Зеҳн

Дидгоҳи нав оид ба масоили мубрами забон дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат»

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

С. Хоҷазод

Асари дуҷилдаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» дар масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дидгоҳи навро пешорўи пажўҳишгарон мегузорад. Ҳатто дар даврабандии забони тоҷикӣ таҷдиди назар сурат гирифта, пешниҳод мегардад, ки он бояд аз рўи хусусият ба давраи ташаккулу такомул, давраи меъёрбандии адабӣ, давраи таҷаддуд ва навҷўйӣ, давраи забони тоҷикии аҳди шўравӣ ва давраи забони тоҷикии замони Истиқлол гурўҳбандӣ шавад. Хусусиятҳои ҳар давра бо зикри мисолҳо, қоидаҳои шеваи китобат, низоми сарфи феъл ва тафовутҳо дар сохтмони он, махсусиятҳои шаклсозӣ ва калимасозии ҳиссаҳои нутқ, истифодаи ҷамъбандии арабӣ ва ғ. бозгў мешавад, ки барои пажўҳишҳои минбаъдаи забоншиносон маводи пурқиммат ва дорои муҳимтарин аҳамият мебошад. Дар асар дуруст таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли забон оғоз шуд, зеро забон ифодагари мақсаду омол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат буда, амсоли шиносномаи миллат ва заминаи муҳимтарини бунёди истиқлоли миллӣ шинохта мешавад. Ҳатто дар давраи мушкилтарини оғози ҳаводиси сиёсии солҳои аввали истиқлол ин рукни муҳимтарини ҷомеа муҷиби ваҳдати назарҳо, фикрҳо ва манфиатҳо будааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки «дар тамоми ин давраи нави таърихӣ, ҳатто дар сахттарин солҳои низои шаҳрвандӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурўҳу табақоти ҷомеаро сарфи назар аз тамоюлу самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ ба ҳам мепайваст, масъалаи забон буд. Ин ягона мавриде буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф нисбат ба он ҳамфикру ҳамақида буда, манфиати миллиро аз ормонҳои гурўҳӣ ва ҳадафҳои зудгузари ҳизбиву идеологии худ болотар мегузоштанд. Ин мисоли умедбахш, ба назари мо, яке аз омилҳое гардид, ки сипас дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дошт». Аз ин бармеояд, ки забон ба ҳайси рукни ваҳдатсоз, давлатсоз, миллатсоз, таърихсоз, фарҳангу тамаддун ва ҷомеасоз қудрати бузурги ба ҳам овардан, сарҷамъ намудан, офаридан, сохтан, бунёд намуданро дорад. Ба ин хотир, Пешвои миллат дар пешгуфтор андар сифатҳои забон пардохта, ду хосияти умдаи он- яъне баҳамоварӣ ё ваҳдатофарӣ, тавоноӣ ва рақобатпазириро бо арқоми муътамад ва бурҳони қотеъ зикр менамоянд.
Дар баробари қудрати ваҳдатофарӣ, ки қаблан тазаккур додем, тавоноӣ ва рақобатпазирӣ аз ҷумлаи сифатҳои дигари забони мо бозгў мегардад. Дар пешгуфтор омадааст, ки бо вуҷуди ин ҳама барои оммаи васеи мардумони Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар манотиқи Эрон, ки дини мубини исломро нисбатан ба осонӣ қабул карда буданд, забони арабӣ забони бегона боқӣ монд ва ҳаргиз ба ҳайси забони умумӣ пазируфта нашуд. Баръакс забонҳои хурду бузурги пароканда дар миёни мардумони эронитабори ин минтақа на танҳо ба забони арабӣ муқовимат карданд, балки дере нагузашта ба яке аз шохобҳои қавитари хушованди худ пайваста ва ё дар он ҳаллу ҳазм шуда, зояндарўди пурмарворидеро бо номи забони шевои «тоҷикӣ» (дарӣ, форсӣ) ташкил намуданд, ки то имрўз бо ҳамон ҷўшу хурўш равон аст. Сипас, хидматҳои мондагори як идда бузургмардону посдорони забон, ки ҷунбиши зиддихилофат ва истиқлолхоҳии машҳур ба шуубияро роҳандозӣ намуда, ба муқобили фишору худхоҳии арабҳо ва тарғиби забону фарҳанги миллӣ сар боло карданд, ифтихоромез баён мегарданд. Саранҷоми зиндагии ин ватанпарастон бисёр даҳшатовар аст. Лоиқӣ ба куфр муттаҳам шуд. Исмоил ибни Ясорро барои шеърҳояш бо фармони халифаи уммавӣ
