Робитаи субъекти ҷиноят бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят
Муаллиф(он): Сайдалиев О. И.
Ҳама гуна кирдор (амал ё беамалӣ), ки ба муносибатҳои ҷамъиятии бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда зарар расонидааст, танҳо дар сурате ҷиноят эътироф карда мешавад, ки агар дар кирдор тамоми аломатҳои таркиби ҷиноят мавҷуд бошад. Бинобар ин, субъекти ҷиноят ҳамчун яке аз унсурҳои алоҳида на худ ба худ, балки танҳо дар робитаи зич бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят вуҷуд дорад. Бояд гуфт, ки субъекти ҷиноят берун аз таркиби ҷиноят қарор намегирад, балки як қисми таркибии он мебошад, ки ба дигар аломатҳои таркиби ҷиноят таъсир мерасонад ва ҳамзамон зери таъсири онҳо қарор мегирад.
Бешубҳа, метавон гуфт, ки сохтори ҷиноят бетағйир аст, ки он умумияти чаҳор аломати доимӣ мебошад, аз қабили: объекти ҷиноят, тарафи объективӣ, субъект ва тарафи субъективии ҷиноят. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, таркиби ҷиноят аз чор унсур (элемент) ташкил ёфта, кирдори барои ҷамъият хавфнокро чун ҷиноят тавсиф медиҳад. Ба шумули чунин унсурҳо дохил мешаванд: объект, тарафи объективӣ, тарафи субъективӣ ва субъскти ҷиноят. Унсурҳои мазкур дар навбати худ аломатҳои ҳатмӣ ва факултативиро дар бар мегиранд. П.Н. Кобес низ дар ин хусус қайд менамояд, ки сохтори ҳама гуна таркиби ҷиноят бетағйир боқӣ монда, ягонагии чор аломат: объекти ҷиноят, тарафи объективӣ, субъект ва тарафи субъективии ҷиноятро ифода мекунад. Барои ташаккули ҳама гуна таркиби намуди муайяни ҷиноят, амал ё беамалии субъекти ҳуқуқи ҷиноятӣ ва содиркунандаи ҷиноят бояд дорои робитаи объективии сабабӣ бо оқибатҳои зарарноки аз он бароянда бошад. Масалан, агар шахси бемор дар натиҷаи сактаи ногаҳонии қалб дар беморхона фавтида бошад, он гоҳ ба амали табиб бояд чунин баҳо дода шавад, ки духтур аз иҷрои вазифаҳои касбиаш дар табобати ин бемор саркашӣ кардааст. Дар ин ҳолат, беамалии духтурро базӯр ҳамчун куштор бандубаст кардан мумкин аст. Ба ибораи дигар, ҷониби объективии ҷиноят ҷараёнҳои берунии сӯиқасди ҷиноятиро дар бар мегирад, яъне кирдор (амал ё беамалӣ), ки ифодаи берунӣ ва объективӣ дорад. Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ дарки мафҳуми таркиби ҷиноят дар фаҳмиши гуногун мавҷуд аст. Баъзе муаллифон таркиби ҷиноятро ҳамчун абстраксияи қонунгузорӣ ё илмӣ, сохтори ҳуқуқӣ, модели ҷиноят дар қонун мефаҳманд. Дигарон дар бораи таркиби ҷиноят ҳамчун низоми унсурҳои (аломатҳои) объективӣ ва субъективӣ, ки кирдори муайяни барои ҷамъият хавфнокро ҳамчун ҷиноят тавсиф мекунанд, ишора мекунанд. Ба андешаи Т.Ш. Шрипов, мувофиқан бо муқаррароти қонун кирдори содиршуда бояд дар худ тамоми аломатҳои объективӣ ва субъективие, ки унсурҳои таркиби ҷиноятро ба қадри зарурӣ ва ба кифоя тавсиф медиҳанд, дар бар гирад. Андешаи сеюм низ вуҷуд дорад. Е.А. Сухарев ва А.Д. Горбуз чунин мешуморанд, ки «мулоҳиза дар бораи он, ки шахсе, ки чиноят содир кардааст, кисми таркибии чиноят, аломати таркиби он мебошад нодуруст аст». П.А. Фефелов субъект ва объекти ҷиноятро дар доираи таркиби ҷиноят танҳо ҳамчун шарти асосии ҷавобгарии ҷиноятӣ баррасӣ мекунад. Албатта, ҳар як ақида ҳаққи мавҷудият дорад, зеро аз ин ё он ҷиҳат бо назардошти таркиби ҷиноят ин ақида мафҳуми мавриди назарро пурра мекунад. Ю.В. Тарасова дар ин хусус ибрози андеша менамояд, ки дар доираи мавзуи баррасишаванда бо ин андеша розӣ шудан душвор аст. Ю.