ОМИЛҲОИ ТАЪРИХИИ ТАШАККУЛИ ИДЕЯИ ДУНЯВИЯТ ДАР ДАВЛАТДОРИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Мақолаи мазкур таҳқиқи илмии густурда дар мавриди омилҳои таърихии ташаккули идеяи дунявият дар анъанаҳои давлатдории халқи тоҷик мебошад. Муаллиф, бар асоси манобеи таърихӣ, фалсафӣ ва ҳуқуқӣ махсусан китобҳои муқаддаси динӣ мисли Авасто нишон медиҳад, ки ғояи дунявият дар зеҳни ҷамъиятии ниёгони тоҷик дар замонҳои қадим шакл гирифта, бо гузашти таърих ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдорӣ боқӣ мондааст. Дар маркази таҳлил, лаҳзаи таърихии рад кардани рисолати паёмбарӣ аз ҷониби Ҷамшедшоҳ ва қабули роҳбарии дунявӣ қарор дорад, ки ҳамчун далели бунёдии шаклгирии модели секулярии идораи давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Муаллиф дар мақола сохторҳои ҳуқуқии ориёӣ, ҷойгоҳи дин дар давлатдорӣ, муносибати мутақобили қудрати сиёсӣ ва эътиқодиро таҳлил мекунад. Дар асоси далелҳои таърихию фалсафӣ собит мегардад, ки давлатҳои Пешдодиён, Каёниён ва Ҳахоманишиён ба низоми идораи дунявӣ авлавият медоданд, ки ин ҳолат дар рамзҳои сиёсӣ, расму оинҳо ва тартиботи маъмурӣ низ таҷассум ёфтааст. Мақола ба таҳқиқи фаҳмиши дунявият дар зеҳни ҷамъиятии халқи тоҷик мусоидат намуда, доираи васеи донишмандонро дар соҳаи ҳуқуқ, таърих, диншиносӣ ва фалсафаи сиёсӣ фаро мегирад.
Калидвожаҳо: дунявият, давлатдорӣ, Авасто, Ҷамшедшоҳ, Зардушт, қудрати сиёсӣ, дин ва давлат, Пешдодиён, Каёниён, фалсафаи сиёсии ориёӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳуқуқи қадим.
Омўзиши таърихи давлатҳои ҷаҳон гўёи он аст, ки ҳар як халқи соҳибдавлат дар масири таърихи дуру дарози пайдоиш, ташаккул ва рушди худ дар хотираи таърихӣ ва таҷрибаи давлатдориаш маҷмуи аломату унсурҳои вижа ва махсусгардонидашударо доро аст. Ин маҷмуи унсурҳои махсусгардонида шуда, ки бо таҷрибаи таърихӣ дар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба ҳукми анъана даромадаанд, на танҳо махсусияти низоми идора, ташкили қудрати сиёсӣ, шакли идоракунии давлат, сохтори он ва режими сиёсиро аз назари давлатдорӣ муқаррар мекард, инчунин таъсири амиқи худро ба тафаккури халқ ва наслҳои ояндааш бо гузашти
айём мегузошт. Ҳолати охирӣ табиат ва рўҳи сиёсии давлатҳоро дар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ муайян менамояд. Аз ин ҷост, ки иддае аз халқиятҳо табиатан майл ба низоми идораи монархиявӣ, дигаре ба идораи демократӣ ва сеюмӣ ба шакли идораи аристократӣ доштанд. Чунки таҷрибаи дуру дароз дар коди генетикии халқият унсурҳои ин навъҳои идораро ҷойгир карда буд. Роҷеъ ба ин, махсусияти ташаккули давлатҳо ҳанўз аз аҳди бостон Афлотун ва Арасту дар асрҳои миёна Ибни Халдун ва Макиавелли дар замони нав Монтескё, Ж.Ж. Руссо ва Гегел ва дар замони муосир В.С. Нерсесеянс, Г.Н. Малтсев ва дигарон изҳори назар кардаанд.
