Зеҳн

МАСОИЛИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ СИЁСӢ ВА ҲУҚУҚИИ НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур масоили давлат, давлатдорӣ тибқи таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии мутафаккири барҷастаи тоҷик Низомии Ганҷавӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Дар асоси асари “Хамса”-и мутафаккир ва таҳлили достонҳои “Махзан-ул-асрор”, “Искандарнома”, “Иқболнома”-и Низомии Ганҷавӣ беҳтарин ҳикмату андарзҳо, афкори фалсафӣ, андешаҳои оини давлатдорӣ, сиёсати фозилаи ҳукмронии подшоҳ, ободии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.

Калидвожаҳо: Низомии Ганҷавӣ, давлат, идоракунии давлат, шоҳи одил, хирад, зулм, ситам, мамлакат, сиёсати давлатӣ, “Махзан ул - асрор”, “Иқболнома”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмоалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.12.2025 чунин қайд намудаанд, ки «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳуввиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Низомии Ганҷавӣ ба мисли Низомулмулк, Сино Байҳақӣ, Ғазолӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик буда, ў яке аз шоирони намоёнтарин маҳсуб ёфта, соҳиби девони ғазалиёт ва асари “Хамса” мебошад. “Хамса”– и шоир аз 5 асар, яъне 5 достон иборат буда, он аз шоирони мубориз ва инсондўсти тавонову дар ҳимояти аҳли раият қарор доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Нахустин достони ин асари пурмуҳтаво “Махзан ул-асрор” унвон

гирифта, онро соли 1176 бахшида ба ҳокими Арзанxон Малик Фахриддин Баҳромшоҳ ибни Довуд таълиф намудааст. Ин асари пандуахлоқӣ ва фалсафӣ ба шумор омада, бобати идораи давлат ва раиятпарварӣ андешаҳои ҷолиб фароҳам овардааст. Низомӣ достонҳои “Хамса”–и худ ва достони “Искандарнома” – ашро аз ҷиҳати эътибор ба дурру гуҳар монанд кардааст. Яке аз қисматҳои ин достон “Иқболнома” ном гирифта, дар он беҳтарин ҳикмату андарзҳо, афкори фалсафӣ, андешаҳои инсонӣ, таълимоти ахлоқӣ ва принсипҳои асосии он, дўстиву рафоқат, душманӣ ва оқибатҳои онро дарбар гирифтааст.

Сабаби чунин андешаҳои ҷолибро баён кардани шоир аз он аст, ки ин достон дар айёми пириаш навишта шудааст, дар саросари асар таҷрибаи ҳаётии ў ва ошноӣ ба афкори мутафаккирон ба мисли Низомулмулк, Ғазолӣ дар масъалаи фалсафаи зиндагии инсон ва мақому манзалати он дар ҷамъият чун ҷавҳари ҳақиқатнома ба мушоҳида мерасад. Низомӣ зимни баёни афкори ҳуқуқиаш тамоми ахлоқи ҷамъиятиро вобастаи усул ва тадбири идораи ҳукумат аз тарафи подшоҳон ҳисоб мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, шоири ҳақиқатбин 20 мақолаҳои ин достонро аз рўи диди худ ба тарғиби адлу адолат, дўстиву рафоқат ва танқиди зулму ҷаҳолати подшоҳони давр тахассус медиҳад. Масалан, ў дар танбеҳи подшоҳи золим, ки зердасташонро ба ҳар баҳона ҷабру зулм мекарданд, ибрози андеша карда, онҳоро даъват менамояд, ки дар муносибат бо раият некхоҳ бошанд ва ба мардуми гирду атроф, зердастону сипоҳиён ҳисси баланди некӣ ва хайрхоҳӣ дошта бошанд:

Шаҳру сипаҳро чу шавӣ некхоҳ,

Неки ту хоҳад шаҳру сипоҳ..

Масъалаи мазкур яъне ҳокимияти шоҳӣ то

Низомии Ганҷавӣ аз ҷониби Низомулмулк низ дар “Сиёсатнома” мавриди таҳлил қарор дода шуда буд. Дар ин ҷода Низомулмулк қайд менамояд, ки подшоҳ бояд ба мисли дигар ашхос дорои ақлу дониш буда, онҳо барои иҷрои вазифаҳояш зарур мебошанд.. Таълимоти Низомулмулк ба ташаккул ва рушди афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии Низомии Ганҷавӣ замина гузошта онҳо ҷонибдори подшоҳи хайрхоҳ, адолатпарвар, хирадманду доно будаанд.

