Хусусиятҳои сохтори геологӣ ва муҳандисии минтақаи ҷойгиршавии иншооти гидротехникии НБО Шӯроб дар ҳавзаи дарёи Вахш
Муаллиф(он): Каримов М. Л, Асомудинов У. У.
Асомудинов Усмон Умаралиевич, докторанти доктор фалсафа (PhD) кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Буриши муттаҳидшудаи стратиграфии минтақаи сохтмонии иншооти гидротехникии НБО Шӯроб ҷинсҳои давраҳои палеозой ва мезокайнозойро дарбар мегирад. Ба дороии буриш се маҷмӯи сохторӣформатсионӣ, маҷмӯҳои палеозой, мезозой-палеоген ва олигосени болоӣмаҷмӯи чорякумин, ки мутаносибан ба марҳилаҳои геосинклиналӣ, платформавӣ ва орогении тектогенез мувофиқанд, дохил мешаванд.
Ҷинсҳои кӯҳии маҷмӯи палеозой тақрибан дар ҳама ҷо - дар қаторкӯҳҳои Қаротегин, қисман дар тарафи чапи ҳавзаи дарёи Вахш ва дар болооби он паҳн шудаанд, яъне танҳо қисми шимолии қаламрави тавсифшударо ташкил медиҳад.
Дар ҷанубу шарқии минтақа ҷинсҳои маҷмӯа ба сатҳи замин намебароянд ва бо роҳи пармакунӣ кушода нашудаанд. Маҷмӯи палеозой бо форматсияҳои таҳшинӣ ва магматикӣ ифода ёфта дар майдони васеътар паҳн мешаванд. Ҷинсҳои гурӯҳи таҳшинӣ бо тағйироти назаррас ва баъзан амиқи дигенетикӣ хосанд, ки онҳо ба шаклҳои метаморфӣ хеле монанданд.
Аз ин ҷинсҳо барои минтақаи тавсифшуда абрақҳои слансӣ, кварситҳо, оҳаксангҳои мармарӣ ва роговикҳо хосанд.
Пайдоиши магмавӣ аксар вақт бо гранитоидҳои шакл ва андозаи гуногун муаррифӣ мешаванд. Синну соли пайдоишҳои магмавӣ, умуман ба ҳудуди палеозойи боло рост меояд.
Дар шимолу шарқтари минтақаи тасвиршуда, дар соҳили рости дарёи Сурхоб, пайдоишҳои васеъ паҳншудаи метаморфӣ парагнейсҳо, амфиболитҳо, абрақҳои слансӣ, мармарҳо (свитаи Қаротегин) васеъ паҳн гардидаанд, ки ба давраи протерозой рост меоянд. Минтақаи омӯзиш паҳншавии ҷинсҳои маҷмӯи палеозой дар сохтори гертсин, ба ҳайати Ҳисори Марказӣ, Османталин ва қисман минтақаи тектоникии геосинклиналии Ҳисору Олой дохил буд.
Дар ҷараёни тектогенези гертсинӣ ҷинсҳои палеозой дар ин минтақаҳо бо ташаккули шаклҳои чиндоршуда ва пакетҳои моноклинали ҷой гирифтаанд. Самти бартаридоштаи нишонадори хатҳои сохторӣ васеъ паҳншуда ва шимолу – ғарбӣ, ҷанубу – шарқӣ буд. Сохтори гертсинии қадимии қисми шимолии минтақа дар марҳилаи орогении неоген - чорякумин ба таври назаррас аз нав кор карда баромада, дар шакли муосири худ хусусияти асосан блокӣ пайдо кардааст.
Маҷмӯи таҳшониҳои мезозой-палеогении маҷмӯи номбурда, чун қоида бо номувоффиқии намоёни кунҷӣ форматсияҳои маҷмӯи палеозойи синну соли гуногун ҷойгир аст. Он асосан дар қисмати депрессиони ноҳия инкишоф ёфтааст. Аз ҷинсҳои рӯйпуши платформа дар рӯи замин таҳшониҳои системаи бур бештар паҳн шудаанд.
Ҳосилшавиҳои давраи юра дар дохили минтақаи тадқиқшуда баромадҳои минтақаи ночизро ташкил медиҳанд. Таҳшониҳои триасӣ аслан номуайянанд, дар сурате, ки дар як қатор қитъаҳо дар қисмати ғарбии интиҳоии қаторкӯҳи Қаротегин, ки синну солашон ба давраи триас - юраи поён рост меояд, ба инобат гирифта нашудааст.
Дар сохтори мезозой, инчунин кайнозой, бахшҳои минтақа, ки дар ғафсии таркиби литологии таҳшониҳо ва форматсияҳои онҳо, пуррагии маҷмӯи воҳидҳои стратиграфӣ ва ғайра ифода ёфтаанд, фарқҳои калон мавҷуданд.
