БАРРАСИИ МАФҲУМИ ҲОКИМИЯТ ВА НАВЪҲОИ ГУНОГУНИ ОН АЗ НИГОҲИ АБУНАСРИ ФОРОБӢ
Мафҳуми ҳокимият, қудрат ва шаклҳову намудҳои гуногуни он тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, муҳимтарин баҳс дар дониши сиёсӣ ва илмҳои вобаста ба он мебошад, ки тамоми мафҳумҳо ва масъалаҳои гуногуни дониши сиёсӣ аз ҷумла, фалсафаи сиёсат, андешаи сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ, ҷомеашиносии сиёсӣ, равоншиносии сиёсӣ, давлат ва ҳокимияти сиёсӣ ва ғайра, иртиботи ҷиддӣ ва ногусастанӣ ба мафҳуми ҳокимият ва қудрат доранд. Дар мақола, муаллиф масъалаи мазкурро бар асоси таълимоти мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ, тоҷик Абунасри Форобӣ мавриди баррасии илмӣ қарор медиҳад.
Калидвожа: Ҳокимият, қудрат, навъҳои ҳокимият, давлат, Абунасри Форобӣ, фалсафаи сиёсат, андешаи сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ, ҷомеашиносии сиёсӣ, равоншиносии сиёсӣ, ҳокимияти сиёсӣ.
Абунасри Форобӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳонӣ мебошад, ки таълимоти васеву фаровон оид ба кулли илмҳои замонааш ва махсусан ҳокимият, давлат ва идоракунии ҷомеа пешниҳод кардааст. Абунасри Форобӣ яке аз шахсиятҳоест, ки беҳтарин ва муфассалу васеътарин баҳсҳоро перомуни масъалаи шаклҳо ва навъҳои ҳокимият анҷом додааст. Албатта, дигарон ҳам аз ҷумла Мискавайҳи Розӣ, Насируддини Тусӣ ҳам чунин баҳсҳоеро доранд, аммо ба андозаи Форобӣ тақсимоти васеъ ва бо ҷузъиёти дақиқтар ироа накардаанд. Форобӣ ҳокимиятро аз чандин нуктаи назар тақсим намуда, ҳар кадоми онро ба таври ҷудогона шарҳ медиҳад. Яке аз ҷиҳатҳои тақсим, ки дар дараҷаи аввал меистад, тақсими ҳокимият бар ду дастаи куллии “фозила” ва “ғайрифозила” мебошад. Форобӣ ин тақсимотро то охири баёни андешаҳои сиёсию фалсафии худ нигоҳ медорад ва ҳатто онро дар навъ ва намудҳои давлатдорӣ ва ҳокимияти иҷроӣ, судӣ ва қонунгузорӣ ҳам истифода менамояд. Яъне, ин ду мафҳуми асосӣ бар тамоми соҳаҳои андешаи сиёсии Форобӣ соя афканда, таъсироти бевоситаи худро ба ҳамаи паҳлуҳои тафаккури вай гузоштааст.
Ҳар кадом аз ин ду мафҳум дар худ дорои тақсимоти гуногуни дигар низ ҳастанд, ки баёнкунандаи ҷанба ва паҳлуҳои мухталифи андешаи сиёсию иҷтимоии Форобӣ ба шумор мераванд. Аз нигоҳи Форобӣ ҳокимияти фозила ба ду шакли фардӣ ва ҷамъӣ ё гуруҳӣ тақсим мегардад, ки ба назари вай, ҳокимияти фардӣ беҳтар аз ҳокимияти ҷамъӣ ё гуруҳӣ мебошад. Ҳокимияти ҷамъӣ дар воқеъ баёнкунандаи ҳолатест, ки шакли фардии ҳокимият имкон надошта бошад. Дар сурате, ки ҳокимияти фардӣ ба ҳар далелу шакле имконпазир набошад, дар дараҷаи баъдӣ, ҳокимияти ҷамъӣ ё гуруҳӣ бояд ҷойгузини ҳокимияти фардӣ қарор гирад.
