Хусусиятҳои савтии калимаҳои мушаддади арабӣ дар забони тоҷикӣ
Муаллиф(он): Сафолова Ф., Сафолов М.
Забон воситаи муҳимтарини муносибати байни одамон аст, аз ин рӯ, бе забон ҷамъият вуҷуд надорад, зеро яке аз омилҳои пайдоиши инсон забон мебошад. Забон дар тамоми фаъолияти гуногунсоҳаи одамон ҳамчун воситаи муошират, воситаи ифодакунандаи фикр, ҳиссиёт ва ирода хизмати босазо ва арзандаеро адо мекунад.
Халқи тоҷик дар тӯли таърихи зиёда аз дуҳазорсолаи худ бо бисёр халқиятҳои олам робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию адабӣ ва ғайра дошт. Табиист, ки ин гуна алоқа бе мубодилаи афкор, бидуни таъсири байни якдигарии забонҳои мардуми алоқаманд номумкин аст. Дар таърихи инкишофи забонҳои олам кам забонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба забонҳои дигар дар муддати беш аз ҳазор сол пайваста тазйиқ ёфта, ба онҳо беист калима дода бошад.
Яке аз ҳамин гуна забонҳо, ки ба таркиби луғавии форсии тоҷикӣ таъсири назаррас расонидааст,забони арабӣ мебошад.
Ба ҷумлаи сабабҳои ба таври фаровон дохил шудани калимаҳои арабӣ на фақат аз ҷониби арабҳо истило шудани сарзамини мо дар ибтидои асри VII дини мубини ислом, ки мардуми мо онро охири охирон қабул кардааст, ҳамчунин кӯшишу хоҳиши аҳли илму санъат, ки дар ифодаи маънавиёти худ ба вожаҳои мухталифи ин забон муроҷиат кардаанд, номбар карда мешаванд.
Дар муддати ду асри баъди истилои Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо забони давлатдории ин сарзамин арабӣ буд. Сарлашкарони араб дар ин муддат кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, ки забонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, форсии дариро аз байн бибаранд, вале ин нияти онҳо амалӣ нагардид. Баръакс, аз аввалҳои асри IX форсии дарӣ оҳиста – оҳиста қувват мегирад ва дар аҳди Сомониён ба авҷи рушду нумӯ мерасад. Аз ҳамин сабаб дар ибтидо миқдори калимаҳои аз арабӣ воридшуда нисбатан камтар буд. Ба ақидаи муҳаққиқоне, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кардаанд, масалан, “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ ҳамагӣ 0,2% ё 989 калимаҳои арабӣ ба назар мерасанд. Дар асрҳои минбаъд ин миқдор афзудан мегирад. Чунончи, он ба қавли Маликушшуаро Баҳор, дар охирҳои асри 11 ба 10-15% расидааст, дар асри XII бошад, он 22% - ро ташкил медиҳад.
Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар асрҳои XIII-XVI ба миқдори 70-80% афзудаанд. Ин миқдор дар забони тоҷикии ибтидоии асри XX 60-70%-ро ташкил медод. Баъди ислоҳоту назорати пайвастае, ки дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба чунин калимаҳо ҷорӣ гардид, миқдори онҳо як андоза паст рафтааст.
Бо вуҷуди он имрӯз ҳам дар услубҳои гуногуни нутқи мо тақрибан 40- 50% калимаҳои мустаъмалро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд.
Калимаҳои иқтибосии арабӣ сарфи назар аз он ки дар ин забон мансуби кадом ҳиссаи нутқ аст, ба тоҷикӣ, асосан, ҳамчун исмҳо, сифатҳо ва ба андозаи камтар зарфҳо дохил шудаанд.