А. Варламова илова ба андешаи Ю.В. Тарасова қайд менамояд, ки барои он ки ҳама гуна амал ё беамалӣ таркиби ҷиноятро ташкил диҳад, он бояд кофӣ ва пурра бошад. Пас, ҳар гуна ниятҳои бад, новобаста аз он ки онҳо андешаҳои зишт, ҳавас ва андешаҳои нангин бошанд ҳам, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад, гарчанде ки ӯ ҳатман ҷавобгарии маънавӣ дорад ва чун қоида, ҷазои на камтар вазнинро дар намуди ҷазои пушаймонӣ, азоби виҷдон аз сар мегузаронад. Ба андешаи В.И. Терентев, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ нуқтаи назари умумиэътирофшуда ин аст, ки ягона асоси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс ин мавҷуд будани ҳамаи аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори ӯ мебошад. Одатан, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ чунин хулоса бароварда мешавад, ки таркиби ҷиноят маҷмуи аломатҳои объективӣ ва субъективиест, ки қонуни ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки кирдори муайяни (амал ё беамалии) барои ҷамъият хавфнокро ҳамчун ҷиноят тавсиф мекунанд.
Аз андешаҳои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки таркиби ҷиноятро гурӯҳҳои аломатҳои объективӣ (объект, кирдор, оқибатҳо, вақт, усул, ҳолатҳои содир кардани ҷиноят) ва субъективӣ (субъект, гуноҳ, ангеза, мақсад, эҳсосот) ташкил медиҳанд. Аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар қонуни ҷиноятӣ ҳамчун асоси муттаҳидкунанда, зарурӣ ва кофии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс баромад мекунанд. Таркиби ҷиноятро бояд ҳамчун як низоми муайян, мутамарказе баррасӣ кард, ки ҳамаи аломатҳо ва ҷузъҳои он ба ҳам зич алоқаманд буда, ба ҳам вобастаанд, ки дар ягонагии худ як маҷмуи муттаҳид ва ҷудонашавандаро ташкил медиҳанд. Мутамарказии аломатҳои таркиби ҷиноятро бо якчанд омилҳои зерин ифода кардан мумкин аст:
-
маҷмӯи онҳо дар қонуни ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Дар айни замон таркиби ҷиноят на танҳо бо диспозитсияи моддаи муайяни Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ, балки бо муқаррароти Қисми умумии Кодекси ҷиноятӣ низ муайян карда мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки таркиби ҷиноят на танҳо дар амали анҷомёфтаи шахс (ҷинояткор), балки ҳангоми тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасд ба ҷиноят, инчунин дар кирдори шарик дар ҷиноят ба амал меояд;
-
мавҷудияти аломатҳои таркиби ҷиноят ягона асоси ба вуҷуд омадани ҷавобгарии манфии ҷиноятӣ мебошад, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии навъи махсус ба амал меояд;
-
мавҷуд набудани яке аз аломатҳои низоми таркиби ҷиноят боиси аз ҷониби давлат бекор шудани ба ҷавобгари кашидани шахси содиркардаи ҷиноят мегардад.
Мисли ҳама гуна низом, таркиби ҷиноят низ зернизомҳои зиёдеро дар бар мегирад. Зернизомҳои (аломатҳои) низоми таркиби ҷиноят объект, тарафи объективӣ, субъект ва тарафи субъективӣ мебошанд. Набудани ҳатто яке аз онҳо боиси вайрон шудани тамоми низом мегардад. Маҳз ягонагии ин аломатҳо бандубасти кирдори ҷиноятиро таъмин намуда, ба фардикунонии ҷазои ҷиноятӣ таъсир мерасонад. Аммо, сарфи назар аз фаҳмишҳои мухталифи таркиби ҷиноят дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ, бо вуҷуди ин, дар қонуни ҷиноятӣ он ҳамчун асос барои ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан муқаррар карда шудааст (моддаи 11 КҶ ҶТ).
