Зеҳн

НИЗОМИ МИЛЛИИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ИДОРАКУНИИ МЕҲНАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 20 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба идоракунии меҳнат дар сатҳи миллӣ ҳамчун заминаҳои махсуси ҳуқуқии идоракунии меҳнат муфассал баррасӣ мешаванд. Муаллиф дар таҳқиқи масъалаи мазкур заминаҳои ҳуқуқии идоракунии меҳнат дар сатҳи миллиро ба 9 номгӯ гуруҳбандӣ ва таҳлил намудааст. Аз натиҷаи таҳлил муаллиф ба хулоса меояд, ки танзими ҳуқуқии идоракунии меҳнат дар низоми мавҷудаи ташкили ҷамъиятии меҳнат дар сатҳи миллӣ аз унсурҳои зайл иборат аст: танзими ҳуқуқии тадбирҳо ҷиҳати ташкили идоракунии меҳнат, танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба ташкили бозори меҳнат, танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба таъмини шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат ва танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба назорати риояи қонунгузории меҳнат.

Калидвожаҳо: меҳнат, идоракунии меҳнат, ташкили меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, сатҳи миллӣ, корманд, қонун, стратегия, консепсия, дурнамо, барнома.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷмӯъи тадбирҳо, воситаҳо ва усулҳои ҳуқуқии таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Чунин тадбирҳо ҳам тадбирҳои умумӣ–самтҳои сиёсати давлатӣ, ки барои таъмини фаъолияти бозори меҳнат дар маҷмӯъ ва ба тамоми аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол нигаронида шудаанд (масалан, рушди захираҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳаракати онҳо, ҳифзи бозори миллии меҳнат) ва тадбирҳои махсусе, ки бо таваҷҷӯҳ ба пешгирӣ ё огоҳ кардани оқибатҳои манфии бекорӣ, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор тавсиф мешаванд, дохил мешаванд.

Инчунин, тадбирҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ метавонанд фаъол ва ғайрифаъол бошанд. Тадбирҳои фаъол ба таъмини фаъолияти босамари иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат , тадбирҳои ғайрифаъоли сиёсати шуғли аҳолӣ бошанд ба пешгирии оқибатҳои манфии бекорӣ нигаронида шудаанд.

Бо назардошти муқаррароти дар боло зикршуда, муайян кардани он самтҳое, ки ҳуқуқи меҳнат бояд барои пурра амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат эълоншуда рушд ёбад ва рафъи мушкилоти танзими ҳуқуқӣ, ки ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ монеъ мешаванд, аҳамияти махсуси илмӣ дорад.

Дар сатҳи миллӣ ба заминаҳои махсуси ҳуқуқии идоракунии меҳнат инҳоро мансуб донистан мумкин аст:

стандартҳои байналмилалии меҳнат;

стратегияҳои рушд, консепсияҳо, лоиҳаҳои миллӣ, барномаҳои мақсаднок (байнидавлатӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ);

санадҳои ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ (созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ ва созишномаҳои минтақавӣ);

низомномаҳо, қоидаҳо, оинномаҳо;

-стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва стандартҳои иҷтимоӣ;

-стандартҳои касбӣ, маълумотнома, номгӯҳо, рӯйхатҳо;

таснифот, воситаҳои техникӣ ва ҳуқуқии идоракунии меҳнат (платформаҳои рақамӣ, порталҳои интернетӣ, захираҳои иттилоотӣ, феҳристҳо);

-санадҳои дохилиидоравии мақомоти иҷроия;

-шарҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мақолаи мазкур қисме аз ин заминаҳоро баррасӣ мекунем.

1. Стратегияҳо, консепсияҳо, дурнамоҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар муносибатҳои идоракунии меҳнат нақши муҳим доранд. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар доираи муайян кардани ҳадафҳо, дурнамо, банақшагирӣ ва барномасозӣ дар сатҳи миллӣ ва дар сатҳи маҳаллӣ таҳия карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар доираи муайян кардани ҳадафҳо таҳия карда мешаванд аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои стратегии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (консепсияҳо), стратегияҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ки дар доираи дурнамоҳо таҳия шудаанд, аз ҷумла дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмуддатро дар бар мегиранд.

