Зеҳн

Стратегияи идоракунии ноономикию ноотехнологӣ дар менеҷменти асри ХХI

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Эсанов М. Д.

Бояд қайд кард, ки инқилоби чоруми саноатӣ ва технологияи насли шашум аллакай аз аввали солҳои асри ХХ дар ҷаҳони пешқадам шурӯъ шудааст. Он аллакай дар равишҳои соҳибкории сифати баланди байналмилалии системаи техникиву технологӣ ва иттилоотиву иртиботии электронӣ (СТТИИЭ), самаранокии баланди худро дошта, оид ба ин равиши рушдёбандагии иттилоотии электронӣ чандин институтҳои байналимллалии ҷаҳонӣ кор мекунанд. Аз ин хотир, ин равиши тамаддунсозӣ пурраи мазмуну муҳтавои навини нооиқтисодиву ноотехнологӣ буда, таъсиррасонии бузургро дар рушди нерӯи инсонӣ ва умуман тамоми тарафҳои фаъолиятҳои касбии инсонӣ доранд.

Фаъолгардониву суръатгардонии ҷараёни роҳбарӣ дар менеҷменти муосири касбиро он кормандону менеҷерони хислати меҳнатии креативию когнитивӣ дошта метавонад, ки пайваста амалӣ сохта, корхона ва ё ширкатро то ба сатҳи байналмилалӣ расонида, рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ гардонанд. Дар муҳлати зиёда аз 50 сол дар ҷаҳон рушдёбандагии баланди СТТИИЭ рафта истодааст, ки мазмуну мундариҷаи он ҳар як 10 – сол куллан тағир ёфта, функсия ва вазифаҳояшон низ тағйир меёбанд.

Талаботи худи муҳити навини тамаддунсозиву рушдёбандагии навини креатвию когнитивии эҷодиву кашфиётии баланди инноватсионӣ моро маҷбур менамояд, ки ин захираҳоро шиносем ва фоидаи фаъолияти соҳибкориву рушдёбандагии тамаддунсозии насли наврас пурра истифода бубарем.

Аз нигоҳи дигар, ин худ талаботи замони рушдёбандагии асри ХХI буда, дигар инсони навини индустриалии 2-юм наметавонад, ки дар шаклу намуди пешинаи муҳити СТТИИЭ соҳибкориву зиндагонии пешина дараҷаи некуаҳволии худро баланд бардоранд. Яъне мазумуну мундариҷаи навини СТТИИЭ зарур мебошад, ин талаботи баланди истеъмолкунандаи имрӯза таъмин карда шаванд. Тахминан 50 сол пештар, ҷомеаи инсонӣ ба он боварии қатъӣ омада буданд, ки компютер ҳатман дар соҳаи саноат истифода карда мешаванд ва махсусан дар соҳаи кайҳоншиносиву астраномияву дигар системаҳои ҳисоббаробаркуниҳои мушкилу чандинҷонибаи СТТИИЭ.

Баъдан, ҷомеаи касбӣ ба он хулоса омаданд, ки соҳаи асосии истифодаи СТТИИЭ танҳо дар соҳаи соҳикориву хоҷагидорӣ судовараии баландро дошта, метавонад, ки корхонаву ширкатҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ расонанд. Яъне бо истифода аз системаи навини СТТИИЭ корхонаву ширкат метавонад, ки тамоми ҷараёни фаъолиятҳои идоракунии истеҳсоливу маркетингиву логистикиро зери назорати пурраи худ қарор дода, самаранокиву фоиданокии баландро ба даст оранд.

Инчунин боз зиддиятҳову муборизаҳои зиёди инқилобгарони соҳа оид ба ивази пурраи одам дар натиҷаи компютерикунониву рушди баланди технологиро оварда, фикру ақидаи донишмандони соҳа низ фарқкунанда буданд. Аммо аз аввали арси ХХI сар карда, дигар ягон шакҳу нобоварие намонд, ки инсоният зарурати рушдёбандагии баланди СТТИИЭ – ро барои ҳар як аъзои ҷомеаи соҳибақл надошта бошад, барои ҳар як фарди солими ҷомеа сар карда аз телефони мобилӣ то тамоми асбобҳои рӯзғордорӣ пурра ба ин СТТИИЭ пурра пайваст гаштаанд ва дигар ҷомеаи инсонӣ берун аз ин система наметавонад, ки зиндагонии озоди хушбахтона дошта бошад.