Ин таффовутҳо муайян кардани се навъи қисматҳоро муайян мекунанд: Ҳисор, то Ҳисор ва Ҷануби тоҷик (депрессия), ки аз рӯи мансубияти онҳо ҷавобгӯи ба унсурҳои тектоникии гетерогенӣ, яъне Ҳисору – Олой, фурӯхамидаи то Ҳисор ва пастхамии Тоҷик мебошанд.
Ҳисору – Олой дар ҳудуди таҳқиқшуда бо қаторкӯҳи Қаротегин муаррифӣ шудааст. Фурӯхамидаи то Ҳисор дар орографияи муосири минтақа, ба таври умум, ба пастхамии водӣ монанд дар байни сохтори кӯҳии Қаротегин ва қаторкӯҳҳои Тиён, Сурхкӯ, Вахш ва Пётри I, ки дар ҷануб ҷойгиранд, мувофиқат мекунад. Чор элементҳои орографии охир ба қисми шимолии пастхамии Тоҷик тааллуқ доранд.
Дар дохили минтақае, ки мавриди баррасӣ қарор дорад, ҷинсҳои магмавӣ ва таҳшинӣ як хел паҳншавӣ доранд. Ҷинсҳои бартаридошта силсилаи гранитҳо мебошанд, ки дар байни онҳо якчанд комплексҳои магмавӣ фарқ мекунанд - интрузияҳои карбонии миёнаи гранодиоритҳо ва диоритҳои квартсӣ, интрузияҳои карбонии миёнаи гранитҳои плагиоклази порфиритӣ ва гранодиоритҳо. Онҳо асосан дар қисми шимолии майдони тадқиқотӣ вомехӯранд ва ба давраи палеозойи боло мансубанд.
Қад – қади соҳили рости дарёи Сурхоб гранитҳои гнейсӣ ва то андозае гранитҳо, ки бо форматсияҳои протерозой зич алоқаманданд, паҳн шудаанд.
Аксари ҳудуди майдони таҳқиқотӣ аз гранитҳои порфиритӣ ва гранодиоритҳои калонандоза (нишебии шарқии қаторкӯҳи Қаротегин) иборат аст. Онҳо ба диоритҳои кварсӣ ва гранодиоритҳои дар боло тавсифшуда, инчунин, сохторҳои таҳшинӣ – вулқаногенӣ ва терригении давраи карбони миёна дохил мешаванд.
Ҷинсҳое, ки ин интрузияи калонро ташкил медиҳанд, одатан хокистарранг, гулобию – хокистарранг, порфиритӣ, доначаҳои калонандоза буда, бо таркиби петрографии гуногун хос мебошанд.
Сарҳади минтақа дар шимол Ҳисор – Кӯкшаъл, дар ҷануб тарқишҳои канории Дарвоз – Қарокӯл мебошад. Водиҳои Сурхоб ва Обихингоб ба ин минтақаҳои чокӣ маҳдуд буда, дар нишебиҳои онҳо ярч, чапашавӣ ва сел ба амал меояд. Тамоми майдон аз таҳшониҳои мезозой – кайнозой иборат аст, ки бо форматсияҳои намакдор (J3), терригении сурхранг (К1), карбонати –терригенӣ (К2; Р1-2) ва моласса (Р3-N1; N2) ифода ёфтаанд.
Хусусиятҳои асосии фарқкунандаи минтақа баландшавии фаъоли тектоникӣ ба баландии 5000 м ва коркарди пуршиддати тектоникии ҷинсҳои форматсияҳои зериплатформаи мезокайнозой мебошанд, ки ба эрозияи шадиди минтақа, махсусан дар давраи плейстосени боло фаъолияти тамоми ноҳияи инженерию геологӣ дар заминаи сейсмикии баланд мусоидат карданд.
Фаъолияти баланди сейсмикии минтақа бо минтақаҳои калонтарин вайроншавии тектоникӣ алоқаманд аст: руғеҷи Вахш дар поёни тарафи чапи дарёи Сурхоб, тарқишӣ Дарвоз – Қароқӯл дар ҳавзаи дарёи Обихингоб ва қад – қади ҳавзаи оби қаторкӯҳи Пётри I ва то андозае тарқишӣ Ҳисору – Кӯкшаъл. Дар ҳудуди онҳо шумораи зиёди қитъаҳо ва минтақаҳои деформатсияи фаъоли сейсмикии нишебиҳо, ки дар самти паҳноӣ мутамарказ шудаанд, ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо қувваи ларзиши сейсмикиро 9 – 11 балл шаҳодат медиҳанд.