(1) Консепсияҳо. Консепсия ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мебошад, ки ҳадаф, принсипҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолият муайян мекунад. Мафҳумҳои асосии соҳаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ дар Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 , Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 , Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд. Масалан, дар Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ муайян шудаанд: “васеъ намудани соҳаҳои шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкони шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат; шарикии иҷтимоӣ” .

(2) Стратегияҳо. Стратегия як ҳуҷҷати асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолияти давлат дар дарозмуддат муайян мекунад (масалан, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ, сиёсати миллӣ, рушди илмию техникӣ, сиёсати давлатӣ ва механизми татбиқи он).

Стратегияҳои зайл дар соҳаи идоракунии меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дошта ҳадафу вазифҳоро дар самти сиёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян намудаанд:

1. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 “ҷорӣ намудани воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва принсипҳои маблағгузории барномавии мақсадноки барномаҳои ҳудудии мусоидат

ба шуғл; баланд бардоштани сифати муҳити рақобатпазир тавассути муносибгардонии имтиёзҳои соҳавӣ ва бартариятҳо; ташаккули низоми миллии мусоидат ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат; рушду такомули инфрасохтори бозори меҳнат; ташкили барномаҳои махсус, ки ба беҳтар намудани имкони шуғли шахсони дорои мушкилоти махсус (занон, шахсони маъюб, муҳоҷирони ба ватан бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя) равона шудаанд; таҳкими механизмҳои дастгирии иҷтимоии бекорон”.

2. Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: “муайян кардани сиёсати давлатии муттасил, мақсаднок ва таъсирбахши муҳоҷират; таҳия ва амалисозии қонунгузории муосири миллӣ дар самти муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ; таъсиси идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷ ва дохили кишвар”.

3. Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: “такмили низом ва тартиби кор, ки барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шахсони алоҳида ва оилаҳои осебпазир дар тамоми ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд; таҳкими заминаи моддӣ, тақвиятбахшии захираҳои инсонӣ ва зиёд намудани маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф намудани осебпазирии иқтисодӣ ва иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, одамони дорои маъюбият, пиронсолон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ, ки бештар мубталои камбизоатӣ мебошанд; таҳияи Консепсияи ислоҳоти низоми таъминоти нафақа барои марҳила ба марҳила гузаштан ба низоми пасандозии таъминоти нафақавӣ ва пай дар пай баланд бардоштани андозаи нафақа; ташаккули консепсия ва афзоиши ҳамзамони шумораи шуғли пурмаҳсул ва маҳсулнокии меҳнат, танзими равандҳои стратегии мухоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии самарабахш”.

(3) Дурнамоҳо. Дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосии низоми банақшагирии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, самтҳо ва натиҷаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро муайян мекунад, платформаи ягонаи таҳияи барномаҳои дарозмуддат ва миёнамӯҳлатро ташкил медиҳанд. Дурнамои рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 ҳисобҳои пешгӯии рушди бозори меҳнат, сатҳи бекорӣ, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, шумораи шуғли аҳолӣ, шумораи ҷойҳои кории пурмаҳсул ва ғайраро дар бар мегирад. Мисол, тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 шумораи захираҳои меҳнатӣ дар соли 2028 ба 6 млн.526 ҳазор, теъдоди аҳолии ба кор машғул ба 2 млн. 879 ҳазор расида, нисбат ба соли 2027 мутаносибан 102 фоиз афзоиш меёбад. Дар ин замина таъсиси ҷойҳои корӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2028 ба 295 ҳазор расида, нисбати соли 2026 ба теъдоди 29 ҳазор ва ё 105 фоиз зиёд карда мешавад.

(4) Барномаҳои давлатӣ. Барномаи давлатӣ маҷмӯъи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад, ки вазифаҳо, мӯҳлатҳои амал, иҷрокунандагон, захираҳо ва воситаҳои сиёсати давлатӣ барои ноил шудан ба афзалиятҳо ва ҳадафҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Барномаи давлатӣ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мебошад, ки маҷмӯъи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар бар гирифта, бо ҳадафҳо, мӯҳлатҳои татбиқ, иҷрокунандагон, захираҳо ва воситаҳои сиёсати давлатии бо ҳам алоқаманданд дар доираи татбиқи вазифаҳои асосии давлатӣ ноил шудан ба афзалиятҳо ва ҳадафҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Барномаҳои асосии давлатӣ дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 , Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи миллии рафъи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар барномаҳои давлатӣ мебошанд.

Мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, аз ҷумла тавассути Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Барномаи мазкур аз ҷиҳати сохтор аз зербарномаҳои «Сиёсати шуғли фаъол ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор», «Муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ», «Рушди институтҳои бозори меҳнат», «Меҳнати арзанда» иборат мебошад. Тибқи нақшаи ин барнома давоми солҳои 2023-2027 “дар ҷойҳои кори холии ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 294,0 ҳазор корҷӯ, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 44,0 ҳазор шаҳрванди дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд; ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи касбҳои ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ 108,4 ҳазор шаҳрванди бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта фаро гирифта мешаванд; ба 69,4 ҳазор шахси бекор барои давраи бекорӣ кумакпулӣ пардохт мегардад; малакаҳои касбии 8,2 ҳазор шаҳрванд ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд; 38,4 ҳазор шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар мешаванд; ба 17,0 ҳазор шаҳрванди бекор барои ташкили соҳибкории хурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд; ба 55,1 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд” .

Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чунин лоиҳаҳо, аз қабили «рақамикунонии масъалаҳои мушоракати иҷтимоию меҳнатӣ вобаста ба шартномаҳои меҳнатӣ; рақамикунонии хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (бақайдгирии электронии шаҳрвандони корҷӯ, таъин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба шаҳрвандони бекор барои машғул шудан ба соҳибкорӣ, пардохти стипендияи хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва маблағгузории иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ва ғайра); табодули иттилоот миёни дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ; таъсис додани харитаи электронии интерактивии шуғли аҳолӣ ва бекорӣ; баҳисобгирии электронии рафту омади муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар” амалӣ карда мешаванд.

Дар сатҳи маҳалҳо низ метавонанд барномаҳо ва зербарномаҳои дахлдор таҳия карда шаванд. Мисол, барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ва дурнамоҳои рушди маҳалҳо таҳия гардида бо қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ мегарданд.

2. Санадҳои ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ (Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ). Яке аз санадҳои асосии ҳуқуқии идоракунии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи чумҳуриявӣ Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 мебошад, ки роҳҳои асосии рушд ва принсипҳои умумии танзими сиёсати иқтисодӣ, музди меҳнат, даромад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди бозори меҳнат ва рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи меҳнат, бехатарии истеҳсолӣ ва экологӣ, шарикии иҷтимоӣ, инчунин тадбирҳо оид ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Таваҷҷуҳи асосии Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба таъсис, такмил ва нигоҳдории ҷойҳои нави корӣ бо технологияҳои баланд барои таъмини роҳи инноватсионии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, таъмини афзоиши ҳосилнокии меҳнат, пеш аз ҳама тавассути навсозии технологияҳо ва азнавтаҷҳизонидани техникӣ, такмили танзими ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар самти фароҳам овардани ҳосилнокии меҳнат равона карда шудааст; модернизатсияи иқтисодиёт, диверсификатсияи сохтори он, гузаштан ба модели инноватсионии рушд, мусоидат ба рақамикунонии иқтисодиёт, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба рушди соҳибкории инноватсионии хурд ва миёна дода шудааст. Принсипҳои дар Созишномаи генералӣ эълоншуда одатан дар созишномаҳои сатҳҳои поёнии шарикии иҷтимоӣ мушаххас карда мешаванд. Масалан, тибқи Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 20242026 , ки муқаррароти Созишномаи генералиро оид ба беҳтаргардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ идома медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони вилояти Суғд ӯҳдадор мешаванд, ки барои мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои дастрасии субъекти соҳибкорӣ ба бозорҳои байналмилалии мол, кор ва хизматрасониҳо; рушди соҳибкории хурд дар деҳот ва ноҳияҳои вилоят дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ; истифодаи низоми стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои саноатӣ барои беҳтар намудани сифати маҳсулот; дастгирӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ҳал намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо; татбиқ намудани "лоиҳаҳои сабз", аз ҷумла, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди "иқтисоди сабз" бо назардошти "энергияи сабз" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Шурои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳри Бохтар ва Иттиҳодияи корфармоёни шаҳри Бохтар барои солҳои 2024 -2026 масъалаҳои вобаста ба такмили низоми меъёрбандии музди меҳнати кормандони соҳаҳо, назорати пардохти саривақтии музди меҳнат, омӯзонидани мутахассисони бахши ҳифзи меҳнат, ҷалби бештари аҳолӣ ба шуғли расмӣ ва ба низоми суғуртаи иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои кории пурмаҳсул, пешгуии вазъи бозори меҳнати шаҳри Бохтар, бокортаъминсозии ҷавонон, маъюбон ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Ҳамингуна муқаррарот дар Созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, Шурои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи ноҳияи Шаҳристон ва Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2024-2026, ки хосси вазъи иҷтимоию меҳнатии ин ноҳия мебошанд, дарҷ ёфтаанд.

Аксарияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созишномаҳои минтақавӣ бастаанд.

Чун қоида, созишномаҳои соҳавӣ аз ҷиҳати мазмун мукаммалтарин созишнома мебошанд. Масалан, Созишномаи соҳавӣ байни Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 як қатор муқарраротро дар бар мегирад, ки меъёри қонунгузории меҳнатро дар соҳаи ташкили меҳнат ва идоракунии меҳнат дар ин соҳа таҳия ва мушаххас мекунанд. Аз ҷумла, созишномаи мазкур уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар сатҳи зарурӣ фароҳам овардани шароити меҳнат, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, таҷдиду такмили меъёри меҳнат дар мувофиқа бо иттифоқҳои касаба ва таъмини дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кормандон муқаррар намудааст.

Дар сатҳи минтақавӣ аз ҷиҳати мазмун мукаммалтарин Созишномаи сеҷонибаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, Кумитаи иттифоқҳои касабаи ш. Душанбе ва Ассотсиатсияи соҳибкорони ш. Душанбе барои солҳои 2024 -2026 мебошад, ки он ўҳдадориҳои иловагии тарафҳои шарикии иҷтимоиро пешбинӣ намуда, ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии кормандонро дар муқоиса бо қонунгузории амалкунанда хеле баланд мебардоранд. Мувофиқати ўҳдадориҳои дар Созишномаи мазкур зикргардида, инчунин иҷрои ўҳдадориҳои қабулшуда бояд ҳар сол натиҷагирӣ карда шуда, тарафҳо имкон доранд, ки дар асоси вазъи зудтағйирёбандаи иҷтимоию иқтисодӣ саривақт ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Созишнома пешниҳод намоянд.

Аммо, таҳлили қисмати азими созишномаҳо баёнгари он аст, ки мутаассифона, дар аксар маврид созишномаҳои шарикии иҷтимоӣ танҳо меъёри дар қонунгузории меҳнат зикршударо такрор мекунанд, сатҳи воқеии ҳуқуқ, кафолат ва манфиатҳои қонунии кормандонро баланд намебардоранд ва аслан хоссияти расмӣ формалӣ доранд.

Созишномаҳои дахлдор метавонанд байни иттифоқҳои касаба ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муассисаҳои тобеъи онҳо низ баста шаванд.

3. Муқаррарот, қоидаҳо, низомномаҳо. Дар марҳилаи татбиқи мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои гузошташуда фаъолияти ҳаррўзаи идоракунии мақомоти иҷроия аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Асоси фаъолияти идоракунии мақомоти давлатӣ дар соҳаи меҳнат низомномаҳо мебошанд, масалан, Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ , Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Низомномаи Хадамоти муҳоҷират, Низомномаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират. Муқаррарот ва қоидаҳои дигаре ба ташкили унсурҳои алоҳидаи ҳаёти меҳнатии ҷомеъа, муқаррар намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия бахшида шудаанд.

