Зеҳн

САДБАРГ

АГ
Агенти Зеҳнӣ29 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

САЙИДАЛӢ МАЪМУР

ТЎТӢ
Тўтии танҳои ман
Ногаҳ саҳар касал шуд.
Он саҳарӣ ба комам
Талх таъми асал шуд.

Ба обу дона тўтӣ
Нигаҳ накарда ин бор,
Бо чашми нимпўшаш
Хобида буд бемор.

То тўтиам намирад
Ман чораҳо кофтам.
Дармони дарди ўро
Бо маслиҳат ёфтам.

Бо падарам ба бозор
Рафта тўтӣ харидам.
Тўтии ман сиҳат шуд,
Шуд дур аз ў дарду ғам.

Тўтии танҳои ман
Ба худ чу ёфт ҳамроз,
Аз нав хўрд обу дона,
Аз нав баровард овоз.
САДБАРГ
Аз тахта сохтам
Гулдони калон.
Бинҳодам онро
Дар кунҷи айвон.
Пас хок овардам
Пур кардам гулдон,
Се бех садбарг
Шинондам дар он.
Садбаргҳоро
Об дода ҳар дам,
Ҳам бехашонро
Ман нарм кардам.
Шукуфт як саҳар,
Садбарги гулдон.
Ман ҳам шукуфтам
Баробари он.
Шодон кушодам
Тирезаю дар.
Аз бўи гул шуд
Хона муаттар.
Модарам он рўз
Дошт иди мавлуд,
Тўҳфаам ба ў
Садбарги тар шуд.

ҚАНОРӢ
Қанориам чўҷа кард,
Чўҷачаи зебо кард.
Чўҷача баъди чанде
Болу паре баровард.

Аз хонача берун шуд
Чўҷаи болдоре.
Баъд аз ин бишуд қафас
Хона ба се қанорӣ.

Хонаи мо хурду танг,
Қафас вале калон аст.
Дар хона гоҳ нон нест,
Дар қафас обу дон аст.

Бо навбат се қанорӣ
Акнун тарона хонанд.
Ғаму ғуссаро аз дил
Бо тарона биронанд.
МУТРИБ
Акоям фахри мо аст,
Мутриби хушнаво аст.
Ҳар гаҳ зи кор ояд,
Бар даст тор ояд.
Ў тори зебо дорад,
Тораш садафҳо дорад.
Тори ў бебаҳо аст,
Пур аз созу наво аст.
Ба оҳанги хуши тор
Дорам ман шавқи бисёр.
Акои ман навозад,
Барои ман навозад.
Ба созу навои хуш,
Ман мешавам гўшу ҳуш.
Ин ҳунари акоям,
Писанд аз бароям.
Ў бишуд устоди тор,
Ман бишавам бастакор.
Ако шуд навозанда,
Уко шуда созанда,
Ҳарду наво офарем,
Таронаҳо офарем.
АБРИ БАҲОР
Эй абри баҳор,
Надорӣ қарор.
Ин сў меравӣ,
Он сў медавӣ.
Чизе мекобӣ,
Ё намеёбӣ?
Гоҳе ту хашмин,
Гоҳе ту ғамгин.
Ларзонӣ гоҳо
Ту осмонро.
Гаҳ резӣ аз тор
Ашки шашқатор
Гиронда чароғ

Мекунӣ суроғ
Гумкардаатро
Меҷўӣ танҳо.
Эй абри баҳор,
Машав беқарор,
Ҳам ту марезон
Ашки фаровон.
Ту бошӣ ғамгин
Ман шавам ҳазин.
Гумкардаи ту,
Чӣ бошад, бигў?
Ҳар ду мекобем,
Зудтар меёбем.
БОРОНИ ТОБИСТОН
Ин саҳар борон борид,
На абри найсон борид.
На вақти сармо борид,
Ҳангоми гармо борид.
На дар баҳорон борид,
Борон тобистон борид.
Рўи замин нам бикард,
Шуста бишуд чангу гард.
Шуд кори кўчарўбон
Ин саҳар андак осон.
Тағои обпошам
Омад ба хона хуррам.
Аз файзи резаборон
Шуд кори ў ҳам осон.
Ман ҳам ба гулҳои тар
Надодам об ин саҳар.
Борони реза борид.
Паси тиреза борид.
ДУРЕДГАР
Вақти бозӣ надорам,
Бисёр серкорам.
Ба очаи Муҳаррам
Бояд тиракча созам.
Ба холаи Саломат
Тахтачаам хуш омад.
Бояд, ки ман бисозам,
Тиракчае ба ў ҳам.
Дастаи фаршшўй
Кўҳна шуду чун шикаст,
Модарам ин саҳар шуст
Фарши хонаро ба даст.
Чаро барои модар

Имдодгар набошам?
Бояд барои ў ҳам
Дастаи нав тарошам.
Бубахш аз ин рў, Нозӣ,
Надорам вақти бозӣ.
ҲОТА
Бар ҷўяки нав
Ман об мондам.
Қад-қади ҷўя
Райҳон шинондам.

Чун субҳи дигар
Бар ҳота рафтам,
Ҳотаро дида
Дил шуд пур аз ғам.

Дар шохи райҳон
Барге надидам.
Бар сўи хона
Гирён давидам.

Гуфтам:
− Падарҷон,
Бе барг райҳон...
Падар бигуфто:
− Машав ту гирён.

Хўрдаст гунҷишк,
Ё майна хўрдаст.
Албатта он дузд
Меафтад ба даст.

Фардо бикардам
Аз дур назора.
Як села гунҷишк
Омад дубора.

Вақте давидам,
Гашта гурезон.
Раҳоӣ ёфтанд,
Дуздони райҳон.

Бар ҷўя аз нав
Ман об мондам.
Қаламфури cypx
Бар он шинондам.
Ояд ба ҳота
Гунҷишк ин бор,
Қаламфури тез
Мешавад тайёр.
ТОКИ АНГУР
Хонаи Сабурро бин,
Ин токи ангурро бин.
Хона чӣ хел хушнамуд,
Токи ангур каб-кабуд.
Сояи токи ангур,
Ҷои нишасти Сабур.
Сабур ҷояш медонад,
Шишта китоб мехонад.
Токи ангур ғўрадор,
Ғўраҳояш бешумор,
Майна агар биёяд,
Майна магар биёяд?
Сабур чусту чолок аст,
Ў посбони ток аст.
Хонаи Сабурро бин,
Ин токи ангурро бин,
Токи ангур дар айвон,
Ҳосили он фаровон.
Ангури ў гар пазад,
Бар ману ту мерасад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2