Нусхаи нодири «Шоҳнома»-и асри XV–XVI
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, хусусан мероси хаттии ниёгон, ки сарвати бебаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати фарҳангиву илмии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳанўз 20 марти соли 2001 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат, ба аҳаммияти мероси мактуб ва зарурати ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории он таъкид намуда, гуфта буданд: “Муассисаҳое, ки ба ҳифзу тадқиқи ёдгориҳои хаттии таърихиву фарҳангӣ масъуланд, арзиши онҳоро ва дар айни замон ҳадди ҷавобгарии худро дар назди қонун ва масъулияти маънавиашонро дар назди миллат бояд хуб донанд”.
Певшои миллат зимни ин суханронии худ ҳамчунин аз баъзе ҳолатҳои қочоқ ва ба хориҷ аз кишвар интиқол шудани намунаҳои ёдгориҳои таърихӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба муассисаи марбутаи Академияи миллии илмҳо (собиқ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) дастур дода буданд, ки дар баробари таҳияи Феҳристи дастхатҳо номгўй ва миқдори нусхаҳои хаттиеро, ки дар дигар китобхона ва муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад.
Ин таъкиди Сардори давлат роҷеъ ба осори хаттӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дар он замон аз тороҷшавӣ ва ба яғмо рафтани мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангӣ, хусусан нусхаҳои қаламии мавҷуд дар ганҷинаҳои мероси хаттӣ ва осорхонаҳои ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуда, аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳи масъулини ниҳодҳои марбутаро барои нигаҳдорӣ ва ҷамъоварии ин осор афзоиш дод. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ шароит ва воситаҳои муайян ва зарурӣ барои ҷамъоварии мероси хаттӣ фарҳам оварда мешавад, ки ҳадафи он ҷамъоварии китобҳои нодир ва умуман мероси хаттӣ бо мақсади аз нобудӣ наҷот додани он мебошад.
Дар ин росто, ахиран як нусхаи бебаҳои қаламии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба феҳристи дастнависҳои шарқии ганҷинаи дастнависҳои ба номи Абдулғанӣ Мирзоеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зам шуд. Нусхаи мазкур аз ҷониби мутахассисон ба асри XV мансуб дониста мешавад, ки чандин вақт дар бойгонии шахсии шаҳрванд Қурбонов Ҷаббор Ибодович нигаҳдорӣ шуда, бо кўшиш ва дастгирии бевоситаи академик Фарҳод Раҳимӣ, Президенти АМИТ ба ганҷинаи нусхаҳои хаттии АМИТ ворид карда шуд.
Айни ҳол дар ганҷинаи мазкур бештар аз 35 ҳазор нусхаи хаттӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки тўли 60-70 соли гузашта тавассути мутахассисон гирдоварӣ шуда, яке аз бузургтарин Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ дар қаламрави собиқ Шуравӣ ба шумор меравад.
Нусхаи “Шоҳнома”-и воридшуда аз 133 варақ (266 саҳифа) иборат буда, 14 минётури ранга дорад. Минётурҳои он дар навбати худ арзиши ҷудогонаи таърихӣ ва ҳунариро доро мебошанд. Ин нусха нисбат ба тамоми нусхаҳои дигари хаттии “Шоҳнома”, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, аз лиҳози таърихи китобат қадимтар мебошад. Аз рўи навъи қоғаз, хат ва тарзи ороиши нусха он ба асри XV марбут дониста мешавад. Тамоми нусха бо як хат аз ҷониби хаттоти чирадасте навишта шудааст, ки мутаассифона, бо сабаби мафқуд шудани баъзе авроқи он, номи хаттот ва соли дақиқи китобати он ҳоло муайян нашудааст. Нусхаи мазкур фармоишӣ буда, эҳтимол дорад аз тарафи яке аз подшоҳони сулолаи Темуриён фармоиш дода шуда бошад. Барои он фармоишӣ будани нусха таъкид мешавад, ки ороиши тамоми нусхаҳои фармоишӣ аз рўи тавсифи феҳристҳои мухталифи китобхонаҳои дунё қариб якранг аст.
Ҳаҷми нусха 34х23.5, ҳаҷми матн 16х21т. ва ҳар варақ аз 24 сатр иборат буда, дар 4 сутун навишта шуда, атрофи матн ва сутунҳо бо рангҳои обӣ, тиллоӣ, сабзи камрангу сиёҳ ҷадвалкашӣ шудаанд. Хатҳои атрофи матн ғафз буда, бештар бо ранги тиллоӣ кашида шудаанд. Ҳошияҳои тамоми варақҳои дастнавис бо як ҳунари воло ва бо ранги тиллоии тунук гулкорӣ шудааст. Гулҳои ҳар саҳифа якхела набуда, гуногуншакл мебошанд. Ҳунари ороиши варақҳо ба мактаби бузурги наққошии Беҳзод монанд мебошад ва эҳтимол дорад, ки он дар Ҳирот китобат шуда бошад.
Тамоми унвонҳои нусхаи фавқуззикр бо ду ранг–тиллоӣ ва сурх дар байни сутунҳои дуюм ва сеюм навишта шуда, атрофи унвонҳо бо рангҳои дар боло зикршуда ҷадвалкашӣ шудаанд. Ҳамаи унвонҳои китоб бо гулкории нозуку нафис ороиш ёфта, дар он рангҳои маъмули сурху тиллоӣ истифода шудааст.
Тавре зикр шуд, як хусусияти муҳимми дастнависи мазкур вуҷуди минётурҳои дохили он буда, ҳамаи минётурҳо аз рўи рангу тарзи наққошияшон маҳсули кори як ҳунарманд аст.
Дар ин минётурҳо бештар саҳнаи набард, лаҳзаи шикори шоҳон, шикори шер, ҷангҳои тан ба тан, ташрифоти дарбори шоҳон ва акси кушта шудани Суҳроб ба дасти падар тасвир шудааст. Минётурҳо вобаста ба мазмуни достонҳо ва дар рафти тасвири воқеаҳо ба матн дохил карда шудаанд. Порчаҳои назмӣ дар минётурҳо бо хати настаълиқи зебо навишта шудаанд, ки эҳтимолан мансуб ба қалами ҳамон рассом мебошанд.
Метавон гуфт, ки дастнависи тоза пайдошудаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ-ро ғанӣ гаронида, ҷиҳати омўзиши ҳунари хаттотиву наққошии асрҳои миёна барои мутахассисони тоҷик сарчашмаи муҳиме маҳсуб хоҳад шуд.