Низомии Ганҷавӣ дар ҳикояти “Нўшервон ва вазир” масъалаи адлу инсоф, адолат ва аз миён бардоштани зулму ситамро ба таври муколама ҷой дода, таъкид мекунад, ки ҳар ки амали некро пеш гирад, оқибати давлатдории ў мулкро обод гардонда, ёдаш ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат ҳам, пири некбин ақида дорад, ки некӣ ҳамеша бариваз некӣмеорад:

Ҳаркӣ ба некӣ амал оғоз кард,

Некии ў рўй бад-ў боз кард..

Масъалаи идоракунии одилонаи давлатро

мавриди таҳлил ва муқоиса бо таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ду мутафаккир қарор диҳем, Низомулмулк ва Низомӣ онҳо ақл ва донишро ҳамчун сифати муҳими подшоҳ пазируфта, зарурияти донишомўзиро ҳамчун бархўрдор будан аз илмҳои замонавӣ ва донишҳои диниро заминаи идоракунии давлат эътироф намудаанд.

Ин ақидаи Низомии Ганҷавиро оид ба дониш, малака ва адолат ҳамчун асоси идоракунии давлат Абдураҳмони Ҷомӣ низ идома дода қайд менамоянд, ки адолат ва виҷдон ин омили ҳокимиятдорист.. Масъалаи мазкурро дар таълимоти худ Сотиволдиев Р.Ш, Буризода Э.Б., Кенҷаев Ш.Ю. низ таҳлил намуда қайд менамоянд, ки шоҳи одил набояд ситамгар бошад ва ҷавобгўи талаботи ахлоқиву ақлонӣ бошад..

Дар “Иқболнома”–и худ Низомӣ симои Искандарро чун шахси кишваркушою сарлашкар, ва инчунин ҳакиму файласуф ва шахси инсондўсти муътабар тасвир кардааст. Бо ин тасвирҳои мушаххаси худ Низомии Ганҷавӣ сохти давлатдориеро пешниҳод мекунад, ки иборат аз озодии инсон ва эмин аз зулму ситами подшоҳони золим ва баробарҳуқуқии ҳар як фарди қавӣ таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, шаҳрвандони ин ҷамъият нисбат ба якдигар ғамхор ва мададгор ҳастанд. Дар таълимоти Низомулмулк масъалаи сохти давлатӣ бо низоми шоҳигарии мутлақ тасвир ёфта бошад ҳам, таъсис додани мақоми машваратии назди шоҳро тавсия медиҳад. Ба ақидаи ў машварат бо шахсияти хирадманд, доно, калонсол, ботаҷриба хело муфид аст. Мутафаккир ҷонибдорӣ истифодаи маслиҳати муфиди шахсони боирода буда, дар бахшҳои гуногуни илму амали дунявӣ дорои дониш, малака ва таҷрибаи кофӣ доштаанд. Дар ин ҷода Низомулмулк боз ҳокимияти шоҳиро аз ҳокимияти золимона фарқ менамояд. ба андешаи Низомулмулк ҳокимияти шоҳ ба адолат, дин, ва имон такья дошта, ҳокимияти золимона беадолат аст.

Низомулмулк боз дар он андеша аст, ки зулм ҳокимиятро ба парокандашавӣ меорад. Ин андешаҳои Низомулмулкро дар таълимоти худ Низомии Ганҷавӣ низ идома додааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки аз тарғиби адлу инсоф ва подшоҳи одил ба дарки ҷамъияти фозилаи баробарҳуқуқ расидани Низомии Ганҷавӣ ва ин ҳам дар охири умри шоир ба даст омада, пас аз андўхтани таҷрибаи бои зиндагӣ дар таҳаввули ў як гардиши бузург аст.

Ба андешаи мо аввалин кашфкунандаи ин гуна ҷамъият Низомӣ набуда, он аз замонҳои зиндагии Афлотун ва Форобӣ, бо чандин шаклҳо тарҳрезӣ шуда буд. Дигар мутафаккирони шарқ ба мисли Низомулмулк, Заҳирии Самарқандӣ тибқи таълимоти худ дар ин андешаанд. Лекин хизмати бузурги Низомӣ дар ҳамин аст, ки ў тавсифи шоиронаи чунин ҷамъиятро аз рўи мушоҳидаҳо нигориш дода, бартарии он ҷамъиятро нисбат ба мавҷудияти шоҳу гадо дар он таъкид месозад.