4. Санадҳои дохилиидоравии мақомоти иҷроия. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми фаъолияти ҳаррӯзаи худ санадҳои дохилиидоравӣ қабул менамоянд, ки ба онҳо инҳо дохил мешаванд: 1) санадҳои ҳуқуқии алоҳида, аз ҷумла: хусусияти шахсидошта (дар бораи ба вазифа таъин кардан ё озод кардан аз вазифа, ҳавасмандгардонӣ ё таъйини ҷарима); 2) қарорҳои мақомоти болоии давлатӣ ба мақомот ва ташкилоти низоми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3) санадҳое, ки ба ташкили татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, қарорҳои мақомоти болоӣ ё қарорҳои худи мақомоти иҷроия нигаронида шудаанд ва меъёри нави ҳуқуқиро дар бар намегиранд. Илова бар ин, ба низоми санадҳои мақомоти иҷроия санадҳои хусусияти тавсиявӣ, санадҳо дар бораи тасдиқи низомнома дар бораи мақомоти алоҳидаи маҳаллӣ ё воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказӣ ва дигар санадҳои дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дохил мешаванд. Санадҳои ташкилию маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳо ва вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда аз ҷониби мақомоти иҷроия, нигаронида шудаанд.

5. Шарҳҳо ва мавқеи ҳуқуқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар байни санадҳои ҳуқуқие, ки ба танзими ҳуқуқии муносибатҳо оид ба идоракунии меҳнат дохил мешаванд, санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан фарқ мекунанд. Мутобиқи қисми 1 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 No 1084 Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад” . Мувофиқи қисми 3 моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки санадҳои судӣ ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошад”.

Тавзеҳҳо ва мавқеъҳои ҳуқуқии Суди Олӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муносибатҳо оид ба идоракунии меҳнат аҳамияти калон доранд. Масалан, дар Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2021, No1 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёри қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” омадааст, ки баҳсҳои зерин бевосита дар судҳо баррасӣ ва ҳал карда мешаванд: оид ба радкунии корфармо барои қабул кардан ба кор (моддаи 23 қисми 2 КМ ҶТ); оид ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд (моддаи 54 КМ ҶТ); оид ба пардохт кардани вақти маҷбуран ба кор ҳозир нашудан, хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор, ҷуброни зарари маънавӣ (моддаи 55 КМ ҶТ); оид ба беэътибории шартномаи меҳнатӣ (моддаи 56 КМ ҶТ); оид ба амали (беамалии) корфармо, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсии корманд алоқамандӣ дорад (моддаи 58 КМ ҶТ); оид ба ҷуброни зарари моддии ба корфармо расонидашуда (моддаҳои 194,195 КМ ҶТ); оид ба ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст (моддаи 196 КМ ҶТ); оид ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб доранд ва кам кардани музди меҳнати онҳо (моддаи 225 КМ ҶТ); оид ба ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд (моддаи 343 КМ ҶТ).

Ҳамчунин, дар ин қарор шарҳ дода шудааст, ки судҳо баҳсҳои меҳнатии фардиро дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун низ баррасӣ менамоянд. Ба ин категорияҳои парвандаҳо баҳсҳо оид ба тағйир ёфтани шароити меҳнат (моддаи 31 КМ ҶТ), ғайриқонунӣ аз кор дур кардани корманд (моддаи 50 КМ ҶТ) ва ғайра дохил мешаванд. Бо ин қарор ҳамчунин тартиби қабул, баррасии аризаи даъвогӣ аз руи баҳсҳои меҳнатӣ, баҳисобгирии муҳлатҳо, ҳолатҳои аз пардохти боҷи давлатӣ озод намудани корманд барои барасии аризаи даъвогӣ шарҳ дода шудаанд.

Дар бахши дигари ин санад мазмуну моҳияти меъёри қонунгузории меҳнат доир ба муҳлати шартномаҳои меҳнатӣ, ҳолатҳои тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, ба кори дигар гузаронидани корманд, асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо ва дигар ҳолатҳое, ки мавзуъҳои асосии баҳсҳои меҳнатӣ дар судҳо мегарданд, шарҳ дода шуда, барои татбиқи дурусти меъёри ҳуқуқи меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ба судҳои поёнӣ дастурҳои мушаххас дода шудааст.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар заминаи муроҷиатҳо мутобиқати меъёри қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои ҳуқуқии дорои меъёри ҳуқуқи меҳнатро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд, ки ин санадҳо дар танзими ҳуқуқии идоракунии меҳнат нақши муҳим доранд. Аз ҷумлаи чунин санадҳо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1996, аз руи парвандаи «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 226 Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси муроҷиати шаҳрванд Ғаниев Қ.И. мебошад. Муҳтавои муроҷиати шаҳрванд Ғаниев Қ.И. аз он иборат аст, ки моддаи 226 КМ ҶТ ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҳифзи судӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, маҳдуд намуда, муайян намудани мувофиқати моддаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи мазкурро баррасӣ намуда қарори дахлдор қабул намудааст.