СТТИИЭ –ии навинро махсусан дар илму инноватсия ва соҳибкориву менеҷмент ва дар соҳаҳои тиббу кайҳоншиносӣ истифода карда, инсоният имрӯз ба зинаи дигари рушдёбандагии тамаддунсози худ расида истода, ноотехнологияи насли шашумро кор карда баромада истодаанд, ки албатта, шоёни қабул буда, имконоти судоварии баландро дорад.

Судовар будани истифодаи захираҳои кайҳонӣ, ки он ширкату корхонаҳое, ки аз техникаву технологияи баланди кайҳонӣ истифода мебаранд, аз ширкату корхонаҳои дигар 100 солаҳо пеш гузашта, соҳиби даромаду фоидаи зиёде мегарданд, ки онро 10 – сол пештар тасаввур кардан ғайриимкон буд. Яъне равишҳои навини рушдёбандагии консептуалии СТТИИЭ дар асри ХХI як имконоти дигари ҷомеаи навини индустриалии 2 –юм буда, зарурати гузаштан боз ба зинаи болотару мураккабтари нооиқтисоду неоиқтисоду геоиқтисод мегарданд.

Дар натиҷаи чунин як болоравии рушдёбандагӣ СТТИИЭ метавонем, бигуем, ки шояд то солҳои 30 –юми асри ХХI талаботи баланди омӯзишии фосилавии касбиву ҳунарӣ дар шабакаи пайвастаи электронӣ дар реҷаи онлайн сурат гирифта, одамон аз системаи таҳсилоти рӯзона дар соҳаҳову ихтисосҳои алоҳида даст кашанд ва ё интихоби ихтисосҳои СТТИИЭ дар сафи аввал қарор диҳанд.

Ҷомеаи индустрияавии навин барои худ аз ҳама зиёд ин ихтисосҳоро касб кунанд, эҳтимол дар оянда боз ихтисосҳои нодири навини ин соҳа пайдо шаванд ва ин ҷарёнҳои тамаддунсозии асри ХХI – ро таъмин созанд. Ин мазумуни онро дорад, ки ҳамарӯзаву ҳамасола мазмуни зиндагонӣ, тарзу усули маълумотгириву омӯзиш ва роҳу равиш, диққатҷалбкунандагиву лаззатбарии инсонӣ, шаклу равиши навину сифатноку беҳтари СТТИИЭ-ро гирифта, худи инсоният ба дараҷаи зинаи 4-7-уми рушдёбандагии худ омада расида истодааст.

Агар ба таърихи рушди тамаддунсозии иттилоотии технологӣ назар афканем, имрӯз то ба насли шашум расида, чорум инқилоби пурраи саноатии худро аз сар гузаронида истодааст. Аксари донишмандони бахши таърихии менеҷмент, аз он ҷумла донишманди машҳури бахши менеҷмент Друкер Питер менависанд, ки аввалин инқилоби саноатӣ ҳамон вақт оғоз гадидааст, ки мардумон навиштанро омӯхтанд.

Дар Байнаннаҳрайн (минтақаи таърихию ҷуғрофӣ дар Шарқи Наздик, ки дар водии ду дарё Даҷла ва Фурот ҷойгир аст) омӯхтани хат тахминан 5- 6 ҳазор сол пештар рост меояд.