–Ҳишом дар ҳавзи пур аз об андохта, сипас нимҷон ба Ҳиҷоз бадарға карданд ва Ибни Муқаффаъро аввал дасту по бурида, дар оташ андохтанд ва сипас, ҷисмашро дар ҳамон оташ сўхтанд ва монанди ин. Тавре мебинем, ин бузургмардон ба қимати ҷон суннатҳои миллӣ ва таърихии миллати бофарҳанг, вале дар он рўзгор сарафкандаи худро ба сурати нав ва ба забони байналмилалии вақт-забони арабӣ идома доданд.
Дар замони истиқлол дар матбуоти Тоҷикистон вобаста ба таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккулу рушди навини забони тоҷикӣ матолиби зиёди баҳсбарангез интишор гардидаву олимону адибон ва қишри рўшанфикри ҷомеа дар мавриди ягонагии забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ афкори мутафовитеро пайгирӣ мекунанд. Ҳар яке аз ин гурўҳҳо бо овардани далелҳои тасдиқкунанда дидгоҳи худро дуруст шуморида, ақидаи мухолифро қабул надоштанд ва афкори ҷомеаро ба саргумӣ мебурданд. Хушбахтона, назари қотеъи бо далелҳои таърихӣ асоснокшудаи асари «Забони миллат-ҳастии миллат» метавонад ба чунин баҳсҳо хотима гузошта, дар шинохти пайванди таърихӣ ва асолати забони мо афкори тозаеро падид оварад. Ба ақидаи муаллифи асар маҳз ҳамин пайванди таърихӣ, устувории решаҳои таърихӣ ва ягонагии забон ва дину маънавиёти ин мардумон аст, ки имрўз ҳам се кишвари ҳавзаи таърихӣ-Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ин забонро бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ забони давлатии худ қарор дода, миллионҳо нафари дигар дар кишварҳои минтақа онро забони модарии худ медонанд. Чунончи, дар тақвияти масъалаи мавриди назар таъкид мешавад, ки «барои насли имрўзаи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон бештар сухан гуфтааст. Ба назари мо, муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сардии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд. Акнун дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикўшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин, бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдори миллат ва кишварро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем». Гиреҳ намудани пайвандҳои гусастаи таърихӣ ва дар ҳамбастагӣ ҷаҳд намудан ба сўйи ояндаву бо ҳамгироӣ рафъ намудани мушкилоти равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ моро ба кўйи мақсуд мерасонад. Бале, вақти он расидааст, ки «…аз таҷрибаи ҳамзабонон, он чи ба табиати забони мо созгор аст, баҳра бардорем, қолабҳо ва унсурҳои суннатии вожасозиро бо истифода аз осори гузаштаи хеш фаъол созем, бори нуфузи забонҳои бегонаро, албатта ҳар он чӣ таҳмилӣ аст, аз дўш барандозем».
Дар китоб даврабандии таърихии забони тоҷикӣ бар мабнои сарчашмаҳои таърихӣ сурат гирифта, сараввал ба таърихи мардуми ориёӣ ва забони онҳо таваҷҷуҳ шудааст. Назари донишмандон дар хусуси сарзамини аввалияи қавмҳои ҳиндуаврупоӣ ба чор гурўҳ- Аврупои ғарбӣ, Баҳри Сиёҳ, навоҳии ҷануби Сибир ва Урал ва Ҳинд дастабандӣ ва бо зикри маводи таърихӣ ишора мешавад, ки «назарияи муҳоҷирати ориёиҳо ба Ҳинд дақиқтар ва илмитар аст ва ба ҳамин далел онро бояд чун асос пазируфт». Аз рўи ин назария сарзамини аввалияи қавмҳои ҳиндуаврупоӣ навоҳии ҷануби Сибир ва Урал буда, онҳо аз он ҷо ба тарафи Ғарб, яъне ба сўйи Аврупо ва ба тарафи Шарқ, ба тарафи Осиёи Миёна ва аз он ҷо ба ҷануб, яъне ба тарафи Ҳинд ва Эрони имрўза кўч бастанд. Ин назария мавриди пазириши бештари донишмандони ҷаҳон аст ва бар пояи бозёфтҳои бостоншиносӣ устувор аст. Даврабандии таърихи забони тоҷикӣ дар асоси умқ ва ҷиддияти асарҳои бунёдии «Асосҳои филологияи Эрон», «Асосҳои забоншиносии эронӣ», «Роҳнамои забонҳои эронӣ» ва дигар асарҳои ховаршиносони ҷаҳон ба риштаи пажўҳиш кашида шуда, ақидаҳо оид ба забони қавмҳои ҳиндуаврупоӣ, ба ду гурўҳ ҷудо шудани онҳо, муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва диниву суннатии ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ, ҷудоии онҳо бо диди нав ҷамъбаст шудаанд. Зикр мешавад, ки дар даврабандии забонҳои эронӣ- давраҳои бостон, миёна ва нав ҳанўз номуайянӣ ва номуназзамӣ ҷой дорад.