Муҳимтарин нуктаи мувофиқати ин унсурҳо ба табиати зиндагии ин кишварҳо дар табиати таҷрибаи таърихии халқ, муҳити зист ва вазъи геосиёсии ҳамон даврон аст. Маҳз аз ин хотир, халқ ва миллат дар паҳнои ҳамон навъи давлатдорӣ худро нисбатан озод эҳсос мекард, ки он шакл ва намо ба вай имкони бештару хубтари зуҳури арзандаро таъмин мекард.
Албатта, ин мувофиқати хостаю орзуҳо на ҳамеша ба воқеият дар сатҳи зарурӣ ҷавобгў буд, зеро барои амалӣ шудани нияту орзуҳо боз маҷмуи дигар унсурҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи ногузир буд. Вале бо вуҷуди ин ҳамон нияту орзуҳои халқ, кўшишу талошҳои мардум ва таҷрибаи нисбатан муваффақи низоми идора таъсири худро дар рушди хотираи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташаккули ояндаи давлатдорӣ мувофиқ мегузошт. Иддае аз муҳаққиқон натиҷаи ин таъсиррасониро дар шакли рўҳияи халқ, табиати миллати сиёсӣ ва анъанаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии мардум рўнамо кардаанд. Ин вазъиятро то ҷое низоми ҳуқуқӣ ва оилаи ҳуқуқӣ дар сатҳи фазои ҳуқуқӣ таҷассум низ мекунад.
Гузориши масъалаи таносуби давлат ва дин. Аз зумраи масъалаҳое, ки таъсири амиқи анъанавии худро ба мафкураи ҳуқуқии миллат расонидааст, бешак таносуби давлат ва қудрати сиёсӣ бо дин ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ буд. Ин масъала аз рўзгори қадим то замони муосир аз мавзуоти бисёр печидаи илми ҳуқуқ ва сиёсат аст. Бешак сатҳи оромӣ ва табиати рушди давлат аз ин омил низ сахт вобастааст. Агар нақши динро аз назари объективӣ дар ташаккули давлатҳо аз назари умум баҳогузорӣ намоем, мушоҳида мешавад, ки дар баъзе кишварҳо дар ташаккули нахустдавлатҳои ҳамон халқият ва гузаштагони миллат дин дар шакли ибтидоияш таъсири ҷиддӣ дошт (мисол дар давлатдории хилофати Араб), дар баъзеи дигар дин дар ташаккули давлат нақш надошта, танҳо ба масъалаҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ машғул мешуд (салтанати римиҳо то асри 1У, ки дини насронияро қабул карданд). Ҳамин тавр дар таърихи давлатдории халқу миллатҳо мо реҷаҳои мухталифи муносибати дину давлатро эҳсос мекунем. Бояд эътироф кард, ки аз ҳамин муносибатҳои ибтидоӣ бо тафаккури динӣ ва муносибати таълимоти динӣ нисбат ба қудрати сиёсӣ баъдан ташаккули табиати давлатдории ҳамин халқиятҳо махсусияту вижагиҳоро касб кардааст. Гузашта аз он мо тавассути дин ва ҷаҳонбинии динӣ ташаккули зиёд аз унсурҳои низоми идораро дар масири таърих дидаем, ки баъдан ба табиати давлатдорӣ мазмун бахшидаанд. Ҳатто худи адолати судӣ дар низоми сиёсӣ як навъ таҳаввулоти фикрӣ ва таносухи расмиёти додгоҳии динист, ки аз Осириси Мисрӣ то Рашаносии форсҳою Фемидаи юнонӣ рушд кардааст.