Забони арабӣ на танҳо бо калимаҳои аслию решагӣ муарработу таркибҳои рехтааш, ҳамчунин бо калимаҳои аз забонҳои мухталифи олам иқтибоскардааш ба таркиби луғавии точикӣ таъсир расонда, вале хосиятҳои азалӣ ва асолати онро аз байн бурда натавонистааст. Баръакс, таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз ҳисоби вожаҳои арабӣ ниҳоят бой ва муқтадир гашта, ин гурӯҳи калимаҳоро низ чун ҳамаи навъҳои иқтибосоти дигар ҳазм кардааст ва ба низоми маъноҳои шаклҳои калима мувофиқ намудааст.
Дар мақола дар бораи баъзе хусусиятҳои калимаҳои арабӣ, аз ҷумла шадда шуда омадани онҳо маълумоти мухтасар дода мешавад. Ҳангоми таҳлил мисолҳо аз “Ёддоштҳо”-и устод С. Айнӣ гирифта шудаанд.
Муҳимияти калимаҳои мушаддад ва имлои онҳо яке аз масъалаҳои муҳими фонетикӣ ва ҳодисаи ногузираи ҳар як забон ба ҳисоб меравад. Мавҷуд будани ташдид, яъне ҳамсадоҳои такрор дар ин ё он забон ба қонунияту хусусиятҳои силсилаи овозӣ вобаста аст.
Пайиҳам омадани ду ҳамсадои якхеларо дар адабиёти забоншиносӣ бо чанд истилоҳ ифода намудаанд, масалан, дар забоншиносии рус« удвоении», «долгие согласные», дар забоншиносии тоҷик ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ «шадда», «ташдид», «ҳамсадои ташдиднок».
Дар забони арабӣ ташдидро ба маънои дуюмаш шадда ва калимаҳои шаддаро мушаддад мегӯянд. Истилоҳҳои ташдид, шадда, амсоли фатҳа, касра, танвин, замма, сокин ва ғайраҳо дар заминаи хат ва имлои арабӣ ба вуҷуд омада, хусусиятҳои ҷудогонаи савтии ин забонро дар нутқи хаттӣ ифода мекунад.
Маънои луғавии калимаи «ташдид» шиддатнок кардан, сахтгирӣ мебошад. Маънои истилоҳии он аломати расми хат, ки шиддатнок талаффуз кардан овоз, ду бор талаффуз кардани онро нишон медиҳад.
Дар забони тоҷикӣ калимаҳои арабӣ дар қолабҳои махсус тарҳрезишуда дар истифодаи доимӣ қарор доранд.
Тавре ки профессор Ҳ. Маҷидов қайд намудаанд: «Калимаҳои арабиро ҳамчун аз рӯйи қолабҳои грамматикии заминаашон ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Дар забони муосири тоҷик зиёда аз 30 қолаби ҳамвазни калимаҳои арабӣ ворид шудаанд, ки бештар аз 20 навъи онҳо сермаҳсул буда, боқимонда каммаҳсул ё бемаҳсул аст».
Аз рӯйи қолабҳои номбурда маълум гардид, ки дар таркиби луғавии забонамон аксари калимаҳое, ки ташдид доранд, арабиасланд: аббос, аввал, аттор, саттор, зимма, баққол, васссоф, иддао, қисса, муваффақ, шаффоф.
Барои ин муаззинро фармуд, ки аз атторӣ чанд мисқол гули маҳзар ва аз баққоли як коса ҷурғот ё чакка биёрад. Қасами олуфтаҳо “саттор” буд.
Дар забони арабӣ такрори яке аз ҳамсадоҳо яке аз воситаҳои муҳимми шаклсозию калимасозӣ буда, барои фарқ карадани маъно ва шаклҳои грамматикии калимаҳо хизмат мекунанд: дараса “омӯхатан”дарраса “омӯзондан”, “таълим додан”; ҷаласа “нишастан”- ҷалласа “шинондан”; хараҷа”баромадан”- харраҷа “баровардан”:
Калимаҳои арабӣ аз назари миқдор ва доираи истеъмол дар забони тоҷикӣ мавқеи махсус доранд. Онҳо дар ҳама услубҳои роиҷи забонамон хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Дар асари мавриди таҳлил қарордошта калимаҳои арабии ташдиддоштаро вобаста ба қолабҳои мавҷуда ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
- Муфаъъал: мухаммас, муваккал, муқарраб, муқаррар, мураккаб, мубаддал муҳаббат.