Яке аз аломатҳои таркиби ҷиноят, ки бо субъекти ҷиноят дар робитаи зич қарор дорад – ин объекти ҷиноят мебошад. Шахс бо содир намудани кирдори ҷиноятӣ фаъолияти худро ба объекти муайян равона карда, барои худ хусусияти амал ё беамалии дахлдорро интихоб намуда, ба натиҷае ноил мегардад, ки субъекти ҷиноят ба он ноил шудан мехоҳад. Танҳо фаъолияти ҷинояткоронаи шахс ӯро ба мавқеи нави иҷтимоӣ гузошта, ҷинояткор месозад, яъне субъекти ҷиноят мегардонад. Бе ин, новобаста аз он ки фаъолияти шахс то чи андоза гуногунранг бошад, новобаста аз он ки он ба кадом оқибатҳо оварда мерасонад, ин шахсро субъекти ҷиноят эътироф кардан мумкин нест. Дар зери мафҳуми объекти ҷиноят неъматҳо (манфиатҳои) муайяни шахс, ҷамъият ё давлат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки бо қонуни ҷиноятӣ ҳифз карда мешаванд ва таҷовуз ба онҳо нигаронида шуда, ба онҳо зарари калон мерасонад ё расонда метавонад, фаҳмида мешавад. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, объекти ҷиноят, он чӣ ки ба он таҷовуз равона карда шудааст, яъне муносибати ҷамъиятӣ аз ҷониби қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда, ки дар натиҷаи ҷиноят ба он зарар расонида мешавад ва ё метавонад зарар расонида шавад. Дар илми ҳуқуқи ҷиноятии муосир ягонагии назарҳо оид ба объекти ҷиноят ҳамчун муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳти ҳимояи қонуни ҷиноятӣ вуҷуд надорад.
Субъекти ҷиноят ҳангоми кирдори барои ҷамъият хавфнокро содир кардан, ҳатман ба ягон объекти муайян таъсир расонида, дар натиҷа боиси тағйироти муайян мегардад. Чунин ҷиноятҳое вуҷуд надоранд, ки ба ҳеҷ чиз таҷовуз накунанд, ҳамзамон кирдоре, ки ба объекти бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзнашаванда таҷовус мекунад, ҷиноят эътироф карда намешавад. Маҳз муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятие, ки манфиатҳои иштирокчиёни онро инъикос мекунанд ва субъект ба он таҷовуз кардааст, объекти ҷиноят ба ҳисоб меравад, зеро зарар маҳз ба он расонида шудааст. Объекти ҷиноят, чун қоида, дар муносибатҳои ҷамъиятӣ миёнаравӣ буда, неъматҳо ва манфиатҳои муайяни шахс, ҷомеа ё давлат, ки дар навбати худ бо қонуни ҷиноятӣ ҳифз карда мешаванд, чун қоида, худи таҷовузи ҷиноятӣ ба онҳо нигаронида шудааст ва ба он зарари калон мерасонад ё метавонад расонад. Масалан, табибе, ки дидаю дониста ба бемор ёрӣ намерасонад ӯ дақиқ медонад, ки ҳаёти кадом шахс дар хатар меафтад. Яъне, субъект қаблан медонад, ки ба кадом объект бояд зарар расонида шавад ва робитаи байниҳамдигарии субъекти ҷиноят ва объекти ҷиноят мебошад.
Ҳамин тариқ, объекти ҷиноят муҳимтарин арзишҳои ҷамъиятӣ, манфиатҳо, неъматҳои тибқи қонуни ҷиноятӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ ҳифзшаванда эътироф карда мешаванд. Мазмуни манфиатҳои ҳуқуқӣ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро ташкил медиҳад, бинобар ин объекти ҷиноят бояд амнияти ҷамъияти бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда ҳисобида шавад, ки дар натиҷаи ҷиноят метавонад зарар расонад.