Ҳамин тавр дар таҷрибаи давлатдории халқу миллатҳо аз замонҳои қадим вобаста аз муносибати байни давлат ва дин мо моделҳои мухталифи низоми давлатдориро эҳсос мекунем. Ҷое нақши дин муассир ва ҷое камназир аст. Ин ҳолат албатта, таъсири худро дар ташаккули давлатҳои муосир ва ва инъикоси мафкураи сиёсии халқҳо пайдо кардааст. Нуктаи ташаккули ин муносибат таҷассуми худро дар давлатҳои дунявӣ, секулярӣ ва ё ғайри инҳо пайдо кардааст. Ин ҳолат ҳамчунин таъсири амиқи худро ба коди генетикии миллат дошта, ба ташаккули ғояи дурусти давлатдорӣ таъсир мерасонад.
Аз ин нуктаи назар таносуби дину давлат дар таърихи давлатдорӣ ва ташаккули шуури ҳуқуқии халқи мо роҳи аҷиб ва сабақомўзро доро аст. Ба қавли Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Падидаи давлатдории тоҷикон ба мисли як ҳодисаи аҷиб ва ғайримуқаррарӣ аст. Вай аз миёни хокистару нестӣ (борҳо) қомат бардошта, ба арши аълои худ расида, сипас зери ҳаводиси рўзғор ба вайронӣ гирифтор шуда, боз аз сари нав ғайричашмдошт (барои душманонашХ.И.) эҳё гардидааст. Ин навъи фарҳанги давлатдорӣ ба ҳеҷ як халқу миллати дигар дар олам хос нест.”
Дидгоҳитаърихӣоидмасъалаидунявиятва дин.
Дар остони таърихи сиёсии халқи мо, он замоне, ки давлатдориҳои паҳлавонии Эрону Тўрони қавмияти
ориёӣ унсурҳои сиёсии қудратро ҷоннок мекарданд, нахустдавлатҳои Пешдодию Каёниёни ориёӣ дар ҳавзаи Ховари Миёна қомат меафрохт, дар фазои танзими ҳуқуқӣ ва ташаккули ҳокимияти сиёсӣ дар қатори урфу одат ва анъанаҳо таълимоти дини Зардуштия бо китоби муқаддаси Авасто меистад. Омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ гўёи он аст, ки оини зардуштӣ дар зиёд аз муносибатҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории ориёиҳои бостон асаргузор буданд. Вале дар масъалаи он ки аз назари сиёсӣ дин оё омили асли ташаккули давлат ва низоми идорӣ буд ё не сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ҷавоби амиқ доранд.
Ин ҳолатҳои иҷтимоӣ ва сиёсии эътирофи қудрати сиёсии дунявӣ ва ҷудоии он аз қудрати динӣ аз зинаи оила то давлат, воқеан таъсири муассири худро дар масъалаҳои бунёдии фаҳм, эътироф ва ташкили ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои қарнҳои ояндаро доро буд. Ин тамғаи афзалияти фаҳми ҳаёти иҷтимоӣ бо ҷудоии амиқи эҳсосоти динӣ аз дунявӣ дар тафаккури мардуми ориёӣ чунон устувор ҷойгир шуда буд, ки ҳатто баъд аз омадани оини ғайриориёии эътиқоди динӣ бо унсурҳои сиёсӣ шакл ва намои ташкили қудрати сиёсиро дар паҳнои амалкардхои анъанавии худ нарму мулоим ворид намуд. Ин таҷрибаи бостонии низоми идора таърихан собит карда буд, ки афзалияти кори идораи давлатӣ тўли таърих ба шукуфоию рушд танҳо дар сурате тамоюли устувор дорад, ки агар табиати низоми идораи давлат ба кори худ машғул гардаду низому унсурҳои динӣ ба иҷрои вазоифи тарбиявию ахлоқӣ ва боварҳои фарозаминии худ машғул шуда, кори тарбияи мардумро берун аз таъсири низоми идорӣ бо тарсу ҳароси қудрати фарозаминӣ ва рўзи қиёмат тавассути олами мунъакисшудаи некию бадӣ дар симои гувоҳии ҳаққи “биҳишту” “дўзах” дар даст дошта бошад.