Шоир барои барҷастатар офаридани симои Искандар дар идомаи достон қайд мекунад, ки ў пас аз мушоҳидаи сафари Ҳинду Чин ба тарафи шимол роҳсипор мегардад ва ба ҷое мерасад, тамоми мардумонаш баробарҳуқуқ, касе аз касе на аз ҷиҳати дороӣ, на аз ҷиҳати ҳуқуқ имтиёз ва бартарӣ надорад. Низомӣ бо камоли муҳаббат он ҷамъиятро бо аъзоёнаш ин тавр ба қалам меорад:

Падидор шуд шаҳре ороста,

Чу фирдавсе аз неъмату хоста.

Чу омад ба дарвозаи шаҳр танг,

Надидаш дар з-оҳану чўбу санг.

Дар он шаҳр шуд бо тане чанд пир,

Ҳама ғоятандешу ибрат пазир.

Низомии Ганҷавӣ дар мавридҳое тавонистааст,

ки подшоҳонро бо якдигар муқоиса намуда, беҳтаринашро ситоиш намояд ва раиятпарвариашро бо зикри ҷолиб нишон диҳад. Низоми Ганҷавӣ ин афкори сиёсиву ҳуқуқии худро ба мисли Низомулмулк таҷассум намудааст, зеро ки ба андешаи Низомулмулк низ “шоҳи одил” ҳамчун шоҳи беҳтарин бояд ҷавобгўи талаботи ахлоқиву ақлӣ бошад. Дар ин замина ў адолатпешагии шоҳро ҳамчун унсури асосии ҷомеаи инсонӣ ва давлат тавсиф намуда бо номи шоҳони одил ба мисли Фаридун, Искандар, Нўшервон, Исмоили Сомонӣ ва ғайра асоснок менамояд. Чунин тасвири сифати шоҳон дар мавзуи “Ситоиши малик Изуддин Масъуд ибни Арслон дида мешаванд, ки қисмати дуои подшоҳ ин тавр сифат намудааст:

Гар он бохирадонро ситод рўзгор, Хирад монд бар шоҳи мо ёдгор. Бақо бод шоҳро ба нерўи бахт,

Бад-ў дод авранги худро каманд.

Малик Изуддин, он ки чархи баланд,

Бад-ў бод сарсабзии тоҷу тахт!

Кушояндаи рози ҳафт ахтарон,

Вилоятхудованди ҳаштум қирон,

Нишинандаи базми Кисрову Кай,

Фаредункамар, шоҳи фирўзиён.

Лабаш ҳуққаи пeшидарўи аҳд,

Фирўзандаи чархи фирўзамаҳд.. Масъалаи сиёсати давлатӣ дар достонҳои

“Хамса” – и Низомӣ мавқеи муҳим дошта, дар маснавии “Махзан ул-асрор” дар хусуси мавзуи “Дар сиёсат ва қаҳри яздон” овардааст, ки сиёсати давлатиро шахси муайянкунанда ин подшоҳ аст ва маҳз ў нигоҳдорандаи сиёсати фозила ё ноқисаи давлат аст. Мувофиқи назарияи пешбурдаи шоир подшоҳ аз рўи сиёсати фозила ҳукмронӣ кунад, мамлакат обод, раияташ орому осуда мегарданд. Чунин андешаро шоири ҳақбин дар достони мазкур ин тавр акс намудааст:

Эй, ҳама ҳастӣ зи ту пайдо шуда,

Хоки заиф аз ту тавоно шуда.

Зернишини аламат коинот,

Мо ба ту қоим, чу ту қоим ба зот.

Ҳастии ту сурату пайванд не,

Ту ба касу кас ба ту монанд не..

Доир ба сиёсати давлат андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Низомии Ганҷавӣ ва Низомулмулкро муқоиса намоем, Низомулмулк дар он андеша аст, ки асоси идоракунии давлатро тартибот, низом дар идоракунии давлат, риояи ҳатмии қоидаҳои шоҳигарӣ ва пешгирии хатари тағйирдиҳии табиати давлат ва мулкдорӣ мепазирад.

Баръакси ин гуна тасвирҳои ҷолиб бар сифати подшоҳон Низомӣ шоҳону амалдорони ноинсоф, ки золиманду мардумозорӣ мекунанд, ба таври дигар мазаммат мекунад. Онҳоро ба зери тозиёнаи сахти танқид гирифта, ба сўи адлу инсоф рўй овардани онҳоро интизор мешавад:

Додгаре дид ба раъи савоб,

Сурати бедодгареро ба хоб,

Гуфт: “Худо ба туи золим чӣ кард,

Дар шабат аз рeзи мазолим чӣ кард?”