Дар фасли «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурўҳбандии забонҳои эронӣ» забонҳои эронӣ бар асоси бархе аз вижагиҳои таърихии овоӣ ба ду дастаи бузург-шарқӣ, ҷануби шарқӣ ва ғарбӣ, ҷанубу ғарбӣ гурўҳбандӣ ва забони тоҷикӣ ба гурўҳи ҷанубу ғарбӣ шомил шудааст. Хусусияти ҷолиби китоб дар он аст, ки дар бораи бархе аз забонҳои эронӣ, минҷумла авестоӣ, модӣ, форсии бостон, форсии миёна, портӣ, бохтарӣ, суғдӣ маълумоти тозаро дарёфтан мумкин аст.
Дар фасли мазкур чунин хулосаи илмии мантиқан собитшуда гўшзад мегардад, ки «аз ин забонҳо забони форсии бостон ҳамчун забони поягузори забони тоҷикӣ дар аҳди бостон ва забони форсии миёна ҳамчун забони поягузори мустақими забони мо дар аҳди миёна ҳисоб мешаванд ва аз рўи ақидаи маълум забони тоҷикӣ-форсӣ- дарӣ идомаи бевоситаи забонҳои забонҳои форсии бостон ва миёна ба шумор меравад. (саҳ.55) Сарманшаи ягона доштани забонҳои тоҷикӣ-форсӣ- дариро аз ҳамин ҷо мебояд ҷуст.
Боби дуюми асар, ки аз фасли «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» ибтидо мегирад, «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвон дорад. Дар таҳқиқу пажўҳиши истилоҳи «тоҷик» назари донишмандон М. Клапрот, А. Хромов ва Ж. Сан-Мартен мавриди назар қарор гирифта, дар шарҳи вожаи мазкур аз онҳо истинод оварда мешавад. «Соли 1806 М. Клапрот дар шаҳри Қазон бо бухороиҳо вомехўрад, ки онҳо забони модарии худро «тоҷикӣ-форсӣ» мегўянд. Бинобар ин, муаллиф ба натиҷае мерасад, ки сокинони Бухорои бузург ва Бухорои хурд худро тоҷик меноманд ва ин ном номи қадимии кишвари Форс ва форсҳо мебошад». Дар баробари муҳаққиқони Ғарб назари олимони Шарқ, ба вижа устод Садриддин Айнӣ, Муҳаммад Таботабоӣ, Ҷалолиддини Сиддиқӣ ва ғ. мавриди баррасиву баҳси илмӣ қарор гирифта, дар ин хусус назари муаллиф чунин ҷамъбаст мешавад: «Маъмулан калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрўзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрўзаи тоҷик ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст». Чунин фаҳмиш ва дидгоҳи тоза дар пажўҳиши калимаи «тоҷик» бояд дар сархати тадқиқоти илмии насли нав қарор бигирад.
Дар бобҳои дигари ин китоби арзишманд ва гаронмоя оид ба наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр, куҳнатарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ, забони илм ва ташаккули истилоҳот ва вазъи забони модарии мо аз аҳди Сомониён то Хоразмиён маълумоти тозаро дарёфтан мумкин аст.
Хусусияти дигари китоб дар он зоҳир мешавад, ки роҷеъ ба даврони салтанати ҳар як сулола маълумоти дорои характери сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ фароҳам омада, махсусияти асарҳои ба забони тоҷикӣ таълифгардидаи ҳар давр тавзеҳ мегарданд. Инчунин дар хусуси шоҳу амирон ва чеҳраҳои тобноки адабиёту ҳунари ҳар давра ва корбурди вожагони тоҷикӣ дар осори онҳо маълумоти фишурдаро ба хонанда дастрас мегардонад. Чунончи, дар таърихномаҳо ва адабиёти хаттӣ Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ирқан турк ва падараш Сабуктегин аз қабилаи қарлуқ зикр шудаанд, вале дар асари мавриди назар асолати тоҷикии Султон Маҳмуд бо арқоми муътамад чунин таъкид мегардад: «Азбаски Сабуктегин ҷавони далеру шуҷоъ ва зираку доно буд, маҳалли инояту ғамхории хоси Алптегин қарор гирифт ва Алптегин ўро аз ғуломӣ озод карда, духтари худро ба занӣ ба ў дод. Вале мегўянд, ки он зан бефарзанд буд, бинобар ин Сабуктегин духтари раиси Зовулистонро ба занӣ гирифт ва аз ў фарзандҳо ёфт. Султон Маҳмуд низ аз ҳамин зани зовулӣ ба дунё омад, аз ҳамин сабаб ўро Маҳмуди Зовулӣ ё Маҳмуди Зовулистон ҳам мегўянд. Носири Хусрав низ дар байти зерин асолати тоҷикии Султон Маҳмудро таъйид кардааст:

