Зеҳн

Хусусиятҳои маҳфили санъати тасвирӣ дар синфҳои ибтидоӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Осипова П. А., Ғаниева М.А.

Машғулиятҳои дарсӣ қисми зиёди ҳаёти мактабии хонандагони синфҳои ибтидоиро ишғол намуда, катъиян аз рӯи чадвал гузаронида мешавад ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Аммо, дар баробари дарсҳои таълимӣ, берун аз рӯзи таълим, муассисаҳои таълимӣ шаклҳои гуногуни чорабиниҳои беруназсинфӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки бо хусусияти ихтиёрии иштироки хонандагон хос аст ва барои қонеъ гардонидани талаботи гуногуни маърифатӣ ва эҷодии онҳо нигаронида шудааст.

Корҳои беруназсинфӣ бояд ба талаботи мундариҷа, мақсад ва вазифаҳои таълим, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқаррар шудаанд, мусоидат намояд. Маҳфилҳо, сексияҳо ва дигар шаклҳои ташкили машғулиятҳои беруназсинфӣ аз ҷиҳати мазмун, мақсад ва вазифаҳои худ бояд ба самтҳои иҷтимоию ахлоқӣ, умумӣ - интеллектуалӣ, умумӣ - мадании инкишофи шахсият мувофиқ бошанд.

Маҳфил шакли маъмултарини фаъолияти беруназсинфӣ мебошад. Маҳфил барои муайян кардани шавқу ҳавас ва қобилияти эҷодии хонандагон ёрӣ мерасонад, шумораи ками хонандагон ба муаллим имкон медиҳад, ки ба кори фардӣ бештар вақт ҷудо кунад.

Машғулиятҳои санъати тасвирӣ дар маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун идомаи машғулиятҳои синфӣ мебошад. Аммо машғулиятҳои маҳфилҳо хусусиятҳои худро доранд. Аввалан, ин дарсҳо барои онҳое мебошанд, ки ба санъати тасвирӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва ин машғулиятҳо то андозае барои онҳо талаботи эстетикӣ мебошанд. Сониян, сохтори фаъолияти маҳфил аз дарсҳои синфӣ фарқ мекунад. Ташкили кори маҳфил тартиб додани барномаи машғулият бо назардошти майлу ҳаваси хонандагони синну соли гуногунро дар бар мегирад.

Дар амалияи мактабӣ маҳфилҳои графика ва мусаввирӣ, моделсозӣ, санъати ороишию амалӣ, дизайн, линогравюра, хайкалтарошӣ, кулолгарӣ, санъатшиносони ҷавон, дизайн, суратгирӣ ва ғайра васеъ паҳн шудаанд.

Мақсади асосии маҳфилҳои санъати тасвирӣ инкишоф додани қобилияти бадеии мактаббачагон дар раванди таълими воситаҳои ифодаи навъҳои гуногуни санъати тасвирӣ, ташаккули талаботи эстетикии талабагон, завқи талабагон, парваридани шавқу ҳавас ба санъат, дарки нақши он дар ҳаёти халқ мебошад.

Вазифаҳои асосии тарбиявии кори маҳфил оид ба санъати тасвирӣ: дар хонандагон ташаккул додани муносибати муосир ва эстетикӣ ба ашё ва ҳодисаҳои воқеияти атроф, нисбат ба асарҳои санъати тасвирӣ; инкишофи қобилияти бадеии ҳар як талаба дар асоси хусусиятҳои фардии ӯ; омӯхтани расмкашӣ аз асл, аз хотира ва тасаввурот, моҳирона интиқол додани хусусиятҳои шакл, сохтори конструктивӣ, ҷойгиршавии фазоӣ, равшанӣ ва соя ва ранги ашёи тасвиршуда, тасвири ҷуссаи инсон; ташаккул додани қобилияти мустақилона инкишоф ёфтан ва пайваста иҷро намудани композитсияи мавзуӣ; дар мактаббачагон ташаккул додани майлу хоҳиши дар маҳфил азхудкардаи дониш дар меҳнати фоиданоки чамъиятӣ — тартиб додани газетаҳои деворӣ, намоишҳои мактабӣ, шабҳои идона истифода бурдан; таълими таҳлили осори бадеӣ ба шумор меравад.

Фаъолияти тасвирии маҳфил - ин раванди фаъолияти ихтиёрӣ, бошуурона мақсаднок, ҳаваскорӣ ва эҷодии ҳаёти хонандагон мебошад, ки роҳнамоии психологию педагогиро коллективи омӯзгорон амалӣ менамоянд. Фаъолиятҳои тасвирӣ дар рушди хонанда нақши бузург доранд, зеро зарурати эҷод бо инкишофи равандҳои маърифатӣ - идрок, тафаккури айёнӣ-таъсирбахш ва айёнӣ-маҷозӣ алоқаманд аст. Дар фаъолияти басарӣ қобилияти фарқ кардан ва тасниф намудани чизи мушоҳидашаванда, эҷодкорона ба вуҷуд овардани симоҳои зарурии басарӣ, бо онҳо амал кардан ва дар хаёлот пайвастани онҳо ташаккул меёбад. Дар раванди санъати тасвирӣ хонандагон доир ба асосҳои назария ва таърихи санъати тасвирӣ, инчунин дар соҳаи дурнамо, рангшиносӣ, композитсия, анатомияи пластикӣ, технологияи маводҳо дониш мегиранд. Усулҳои гуногуни кор бо маводҳоро азхуд мекунанд.