Аломати дигари таркиби ҷиноят, ки субъекти махсус бо он дар алоқамандӣ қарор дорад – субъекти ҷиноят мебошад. Субъекти ҷиноят шахси мукаллафи воқеӣ мебошад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни ҷавобгарии ҷиноятии муқаррарнамудаи қонуни ҷиноятӣ расидааст. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, субъекти ҷиноят ин шахси воқеии мукаллафи ба синну соли муқарраркардаи қонун расидаест, ки таҷовузро содир кардааст. Аломати ҳатмии (умумии) субъекти ҷиноятро (синну сол ва мукаллафӣ) қобилияти делектӣ доштани шахси ҷиноят содиркарда, яьне қобилияти зери ҷавобгарӣ қарор гирифтани шахс барои кирдори содиркардааш (деликт) ташкил медиҳад. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки қонуни ҷиноятӣ ҳифз мекунад, мавриди таҷовуз аз ҷониби субъекти ҷиноят қарор мегирад. Баръакс, субъект ҳангоми содир намудани ҷиноят маҷбур мешавад, ки аз чунин воситаҳо ва усулҳои таъсиррасонӣ ба объект истифода бурда, дар натиҷа комилан ва пурра объект ба объект зарар расонад. Субъекти ҷиноят, ки ҳамчун маҷмӯи аломатҳои пешбининамудаи қонун (шахси воқеӣ, мукаллафӣ, синну соли муайян) ба ҳисоб меравад ва яке аз таркиби ҷиноят мебошад, ки бо ҷавобгарии ҷиноятӣ бештар алоқаманд аст. Аммо, бе кам кардани аҳаммияти дигар аломатҳои таркиби ҷиноят бояд эътироф кард, ки ҳамаи масъалаҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ пеш аз ҳама ба шахси мукаллафи воқеии мушаххас, ки ба синни муқаррарнамудаи қонун расида, кирдори барои ҷамъияти хавфнок содир кардааст, вобаста мебошад.
Субъекти махсуси ҷиноят яке аз қисматҳои таркибии субъекти умумии ҷиноят мебошад. Масалан, агар дар ҷинояте, ки субъекти махсус содир кардааст, аломатҳои субъекти умумии ҷиноят набошад, он гоҳ кирдори содирнамудаи шахс ҷиноят ба ҳисоб намеравад. Субъекти махсуси ҷиноят он аломати низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки шахси воқеӣ буда, фаъолияти ин низомро пешакӣ муайян мекунад. Масалан, иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи иқтисодиёт, маданият ва ё дигар соҳаҳои мамлакат шахсони мансабдор мебошанд; судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда - дар соҳаи адлия; хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват ё шартнома хизмати ҳарбиро мегузаранд, иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки тартиби муқарраршудаи адои хизмати ҳарбиро дар ҶТ таъмин мекунанд.
Субъекти ҷиноят бо содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок муносибатҳои ҷамъиятиро “аз дарун” вайрон карда, ба иштирокчиёни муносибатҳо зарар мерасонад. Гузашта аз ин, инро ҳам тавассути амал ва ҳам тавассути беамалӣ иҷро кардан мумкин аст. Яъне, субъекти махсуси ҷиноят бо тарафи объективии ҷиноят дар робитаи зич қарор дорад. Зеро ҳангоми содир кардани ҷиноят субъект ҳатман кирдорро ё дар шакли ҳаракат ва ё беҳарактӣ содир менамояд ва ин робитаи ӯро бо тарафи объективӣ ифода мекунад.