Ва дар рӯзи дуюм он ғазалро мухаммас карда оварда, ба ман супурд, ки ба Шарифҷон-махдум расонам.
- Муфаъъил: муаллим, муаллиф.
Бародарам бо додарам дар яке аз ҳамин ҳуҷраҳои поин зиндагӣ мекарданд ва дар рӯзҳои дар ин ҷо фаррош таъин шудани ман бародарам мисли порсола боз ба чӯли Кадкӣ барои муаллимӣ рафт ва ман дар ҷои ӯ дар ҳамон ҳуҷраи тангу торик бо додарам мондам.
- Мутакаббир, мутаҳаққиқ.
Намедонам ба чӣ сабаб бошад, қиёфа ва симои он одам дар дили ман нишаст, рӯйи борики хурд, чеҳраи сиёҳтоб, пешонаи тур ва чашмони танги шубҳаомез дошт он одам ва бисёр она менишаст.
- Такаллуф, табассум, тасаввур, такаллуф, тамаллуқ, ташаббус.
Шарифҷон – махдум бешубҳа аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд.
- Фаъъол: наққош, қассоб, баззоз, даллол, маддоҳ.
Аҳволи гилкорон, дуредгарон ва наққошон ҳам дар моҳи рамазон танг мешуд, чунки дар ин моҳ иморатсозӣ тамоман таътил мешуд ва бинокорон маҷбур буданд, ки харҷи барзиёди моҳи рамазонро бо қарз гирифтан аз болои корӣ ояндаашон таъмин намоянд.
Гурӯҳи дигари калимаҳои иқтибосии арабӣ бошад дар интиҳояшон шадда қабул мекунанд ва дар забони асл (арабӣ) бо ду ҳарфи якхела навишта мешаванд. Агар ин қабил калимаҳоро мувофиқи принсипи фонетикӣ нависем, бештари онҳо бо калимаҳои дигари арабӣ ё тоҷикӣ хусусияти омонимӣ пайдо мекунанд: дур (марворид) – дур (муқобили наздик), аҷал (мард) – ачал (бузургтар), зан (гумон) – зан (муқобили мард), зол (гумроҳ) – зол (пир), тиб (илми табобат) – тиб (бӯйи хуш).
Яке аз фарқиятҳои дигаре, ки дар калимаҳои мушаддад ба мушоҳида мерасад, ин мебошад, ки аксари калимаҳои дар интиҳояшон ташдиддор дар калимабандии изофӣ ҳангоми бо пайвандаки пайвасткунандаи – у(ю) омадан дар сурати ба онҳо илова шудани марфемаҳои калимасоз (баъзан шаклсоз) хусусияти аслии худ – ташдиднокиро барқарор мекунанд: кул (л): кулли ҳодисот, куллу ҷузъ, куллиёт: мад (д): мадду ҷазр: фан (н): фанни забон, истилоҳоти фаннӣ: рад (д):радди маърака, радду бадал, ва монанди инҳо калимаҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар сохтани ибора ва таркибҳои ҷуфт саҳми бештаре доранд.
Миршаб, ки дар асл дар ҳаққи Махдум кинаи сахт дошт, ба болои вай ҳақоратҳои аз ӯ дар рӯзи дастгир кардан шунидааш зам шуда ва фиреб хӯрдааш ба болои он кинаҳо сарбори гардида, сахт ба ғазаб меояд ва дар пайи бераҳмона ниқор гирифтан меафтад.