Ҳокимияти фардӣ аз нигоҳи Форобӣ худ се сатҳи амалишавӣ дорад. Дар дараҷаи аввал, ҳокимияти як инсони комил матраҳ мегардад, ки ба воситаи истеъдод ва маҳоратҳои фитрию зотии худ ҳама намуди фазилатҳо ва бартариҳои ахлоқию ақлонӣ ва илмию амалиро аз худованд тавассути як воситаи беайбу нуқс ва комилан мутмаъин дарёфт менамояд. Ин, болотарин ва комилтарин сатҳи ҳокимият аз нигоҳи Форобӣ ба шумор меравад. Тибқи дидгоҳи Форобӣ шахсе, ки дар ин сатҳ ва дараҷа аз ҳокимият қарор мегирад бояд ҳам ҳаким бошад, ҳам файласуф ва ҳам набӣ, ки ба гуфтаи худаш дар амал ба замони Паёмбари Ислом(с) мутобиқати комил дорад. Агар ин сатҳи ҳокимият дар амал имконият надошта бошад, дараҷаи баъдӣ бояд иҷро гардад. Дар ин ҳолат наздиктарин ва монандтарин шахс ба ҳокими аввал, ки дар болотарин дараҷа қарор дошта, бояд ҷонишин гардад. Агар раиси аввали мадинаи фозила вафот намояд ё ба ҳар далеле аз ҳокимият барканор гардад, пас аз он навбат ба ҷонишини вай мерасад, ки бояд аз ҳамаи ҷиҳатҳо ба раиси аввал монандӣ ва шабоҳат дошта бошад. Агар ҷонишини шахси аввал ҳам аз дунё рафт, ё ба ҳар сабабе аз ҳокимият канор равад, шахси дигаре бояд ҷонишини вай гардад, ки ҳам худаш бояд олиму ҳаким ва донишманд бошад ва аз ҳамаи ҷиҳатҳо ба шахсони пешини худ монанду шабеҳ бошад ва ҳам бар асоси суннат ва равиши раисони аввал ва дуюми гузаштаи мадинаи фозила ҳокимият намояд. Яъне, тақсимоти Форобӣ дар шаклҳо ва намудҳои ҳокимият аз беҳтарин ба хуб, ва аз хуб ба бад, ва аз бад ба бадтарин шакли имконпазири ҳокимият ҳаракат менамояд.
Форобӣ пас аз баёни ҳокимияти фардӣ, ҳокимияти гуруҳиро баррасӣ менамояд. Ба назари вай ҳокимияти гуруҳӣ ҳолатест, ки ҳокимияти фардӣ дар ҳеҷ кадом навъи он қобили иҷро ва амалӣ гардидан набошад. Дар ин сурат ҳокимияти гуруҳӣ барқарор мегардад. Асоси баёни масъалаи ҳокимияти гуруҳӣ дар он нуҳуфтааст, ки ҳокимият набояд ҳеҷ замоне аз қудрат ва сарвари қонунӣ холӣ монад. Яъне, ҳатто барои як лаҳза ҳам набояд фазои сиёсии ҷомеа дар ҳолати анархӣ ё беқонунию беҳокимиятӣ қарор гирад. Барои ҳамин, Форобӣ аз болотарин дараҷаи ҳокимияти фардӣ, ки беҳтарин шакли ҳокимият дар назди вай ба ҳисоб меравад, дараҷа ба дараҷа ба самти мумкинтарин ҳолати ҳокимият ҳаракат мекунад, ки ба ҳокимияти гуруҳӣ хулоса мегардад. Дар ҳамин намуди ҳокимият низ ду шакл мавриди назар аст. Яке, ҳокимияти раисони шоиста ва барҷастатарин афроди ҷомеа мадди назар аст, ки наздиктарин вижагиҳо ва ҳолатҳоро ба шахсони шоистаи ҳокимияти фардӣ дошта бошанд. Ин дар суратест, ки агар як нафаре ёфт нашавад, ки вижагиҳои роҳбарии ҷомеаро худ ба танҳоӣ дошта бошад, пас бояд ду нафареро пайдо намуд, ки дар якҷоягӣ битавонанд ҳокимиятро идора кунанд. Шакли дуюми ҳокимияти гуруҳӣ таврест, ки агар 2 нафаре ёфт нашавад, ки бо ҳам вижагиҳои ҳокимиятро надошта бошанд, пас дар ин ҳолат бояд маҷмуае аз афрод гирди ҳам оянд, ки ҳар кадоми онҳо агар танҳо яке аз шартҳо ва вижагиҳои ҳокимиятро ҳам дошта бошад, метавонад дар идораи кишвар ва ҳокимияти ҷомеа аз худ саҳм бигузорад. Яъне, агар он вижагиҳо дар ду нафар ҳам ҷамъ нагарданд, пас бояд се нафар ва ё афроди бештаре, ки ҳамаи онҳо бо ҳам дар якҷоягӣ дорои вижагиҳои ҳокимият бошанд, идораи ҷомеаро ба даст мегиранд. Номи ин ҳокимиятро Форобӣ ҳокимияти шуроӣ номгузорӣ менамояд. Дар ин навъи ҳокимият, шурои роҳбарӣ бояд бо ҳамдигар дар якҷоягӣ тадбирҳо ва андешаҳои худро ҷиҳати иҷрои корҳои ҳокимият амалӣ намоянд. Аз назари Форобӣ вижагиҳои асосии ҳоким 6 адад ҳастанд, пас бояд ҳаддиақал 6 нафар дар шурои роҳбарӣ аъзо вуҷуд дошта бошад. Дар ин ҳолат метавонанд ҳар як аз аъзо ду шарти ҳокимиятро ҳам дошта бошанд, ки дар камтарин теъдод ин шурои роҳбарӣ 3 нафар ва дар бештарин теъдод то 6 нафар метавонанд дар он фаъолият намоянд.