Бозёфтҳои шаҳри Саразми Тоҷикистон нишонаҳои аз ин низ болотару баландтарро нишон медиҳанд, ки таърихи 5,5 – 7 ҳазорсола доранд. Ё таърихи обёрии заминҳову орд кардани гандуму дигар равишҳои саноатӣ таърихи боз зиёдтарро доранд. Инчунин, инқилоби дуввуми ҷаҳонии саноатиро аксар олимон ба пайдоиши китоби «Қуръони шариф» баҳо медиҳанд, ки тақрибан 1400 сол умр дорад. Таърихи сеюми рушдёбандагии саноатиро донишмнадон дар баробари пайдоиши таҷҳизоти чопӣ (печатӣ) баҳо дода, пайдоиши онро тахминан ба солҳои 1450 – 1455 нисбат медиҳанд, ки пайдоиши ҳарфҳоро дар таҷҳизоти техникӣ ҷой карда буданд. Ин рушди инқилобӣ аслан дар Италия, Юнон ва давлати Чини қадим таъсири тамаддунсозӣ дошта, пайдоиши китобҳои дар ин таҷҳизоти техникӣ пайдошударо ба майдон овардааст.

Албатта, инқилоби чоруми саноатиро ҳамчун инқилоби тақдирсози рушдёбандагии саноатӣ дар таърихи ҷомеаи башар ҳисобида, роҳу равиши таъсиррасониву судоварии он аз пештар дида садҳо маротиба самараноку фоидавовар гашта, дар тамоми соҳаҳо тағйирёбандагиву суръатнокии инқилобиеро ба майдон овардааст, ки дар таърихи ҷомеаи инсонӣ дар ягон давру замон дида намешуданд. Махсусан, вақте таҷҳизотҳои СТТИИЭ ба майдон омада, таҷҳизотҳои бузурги чопӣ китобу рӯзномаву варақҳои алоҳидаи хаттӣ ба майдон омаданд. Ин як инқилоби бузурги ҷаҳонӣ буда, аллакай арзиши аслии китобҳову масолеҳи чопӣ хеле поён рафта, имконоти ҷомеаи инсонӣ ба омӯзишу иттилоот хеле боло рафта, саводнокшавии пурраи одамон суръатнокии баланд гирифт.

Вобаста аз ин, дар соҳаҳои дигар низ пайдоиши техникаву технологияи аввалини саноатӣ доир ба коркарди ашёи хом, махсусан пахта, имкон дод, ки инқилоби навини саноатиро одамон бубинанд. Аслан, аз рӯи гуфтаҳои донишамндони соҳа, ин равиши аввали солҳои 80 – уми асри ХVIII оғоз гардида, зиёда аз 200 сол то замони мо идома дорад. Бояд қайд кард, ки технологияи навини истеҳсолӣ китобу дигар маводи чопӣ имконоти баланди ҷалбсозии тамоми аъзоёни ҷомеа ба таълиму тарбия гардид. Доир ба аксари равишҳои таълими забону адабиёт, риёзиву геометрия ва таъриху фалсафа китобҳои таълимӣ навишта шуданд, низоми маориф дар тамоми дунё хеле боло рафта, оҳиста оҳиста донишгоҳҳову донишкадаҳо зиёд шуда, саводнокшавии ҷомеаи инсонӣ пурра шурӯъ гашта, чунон як талаботи бузургро гирифт, ки бояд тамоми аҳолии рӯи замин ҳатман маълумоти пурраи касбӣ дошта бошанд. Аз ин хотир, ба рушди ҷомеаи инсонӣ, фарҳангу тамаддун, маориф, санъат, дину диндорӣ таъсири технологияи иттилоотӣ расонида, метавонад, ки ҳамчун унсури асосии тамаддунсозии асри ХХI низ баромад карда, боз зинаҳои аз ин болоро аз бар намояд. Дар ин сурат инқилоби панҷуми саноатӣ он қадар дур намемонад.

Бояд қайд кард, ки рушди СТТИИЭ дар баробари пайдоишу рушди тамаддунсозии худ дар 100 соли охир дар низоми касбиву ҳунарӣ чунон як тағйирёбию рушди инқилобиеро ба майдон овардааст, ки инсоният дар тамоми давраи рушди худ надоштааст.

