Нақши Ҳиндустон дар ҳалли буҳрони Афғонистон
Зиёда аз чор даҳсола инҷониб таҳаввулоти дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар меҳвари таваҷҷуҳи на танҳо давлатҳои ҳамсоя, балки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Вазъ дар атрофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз ҳодисаҳои террористие, ки 11 – уми сентябри соли 2001 дар Илоёти Муттаҳидаи Амрико ба вуқўъ омад, муташанниҷ гардид. Чунки амали террористие, ки дар шаҳри Ню-Йорк ва Вашингтони Илоёти Муттаҳидаи Амрико содир шуда буд, масъулони он дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфта буданд. Илоёти Муттаҳидаи Амрико дар ташкил ва амалӣ намудани ин ҷинояти даҳшатнок Усома бин Лодан- роҳбари “Ал-қоида”-ро муттаҳам намуд.
Новобаста аз он, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади муштарак надорад, лекин дар фазои ягонаи геополитикӣ ва робитаҳои анъанавӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор доранд. Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҳамчун самти афзалятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад. Зеро ҳалли буҳрони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷавобгўи манфиатҳои миллии ин кишвар мебошад. Муташанниҷ шудани вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун давлати сермиллат ва федеративӣ метавонад омили ноустувор шудани вазъият гардад. Ҷумҳурии Ҳиндустонро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон - давлате, ки муддати тўлонӣ рақиб ва мухолифи Ҳиндустон аст, ҷудо мекунад. Тавре ки сафири собиқи Ҳиндустон дар Афғонистон В. Каҷу таъкид кардааст, ки “Ҳиндустон ба Афғонистон тавассути айнакҳои кишвари сеюм нигоҳ намекунад, бо вуҷуди ин, Деҳлӣ нақши Покистонро дар рушди рўйдодҳои Афғонистон аз охири солҳои 1970 ва 1980-уми асри гузашта фаромўш карда наметавонад”. Дар муқовимат бо гурўҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон, Ҳиндустон, “Эътилофи шимол”-ро аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳарбӣ дастгирӣ мекард, ки неруҳои асосии онро бештар тоҷикони Афғонистон ташкил мекарданд.
Ҳиндустон ҳамеша амалҳои башардўстонаи худро нисбат ба Афғонистон аз назари эҳтиромгузорӣ ба кишвари мусулмон ва дини ислом иҷро менамуд. Зиёда аз як саду бист миллион аҳолии онро мусулмонон ташкил мекунанд. Ба сари ҳукумати Афғонистон омадани ифротгароёни ҳаракати “Толибон” Деҳлиро нигарон сохта буд, ки ба ин далел эхтимоли гурўҳҳои исломии радикалии худи Ҳиндустон фаъол шаванд. Ҳиндустон барои истифода набурдани ҳудуди Афғонистон ҳамчун пойгоҳи омўзишии инфротгароёни минтақаи Кашмир ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон нигарон мебошад.
Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ нигоҳ доштани муносибатҳои дўстона бо Афғонистон барои Ҳиндустон муҳим гашт, зеро ин омили хуби ривоҷ ёфтани робитаҳои ў бо давлатҳои нави соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ буд. Аз вазъияти Афғонистон имкониятҳои тараққиёти робитаҳои иқтисодии Ҳиндустон бо ҷаҳони Осиёи Марказӣ вобаста буд, чунки аз қаламрави он тамоми муносибатҳои байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегузаштанд, ки онҳо метавонистанд ба даст овардани манбаъҳои энергетикии минтақаро барои Деҳлӣ осон гардонанд.
Дар давраи ҳузури неруҳои Шўравӣ дар Афғонистон, Ҳиндустон дар баробари муқобил будан ба дахолати як давлат ба корҳои дохилии як давлати дигар, ворид шудани Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистонро рўйрост маҳкум намекард. Баъд аз баровардани қушунҳои Шўравӣ ва пошхўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, мавқеи Россия ва Ҳиндустон дар масъалаи Афғонистон рост омаданд ва айни ҳол робитаҳои онҳо хело хубанд ва мавқеъҳои онҳо қариб мувофиқат мекунанд.
Аллакай моҳи марти соли 1996 дар арафаи сафари вазири корҳои хориҷии собиқи Русия Е.М. Примаков ба Ҳиндустон, маҷаллаи ҳиндии «indian time» ба монандии мавқеи Россия ва Ҳиндустон, ки ба забти минтақаҳои асосии Афғонистон аз ҷониби толибон ва дахолат кардани Покистон, ИМА ва баъзе давлатҳои халиҷи Форсро ба корҳои дохилии Афғонистон таъкид мекард. Устувор гаштани ҳокимияти “Толибон” чи дар Москва ва чи дар Деҳлӣ ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои стратегии онҳо дар минтақа ба ҳисоб мерафт.