Мисол, гирем агар муносибати нахустин низоми ҳуқуқии халқи тоҷикро, ки табиатан ба табиати оилаи ҳуқуқӣ мувофиқ буда, аз назари табиати сарчашмаҳои ҳуқуқӣ табиати шаклӣ ва ақлиро доро аст ва дар фазои илмӣ ҳамчун нахустин низоми ҳуқуқии халқи тоҷик собит шудааст, дар муносибат ба қудрати сиёсӣ нисбат ба дин гувоҳи ин гуфтаҳост. Зардуштия асос ва мантиқи зиндагиро дар ду неруи бо ҳам пайваста дар пайкору мубориза мебинад: яке некӣ дар симои Аҳура Маздо ва дигаре бадӣ дар симои Аҳриман. Дар ин мубориза дини зардуштӣ аз қудрати нек дифоъ карда, консепсияи ҷаҳондорӣ ё танзими ҷаҳонро дар ҳалқаи чунин як қонунияти устувори маънавӣ таҳия кардааст: “пиндори нек, гуфтори нек, рафтори (кирдори) нек”. Ҳуқуқи зардуштӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқиро аз шуури мардум оғоз мекунад, зеро ҳар ақидаи ислоҳотӣ, ки ба шуури мардум роҳ намеёбад, маҳкуми шикаст аст. Зардуштия бори аввал дар таърихи башарият роҳи хайру некии инсониро кушод, ки аз шуури одамон оғоз мешавад. Дар ин сегонаи одӣ — пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек таҳкурсии иморати бузург, яъне ҷомеа – қишрҳо, табақаҳо ва синфҳои дорои манфиатҳои мураккаб ва бо ҳам зид гузошта шудааст. Ба ақидаи профессор Холиқзода А.Ғ. ҳуқуқи зардуштӣ имкони шомил шудан ба оилаҳои ҳуқуқи диниро комилан дорад, вале бо вуҷуди ин дар он хусусиятҳое ҳастанд, ки ба ин навъи оилаҳои ҳуқуқ мувофиқ нестанд. Агар ба оилаҳои динии ҳуқуқ мабдаи илоҳӣ ва динии идораи давлатӣ хос бошад, пас дар зардуштия шакли ибтидоии ҳокимият – ҳокимияти дунявӣ мебошад.
Авасто ба Ҷамшед шоҳи Пешдодӣ рисолати идораи дунявиро додааст. Дар ҳақиқат агар ба саҳнаи пайдоиши қудрати сиёсӣ дар «Авесто» бингарем, чунин манзараро мушоҳида мекунем: «Зардушт аз Аҳура Маздо пурсид: «Эй хиради муқаддас, дар байни мардум, ғайр аз ман, бори нахуст бо кӣ суҳбат кардӣ ва дини аҳуроӣ ба кӣ додӣ?» Аҳура-Маздо гуфт: «Эй Спантаман Зардушт, ғайр аз ту бори аввал бо Йимаи зебо (ишора ба Ҷамшедшоҳи Пешдодӣ Х.И.), соҳиби рамаҳои хуб суҳбат кардам ва дини Аҳураро супурда гуфтам: «Эй Йимаи зебо, писари Вивахват. Ман дини худро ба ту месупорам». Йима ҷавоб дод: «Эй Аҳура Маздо, хиради муқаддас, ман барои кори таблиғу нубувват офарида нашудаам». Пас ба ӯ гуфтам: «Барои ту беҳтар аст, ки парваришу афзоиши дунёро бикун». Йимаи зебо гуфт: «Мепазирам, вале ба шарте, ки дар мулки ман на боди сард вазад, на боди гарм, на беморӣ бошад, на марг». Баъд ба Йима ду чиз додам (Дар Вандидод ин ду ашё «сувраи заррин» и «аштраи зарнисор» номида шудаанд, муҳаққиқон маънии онҳоро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Масалан, Дармстетер «аштра»-ро шамшер медонад, аммо Де Харле ва Бартоломе онро бо қамчин айният медиҳанд. Пури Довуд бошад онро бо асои тиллоӣ айният додааст. «Сувра»-ро баъзеҳо ангуштарин, баъзеҳо ҳамчун най – асбоби мусиқӣтаъбир кардаанд).: ангуштарини тиллоӣ ва асои тиллоӣ. Бо онҳо Йима соҳиби қудрат шуд».