Инчунин, пайдоиши ихтисосу муттахасисини касбҳои куллан навини рушди технологӣ, аз истифодабаранди одӣ сар карда, то техник ва ё устои компютер, барномасоз, истифодаи барномаҳои касбии бухгалтерӣ, барномаҳои махсуси байналмилалӣ, барномаҳои махсуси бонкӣ, идоракунии низоми байналмилалии электронӣ ва дигар равишҳои зиёде, ки махсусан бо пайдоиши технлогияи навини иттилоотӣ ба майдон омаданд, натиҷаи рушди бемайлони технологияи муосир мебошад. Аз ҷониби дигар, чунин равиши имконоти рушдёбандагии ақлонии инсонӣ дар асри ХХI буда, ба менеҷменти стратегии касбиву ҳунарии ширкату корхонаҳо як имконоти бузурги фарҳангии сарватшиносиву созандагиро ба майдон оварда, рақобатпазириву устувории онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам сохта истодаанд.

Равиши дигар иттилооти техникӣ, ки тариқи компютерҳо сурат мегирад, ҳанӯз солҳои 60-80-уми асри гузашта пайдо гашта, ширкати технологияи баланддоштаи «IBM» ва «Microsoft» имрӯз ҷаҳонӣ гаштаву дар ин соҳа пешвои байналмилалӣ мебошанд. Онҳо ҳамасола миллиардҳо доллари амрикоӣ даромад мегиранду даромадашон аз мамолики 10-15 миллион нафар аҳолӣ дошта болотар аст. Ин нишонаи потенсиали олии технологияи иттилотие аст, ки дар сатҳи ноотехнолгии ҷаҳонӣ расида, пешвою рақобатпазири бозори глобалии сайёра мебошанд.

Инчунини намуди дигари рушди технологияи иттилоотӣ ин дар чопи мақолаю маводҳои тағриботии навин мебошад, ки оғози он низ аз солҳои 20-30 –юми асри ХХ сар шуда, имрӯз дар давлатҳои рушдёфтаи дунё адади мақолаю маводҳои махсуси соҳавӣ ба садҳо ҳазорҳо ва ҳатто ба миллион расида, ихтисосҳои рӯзноманигориву чопиву дигар равишҳои воситаи ахбори умумро дар сатҳи хеле баланд қарор дода, имконоти байналмилаливу ҷаҳонӣ гирифт онро пурзӯр гардонидааст. Аз ин хотир, ба он боварии комил метавон гуфт, ки дар соҳаи рушди иттилоотии технологӣ, ки мо онро ноотехнология низ муаррифӣ намудаем, як инқилоби навини панҷуми саноатӣ ба майдон омада истодааст, ки он дар зиндагонниву рӯзгори мардум, дар ҳақиқат ҳолату имконоти дигару баланди сатҳи зиндагониро ворид месозад.

Ҳанӯз дар замони худ М.Бедил инсонро ба сӯи нишонагузориву мавқеъдорӣ дар дунё даъват намуда, Афлотунро намунаи ибрат оварда, чунин таъкид кардааст:

Қайди гардун нанги доноист, гар фаҳмад касе,

Хешро з-ин хум бурун ореду Афлотун кунед.

НООТЕХНОЛОГИИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТАМАДДУНСОЗИИ МЕНЕҶМЕНТИ АСРИ ХХӏ

Имрӯз ҷомеаи инсонӣ дар он боварии комил мебошанд, ки рушди СТТИИЭ имконоти бузурги тағйир додани донишу ҳунар ва тарзу усули зиндагонии фардиву ҷамъиятии ҳар яке аз мову шуморо дошта, худаш низ бо суръатнокии хеле баланд рушдёбандагӣ дорад. Чӣ қадаре, ки инсоният ба рушдёбандагии СТТИИЭ диққати махсуси рушдёбандагӣ медиҳанд ва ҳаракати коркарди системаву моделҳои навин доранд, ҳамон қадар моделу системаи рушдёбандагии худро инкишоф дода, имконоти рушдёбандагии нооиқтисодиро боз ҳам боло бардошта, боз имконоти навини инқилобиеро ба майдон меоранд, ки метавонанд зиндагонии моро дар Замин куллан нав гардонанд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2