Метавон қайд намуд, ки ин қабил калимаҳо дар навиштору гуфтори тоҷикӣ яке аз ҳамсадоҳояшон ҳазф (фурӯгузор) мегардад: ҷул (л) – болупӯши аспу харё хачир, сум (м): суми асп, саф (ф) – рада қатори одамон: сафи пешқадамон.
Гурӯҳи муайяни калимаҳои ташдиддори забони арабӣ мураккабанд. Мураккабшавии ин қабил калимаҳо, ки аз ҷиҳати сохт шабеҳи ибораанд, ба хусусияти ҳамнишинии ҳарфҳои ҷудогона вобаста аст. Ҳарфҳои забони арабиро вобаста ба хусусиятҳояшолн ба ду гурӯҳ: шамсӣ ва қамарӣ ҷудо мекунанд.
Чуноне ки дар адабиёти забоншиносии араб ишора гардидааст, агар исмҳое, ки бо яке аз ҳарфҳои шамсӣ оғоз ёфта бошад, ҳангоми хондани ҳарфи «лом»-и артикли «ал»- и таъриф дара натиҷаи падидаи монандшавӣ фурӯгузор шуда, он ҳамсадо такрор меёбад: абадуддаҳр (абад-ал- даҳр), бадеъуззамон (бадеъ-ал-замон), Мовароуннаҳр (моваро-ал-наҳр).
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки садоноки артикл низ ба “у” табдил меёбад.
Мутобиқи таҳрири нави имлои тоҷикӣ номи асарҳои илмию бадеие, ки бо ҳамин роҳ сохта шудаанд, бидуни аломати дефис (-) навиштамешаванд: Маҷолисуннафоис, Равзатуссафо, Сафаруссаодат, Тазкиратушшуаро ва ғайра.
(Ман дар вақтҳои китоби хониш навиштани худ – дар солҳои 1908 – 1910 “Ҳасан зад” ном достоне навишта, ин ду мисраъро дубора кор карда, ба он китобча дароварда будам, номи он китобча “Таҳзибуссибён” буд.)
Дар асари мавриди таҳлил қарор дошта бештари калимаҳое, ки ташдиддори дар ҳамин қолаб сохташударо дучор гардидем. Қисми зиёди ин гурӯҳи калимаҳо исмҳои хос мебошанд. Махсусан, исмҳои ифодакунандаи шахс бештар ба назар мерасад.
Он хона, чунонки дар қисми 3-и “Ёддоштҳо” тасвир намудаам, дар тарафи шарқии қалъаи Ғиждувон, дарбачаи рӯйдаричагии Назрулло – бойбача ном касе бино ёфта буд ва он хонаро якшохоби рӯди Пирмаст ва як кӯча аз қалъа ҷудо мекард.
Ба монанди мисолҳои номбурда дар аср пайиҳам омадани исмҳои ифодакунандаи шахсиро зиёд дучор омадан мумкин аст. Аз ин маълум мегардад, ки нависанда дар офаридани қаҳрамонҳои асар ба баъзеи онҳо ба тарзи шартӣ Абдулло, Аловиддин, Саъдулло, Бурҳониддин, Сиддиқ, Шамсиддин номгузорӣ намудааст.
Инчунин гуфтан мумкин аст, ки яке аз исмҳои ифодакунандаи шахс ин калимаи Муҳаммад мебошад, ки дар забони тоҷикӣ ҳам дар ин қолаб ва ҳам бо алоқамнд шудани исмҳои дигар хеле зиёд истифода мешавад. Масалан, Муҳаммадраҳим, Муҳаммадшариф, Алимуҳаммад, Муҳаммадалӣ, Муҳаммадӣ.
-Ин кас Муҳаммадраҳим – Тойчаи самарқандӣ мебошанд, ки аз бойҳои дунё буда, Ҳоҷи Абдулазиз бприн чанд нафарятим ва хизматгор доранд, ин кас меҳмони азизи хӯҷаини мо мебошанд, ки барои ба тӯй хабар кардани ин кас писари калонашро ба Самарқанд фиристода, бо иззату ҳурмат ба зур овардаанд.