Профессор Холиқзода А.Ғ. дар андешаи он аст, ки тоҷикон таърихан дар анъанаи давлатдориашон таҷрибаи давлатдории дунявиро пеша кардаанд. Ў дар асоси мулоқоти Аҳура Маздо бо Зардушт, ки дар Авасто омадааст менависад: “Ҷамшедшоҳ, ки нахустин шохи Пешдодиён аст, рисолати паёмбариро аз Аҳуро Маздо қабул накарда, бо хоҳиши ў (Аҳуро Маздо) рисолати подшоҳиро пазируфтааст. Ҳамин далели қатъӣ бар он аст, ки
давлатдории қадимаи тоҷикон на дар шакли ғояи давлати теократӣ, балки дар шакли идеяи давлати дунявӣ нахуст шуда рўи кор омадааст.” Андешаҳои Холиқзода А.Ғ. асосҳои илмӣ ва таърихӣ доранд, зеро сарчашмаҳои таърихӣ, ки дар бораи ибтидои давлатдории ниёгони тоҷику форс, ки сарчашмаҳои боэътимоданд, ҳамагӣ гувоҳи он аст, ки дар остонаи давлатсозӣ гузаштагони мо навъи давлатдории секулярӣ ва дунявиро асоси таъсиси иттиҳоди сиёсӣ донистаанд. Ин навъи таснифоти идораи иттиҳод аз шаклҳои ибтидои то мураккаби муносибатҳои ҷамъиятӣ аз қадим миёнаи ҷамоаи авастоӣ маълум будааст.
Дарвоқеъ сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ ва таърихию динӣ далели қатъӣ доранд, ки ниёгони мо дар остонаи таърих шаклу услубҳои ниҳоят мантиқии таснифшудаи рукнҳои идориро доро буданд. Авасто, ки нахустин маълумотномаи динӣ, таърихӣ ва адабию забонии ниёгони мо буда, ба ҳайси сарчашмаи илмии “энсиклопедӣ” эътироф шудааст, гўёи ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Тарзе дарк мекунем, дар китоби муқаддаси зардуштиён Авасто оғози идораи давлатӣ дар таърихи халқ, ҳатто бо дахолати Худованди некў Аҳуро Маздо на дар шакли идораи динӣ, балки дар шакли идораи дунявӣ бо усулҳои маъмурӣ фармонравоӣ пешбинӣ шудааст. Ҷавоби Ҷамшед инъикосгари он аст, ки Ҷамшедшоҳ рисолати паёмбариро дар шакли пешбаранди сиёсати динии ҷомеа қабул намекунад ва ишора мекунад, ки кори таблиғу нубувват кори ман нест. Вале чун Аҳуро Маздо аз ў хоҳиш менамояд, ки “«Барои ту беҳтар аст, ки парваришу афзоиши дунёро бикун».” Яъне чун ту рисолати паёмбариро қабул накардӣ пас беҳтар аст, ки масъалаи идораи давлат ва ҷомеаро ба даст гирӣ, зеро “парваришу афзоиши дунё” ифодагари масъули идораи ҷомеа будан аст. Ин кор вазифаи динӣ не, балки дунявӣ аст, ба нафаре мансуб мешавад, ки вай дар пайи афзоиши неъмати дунё ва идораи дурусти иттиҳод банд мегардад. Ба ин муроҷиат шоҳаншоҳи нахустини Пешдодӣ, ки он вақт ба ин мансаб набудааст, ҷавоби тасдиқӣ медиҳад, яъне розӣ мешавад. Худи ҳамин масъалаи он, ки ту дар ҳолате, ки рисолати ҳукумати диниро қабул надорӣ пас ба кори идораи дунё машғул шав гувоҳи аз он аст, ки дар ҳамон олами куҳан масъалаи идораи дину дунё миёни мардуми ниёгони мо аз ҳам ҷудо будаанд ва аз ҳам ҷудо баррасӣ мешудаанд.