Ҳукумати Ҳиндустон 12-уми октябри 1996 сол барои барқарор кардан ва мустаҳкам гардонидани қувваҳои мусаллаҳ ва аз ҳама муҳим озодии мардуми афғон, кўшиши зиёди худро ба харҷ дод, ки дар натиҷа СММ ҷонибдори Ҳиндустон шуд. 16 – октябри соли 1996 намояндаи доимии Ҳиндустон дар СММ Пракош Шоҳ дар нишасти Шўроӣ Амният бо изҳороти махсус оид ба вазъияти Афғонистон баромад кард. Ў ёдовар шуд, ки “Ҳукумати Ҳиндустон Бурҳониддин Раббониро чун пештара, президенти расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қабул дорад”. Ба ақидаи Ҳукумати Ҳиндустон, агар кишварҳои абарқудрат ва ҳамсоякишварҳо хоҳанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба анҷом расад, бояд онҳо ба як хулоса омада, манфиатҳои худро бо роҳҳои зўроварӣ дар Афғонистон истифода набаранд. Ҳиндустон ягона кишвари ташаббускоре буд, ки дар ҳама конфронсҳои байналмилалӣ барои сулҳу оромии Афғонистон сухан меронд. Моҳи ноябри соли 1996 дар шаҳри Ню – Йорки ИМА конфронс оид ба ҳалли буҳрони Афғонистон баргузор гардид, ки дар он
19 кишвар аз ҷумла ИМА, Покистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Хитой ва кишварҳои абарқудрати аврупоӣ иштирок намуданд. Дар ин конфронс намояндаи Ҳиндустон К. Рангунат иброз намуд, ки “Афғонистон метавонад бе дахолати кишварҳои дигар тинҷиву оромиро дар кишвари худ пойдор созад”. Инчуни зарур аст, ки дар Кобул зулм ва қувваи низомиро қатъ намоянд, то ин ки раванди сиёсии кишвар ба танзим дароварда шавад.
Дар охирҳои соли 1999 ҳукумати Ҳиндустон барои боз ҳам хуб кардани муносибатҳои худ бо Афғонистон сиёсати фаъолтарро пеш гирифт. Ҳамин тавр, 31 – уми августи соли 1999 вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷасват Сингҳ дар Деҳлӣ дар мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “қарори ҳукумат оид ба сиёсати расмии кишвар дар муносибати Афғонистон аз нав дида баромада шавад ва ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.”. 2 сентябри соли 1999 ду дипломати баландмартабаи ҳукумати Ҳиндустон дар ҳамин мавзуъ ба ИМА сафар карданд ва дар ин сафар бо ёрдамчии Президенти ИМА оид ба Осиёи Миёна С. Карлом суҳбат намуданд. Ҳамин тариқ, бар зидди ҳаракатҳои фаъоли террористие, ки 90 фисади шаҳру минтақаҳои Афғонистонро забт карда буданд, чораҷўйӣ намуданд.
Сабаби фаъолшавии Ҳиндустон дар муносибат бо Афғонистон дар он буд, ки шаҳру минтақаҳои дар зери нуфузи ҳаракати «Толибон» буда озод сохта шаванд. Дар минтақаҳое, ки Толибон назорат мекарданд, ҳуқуқи шахс, аз ҷумла, занҳо поймол мешуд ва ин тарзи муносибат онҳоро ба асри миёнагӣ бурда мерасонд. Онҳо рўйрост террористи асосии байналмилалӣ Усома бин Лоданро, ки дар ҳаракатҳои ифротӣ бар зидди ҳукумати Кобул ширкат меварзид ва инчунин ҷомеаи ҷаҳониро инкор мекард, дастгирӣ мекарданд.
Пуштибонони ҷунбиши «Толибон» худи Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон буданд, ки дар охир фаъолияти худро бар муқобили ин ҷунбиш ба роҳ монданд. Аз аввал ба он ақида буданд, ки ғалабаи Толибон низоми баъд аз Шўравӣ дар Афғонистонро решакан менамояд ва вазъи ин кишварро ба як тартиби муайян медарорад, аммо ин пурра амалӣ нагашт. Инчунин ба ақидаи намояндагони департаменти давлатии Амрико “агарчи ақидаи онҳо фундаменталӣ ҳам бошад, лекин ҳадафҳои зидди Амрикоро ба монанди Эрон пайравӣ намекунанд”. Аммо баъдан ҳукумати Амрико ҳаракати “Толибон”-ро дигар дастгирӣ накард, зеро ки Толибон Усома бин Лоданро қабул ва паноҳ карда буданд.
Дар натиҷа ҳукумати ИМА Усома бен Лоданро душмани “рақами яки” худаш эълон кард ва 5 миллион доллар барои ҷойи ин шахсиятро ошкор кардан ва ба Ҳукумати Амрико хабар додан пешниҳод кард.
Террористи байналмилалӣ Усома бен Лодан аз ҷониби худ ба ду кишвар, дар аввал Амрико ва баъдан ба Ҳиндустон ҷиҳод эълон кард.
Аввалҳои моҳи октябри соли 1999 дар Ҷалолобод, ҷанги муқаддас бар зидди Ҳиндустон эълон шуда буд. Дар эъломия чунин гуфта шуда буд – “Душманони асосии мо Ҳиндустон ва ИМА мебошад, ки мо бояд ба онҳо дарси ибрат диҳем”. Инчунин дар ин эъломия омадааст, ки “ҳаракаҳои Ҳиндустон дар Кашмир маргбор аст” ва Бен Лодан тайёр аст ба муҷоҳиддини Кашмир дасти ёрӣ дароз кунад. Дар баробари ин гурўҳҳои муҷоҳиддонро дар Покистон мебояд муттаҳид шуда, бар муқобили ИМА ва Ҳиндустон мубориза баранд.