Ба мулки турк чаро ғарраед?! Ёд кунед,
Ҷалолу иззати Маҳмуди Зовулистонро».

Дар баробари кашфи далелҳои нав боз хонандагон тавассути ин асари пурқимат бо адибоне ошно мегарданд, ки то кунун ба кўйи гумномӣ ва фаромўшӣ афтода буданд. Масалан,
дар фасли «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён» дар баробари бозтоби вазъи сиёсии ин даврон, инчунин дилбастагии Султон Маҳмуд ва пайвандонаш ба забони тоҷикӣ чунин зикр шудааст: «Фарзандону бародарони Маҳмуд ҳар кадом аз шеъру шоирӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) баҳрае доштаанд ва рубоии зебои зерро Муҳаммад Авфӣ ба писари Маҳмуд-Муҳаммад нисбат медиҳад:

Эй ҳоли дили хаста мушавваш бе ту,
Айши хуши ман шудаст бех(в) аш бе ту.
Ту рафтаию ман омада бе ту ба ҷон,
Ту дар дили хоку ман дар оташ бе ту».

Ҳатто «Таърихи Байҳақӣ»-и дабири девони расоили Ғазнавиён Абулфайзи Байҳақӣ беҳтарин намунаи насри тоҷикӣ шинохта шудааст. Овардани маълумоти фишурда оид ба зиндагинома ва осори орифону донишмандони барои ҷомеаи имрўзаи мо ношиноси ин давра, ба монанди Абусаид Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Мустамилии Бухороӣ, Абулқосими Қушайрӣ, Абулҳасани Ҳуҷвирӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дар амри боло бурдани маърифати динию ахлоқии мардум ва рушду тавсеаи забони мо саҳми муносиб гузоштаанд, боиси равшан намудани муҳити адабии ин давра ва ба ин васила муҷиби ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонанда мегардад.
Хулоса, ба андешаи мо, «Забони миллат-ҳастии миллат» асари арзишманди дорои хусусияти энсиклопедӣ буда, аз рўи хислат, мавзуъ, муҳтаво, равиши таҳқиқ, навгонӣ, фарогирии мавод, дастабандии таърихи ташаккул, сохти дастурии забони тоҷикӣ, арзёбии куллии масоили забону адабиёт, забон ва тарзи баён дастоварди беназир, таҳқиқоти пурарзиш ва саҳифаи тоза дар илми забоншиносии замони истиқлол маҳсуб мегардад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2