Идораи дунявӣ ва рамзҳои қудрати сиёсӣ. Нуктаи назари ҷолиб он аст, ки аз он замонҳои дур сар карда, дар таърихи сиёсии халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон рамзҳои сиёсати давлатӣ таҳия мегардад. Ишораи Аҳуро Маздо ба ангуштарин ва асои тиллоӣ ҳамчун нишони расмиёти эътирофи қудрату ҳокимият пазируфта шудааст.
Дар давраҳои минбаъда мундариҷаи нишонаҳои қудрат ва ҳокимият бо фар(р)ҳо – рамзҳои гуногуне ғанӣ гашт, ки ҳар кадомашон вобаста ба аломатҳои худ ба ин ё он ҳокими мушаххас тааллуқ дошт. Масалан, рамзи «гов» – аломати вориси тахт, моҳи ҳилол – аломати ҳоким ва шаҳрдори Форс маҳсуб мешуд. Чунин тақсимоти расмии ниҳодҳои давлатӣ дар Шарқ – хусусияти хоси рушди ниҳодҳои ҳуқуқӣ-давлатӣ мебошад, ки дар Ғарб назири худро надошт. Гузашта аз ин, чӣ тавре, ки ин нуктаро ҳафриётҳои бостоншиносӣ тасдиқ мекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки онҳо дар ибтидо нишонаҳои худоён ҳам дар тамоми Шарқи қадим, ҳам дар Осиёи Марказӣ буданд. Баъдан чун ба табиати давлатдории шоҳони асрҳои миёна менигарӣ дарк мекунӣ, ки ин анъанаи рамзгузории қудрати сиёсӣ ба таври назаррас рушд кардааст.
Тибқи иттилои дақиқи сарчашмаҳои илмӣ ва андешаи собитшудаи муҳаққиқон дар асрҳои миёна аз Сомониён сар карда, то Темуриён намунаи равшани аломатҳои рамзии давлат ва мақомоти давлатӣ мавҷуд будаанд.
Аломатҳои рамзии сиёсии мақомоти давлатиро на танҳо дар шакли парчам ва расмҳои бо масъулияти баланди сиёсӣ офаридаи салтанатҳоро дар паҳнои парчам ва ё дигар рукнҳои қудрати сиёсӣ ҷойгирифта ба мисли нимамоҳ, сари ҷондорон ва ғ.ҳ. мушоҳида мекунед, ки ҳар як ба мақому манзалати низоми идораи даврон шукўҳу шаҳомати хоса мебахшид, инчунин онҳоро дар шакли ашёҳои ҷудогонаи соҳаҳои муайяни иҷтимоӣ низ ҳамчун гувоҳӣ аз рушди амалии соҳаҳои идораи давлатӣ вохурдан мумкин аст. Мисол, ба сифати рангу рангдон, чатрҳои бо рангҳои махсус гардонида шуда ва ғ.