Ба тарафи объективии ҷиноят ҷараёни берунии таҷовузи ҷиноятӣ - кирдор (амал ё беамалӣ) дохил мешавад, ки ифодаи воқеии берунӣ, объективӣ дорад. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, тарафи объективии ҷиноят
- ин ҷониби берунии таҷовуз, ки дар шакли ҳаракат ё беҳаракатии барои ҷамъият хавфнок ба амал бароварда шудааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ тарафи объективии ҷиноят тарафи берунии таҷовузи барои ҷамъият хавфнок, амали зоҳирии рафтори ҷиноятии бо роҳи муайян содиршуда ва дар шароити муайяни макон, вақт, муҳити зист ба амал меояд. Ба ибораи дигар, тарафи объективӣ дар илм маҷмӯи аломатҳои ҷинояти бо қонуни ҷиноятӣ муқарраршуда, ки раванди берунии таҷовузи ҷиноятиро тавсиф мекунанд, фаҳмида мешавад. «Тарафи объективии ҷиноят амали берунии таҷовуз ба объекти бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшавандаи барои ҷамъият хавфнок мебошад». Ифодаи берунии ҷиноят танҳо дар сурате ба амал меояд, ки иродаи шахси ҳуқуқвайронкунанда дар шаклҳои мувофиқи фаъолият объективӣ карда шавад, яъне, тарафи объективӣ бо субъекти ҷиноят алоқаманд аст. Робитаи возеҳи байни субъекти махсуси ҷиноят ва тарафи объективии ҷиноят дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ чунин фаҳмида мешавад «раванди барои ҷамъият хатарнок ва ғайриқонунӣ вайрон кардани манфиатҳои аз ҷониби қонун ҳифзшаванда, ки аз тарафи берунии он баррасӣ карда мешавад, ки аз нуқтаи назари инкишофи пайгиронаи он ҳодисаю падидаҳое, ки дар натиҷаи кирдори аз ҳаракат (беҳаракатӣ) ҷиноятии субъект оғоз ёфта, бо фарорасии натиҷаи ҷиноятӣ анҷом меёбанд. Оқибатҳои ҷиноят - зарар, зиён, хисороте мебошанд, ки аз фаъолияти ҷиноятии субъекти муносибатҳои ҷамъиятии бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда расонида шудаанд, ки ба хатари ҷамъиятии кирдор таъсири назаррас мерасонанд. Масалан, модар ба кӯдаки навзоди худ ғизо намедиҳад, ки дар натиҷа ӯ мемирад. Дар ин ҷо марги кўдак бояд ҳамчун натиҷаи беамалии модар баррасӣ карда шавад. Беамалӣ - ғизо надодан - боиси камғизоӣ гардид, ки дар натиҷа ба марг бурда расонид. Оқибати куштор на камғизоӣ, балки марги кӯдак хоҳад буд. Ба ибораи дигар, субъекти махсуси ҷиноят танҳо вақте ба вуҷуд меояд, ки шахси мукаллафи ба синни муайян расида, кирдори барои ҷамъият хавфнокро содир намояд, ки аломатҳои тарафи объективии ҷиноятро дар бар гирад.
Субъекти ҷиноят ҳамзамон бо тарафи субъективии ҷиноят дар робитаи зич қарор дорад. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, тарафи субъективии ҷиноят - ин ҷониби дохилии таҷовуз, ки ҳолати рӯҳии (субъективии) субъектро ҳангоми содиркунии ҷиноят тавсиф медиҳад. Тарафи субъективӣ муносибати равонии шахсро ба кирдори содиркардааш ва оқибатҳои он тавсиф мекунад. Вай ягонагии хосиятҳои зеҳнӣ ва ихтиёрии шахсиятро ифода мекунад, ки дар ҳамбастагӣ баррасӣ мешаванд ва дар рафтори инсон (яъне, тавассути тарафи объективии ҷиноят) ифода меёбанд.
Тарафи субъективӣ тарафи дохилии (нисбат ба тарафи объективӣ) ҷиноятро тавсиф мекунад.
Бояд зикр намуд, ки субъекти ҷинояти алоҳида аз тарафи субъективии ҷиноят, яъне муносибати муайяни равонии шахс ба кирдори барои ҷамъият хавфноки содиркардаи ӯ ташаккул меёбад. Аммо, сарфи назар аз он, ки ҳамаи ин чор аломати ҷиноят бетағйир мемонанд, онҳо дар раванди ташаккули бандубасти ҷиноят на ҳамеша баробар иштирок мекунанд. Чунин мешавад, ки аломатҳои объекти ҷиноят танҳо шартӣ буда метавонанд. Дар ин ҳолат, чун қоида, объекти ҷиноят танҳо унсури техникии ҷиноят мебошад. Маҳз аз рӯйи дигар аломатҳои вобастаи ҷиноят ё шабеҳи он бештар мушоҳида мешавад. Агар мо чунин аломатҳои таркиби ҷиноятро, аз қабили сохтакории хизматӣ (моддаи 323-и КҶ ҶТ) ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 313-и КҶ ҶТ) омӯзем, маълум мегардад, ки сохтакории хизматӣ, гарчанде ки ба таври муайян дар бар мегирад ва ба сӯиистифода аз мансаб монанд аст, аммо дар айни замон, онҳо аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Ҳангоми баромадан аз ваколатҳои мансабӣ шахси мансабдор бешубҳа аз доираи салоҳияташ берун мебарояд ва дар ҳолати қалбакии хизматӣ субъект дар доираи онҳо амал мекунад, аммо маълумотҳои ҳуҷҷатҳои расмиро тағйир медиҳад. Ба ҳамин тариқ, ба аломатҳои алоҳида тақсим кардани таркиби ҷиноят аз сабаби бо ҳам алоқаманд будани онҳо шартӣ ба назар мерасад. Ҳар яке аз ин аломатҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанд.
