Мақоми Мирзо Атои Бухороӣ дар ғазалсароии форсии тоҷикӣ
Давлатова Х.М.
Дар баҳри беканори адабиёти форсии тоҷикӣ шоирону нависандагони номдору пуркори бешуморе ғаввосӣ кардаву аз қаъри дарёи илму дониш дурру гавҳари бебаҳое рўи об овардаанд, ки ҳар кадоме арзандаи таҳқиқу омўзишанд. Мутаассифона, ба хизматҳои дар ин соҳа анҷомдодаи гурўҳи адибони дар охири асри XVIII – аввали асри XIX зиндагикарда, аз ҷумла, Маҳзуни Самарқандӣ, Фориғ, Абдулбоқихоҷаи Бебок, Алами Кўлобӣ, Умархони Умар, Ҳабои Дарвозӣ, Ғиёсии Бадахшӣ, Шаҳдии Ўротеппагӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи камтар зоҳир гашта, ки муаррифии эшону осорашон аз вазифаҳои муҳимми баъдинаи мо хоҳад буд.
Мирзо Атои Бухороӣ шоири хушбаёни охири асри XVIII – аввали асри XIX буда, бо ашъори равони худ тавонистааст дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақоми шоиста пайдо бикунад. Мутаассифона, санаи таваллуду вафоти шоирро дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ дастрас карда натавонистем. Аз навиштаҳои ў бармеояд, ки дар Бухорои шариф таваллуд ёфтаву таҳсили илму дониш намудааст:
Ато, ту нестӣ фориғ зи ташвиши алам ҳаргиз,
Бувад бахтам сияҳ, азбаски фарзанди Бухороям!
То ҳол аз мероси адабии ў танҳо “Девони ғазалиёт” дастраси мо гардидааст, ки нусхаи хаттии он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигаҳдорӣ мешавад. Дастнавис таҳти рақами 824 маҳфуз буда, соли 1263-и ҳиҷрӣ (1846-1847 м.) бо хатти настаълиқ китобат шудааст. Шумораи ғазалҳои онро аниқ гуфта наметавонем, зеро дастхат комилу бенуқсон нест. Варақҳои зиёде аз он даридаву қисмате тамоман аз байн рафтаанд, чандин саҳифа ранг рехта, боиси нохоно шудани хат гардидааст.
Мирзо Ато бо тахаллусҳои Мирзо Ато, Ато Мирзо, Мирзо ва Ато шеър гуфтааст. Сар то сари эҷодиёти ўро анъанаи шеърнависии шоирони қаблӣ фаро гирифта, навгоние дар шаклу муҳтаво ва сохтори шеъраш мушоҳида нашавад ҳам, ашъораш лаззатбахшу хотирнишинанд. Аз мутолиаи ғазалиёти ў бармеояд, ки ба Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Урфии Шерозӣ, Нозими Ҳиротӣ, Носиралии Сирҳиндӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар шоирони классики форсу тоҷик эҳтирому эътиқоди махсус дошта, дар эҷодиёти худ ба онҳо зиёд пайравӣ намудааст. Масалан, дар пайравӣ бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ мегўяд:
Агар он ёр аз шўхӣ ба даст орад дили моро,
Ки созад банда дар як ишва хубони Бухороро.
Зи холу хатту рух дилдор чун оина мустағнист,
Ба машшота набошад ҳеҷ ҳоҷат рўи зеборо.
Чу сайёди муҳаббат донаи холаш фурў афканд,
Ба дому дона кай оранд ба даст он мурғи доноро.
Ҳазорон мурдадил дар орзўи як сухан бошад,
Ки дар вақти такаллум зинда месозад Масеҳоро.
Ба ёди шўхии чашми ту бо хоби адам рафтам,
Намедонам ба хотир бигзарад он моҳсиморо.
Зи мастӣ кай шавад бедор ошиқҳо ба рўзи ҳашр,
Ба хоби хештан ҳар кас, ки дид он чашмшаҳлоро?!
Ато, дар интизори рўи ў ҷонро кунӣ қурбон,
Ба уммеде, ки бинам моҳу иди шаҳророро!
Мирзо Ато ҳамчунин дўстдори сабки ҳиндӣ – сабки муаммоофарию эҷоди маъниҳои борик буда, дар ашъори худ аз он зиёд истифода кардааст. Ў ба эҷодиёти Соиби Табрезӣ алоқаи хосе дошта, дар пайравӣ ба сабку шеваи нигориши ў ашъори худро дар мизони ақлу хирад баркашидаву дар чаҳорчўбаи вазну қофияву радиф ва маънӣ ниҳоят зебо ороставу муваффақ ҳам гаштааст:
Ҳар киро ҷабҳа кушод аст, ба ғам комил нест, Ҳосилаш саҳлу фузун чарх кунад, ғофил нест.
