Зеҳн

АДОЛАТИ ХУДОВАНД

ЗЕ
Зеҳн31 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Паёмбари Худо (с) фармуд: «Рӯзе дар аснои хутба хондани Мӯсо (а) яке аз умматонаш аз ӯ чунин суол кард:

— Эй Мӯсо! Донотарини инсонҳо кист?
Ҳазрати Мӯсо (а) посух дод:
— Ман!
Сипас Худованд ба ӯ чунин ваҳй намуд:
— Бандае дорам, ки дар мавзеи ба ҳам омадани ду

баҳр қарор дорад ва ӯ аз ту донотар аст. Ҳазрати Мӯсо (а) пурсид:
— Худоё! Чӣ гуна ба назди ӯ биравам? Ҳақ Таъоло фармуд:

— Ба даруни хуми пур аз об моҳие андоз ва онро ҳамроҳ гирифта, ба роҳ баро. Дар як маҳалле моҳӣ аз хум баромада, ғайб мезанад ва он ҷо маҳалли вохӯрии шумо хоҳад буд.

Ҳазрати Мӯсо (а) дар дохили хуми пуробе як моҳӣ гирифта, ҳамроҳи ёвари ҷавонаш Юшоъ ибни Нун ба fсафар баромаданд. Пас аз чанде аз роҳашон як харсанг баромад ва онҳо дар сояаш каме хоб карданд. Дар ҳамин вақт моҳӣ аз даруни хум берун шуда, худро ба дарё андохт ва дар он ҷо сурохие пайдо намуда, роҳашро пеш гирифт. Худованд ҷараёни обро боздошт ва онҳо моҳиро пайгирӣ намуда, андармон шуданд. Вақте ки ба назди харсанг баргаштанд, диданд, ки дар он ҷо марде либосҳояшро ҷафс пӯшида, хобидааст. Ин мард Хизр (алайҳиссалом) буд. Ҳазрати Мӯсо (а) ба ӯ салом дода, гуфт:

— Ман Мӯсо ҳастам ва мехоҳам бо ту дӯстӣ кунам. Хизр (алайҳиссалом) посух дод:
— Эй Мӯсо, ту тобу тавони дӯстӣ бо манро надорӣ.

Худованд ба ман илме додааст, ки ба ту надодааст ва ба ту илме додааст, ки ба ман надодааст.

Ҳазрати Мӯсо (а) гуфт:

— Иншоаллоҳ, ман ёрои дӯстӣ бо туро хоҳам дошт ва дар ҳеҷ як маврид аз фармонат саркашӣ нахоҳам кард.

Хизр (алайҳиссалом) гуфт:

— Агар маро пайравӣ кунӣ, аз ман дар мавриди ҳеҷ коре мапурс, то даме ки худ ҳикмати онро бароят баён накунам.

Ҳамин тавр ҳар ду ба роҳ баромада, ба соҳили баҳре расиданд. Дар соҳил киштиеро диданд ва хостанд ба он савор шаванд. Соҳибони киштӣ ҳазрати Хизрро мешинохтанд ва ҳар ду мусофирро ройгон ба киштӣ савор карданд. Вақте мусофирон ба киштӣ савор шуданд, Хизр (алайҳиссалом) дохили киштиро бо теша сӯрох кард. Ҳазрати Мӯсо (а) ин ҳолатро дида гуфт:

— Соҳибони ин киштӣ моро ройгон савор карданд, ту бошӣ бо қасди ғарқ шудани инсонҳо киштиро сӯрох кардӣ. Кори хубе накардӣ!

Хизр (алайҳиссалом) гуфт:

— Ман ба ту нагуфта будам, ки тобу тавони ҳамроҳиямро надорӣ ва сабр кардан натавонӣ?!

Ҳазрати Мӯсо (а) узр пурсид ва гуфт:

— Фаромӯш кардам, бубахш ва дар ҳамроҳиям сахтие наёвар.

Воқеан ҳам ин эътирози ҳазрати Мӯсо (а) аз рӯйи фаромӯшӣ сар зада буд.

Сипас парандае омаду болои киштӣ нишаст ва бо нӯлаш аз баҳр об гирифт. Дар ин лаҳза Хизр (алайҳиссалом) ба ҳазрати Мӯсо гуфт:

— Илми ману ту дар назди илми Парвардигор ба андозаи обест, ки ин паранда аз ин баҳр гирифт.