Ин аломатҳо ҳамчун рамзи мансаби муайян аз мансаби олии давлатӣ шоҳ ё амир саркарда ба ҳар як мансабдори далватӣ бо ишорати тасдиқшудаи муайяни моддӣ ва ё рамзӣ дар шакли аксу мусаввараҳои дигар аз ашёи олами моддӣ дода мешудааст. Сарчашмаҳои таърихӣ далолат бар он доранд, ки дар вақти маҷлисҳо султонҳои Хоразмшоҳӣ вазиронро аз дасти рости худ мешинонданд. Вазир дар курсии сиёҳ менишаст. Вазир лақаби Низом-ал-мулк (низоми мулк) дошта, ҳангоми ворид шудани ашхоси мансабдор (ҳатто агар он шахс султонзода, меросбари мулки шоҳӣ бошад ҳам) аз ҷой намехестанд. Воқеан таҷрибаи давлатдории Шарқ гувоҳи чунин муносибатҳои расмии ба ҳукми анъана даромадаи сиёсӣ ва рамзие буданд, ки ҳамагӣ гувоҳӣ аз табиати баланди низоми
идораи давлатӣ ва дунявӣ доштани онҳо аст. Ҳатто ҳангоми маҷлисҳо онро баъзе мавридҳо ҷаласаҳои қабули шоҳӣ ва султонӣ мегуфтанд, ҳар яке аз шахсони мансабдору донишмандон ҷои муайяни худро доштанд. Ин ҳама этикети низоми давлатдориро аз як тараф баланд бардошта, аз ҷониби дигар ба табиати расмиёти давлатдорӣ шукуҳу шаҳомати хоса мебахшид. Ин ҳолати зуҳури қудрати дунявиро баъзе аз сарчашмаҳои адабӣ низ хуб тасвир кардаанд. Мисол, Мавлонои Румӣ, ки шоир ва мутафаккири бузурги асри ХII ба шумор меравад ва дар давраи охири ҳукмронии хоразмшоҳиён зиндагӣ кардааст, ба тариқи зайл овардааст:
Подшоҳонро чунин одат бувад,
Он шунидӣ бош он ёдат бувад.
Дасти чапшон паҳлавонон истанд, З-он, ки дил паҳлўи чап бошад ба банд. Мушрифи аҳли қалам бар дасти рост. З-он ки илми сабту хат он дасти рост. Сўфиёнро пеши рў мавзуъ диҳанд, К-оина ҷонанду в-аз оина биханд. Ҳоҷибон он сӯфиёнанд, эй писар, Содаву озодаву афканда сар.
Ба андешаи Холиқзода А.Ғ. дар ин манзума Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ дар дасти рост нишастани вазиру аҳли қаламро бо қобилияти дасти рост, ки навиштанро бар дўш доранд, вобаста мекунад.
Дигар ин ки равиши росту ростқавлӣ аз қадим тарғиб мешуд, гуфтааст ў. Ҳамин тавр тарзи ташкили қудрат дар асрҳои миёна зери таъсири ҳамон рукнҳои давлатдории дунявӣ ва андешаҳои таснифоти ҳокимияти давлатӣ аз динӣ ва дар навбати худ дар партави сохторҳои идоракунии давлатӣ бо ворид намудани аломатҳои соҳавӣ ва касбӣ ба маротиб такмил ва тавсеа ёфта буд.
Намои давлатҳои дунявии ин даврон ба дараҷае рушд карда тағйир ёфт, ки тартибу ташкили зуҳури қудратҳои сиёсӣ дар ҳудуди давлатҳои муайян бо рамзу усулҳои фарҳангӣ, ҳудудӣ ва ҷуғрофию сиёсиашон аз ҳамдигар комилан фарқ мекарданд. Ин ҳама гувоҳи он буд, ки шоҳроҳи рушди давлатдории дунявӣ ба паҳноҳои нави дарки қудрат ҳамчун нуқтаи идоракунии ҷомеа ва давлатҳо расида буд. Сарчашмаи ин ҳама рушду такмили қудрати дунявии сиёсӣ ба назари мо ба таҷрибаи идоракунии ниёгони тоҷику форс дар аҳди бостон рафта мерасад, ки баъдан бо хатти таърихии интиқолдодаи Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён ҳамчун иттилооти бунёдии шоҳроҳи сиёсӣ ба дигар қабоили давлатдоршудаи Ховари Миёна расидааст.
Дар саргаҳи низоми идораи дунявии мо тоҷикон давлатдориҳои бостоние чун Пешдодиён, Каёниён ва Ҳахоманишиҳо истодаанд. Тибқи китоби Авасто Пешдодиён низоми идораи дунявиро оғоз намуда Каёниёну Ҳахоманишиҳо онро идома додаанд. Пешдодиён дар сарчашмаҳои таърихӣ давлати комилан дунявӣ муаррифӣ мегардад. Каёниён тавозуни муносибати одилонаи дину давлатро нигоҳ дошта, низоми дунявӣ ҷудо аз низоми динӣ фаъолият мекард. Маҳз дар ҳамин давра дар замони ҳукмронии Гуштосп оини зардуштӣ зуҳур кардааст.