Дар сохтори муосири минтақа он ҳамчун пастхамии байникӯҳии орогенӣ ба ҳисоб меравад, ки аз таҳшониҳои таҳшинии мезозой – кайнозой пур шудааст. Охиринҳо аз рӯи хусусиятҳои геологӣ ва форматсияи худ ба ду комплекс тақсим мешаванд: платформавии (мезозой – эотсен) ва орогенӣ (олиготсени – чорякумин), маҷмӯи платформа аз ангиштдор (Т-J1), карбонатӣ (J2) ва намакдор (J3) иборат аст.
Маҷмӯи орогенӣ аз конгломератӣ – регсангии олиготсен – неогенӣ ва молассаҳои форматсионӣ ва чорякумини аллювиалӣ – пролювиалӣ, зардхок – сангрезагӣ (N23-QI; QI; QIII; QII) ва гилхокии коллювиалӣ (Σ QI-III) таъсис ёфтаанд. Таҳшониҳои мезозой – кайнозой, ба ғайр аз таҳшониҳои чорякумин, дар системаи печидаи мураккаби хеле вайроншудаи чиндорӣ ва шимолу шарқӣ ҷойгир шудаанд.
Мавҷудияти таҳшониҳои гилӣ ва гаҷӣ – намак дар баробари регсангҳо ва оҳаксангҳо боиси ба вуҷуд омадани қабатҳои носозгории дохилиформатсионии чиндориҳои гуногун гардид.
Ба минтақаҳои баландшавӣ минтақаи антиклиналии Вахш (Обигарм) дохил мешавад, ки дар самти шимолу шарқ минтақаи ягонаи антиклиналии қаторкӯҳи Пётри I – ро ташкил медиҳад. Онҳо аз чиндориҳои пӯшишҳои пулакшакл ташаккул ёфта, ба самти ҷанубӣ ҷудо шуда, бо тарқишҳои аз ҳамдигар ҷудо паҳн гардидаанд.
Водиҳои субсеквентӣ ба минтақаҳои вайроншавии тарқишии характери тӯлкашида дошта мувофиқ аст. Ба ин водиҳои Вахшу Сурхобро мисол овардан мумкин аст. Дар охирини плейстосен ва голотсен нишебиҳои эрозионӣ ба нишебиҳои эрозионӣ – ярчӣ ва фурӯғалтӣ – резишӣ табдил ёфтанд. Нишондоди умумии аз нав чуқуршавӣ дар водиҳои Вахшу Сурхоб 400 – 500 м-ро ташкил медиҳад.
Дар ин шароит дар ҷинсҳои давраи бур ва палеоген ярчҳои хеле калони лағзиши дорои сохтори блокӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба инкишофи ярчҳои калон фаъолияти баланди сейсмотектоникии ин минтақа низ мусоидат кард, ки дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш ва Пётри 1 навъҳои сершумор ва гуногуни дислокатсияҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Минтақаи Ҷанубу – Ғарбии Тиёншон бо пайдоишҳои палеозойи таҳшинӣ (оҳаксангҳо, сланетсҳо) ва магмавӣ (гранитҳо, гранодиоритҳо) бо бартарии охирин намояндагӣ мекунанд. Ҷинсҳо ба таври интенсивӣ ҷойгир шуда, бо тарқишҳои сершумори самт ва синну соли гуногун шикаста шудаанд, ки аксари онҳо ҳаракатҳои навтаринро сабт кардаанд.
Сарҳади байни минтақаҳои сохторӣ – фасилавии дар боло тавсифшуда тарқиши амиқи Вахш мебошад, ки амплитудаи он дар рӯи замин тақрибан 5 км буда, минтақаи чинсҳои милонизатсияшуда ва сахт майдашударо бо ғафсии 1,5 – 2 км ифода мекунанд.
Дар қисми шимолии майдони тавсифшуда, минтақаи тарқиш як шохаест, ки аз мелассаҳои неогении болоӣ (конгломератҳои тақрибан ҷудошуда) сохта шудаанд, ки ғафсии онҳо ба 1-2 км мерасад. Дар минтақаи тарқиши ҳаракатҳои муосир бо суръати назаррас (то 1-2 мм/сол) ба эҳтимол гирифта шудаанд.
Бо минтақаи тарқишии Вахш, водии куҳании Вахш рост меояд, ки синну соли онро метавон ҳамчун давраи чорякумини боло ҳисобид. Поёни ин водӣ 100 – 150 метр поёнтар аз дарёи муосир ҷойгир буда, аз лой, гилхок ва сангрезаҳо пур шудааст. Дар тарафи чапи водии бостонӣ ярчҳои ҷинсҳои мезозой васеъ ба вуҷуд омадаанд. Ташаккули ярчҳо аз мавҷудияти тагшониҳои намаки юраи боло дар пояи ин тараф ва таъсири чандинкаратаи ларзишҳои сейсмикии қувваҳои гуногун ба амал меояд.