Аз натиҷаҳои таҳқиқи танзими ҳуқуқии идоракунии меҳнат дар сатҳи миллӣ хулосаҳои зерин бармеоянд:

Маълум гардид, ки заминаҳои ҳуқуқии идоракунии меҳнат дар сатҳи миллӣ аз воситаҳои ҳуқуқии махсуси танзимнамоӣ иборатанд, ки дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳо ифода мегарданд, аз ҷумла: стандартҳои байналмилалии меҳнат; стратегияҳои рушд, консепсияҳо, лоиҳаҳои миллӣ, барномаҳои мақсаднок (байнидавлатӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ); санадҳои ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ (созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ ва созишномаҳои минтақавӣ); низомномаҳо, қоидаҳо, оинномаҳо; стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва стандартҳои иҷтимоӣ; стандартҳои касбӣ, таснифот, маълумотномаҳо, номгӯҳо, рӯйхатҳо; воситаҳои техникӣ ва ҳуқуқии идоракунии меҳнат (платформаҳои рақамӣ, порталҳои интернетӣ, захираҳои иттилоотӣ, феҳристҳо); санадҳои дохилиидоравии мақомоти иҷроия; шарҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳар як марҳилаи раванди идоракунии давлатӣ санадҳои хосси марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Дар марҳилаи муайян намудани проблемаҳои афзалиятнок, муқаррар намудани мақсад ва вазифаҳои таъсиррасонии идоракунӣ чунин санадҳои ҳуқуқӣ ба мисли стратегияҳо, барномаҳо, ҳадафҳо, нақшаҳо, консепсияҳо асосан таҳия ва шакли ҳуқуқӣ мегиранд, дар марҳилаи қабул ва қонунгузорӣ қарори идоракунӣ шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар марҳилаи татбиқи қарорҳои қабулшуда шакли санади ташкилию маъмуриро мегирад. Ҳамин тариқ, шакли санади ҳуқуқӣ бо марҳилаи раванди идоракунии меҳнат зич алоқаманд буда, моҳият ва хусусиятҳои онро инъикос мекунад.

Танзими ҳуқуқии идоракунии меҳнат дар низоми мавҷудаи ташкили ҷамъиятии меҳнат дар сатҳи миллӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

  1. Танзими ҳуқуқии тадбирҳо ҷиҳати ташкили идоракунии меҳнат, аз ҷумла: ташкили низоми мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, сохтор ва фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ин мақомот; ташкили низоми

ҳамкории мутақобила ва мубодилаи иттилоот байни мақомоти ваколатдорташкили ҳамкории дохилиидоравию байниидоравӣ, ҳамкории воҳидҳои сохтори, низоми технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонии фаъолияти онҳо; ташкили кори идоравӣ.

  1. Танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба ташкили бозори меҳнат, аз ҷумла оид ба татбиқи ҳуқуқ ба меҳнат ва пешгирии бекорӣ; бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон; доир ба омодасозии мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнат; маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ; ташкили роҳнамоии касбӣ ва машварати касбӣ; касбомузӣ ва бозомузии шаҳрвандони бекор.

  2. Танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба таъмини шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат аз ҷумла: шароити ҷои кор; реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат; низоми пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии меҳнат; меъёрбандии меҳнат; шароити иҷтимоию маишии меҳнат; тадбирҳо оид ба таъмини бехатарии меҳнат.

  3. Танзими ҳуқуқии тадбирҳо оид ба назорати риояи қонунгузории меҳнат, таъмини салоҳияти мақомоти назоратӣ; мақоми ҳуқуқӣ ва доираи амали нозирони меҳнат; ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи қонунҳои меҳнат.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2