Дастовардҳои давлати Каёниёнро дар самти таносуби дурусти низоми идораи дунявӣ бо динӣ минбаъд Ҳахоманишиҳо ва дигар салтанатҳои тоҷику форс ва дигар аз мардумони минтақа чун намуна истифода кардаанд.
Ба андешаи Ю. Яъқубов “Давлати Каёниён дар таърихи халқҳои ориёнажод нақши бузург бозидааст. Маҳз дар ҳамон давра чаҳорчўбаи сохтори давлатдорӣ ташкил шуда буд, империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо аз он истифода намудааст. Шоҳони Ҳахоманишӣ худро вориси Каёниён медонистанд, агарчӣ ба онҳо ҳеҷ хешовандӣ надоштанд”. Далоили мазкур гувоҳи он аст, ки ниёгони тоҷикон аз аҳди бостон дар коди генетикии худ нақши дунявиятро устувор ҳифз ва тарғиб кардаст.
Дигар ин ки дар таърихи фалсафаи иҷтимоӣ ва афкори сиёсии мардуми форсинажод тавассути ҳамин муқаррароти Авасто равшан мегардад, ки низоми идоракунӣ қабл аз тарғиб ва идораи динӣ нахуст шакли идораи дунявӣ гирифтааст. Зеро истилоҳи “парваришу афзоиши дунё” ишора ба шакли идораи дунявӣ ва сиёсии мамлакатро дорад. Ин суханони шахси одӣ ё олими ҷудогона ва ё сарчашмаи таърихӣ не, балки суханоне аст, ки мардуми бостонии форс ба сифати Худованд Аҳуро Маздо ўро эътироф мекарданд.
Ин суханон дар китоби муқаддаси Авасто омадааст. Дар китобе, ки гузаштагони ориёӣ дар ҳудуди чор салтанати ҷаҳонии форсҳо Каёниён, Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Портҳо ҳамчун китоби бовару эътиқоди мардум баромад мекард ва ба сифати нахустдастурамали зиндагӣ эътироф шуда буд. Дастурамале, ки барои пайравони худ равшану возеҳ мегуфт, ки дар оғози тамаддуни Шумо ниёгонатон дар симои Ҷамшедшоҳ ба намои идораи дунявии давлат пардохта рисолати паёмбарӣ ва тарғиби идораи диниро қабул накард. Мардум низ аз он огоҳии рўзмарра мегирифтанд, ки нахустподшоҳи онҳо фармонравои давлату ҳукумат ва дорои қудрати сиёсӣ буда, на динӣ.
Муҳимтар аз ҳама ин ҳолат дахолати беҷои ташкилоти динӣ ва ҷаҳонбинии диниро дар сарҳади муайян аз давлат ҷудо нигоҳ медошт. Ин аломат, унсури бениҳоят равшани ҷудоии идораи шакли идораи дунявӣ аз динии давлат ва ғояи теократия
дар оғози таърихи мардуми форсҳо буд, ки ҳанўз дар оғози таърихи худшиносии динию бумии мардумони тоҷику форс дар қолаби ташаккулёбии тафаккури иҷтимоӣ ва сиёсӣ сарҳади устувори ҷудоии намои дунявиро аз намои динии идораи ҷомеа матраҳ мекард. Ин равиш мобаъд дар анъанаи давлатдории тоҷикон то дергоҳ ҳамчун рукни муҳими табиати идораи давлат бор мушкилиҳои фикрӣ ҳам бошад устувор ва ҷиддӣ ҳифз шудааст. Мояи асли одилӣ ва таърихияти ин ҳифозат табиати зиндагии иҷтимоии халқ, равиши мафкуравии миллат ва хотираи таърихии арзишманди халқ аст.