Дар он қитъаҳое, ки водиҳои дарёҳои ҳозира бо Вахши қадим (дарёҳои Обихингов ва Вахш дар самтбандӣ ва поёнтар) мувофиқ нестанд, таҳшониҳои чорякумин дар каъри онҳо аз 10-15 метр зиёд нестанд.
Қисми зиёди қитъаи самтбандии гидроузел дар як блоки тектоникии бараш 1,2-1,5 километр ҷойгир буда, бо тарқишҳои Ионахш ва Гулизидон маҳдуд аст, ки онҳо такягоҳи калонтарин тарқиши Вахш дар минтақаи дараҷаи 1 мебошанд. Охирин аз қитъаи иншооти асосӣ 2,5 километр дур аст. Тарқишҳои Ионахша ва Гулизиндонии тартиби II яксола, зерпараллелӣ ва морфологӣ монанданд.
Аз ду тарқиши тартиби II бевосита, ки дар майдони дарвоза блоки ягонаи тектоникиро ташкил медиҳад, аз Ҷануб – Шарқ, берун аз ҷойгиршавии иншооти асосӣ дар масофаи 1 киллометр мегузарад. Тарқиши Гулизиндон ҷинсҳои давраи Бури боло ва таҳшониҳои намакдори давраи юраи болоро аз ҳам ҷудо мекунад.
Намаки юраи боло қад – қади ҳамвории тарқиш дар шакли фона паҳн мешавад, ки паҳнои он ба поён меафзояд: градиенти афзоиш дар ҳар 100 м умқи 15 м аст.
Бари қисми болоии фона 3-5 метр буда, аломатҳои мутлақи он дар наздикии водиҳои дарёҳои Вахш ва Обишур 980-1000 метр, дар қаъри массиви ҳавзаи об 1100 метр аст. Намак обногузар аст, вале дар қисми болоии он холигии дорои гузариши баланди об (то 5 – 10м/рӯз) мавҷуд аст, ки аз шаклҳои фишурдашудаи кластикии гаҷшуда пайдо шудаанд, ки намаки шусташударо иваз мекунанд. Дар мавзеи обанбори оянда тарқиши Гулизиндон бо ғафсии 100-150 метри таҳшинҳои чорякумини суст гузарандаро фаро гирифтаанд.
Қитъаи самтбандӣ дар минтақае ҷойгир аст, ки бо шиддатнокии баланди ҳаракатҳои муосири тектоникӣ хос аст.
Тахмин меравад, ки тағйирёбии (афзоиши) фишорҳо ҳамчун деформатсия дар қад-қади тарқишҳои дар боло тавсифшуда ва хурдтар ба амал меояд ва аз ин рӯ, анбӯҳи ҷинсҳои ин мавзеъ дар ҳолати мувозинати динамикӣ қарор дорад.
ХУСУСИЯҲОИ СОХТОРИ ГЕОЛОГӢ МУҲАНДИСИИ МИНТАҚАИ ҶОЙГИРШАВИИ ИНШООТИ ГИДРОТЕХНИКИИ НБО ШӮРОБ ДАР ҲАВЗАИ ДАРЁИ ВАХШ
Ҷинсҳои кӯҳии маҷмӯйи палеозой тақрибан дар ҳама ҷо - дар қаторкӯҳҳои Қаротегин, қисман дар тарафи чапи водии дарёи Вахш ва дар болооби он паҳн шудаанд, яъне танҳо қисми шимолии қаламрави тавсифшударо ташкил медиҳад.
Ҷинсҳои гурӯҳи таҳшинӣ бо тағироти назаррас ва баъзан амиқи дигенетикӣ хосанд, ки онҳо ба шаклҳои метаморфӣ хеле монанданд.
Ба минтақаҳои баландшавӣ минтақаи антиклиналии Вахш (Обигарм) дохил мешавад, ки дар самти шимолу шарқ минтақаи ягонаи антиклиналии қаторкӯҳи Пётри I-ро ташкил медиҳад. Онҳо аз чиндориҳои пӯшишҳои пулакшакл ташаккул ёфта, ба самти ҷанубӣ ҷудо шуда, бо тарқишҳои аз ҳамдигар ҷудо паҳн гардидаанд.
Минтақаи омӯзиш паҳншавии ҷинсҳои маҷмӯи палеозой дар сохтори гертсин, ба ҳайати Ҳисори Марказӣ, Османталин ва қисман минтақаи тектоникии геосинклиналии Ҳисору Олой дохил буд.