Гуфт: “Чу бар ман ба сар омад ҳаёт,

Дарнигаридам ба ҳама коинот”..

Шоири раиятпарвар дар “Достони ду ҳакими мутанозеъ” овардааст, чуноне, ки худи шоир маҳз ба унвони онҳо вожаи арабии “Мутанозеъ”, яъне низоандозанда ва хусуматкунанда дар луғатҳо тафсир гардидааст, онҳо ҳакиманду на ҳикматдиҳанда мебошанд, балки дар байни мардум тухми низову хусуматро мекоштанд. Низомии ояндабин дар достон ба ҳакимон сахт муроҷиат намуда, мегўянд, ки ҳакимеду ба ҷои ҳикматдиҳиву

сарҷамъкунии ҷамъият, онҳоро баръакс ба ҷудоиву низоъ ва моҷарову хусумат бо амалу суханҳои зишти хеш даъват мекунед. Боз ба ҳакимон таъсири назаррас расониданӣ шуда, менависад, то ки аз амалҳои ноҷояи хеш баргарданд, ки низоъангезӣ аз рўи диди шоир заҳрпошӣ ба мардум аст. Мувофиқи тасвири адиб ҳатто раҳгузаре ҳам ба маҷлиси ин ҳакимони бехирад омада, худро гўё ба парвонаи дар гирди шамъи хусуматсўхта ҳисоб кардаву чунин афкори пучу ҷудоандозиро нораво ҳисоб карданд. Дар анҷоми достон ба ҳакимон шоири хирадманд муроҷиат намуда мегўяд, ки ҳаёти шумо бо ин гуна амалҳои нораво лавҳаи сиёҳу сафедро мемонад, он амалҳои шуморо амалсанҷон дар қиёмат ҳам ба тарозуи ақл бармекашанд. Ҳамин тавр амалҳои зиштро идома медода бошед, дар давоми муроҷиати хеш менависад Низомӣ, дину диёнататонро ба ман супореду онро олоиш надиҳед, ба ҳар ҳол бояд ба муттаҳидиву салоҳ мардумро даъват кунед:

Бо ду ҳаким аз сари ҳамхонагӣ,

Шуд сухане чанд зи бегонагӣ

Лофи манӣ буду туӣ барнатофт,

Мулк буду дуӣ барнатофт.

Хақ ду нашояд, ки яке бишнаванд,

Сар ду набояд, ки яке бидраванд

Ҷои ду шамшер ниёме, ки дид?

Базми ду Ҷамшед мақоме, ки дид?

Дар тамаъ об буд ду фарзонаро

К – аз ду яке хос кунад хонаро..

Ҳамин гуна афкори иғвоангезонаи подшоҳон ба ҷои сулҳу амният ва мардумро ба осудагӣ даъват карданро Низомии Ганҷавӣ дар “Достони подшоҳи золим ва марди ростгўй” дар мизони ҳуқуқу мантиқ тасвир менамояд: Аз рўи нақли шоир дар рўзгоре подшоҳе буд зулму истибдодро дар кишвараш зиёд карда. Шахсе ба он подшоҳ мерасонад, ки як шахси пире туро мазаммат карда, хиракушу ҷоҳилу хунрез, золим гуфтааст. Шоҳ мефармояд, то он пирро наздаш оваранд ва метавонад ўро барои чунин суханҳояш дар як дам ҳалок гардонад. Он марди пирро назди шоҳ меоваранд ва шоҳ меафзояд: “Шунидам, ки сухан рондаӣ, кинакашу хиракушам хондаӣ”. Пир суханҳову таҳдиди шоҳро шунида дар ҷавоб мегўяд, ки рост аст аз ин зиёдтар гуфтаам, дар онҳо бин ҳақиқатро пиру ҷавон аз зулми ту дар азобанд, ман чун айбшумори ту ҳақиқати ҳолро гуфтаам, бояд ту худро тағйир диҳӣ, на балки оинаро шиканӣ. Ин нуктаро шоири ҳақнигар бо мақсади ислоҳ шудани амали подшоҳ чунин тасвир кардааст:

Аз сари бедодгарӣ гашт боз, Додгаре гашт раиятнавоз. Ростии хеш ниҳон кас накард, Дар сухани рост зиён кас накард.