Оҳи бедард чӣ ҳосил зи дил омад берун,
Ба замине мафишон тухм, ки ў қобил нест.
Гарди ҳастӣ шудааст сидраи соликбинро,
В-ар надонӣ, ки ту дар ҳар қадамаш манзил нест.
Ҳалқаи чашми ту чун чашми паризод бувад,
Лаҳза аз дидани рухсори маҳат ғофил нест.
Чи накў гуфт, Ато, Соиби ширинҳаракот:
“Ҷуз дили хок қаламро зи сухан ҳосил нест!”
Шоир бо эътимод ба табъи латиф, нуктасанҷию заковат ва саводи шоирии худ ҷасурона, ҳатто, дар пайравии Бедил ғазалҳое сурудааст, ки ин намунае аз онҳост:
Зи занҷири сари зулфаш раҳоӣ деҳ дили моро,
Ба лутфи хеш кун, ё Раб, ту осон мушкили моро.
Нишастам дар биёбоне, хирад ўро намедонад,
Ки анқо ҳам намедонад суроғи манзили моро.
Ба сахтӣ ёфт тарбият гар ин ҷони фигори ман,
Ба андўҳу ғаму меҳнат мухаммар шуд гили моро.
Наҷоте нест аз гирдоби ғам, ҳар кас, ки шуд ғарқаш,
Канад гирдоби бепоён канори соҳили моро.
Ба дашти зиндагӣ, Мирзо Ато, беҳуда мегардӣ,
Ба шаҳри бехудӣ таклиф созад Бедили моро!
Дар ғазалиёти Мирзо Ато мавзуи ишқу муҳаббат мақоми махсус дошта, мавзуоти дигар низ аз қабили дўстӣ, шикоят аз замона, қаноатпешагӣ, хилватгузинӣ ва ғайраҳо ҷой доранд.
Ў таъкид мекунад, ки барои ба ҳадафҳои олӣ расидан бояд пайваста кўшид, зеро бе саъю талош гавҳари мақсудро наметавон ба даст овард:
То майпарасти наргиси шаҳло намешавӣ,
Масти ҷунуни кўчаи савдо намешавӣ.
То дарду доғи ишқ вуҷудат насўхта,
Соҳибасар ба нолаи шабҳо намешавӣ.
То офтоби акси рухаш ҷилвагар нашуд,
Шабнамсифат ба олами боло намешавӣ.
То меваи ту як раги хоме дар ў бувад,
Дар коми ҳеч кас ту гуворо намешавӣ.
Субҳи умед хандаи шодӣ, Ато, бикард,
То ноумед аз дари дунё намешавӣ.
Чунон ки аз ишораҳои ў дар девонаш бармеояд, Мирзо Ато ошиқи дилбари дарвозие шуда, зоҳиран гирифтори инкори маъшуқ гардида будааст:
Зи Каъбаи сари кўяш куҷо равӣ ҷое,
Рабудааст дили ту яке бути Дарвоз!
Мирзо Ато дар ашъори худ ба бисёр мавзуоти барои замонаш муҳим даст зада, ба мақсади пешгузоштаи худ шарафмандона комёб гардидааст. Аз ишораҳои ў бармеояд, ки шоир аксари авқот дар миёни мардум будаву бо ҷамъият улфат доштааст. Вале ҷаҳолату гумроҳӣ, ноаҳлию парешонӣ ва бадбинию пешиподиҳии ҳамдигар шоири латифтабъро чунон хаставу дилгир кардаанд, ки ў тайёр будааст гўшаи узлатро макони хеш қарор диҳад. Воқеан, Мирзо Ато дурӣ ҷустан аз авоми ҷоҳилу аз гапу кори беҳудаи онҳо авлотар дониста, бо киноя мегўяд:
Мўнис шудан ба мардуми олам на ҳикмат аст,
Омехтан ба халқ саранҷоми ғафлат аст.
Нашъунамои шайх ба узлат нишастан аст,
Азбаски муддаош ба хубиву шуҳрат аст.
Чун осиё накард ба савдои обу нон,
Ин косаҳои сар, ки пур аз гарди кулфат аст!
Айши тамоми рўи замин рўзии ман аст,
Азбаски ҷону дил ба ғами ў ба улфат аст.
Берун равам зи хешу набинам рўи халқ,
З-абнои даҳр дар дили ман ҷўши кулфат аст.
Аз авҷи эътибор фитодӣ, Ато, манол,
Хорӣ ба чашми халқ туро айни иззат аст!