Бо ин васила, Ҳиндустон ҳадафи тайёр барои содир кардани амалҳои террористи аз ҷониби вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир буд, ки барои эҷод кардани хатар аз тарафи террористи машҳур Усома бен Лодан ва муҷоҳидони афғон ҳеҷ мушкилие надошт.
Яке аз сабабҳое, ки Ҳиндустонро ба ташвиш меовард, ин ифротгароёни динии афғон буданд, ки аз сарҳади ҳамсоякишвари худ Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ба осонӣ ворид гардида, амалҳои террористии худро содир мекарданд. Содир кардани амалҳои номатлуб ва эҷод кардани ҳар гуна хатарҳои ифротгароӣ дошта дар минтақаҳои сарҳадие, ки бо Покистон мегузашт, дар он буд, ки Ҳиндустон мавқеи онҳоро дар Афғонистон танг мекард ва намемонд бар зидди мардуми осоишта ва ҳукумати кишвар биҷанганд. Яке аз омилҳои ҷудогонаи ин ҳодисаҳо аз солҳои 80-ум ин ҷониб ба ҳамагон маълум аст, ки силоҳу аслиҳа дар тамоми шаҳру минтақаҳои ин кишвар паҳн шуда буданд. Муҷоҳидоне, ки дар Афғонистон буданд, дар гурўҳҳои “Ал – Ансор” ва “Ал – Фаран” амал мекарданд, ки баъдтар соли 1995 дар Кашмир 5 – сайёҳи ғарбиро ба гарав гирифта буданд. Ин гуна қабилаҳо гурўҳҳои ҷанговароне буданд, ки танҳо аз сарҳади Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ворид мегардиданд. Шумораи ҷанговарони ин гуна қабилаҳои афғонӣ дар Кашмир зуд – зуд тағйир меёфт.
Ҳиндустон дар шабакаи интернетӣ саҳифаи махсусе бо номи “Ҳақиқат дар Кашмир” дошт, ки соли 1999 дар як мақолаи “Толибон дар Кашмир” ба нашр мерасад. Дар ин мақола нуқтаи назари таҳлилгарони ҳиндӣ ва Кашмириро оварда қайд мекунад “аз вақте, ки Толибон дар Афғонистон ғолибиятро ба даст оварда буданд, зиёдшавии ҷанговарони исломӣ ва амалҳои ношоистаи онҳо дар Кашмир ба назар мерасид”.
Вале ин маънои онро надорад, ки муҷоҳидони афғон дар қаламрави Ҷамму ва Кашмир дар задухўрдҳо иштирок накарда бошанд. Онҳо дар атрофи Ҳиндустон ҷойгир шудаанд, аммо шумораи онҳо он қадар зиёд нест.
Бо таваҷҷуҳ ба далоил ва мисолҳои зикршуда метавон натиҷагирӣ намуд, ки Ҳиндустон яке аз бозигарони муҳимми дар таҳаввулоти чор даҳаи ахири Афғонистон мебошад. Чанд омил рўйҳамрафта сабаб ва далели асосии дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҳиндустон қарор гирифтани Афғонистон мебошад.
Тибқи маводи маъмулии расонаҳо Покистон Ҳиндустонро муттаҳам мекунад, ки ба гурўҳҳои ифротии мухолифи давлати Покистон, ки асосан ба таҳрики толибони Покистон иборат мебошад, кўмаки молӣ ва низомӣ мекунад. Мақомоти Покистон муътақиданд, ки пойгоҳҳои ин мухолифон дар хоки Афғонистон қарор дорад ва Ҳиндустон кўмакҳои худро ба ин гурўҳҳои исломгарои тундрав аз тариқи Афғонистон мерасонад.
Ҳиндустон ба Афғонистон ба ҳайси роҳи тиҷоратии роҳ ёфтанро ба бозорҳои Осиёи Миёна нигоҳ медорад, аммо дар ин миён Покистон монеи рушди ҳамкориҳои ду кишвар шудааст. Зеро роҳҳои тиҷоратӣ ва заминии Афғонистон ва Ҳиндустон аз тариқи Покистон убур мекунад. Ҳиндустон ахиран 400 миллион доллар дар сохтани бандари Чобаҳори Эрон сарф намуд, ки ҳадаф аз он боз намудани роҳи алтернативии транзитӣ барои Афғонистон мебошад. Ин иқдом вобастагии Афғонистон аз роҳҳои транзитии Покистонро кам мекунад.
Ин омилҳо боиси таваҷҷуҳи Ҳиндустон ба масъалаи Афғонистон шуда, дар навбати худ афзоиши рақобати носолими Ҳинду Покистон дар минтақа сабаб шуда метавонад, ки буҳрон дар Афғонистон идома ёбад.