Ҳамин тариқ, таъсири мутақобилаи тарафи субъективии ҷиноят бо субъекти дар шакли инъикосӣ дар шуури шахс ба амал меояд, ки ӯ (шахс) субъекти дорои аломатҳои махсус буда, қасдан ё худсарона содиркунандаи кирдори дахлдори барои ҷамъият хавфнок мебошад. Умуман, субъекти махсуси ҷиноят бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят зич алоқаманд аст, ки онҳо ё аломатҳои субъекти махсусро (объект, тарафи объективӣ) муайян мекунанд ва ё имкон медиҳанд аломатҳои субъекти махсус (тарафи субъективӣ) эътироф карда шаванд. Аз ин ҷост, ки субъекти махсус тавассути дарк намудани хусусиятҳои хоси худ дар ҷараёни содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок ба арзишҳо, манфиатҳо ва неъматҳои бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда, ки бо хусусиятҳои фаъолият ва мақоми субъекти махсус алоқаманданд, зарар мерасонад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи таҳқиқи масъалаи робитаи субъекти ҷиноят бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
1.Ҳамаи аломатҳои таркиби ҷиноят ба тарафи субъект таъсири калон расонида метавонанд ва вобаста ба ин субъект ҳамон унсурҳоеро соҳиб мешавад, ки ӯро ба категорияи субъекти ҷиноят мегузорад. Аз ҷумла, унсурҳои махсуси субъекти махсус на танҳо бо ҳамкории субъекти ҷиноят бо дигар аломатҳои ҷиноят, балки бо хусусиятҳои чунин таъсири мутақобила низ муайян карда мешаванд. Ин ҳолат махсусан дар таҳлили таъсири унсурҳои субъекти махсуси ҷиноят ба ташаккули объекти таҷовузи ҷиноятӣ зоҳир мегардад.
- Қонунгузории ҷиноятӣ ба ғайр аз аломатҳои умумии субъекти ҷиноят, ки ба субъекти ҳар гуна ҷиноят хос аст, инчунин аломатҳои иловагиеро, ки ба субъектҳои алоҳидаи ҷиноят хос мебошанд, муайян мекунад. Ин аломатҳо хеле гуногун буда, муқаррар намудани онҳо барои ҳалли масъалаи содир кардан ё содир накардани ҷиноят аз ҷониби шахс ва ҷазо, инчунин дараҷаи ҷавобгарии шахс ҳатмӣ мебошанд.
РОБИТАИ СУБЪЕКТИ ҶИНОЯТ БО ДИГАР АЛОМАТҲОИ
ТАРКИБИ ҶИНОЯТ
Дар мақола масъалаи робитаи субъекти ҷиноят бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, зимни таҳқиқот андешаҳои олимони ватанию хориҷиро ба инобат гирифта, робитаи субъекти ҷиноятро бо дигар аломатҳои таркиби ҷиноят муайян кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқот муаллиф ба чунин хулоса омадааст, ки ҳамаи аломатҳои таркиби ҷиноят ба тарафи субъект таъсири калон расонида метавонанд ва вобаста ба ин субъект ҳамон унсурҳоеро соҳиб мешавад, ки ӯро ба категорияи субъекти ҷиноят мегузорад. Аз ҷумла, унсурҳои махсуси субъекти махсус на танҳо бо ҳамкории субъекти ҷиноят бо дигар аломатҳои ҷиноят, балки бо хусусиятҳои чунин таъсири мутақобила низ муайян карда мешаванд.