Ростӣовар,ки шавӣростагар,

Ростӣ аз ту зафар аз кирдгар

Гар сухан рост бувад ҷумла дур,

Талх бувад талх, ки алҳаққу мур.

Чун ба сухан ростӣ орӣ ба ҷой,

Носири гуфтори ту бувад худой.

Табъи Низомию дилаш ростанд,

Кораш аз ин ростӣ оростанд..

Низомии Ганҷавӣ аз шоирони эҷодиёташ пурра ба ғояи раиятпарварӣ бахшидашуда буда, дар достони “Султони Каъба” бо чунин мазмун қайд мекунад, ки маънои нахсутини султони Каъба паёмбарро дар назар дорад, ў ба ҳафт кишвар низому тартиби дини мубини исломро ҷорӣ менамояд, он ҳам ғояи сулҳу салоҳ, муъмин бародари муъмин, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмиро дар назар дорад.

Бо мазмуни дигар, ибораи султони Каъбаро ба мазмуни подшоҳи кишвар истифода кардааст, то ин ки раҳнамои роҳи дурусти раияташ бошаду ба мардумон ҷабру зулмро раво набинад ва сулҳу амониро ҷорӣ намояд, то ин ки дар кишвараш оромиву осудагӣ таъмин гардида бошад:

Султони Каъбаро бин бар тахти ҳафт кишвар,

Дебои сабз бар тан, чатри сиёҳ бар сар.

У бар сарири шоҳӣ чун хусравон мураббаъ,

Паргори ҳалқаи ў чун осмон мудаввар.

Туркест тозиандом в-аз баҳри дилситонӣ,

Бар орази сапедаш холи сияҳ зи анбар

В-аз ҳалқаи дари ў фитна чу ҳалқа бар дар.

Мушкинтарозуи ў меъёри сангу зар шуд.

Шоири хамсасарой як умр дар васфи сулҳу салоҳ ва ҷорӣ намудани адлу инсоф эҷод намуда, дар ҳимояи раият қарор дошт ва мазлумонро тарафдорӣ менамуд, афкори ҳуқуқиашро дар ҳамин самтҳо иброз дорад.

Низомии Ганҷавӣ низ ба мисли Низомулмулк ҳамеша дар ситоиши подшоҳи одил ва адолатпеша буда, дар адабиёт симои Искандари Мақдуниро чун шоҳи одилу баинсоф васф намуда, орзую омоли шоҳони раиятпарвар буданашро бо навиштаҳояш собит менамояд. Ба андешаи ин ду мутафаккир, “шоҳи одил” бояд хислатҳои хосе ба мисли ақлу дониш, ахлоқи ҳамида, олиҳимматӣ, мардонагӣ, шуҷоат, азбар намудани санъати ҷангӣ, ғамхорӣ дар ҳаққӣ мардум, ҳимояи раият аз золимон, муносибати эҳтиромона ба зердастон, росткорию анҷом додани амали нек ва ғайра дошта бошад.

Дар охири ҳаёташ силсилаи рубоиёте эҷод намудааст, ин олами чор мисраъро ҳам ба васфи сулҳу салоҳ, росткорию адолат ва раиятдўстӣ мушаххасан бахшидааст. Ба андешаи шоир адлу инсоф дар мамлакат ҷорӣ гардида бошад, пас муваффақиятҳо ба дастомада, дар охири ҳар амал зафар кардани раият мумкин мегардад. Баръакси чунин амалҳои нек дар кишвар зулму истибдод ҳукумрон бошад, он мўҷиби зарарҳо ва норасоиҳо мегардад, ба фикри шоир хайру барака ва эҳсон дар чунин макон мавқеъ надоранд:

Адл аст, ки бунёди зафарҳо бошад,

Зулм аст, ки мўҷиби зарарҳо бошад.

Ҷуд аст, ки пардадори ҳар айб бувад,

Бухл аст, ки сарпeши ҳунарҳо бошад..

Аз ҳамин лиҳоз, Низомии Ганҷавӣ аз шоирони бузурги форсизабон дар асри XII анъанаи ҳамсасароиро ихтиёр намуда, дар онҳо раиятпарварӣ, тасвири сулҳу салоҳ, адлу инсоф ва ҳукмронии мазлумпарваронаи подшоҳонро тараннум намудааст. Афкори ҳуқуқии шоир бар мизони парвариши ғояи шоҳи одил, мамлакати мардумонаш баробарҳуқуқ ва осудаҳол дар чорчўбаи асарҳои “Хамса” – аш инъикос ёфтаанд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2