Мусофирон пас аз чанде ба соҳил расида, аз киштӣ фаромаданд. Дар аснои сайру гашт Хизр (алайҳиссалом) ҷавонеро дид, ки бо рафиқонаш бозӣ мекард ва дарҳол сарашро аз тан ҷудо карда, ӯро ба қатл расонд. Бо дидани ин рафтори Хизр (алайҳиссалом) косаи сабри Мӯсо (а) лабрез шуд ва гуфт:

— Чаро ин ҷавони бегуноҳро куштӣ? Охир ӯ қасди ҷони касеро надошт. Ба ростӣ кори баде анҷом додӣ!

Хизр (алайҳиссалом) посух дод:

— Оё ба ту нагуфта будам, ки ҳамроҳи ман сабр карда наметавонӣ?!

Пас ҳазрати Мӯсо (а) гуфт:

— Агар минбаъд бо эътироз аз ту чизе пурсидам, дигар бо ман мусоҳибат макун, зеро ду маротиба узри маро пазируфтӣ.

Хизр (алайҳиссалом) узри ӯро қабул намуд ва ҳар ду ба роҳашон идома доданд. Чун ба деҳае расиданд, аз аҳли он деҳа таом хостанд, вале касе ба онҳо хӯрдание надод. Дар ин деҳа девори каҷе диданд, ки ба афтодан моил буд ва Хизр (алайҳиссалом) онро таъмир намуд. Ҳазрати Мӯсо (а) ин дафъа гуфт:

— Мо аз мардуми ин деҳа таом хостем, вале онҳо як луқма нон ҳам надоданд. Ту бошӣ девори каҷи онҳоро, ки дар ҳоли афтидан буд, бемузд таъмир кардӣ. Агар мехостӣ, музди ин корро мегирифтӣ.

Хизр (алайҳиссалом) фармуд:

— Акнун инҷо мавзеи аз ҳам ҷудо шудани мост. Ҳикмати он ҳодисаҳоеро, ки бо диданашон сабр карда натавонистӣ, ба ту баён мекунам».

Вақте Расули Худо (с) ин саргузаштро баён мекард, фармуд:

— Кош, Мӯсо (а) сабр пеша менамуд ва Худованд моро аз бахшҳои дигари саргузашти онҳо низ огоҳ мекард.

Сипас фармуд:

«Хизр (алайҳиссалом) ба ҳазрати Мӯсо (а) ҳикмати он ҳодисаҳоро чунин баён намуд:

— Дар аввал киштие, ки бар он савор шудем, моликияти чанд бечорае буд. Ман дар он киштӣ нуқсе эҷод кардам, зеро дар пеш подшоҳи золиме буд ва ӯ киштиҳои дурустро ғасб мекард. Ҳамин тавр ман хостам, ки онҳо бо дидани зарари кӯчаке аз зарари бузург раҳо биёбанд.

Ҳамчунин он ҷавоне, ки ба қатл расондам, сарфи назар аз симои маъсумаш кофири мутаассибе буд ва метавонист дар оянда волидайни муъминашро гумроҳ созад. Падару модараш дуо мекарданд, ки «Худоё, моро бо фарзандамон имтиҳон макун!» Ҳамин тавр мо ӯро ба қатл расондем, то ки ба имони падару модараш зиён наорад ва бар ивазаш Аллоҳ Таъоло ба онҳо фарзанди неку порсое ато кунад.

Ва деворе, ки онро таъмир кардам, ба ду ятим тааллуқ дошт ва падари онҳо марди солеҳе буд. Дар зери он девор хазинаи ниҳоне ҷой дошт. Аз ин сабаб Худованд хост, ки он ду ятим бузург шаванд ва ганҷи худро аз зери он девор бигиранд. Агар девор меафтид, хазинаро дигарон пайдо мекарданд ва ганҷ ба ятимон намерасид.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар доираи адолати Парвардигор ҷараён доранд ва инъикосгари раҳмати Ҳақ Таъоло мебошанд. Ман ҳеҷ яке аз ин амалҳоро худсарона анҷом надодам, балки танҳо вазифаамро иҷро намудам. Ин буд ҳикмати ҳодисаҳое, ки ту дар баробари онҳо сабр карда натавонистӣ».

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2