корхона дуруст ба роҳ монда шавад, пас ин маънои онро дорад, ки фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона дуруст ва самаранок ба роҳ монда мешавад.
Ҳамин тариқ, ташкили дурусти баҳисобгирӣ ва назорати дохилӣ барои муайян кардани дараҷаи ташкили баҳисобгирӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, таҳлили вазъи молиявӣ ва назорати дохилӣ аҳамияти калон дорад.
МУАММОҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНДАНИ НИЗОМИ
НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР КОРХОНА
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобатпазирӣ ширкатҳоро зарур аст аз ҳама хавфҳо худро дар канор гиранд. Корхонаҳоро лозим меояд ин муаммоҳоро пешгӯйӣ намуда, кӯшиш намоянд, ки ин хавфҳоро то сатҳи минималӣ паст намоянд. Барои ин ширкатҳоро лозим меояд, ки назорати доимиро дар сари вақташ гузаронанд. Назорат на танҳо дар доираи фаъолияти коргарон, балки дар тамоми корхона гузаронида шавад. Низоми назорати дуруст тартибдодашуда бояд коргаронро ба он равона созад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрии аз тарафи корхона қабулшуда, қоида ва тартиботи дохилии корхонаро риоя намуда, хавфҳоро пешгӯйи намоянд.




