Зеҳн

НАҚШИ САНАДҲОИ КОРФАРМО – ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои вобаста ба нақши санадҳои корфармо – шартномаи коллективӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ таҳқиқ шудаанд. Муаллифон дар асоси назари муҳаққиқони ватанӣ ва хоричӣ, инчунин қонунгузории меҳнат мазмуну мундариҷаи санадҳои корфармо, аз ҷумла шартномаи коллективиро ошкор намуда, марҳилаҳои таҳия, бастан ва мавриди иҷро қарор додани онро таҳлил менамоянд. Зикр мегардад, ки муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқие, ки мавриди амал қарор дошта, масъалаҳои ба шартномаи коллективӣ алоқамандро ба таври мукаммал танзим менамояд ин Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 маҳсуб меёбад. Дар хотимаи мақола муаллифон ба хулосае омаданд, ки шартномаи коллективӣ ҳамчун санади ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста шуда, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар ташкилот ё дар назди соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад.

Калидвожаҳо: меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ, корманд, коллектив, корфармо, санад.

Тибқи муқаррароти моддаи 10 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМ ҶТ) корфармо бо мақсади танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ санадҳо қабул менамояд.

Санадҳои корфармо, ки ҳолати ҳуқуқии кормандонро дар муқоиса бо КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ намегарданд.

Қабл аз мавриди таҳлил қарор додани санади корфармо, бояд мафҳуми санадро шарҳ дод.

Санад дар муқоиса бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ якчанд амали ҳуқуқиро дар бар мегирад. Якум, санад ҳуҷҷати расмии дорои эътибори ҳуқуқӣ

мебошад. Санад новобаста аз он, ки аз ҷониби кӣ ва дар кадом сатҳи идоракунӣ таҳия ва қабул карда мешавад аз мазмун ва моҳияти он метавон санадҳои давлатӣ, зерсохтории идорӣ, меъёрӣ, минтақавӣ ва дигар будани онҳоро муайян намуд. Дуюм, санад инчунин протоколе, ки далелҳои муайянро сабт менамояд: санади санҷиш, санади норасоии молҳо, санади интиқоли дороиҳои моддӣ ва ғайра. Сеюм, санад амали муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, шаҳрвандон маҳсуб меёбад, ки дар асоси онҳо одатан риоя ва вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ хулоса бароварда мешаванд.

Санади меъёрии ҳуқуқӣ бошад ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад (сархати 1 моддаи 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).

Санадҳои корфармо, аз зумраи чунин санадҳое мебошанд, ки дар доираи салоҳият аз ҷониби корфармо мустақиман, инчунин дар якҷоягӣ ё дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори намояндагии кормандони ташкилот қабул шуда, амалашон дар ҳудуди ташкилот маҳдуд мегардад.

Нақши санадҳои корфармо дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ бағоят муҳим аст. Санадҳои корфармо қабл аз ҳама муқаррароту нишондоди санадҳои меъёрии эътибори баландтари ҳуқуқидоштаро дар ҳудуди ташкилот амалӣ менамоянд. Дуюм, ҳамзамон бо амалӣ намудани нишондодҳои санадҳои эътимоди баландтари ҳуқуқидошта, санадҳои меъёрии корфармо оид ба меҳнат вазифаи тафсил ва мушаххасгардонии муқаррароти қонунҳоро мутобиқи шароити ташкилот иҷро менамоянд.

Сеюм, санадҳои зикршуда қодиранд норасоии ҳуқуқро бартараф намуда, дар сурати набудани санадҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабулшаванда, вазифаи танзими аввалияи ҳуқуқиро иҷро намоянд. Чорум, санадҳои корфармо кафолатҳои иловагии иҷтимоӣ меҳнатиро барои кормандони ташкилот муқаррар карда метавонанд.

Ба сифати яке аз санадҳои корфармо, ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани онҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ, хусусан дар танзими муносибатҳои байни корфармо ва кормандон мавқеи асосиро ишғол менамояд ин шартномаҳои коллективӣ маҳсуб меёбад.

Мутобиқи сархати ҳафтоду якуми қисми 1 моддаи 1 КМ ҶТ шартномаи коллективӣ ин санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар ташкилот ё дар назди соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад.

Нисбат ба мафҳуми шартномаи коллективӣ муҳаққиқони ватанӣ ақидаҳои гуногун доранд.

Ба андешаи Н. Шонасридинов ва Р.Б. Бозоров, шартномаи коллективӣ санади меъёрие мебошад, ки муносибатҳои истеҳсолӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоиро дар байни кордеҳ ва меҳнаткашон дар муассиса, ташкилот новобаста аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ танзим мекунад».

Н.Р. Маҳмадуллозода, С.Х. Наботов қайд менамоянд, ки шартномаи коллективӣ ба яке аз намудҳои асосии санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо мубаддал гашта, тавассути он ҳамкории иҷтимоии корфармо ва мақомоти намояндагии кормандони кироя дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва касбӣ таъмин мегардад.