Ин гурӯҳи калимаҳое, ки номбар намудем, исмҳои ифодакунандаи шахс мебошанд. Онҳо аз ду ҷузъ таркиб ёфта, ҳар яке аз ҷузъҳо метавонанд дар алоҳида маънои мустақил дошта бошанд. Бештари калимаҳое, ки бо калимаи Муҳаммад ҳамнишин мешаванд, арабиасос мебошанд. Дар номгузории тоҷикӣ ҳар ду шакл дар истифода қарор дорад. Гуфтан мумкин аст, ки Муҳаммад ҳамчун ифодакунандаи исми шахс ҳам дар ҷузъи якум ва ҳам дар ҷузъи дуюм бо калимаҳои дигар доираи зиёди ҳамнишинӣ дорад.
Ҷиҳати баҳсталаби дигари калимаҳои мушаддад дар забони арабӣ ин аст, ки ба ғайр аз такрори пайиҳами ҳамсадоҳои якхела, боз такроршавии садонокҳои якхела дар як калима ба назар расиданаш мумкин аст. Баъзе аз хонандагон такрорёбии пайиҳами садонокҳоро дар ин гурӯҳи калимаҳо ба ташдид нисбат медиҳанд, ки тамоман халат аст. Пайиҳам омадани садонокҳои якхела дар калимаҳои арабӣ аз овози кӯтоҳ будани онҳо далолат мекунанд. Калимаҳое, дар ин қолаб истифода мегарданд, такроршавии садоноки «а» бештар ба назар мерасад.
Бойяарҷӣ рӯзе дар бораи ҳамватанони судхӯраш, ки ман ба вазъияти зисту зиндагонии онҳо бо нафрат тааҷҷуб баён кардам, гуфт: -Ин гуна одамҳо дар Ҳиндустон миллионҳо ҳастанд, ҳар сол аз онҳо садҳо ҳазор кас аз гуруснагӣ ва аз чиркинии ҷои зиндаги мемиранд.
Дар ин маврид калимаҳои «муқаррарии” “тараққихоҳон” “ботакаллуф” “фаррош” “муаллим” “салла” “тасаввур” “муаллиф” “ҳаққӣ” “Абдусаттор” “қассоб” “Абдуфаттоҳ” “муаззин” “домулло” “биллоҳи” “аллам” “ҳатто” “лакка” “чиллахона” “қубба” “маҳаллӣ” “қувват” “ҷиддиёна” “пурқувват” “ваҳшитахаллус” “тасаввур” «мутакаббирона» ва «Муҳаммад» ташдид дорад, ки “рр” “ққ” “лл” “рр” “лл” “лл” “вв” “лл” “лл” “ққ” “тт” “сс” “тт” “зз” “лл” “лл” “лл” “тт” “кк” “лл” “бб” “лл” “вв” “дд” “вв” “лл” “вв” «бб» ва «мм» мисол овардан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, баъд аз ворид гардидани калимаҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ ҳарчанд бисёр калимаҳо ба тарзи савтии забони тоҷикӣ мувофиқ шуда бошанд ҳам, тарзи ташддиди калимаҳо то дараҷае дар асоси талаботҳои сарфу нави арабӣ сурат мегирад.
ХУСУСИЯТҲОИ САВТИИ КАЛИМАҲОИ МУШАДДАДИ АРАБӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар мақола дар бораи хусусиятҳои савтии калимаҳои мушаддади арабӣ дар забони тоҷикӣ дар асоси “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ таҳлил гузаронида шудааст. Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки роҳҳои ташдид ёфтани калимаҳо дар забони арабӣ ва мавқеи истифодаи он дар забони тоҷикӣ таҳлил карда шавад.