Зиндагии фақирона, нодорӣ, ранҷу ғам ва ҷабру ситами пайдарпайи замона, умеду ормонҳои шоирона ва орзуҳои ширини амалиногашта ба зеҳни шоири ҳассосу нармниҳод чангол зада, дунёи маънавии ўро ноором гардонида буданд:
Осоише наёфтаам ман ба даври чарх,
То кай ҷафову ҷавр кашам аз ту, рўзгор?!
Ҳамчунин:
Модари гардун ба шири ғам маро парвардааст,
Медиҳад шаккар падар, чун заҳр нўшонад зи ман?!
Чашм то во кардаам, гардун ҷафоҳо мекунад,
Ҷомаи шодӣ зи худ ҳаргиз напўшонад зи ман.
Шоир бо вуҷуди гилаи зиёд доштан аз замона ва машаққатҳои нотамоми худ, қаноатро сарчашмаи суруру сафо медонад. Ашъори эҷодкардааш аз завқи баланди саршор ва маъниофариҳои печидаи ў дарак медиҳанд:
Чун садаф ҳар кас, ки қонеъ гашт бо як қатрае,
Аз қаноат бофта дар дил сафои хешро.
Ё худ:
Бо дами обе Хизир тай мекунад сад баҳру бар,
Дар қаноат ҳар ки дорад сабр, беҳ з-Искандар аст!
Ва қаноатро пешаи худ кардаву мегўяд:
Ман аз дасти ҳавову аз ҳавас дар банду зиндонам,
Ба занҷири қаноат банд нафси ҳосили моро. Мирзо Ато андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ, иҷтимоию сиёсӣ, таърихию фалсафӣ ва орифонаву ошиқонаи худро бо истифода аз санъатҳои бадеӣ рўи коғаз оварда, ашъорашро бо санъатҳои гуногуни бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, истиора, муболиға, тавсиф, сифатчинӣ, талмеҳ, тазмин ва ғайраҳо музайян намуда, ба гулҳои хушрангу бўи эҷодаш таровату фасоҳати маҳсусе бахшидааст.
Сар то сари ашъори шоир фарогири санъати талмеҳ буда, ҳамеша баҷо, зебо ва малеҳ ба қалам дода шудааст. Масалан, дар байти зерин ў ба сарнавишти талхи ҳазрати Юсуф талмеҳан ишора кардааст, ки чунин ишораҳо дар девон зиёд ба чашм мерасанд:
Юсуф азиз шуд зи ҷафои бародарон,
Андохтан зи буғзу адоват ба чаҳ абас!
Ё худ:
Ба чанги гурги ғам афтодаам, он пири Канъонам,
Ки бошад Юсуфи табъам ба чоҳеву намепурсӣ!
Санъати муболиға, ки аз санъатҳои дўстдоштаи шоирони форсу тоҷик мебошад, аз таваҷҷуҳи Мирзо Ато низ дур намондааст. Вай дар ғазалиёти худ ин санъати бадеиро фаровон истифода намудааст:
Боди зулфаш мекунад ошуфтатар девонаро,
Акси шамъи рўяш оташ мезанад парвонаро.
Гашта хам шамшод пеши қадди ў ҳамчун ҳилол,
Тори мўи ў кунад сад рахна дар дил шонаро.
Ва монанди ин:
Шикоятномаи таҳрир бар коғаз кунам, сўзад,
Ки оташ ҷўш зад аз сина, ин сарчашмаро бикшо.
Мирзо Ато дар ғазалҳояш, баъзан, бо истифода аз санъати сифатчинӣ маъшуқро бо
ифодаҳои ҷаззобу пурмаънӣ васф намуда, хонандаро мафтуни латофату назокати каломи хеш мегардонад:
Балоҷў, фитнапарвар, хушадое кардаам пайдо,
Рухаш гул, мўй сунбул, дилрабое кардам пайдо.
Лабаш лаълу рухаш ёқут, мижгон новаку дилдор
Малак, бедодгар, ширинлиқое кардаам пайдо.
Ба теғи ноз бисмил карда сад ушшоқу меояд,
Ки золим, шўхшанге, бевафое кардаам пайдо.
Бояд қайд кард, ки дар даврони тираву тор, зиддиятҳои сиёсӣ ва фишору танговарие, ки ҷузъе аз сиёсати амирони манғит будаву нисбат ба забони форсии тоҷикӣ ва шоиру нависандагони форсизабон баръало ҳис мешуд, Мирзо Атои Бухороӣ ва ҳамфикрони ў бо эҷоди ашъори тоза ва изҳори андешаҳои пешқадамона нагузоштаанд, ки чароғи мактаби бузурги шоирони гузаштаи мо, ки асрҳо пеш фурўзон намуда буданду равшании онро нигоҳ медоштанд, хомўш гардад.