Дар шартномаи коллективӣ манфиати ду гурўҳи иҷтимоӣ, яъне кормандони кироя ва корфармоён инъикос ёфта, он ба принсипи бипартизм (дуҷониба) асос ёфтааст.

Алимзода Ш.А., қайд менамояд шартнома ва созишномаи коллективӣ санади меъёрие мебошанд, ки муносибатҳои иҷтимоӣ–меҳнатиро ба танзим медароранд ва байни коргарон ва корфармои муассисаи корхона баста мешаванд.

Шартномаи коллективӣ яке аз намудҳои шартномаи меъёрӣ маҳсуб ёфта, созиши байни субъектони мухталифи ҳуқуқи меҳнат мебошад, ки муқаррароти нави ҳуқуқро пешбинӣ мекунад .

Д.Қ. Назаров ишора менамояд, ки шартномаи коллективӣ хусусияти маҷмӯӣ дошта, қабули он, муҳтаво, муҳлати амалаш ба иродаи мувофиқашудаи тарафайн вобастааст.

Ҳамзамон, муҳаққиқони ватанӣ Н.Шонасридинов, Ғ.М. Бобокалон, Э.Б. Буризода қайд менамоянд, ки пайдоиш ва ташаккули бозори қувваи корӣ ва робитаҳои табиатан нави ҷамъиятӣ дар раванди татбиқи меҳнат ба мазмун ва моҳияти шартномаи коллективӣ бетаъсир намонданд, Шартномаи

коллективӣ ба яке аз намудҳои асосии санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) мубаддал гашта, тавассути он шарикии иҷтимоии корфармо ва мақомоти намояндагии кормандони кироя дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣиқтисодӣ ва касбии байни корфармо ва кормандон таъмин мегардад.

Дар шартномаи коллективӣ манфиати ду гурӯҳи иҷтимоӣ, яъне кормандони кироя ва корфармоён инъикос ёфта, он ба принсипи бипартизм (дуҷониба) асос ёфтааст.

Шартномаи коллективӣ ҳамчун институти ҳуқуқи меҳнат ва санади меъёрии ҳуқуқии дохилӣ дар силсилаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавқеи хоси худро дорад. Меъёру муқаррароти шартномаи коллективии мутобиқи қонунгузорӣ басташуда, барои ташкилот ҳатмӣ буда, вазъ ва ҳолати кормандонро дар қиёс бо муқаррароти тибқи қонун пешбинишуда коста карда наметавонад.

Масоили мафҳуми шартномаи коллективӣ на танҳо мавриди таваҷҷўҳи таҳқиқотчиёни ватанӣ, балки олимони соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ хориҷи низ қарор гирифтаанд.

Р.З. Лившитс шартномаи коллективиро ҳамчун санади коллективӣ-шартномавии ба ёдоварандаи созишномаи меъёрии байни кормандон ва корфармо (корфармоён) басташуда, созишномаи меъёриро ҳамчун ин шакли махсуси санади ҳуқуқии бо тартиби шартномавӣ қабул шуда ва дорои меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, мефаҳмад.

Ба андешаи М.В. Шихаев, мафҳуми шартномаи коллективӣ ва мафҳуми шарикии иҷтимоӣ бо ҳам ҳаммаъноянд.

С.Ю. Чуча бошад, чунин зикр намудааст, ки «шартнома ва ё созишномаи коллективӣ санади бо ҳам доим алоқаманди шарикии ичтимоӣ мебошад.

И.К. Дмитриева қайд менамоянд, ки дар шартномаи коллективӣ, ҳамчунин уҳдадориҳои тарафайн, ки хусусияти мушаххас доранд (масалан, уҳдадории корфармо оид ба беҳтар намудани шароити ҳифзи меҳнат бо нишондоди шахси масъул ва муҳлати иҷрои он), ҷой дода мешаванд. Уҳдадориҳои мазкур танҳо хусусияти дугонагии табиати шартномаи коллективиро ифода мекунад, ки дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат ҳамчун санади ҳамкории иҷтимоии дар доираи корфамои мушаххас (ташкилот) дар радифи дигар санадҳои меъёрии дохилӣ мақоми худро дорад».

Шартномаи коллективӣ, ки бо созиши тарафайн қабул шуда, танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд мебошад, санади ҳуқуқиест, ки дар он шартҳои меъёрӣ (меъёрҳои маҳаллӣ) мавҷуданд. Илова бар ин, шартномаи коллективӣ ҳамчун созишномаи (шартномаи) шарикони иҷтимоӣ ҳамкории онҳо ва кӯшиши канорагирии онҳоро аз бархӯрд ифода мекунад .

Хулоса, мо ба нуқтаи назари он муҳаққиқони чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ ҳамфикр буда метавонем, ки шартномаи коллективиро ҳамчун санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар ташкилот ё дар назди соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад, меҳисобанд.

Чӣ тавре зикр гардид, муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқие, ки мавриди амал қарор дошта, масъалаҳои ба шартномаи коллективӣ робитадоштаро ба таври мукаммал танзим менамояд, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июли соли 2016 қабул ва 28 июли соли 2016 мавридиамалқарордода шудааст,мебошад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2