Пас аз он, ки дар як ҷомеа агар 6 нафаре пайдо нашаванд, ки ҷомеа ва давлатро идора кунанд, он ҷомеа дигар дар доираи мадинаҳои фозила дохил намегардад ва бояд онро дар тақсимоти мадинаҳои ғайрифозила номбар намуд. Яъне ҳокимияти шуроӣ охирон марҳилаи ҳокимияти фозила ба ҳисоб меравад ва баъд аз он ҳокимиятҳои ғайрифозила оғоз меёбад. Намудҳои гуногуни ҳокимиятҳои ғайрифозила аз назари Форобӣ худ дорои тақсимоти муайяне ҳастанд, ки мухтасаран аз онҳо сухан ба миён хоҳад омад.
Ҳокимиятҳои ғайрифозила:
− Ҳокимияти ҷоҳила;
− Ҳокимияти фосиқа;
− Ҳокимияти золла;
− Ҳокимияти мутабаддила.
Аз ин миён, ҳокимияти ҷоҳила низ дорои тақсимотест, ки иборатанд аз:
− Ҷоҳилаи зарурия;
− Ҷоҳилаи баддола;
− Ҷоҳилаи хиссат;
− Ҷоҳилаи карромия;
− Ҷоҳилаи тағаллубия;
− Ҷоҳилаи ҷамоъия.
Намудҳои ҳокимият аз нигоҳи Форобӣ аз як нуқтаи назари дигар ҳам қобили тақсим мебошад. Ин навъи тақсим вобаста ба сатҳу андоза ва вусъати ҳокимият мебошад, ки ба се марҳилаи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастабандӣ мегарданд. Ҳар кадом аз шаклҳо ва намудҳои гуногуни ҳокимияте, ки аз нигоҳи Форобӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, метавонад вобаста ба сатҳи қудрат ва машруъияти амалишавии он, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба иҷро дарояд. Дар сатҳи миллӣ яъне, он ҳокимият сирфан маҳдуда ва қаламрави амалишавии он ба миқдори ҳамон миллат ва маҳаллаи худ маҳдуд мегардад. Дар қадами баъдӣ, агар дар он сатҳ ва қаламрави миллӣ муваффақ бошад, сипас метавонад онро ба ҳамсоягон ва минтақаи худ низ сироят диҳад. Саранҷом, пас аз он, ки дар сатҳи минтақа ҳам бо муваффақият иҷро гардад, он шакли ҳокимият метавонад дар сатҳи байналмилалӣ ҳам ба иҷро дарояд.
Ба назар мерасад, ду нуктаи бисёр муҳим аз андешаҳои Форобӣ хулоса намудан мумкин аст. Яке он, ки Форобӣ равиши фарогир намудан ва васеъ намудани доираи ҳокимиятро марҳила ба марҳила ва қадам ба қадам васеъ мегардонад. Яъне, ибтидо шакле аз ҳокимият, ки ба назараш муваффақ мебошад ва метавонад дурусту саҳеҳ ба иҷро дарояд, аввал дар сатҳи миллӣ онро мавриди озмоиш ва санҷиш қарор дода, сипас баъд аз муваффақият, онро ба марҳилаҳои баъдӣ пешниҳод менамояд, то он ҷо, ки ба сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ бирасад. Нуктаи дуввум он аст, ки Форобӣ аз муаррифӣ намудани марҳилаҳо ва шаклҳои гуногун ва дараҷаҳои мухталифи ҳокимият як мақсад ва ҳадафи мушаххас дорад. Ба назар мерасад он ҳадаф чунин бошад, ки ба ҳар тавре, ки мешавад бояд дар ҷомеа як навъе аз ҳокимият барқарор бошад. Агар шароит ва имкониятҳо фароҳам бошад, беҳтарин шакли ҳокимият, агар ҳам имконият набуд, баъд аз беҳтарин шакли ҳокимият ҳар кадом, ки имкон дошта бошад, бояд ҳамон иҷро шавад, ва ба ҳамин тариқ аз беҳтарин шакли ҳокимият то бадтарини он марҳила ба марҳила бояд иҷро гардад, аммо ҷомеа набояд бидуни ҳокимият раҳо карда шавад. Яъне, ҳар тавре, ки имкон дорад дар ҷомеа ҳокимият ва қонун бояд ҳатман мавриди иҷро бошад, ва ҳеч гоҳ таҳти ҳеч шароите набояд беқонунӣ ва беҳокимиятӣ дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад.