Маҳфилҳои санъати тасвирӣ бо назардошти хусусиятҳои синну соли хонандагон ва дараҷаи маҳорати онҳо ба гурӯҳҳо ташкил карда мешаванд: талабагони синфҳои 1-2 дар як маҳфил, талабагони синфҳои 2-4 ба маҳфили дигар, на бештар аз 10 нафар. -15 нафар дар ҳар гурўҳ ҷам карда мешаванд. Шумораи ками талабагон дар дарси санъати тасвирӣ ба муаллим имконият медиҳад, ки ба кори фардӣ бештар вақт ҷудо кунанд. Дар маҳфилҳои санъати тасвирӣ ҳангоми ташкили гурӯҳҳо хонандагонро аз рӯи тайёрии бадеӣ тақсим кардан мумкин нест, зеро ин боиси ташкил шудани якчанд гурӯҳҳои параллел мегардад. Аммо майлу қобилияти фардии ҳар як аъзои маҳфилро ба инобат гирифта, ба рушди онҳо мусоидат кардан лозим аст.

Аксарияти супоришҳо дар маҳфил ба муддати нисбатан дуру дароз - 3-6 соат тартиб дода мешаванд. Дар маҳфилҳо масолеҳи гуашь, темпера, туши сиёҳ, сангвиник, соус, пастел, ангишт, сиёҳқалам, пластилин, гил, хамира хеле васеъ истифода мешаванд.

Дар синфҳои ибтидоӣ мӯҳтавои машғулият метавонад ё расмкашӣ, ё гаҷкорӣ ва ҳунарҳои гуногуни амалӣ ва ё сохтани нақшҳо барои гулдӯзӣ, матоъ ва ғайра бошад.

Намуди асосии машғулияти маҳфил барои хонандагони синфи чор бояд кор аз асл (расмкашӣ ва мусаввирӣ) бошад, ки он бояд бо кори композитсионӣ дар соҳаи расмкашии мавзуӣ ва ороишӣ алоқаманд бошад.

Яке аз машғулиятҳои муҳими маҳфилҳои санъати тасвирӣ шинос кардани хонандагон бо асарҳои барҷастаи санъати тасвирӣ мебошад. Дар маҳфил муаллим имконият пайдо мекунад, ки дар бораи асари намоиш додашаванда, дар бораи роҳи эҷодии рассом муфассалтар сухан ронад ва барои муқоиса асарҳои устодони рассомӣ, графика, хайкалтарошро васеътар ҷалб намояд.

Муаллим дар баробари кори таълим, махсусан дар давраи ташкил ва машғулиятҳои аввалини машғулиятҳои санъати тасвирӣ корҳои зиёди тарбиявӣ низ мебарад. Ба вай лозим аст, ки бачагонро дар як коллективи ягона муттаҳид намояд, ки аз рӯи манфиати умумӣ, бо саъю кушиши умумии эҷодӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳар як талаба, ки ба маҳфили санъати тасвирӣ қабул шудааст, бояд ба машғулиятҳо бодиққат иштирок кунад, супоришҳои дар нақша ва қоидаҳои рафтори тартибдодаи маҳфил пешбинишударо иҷро намояд, дар корҳои маҳфил, дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок намояд.

Фаъолияти маҳфил ба кӯдак имкон медиҳад, ки шахсияти худро баён кунад, нақшаҳои худро амалӣ созад ва хурсандии эҷодиро эҳсос кунад. Инчунин, кӯдакон малакаҳои тарҳрезӣ ва қисман ҷустуҷӯӣ, таҷрибаи кор дар гурӯҳ ва қобилияти гӯш кардан ва дарк кардани нуқтаи назари касеро ба даст меоранд.

ХУСУСИЯТҲОИ МАҲФИЛИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР

СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дар мақола масъалаи хусусиятҳои маҳфили санъати тасвирӣ дар синфҳои ибтидоӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки машғулиятҳои санъати тасвирӣ дар маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун идомаи машғулиятҳои синфӣ мебошад. Аммо машғулиятҳои маҳфилҳо хусусиятҳои худро доранд. Аввалан, ин дарсҳо барои онҳое мебошанд, ки ба санъати тасвирӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доранд ва ин машғулиятҳо то андозае барои онҳо талаботи эстетикӣ мебошанд. Сониян, сохтори фаъолияти маҳфил аз дарсҳои синфӣ фарқ мекунад. Таъкид мешавад, ки мақсади асосии маҳфилҳои санъати тасвирӣ инкишоф додани қобилияти бадеии мактаббачагон дар раванди таълими воситаҳои ифодаи навъҳои гуногуни санъати тасвирӣ, ташаккули талаботи эстетикии талабагон, завқи талабагон, парваридани шавқу ҳавас ба санъат, дарки нақши он дар ҳаёти халқ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2