ОБ ОМАД
САЙИДАЛӢ МАЪМУР
ДАРАХТИ АНҶИР
Дар шохҳил-ҳил
Пухтаст анҷир.
Ман аз тамошо
Намешавам сер.
Ба сўи анҷир
Ду чашмаки манн,
Аммо набошад
Илоҷи кандан.
Дар телевизор
Дарахти анҷир.
Онро кашидаст
Рассоми моҳир.
ОБ ОМАД
Об омаду об омад,
Аз рўди Варзоб омад.
Боқубурҳои калон,
Омад то хонаамон.
Якбора ҷумакҳоро
Намекушоям асло.
Ҳамаашро кушоям,
Шавад кори ношоям.
Он гаҳ монад зери об
Ҳам дафтаруҳам китоб.
Дар зери об монад,
Кўрпаю болину кат.
Ҷумакро аз ин сабаб
Мекушоям бо навбат.
Аз як ҷумак об ояд,
Обаки Варзоб ояд.
Бо он рўямро шўям,
Бо он мўямро шўям.
Бо он дастамро шўям,
Ба он хобамро гўям.
Агар ман ташна монам,
Аз обаш чой ҷўшонам.
Намехўрам оби сард,
Гулўям мекунад дард.
Ба хонамон об ояд,
Аз рўди Варзоб ояд.
ЯХЧИЛИК
Барф борид аз саҳар
Пурбарф шуд бому дар.
Боми мо дорад шифер,
Дари мо дорад занҷир.
Ҳарқадар барф борад,
Шифераш мебардорад.
Дарро кардаам занҷир,
Намешавам хавотир.
Намедарояд аз дар,
Ба хона барф дигар.
Сард аст гарчиҳаво,
Гарм аст хонаи мо.
Аммо шудастғамгин,
Кампираки ҷалоҷин.
Ў бе хонаю дар буд,
Ҷояш пуштаю ҷар буд.
Пурбарф пуштаю ҷар,
Ҷони кампир дар хатар.
То ҷонаш ёбад амон
Аз сардии зимистон,
Кампираки ҷаллоҷин
Расо дар вақти пешин
Ба деҳи мо омадаст,
Рўи бом баромадаст.
Мехоҳад ў ба хона
Дарояд айёрона.
Қапида аз новадон
Дар бом шуда овезон,
Назар кунад ба айвон
Ба айвони хонамон.
Чиликҳои кампирак,
Дароз мисли тирак.
Аҷузкампири айёр,
Яхчилик шудаст ин бор.
Ман яхчиликро задам,
Бо асочўби дадам.
Афтод он гаҳ бар замин,
Кампираки ҷалолҷин.
ИФТИХОР
Ҳар пагоҳӣ мепурсад Аз падараш Ифтихор:
− Дада, куҷо меравед?
Падар мегуфташ: «Ба кор!»
Саволи худро медод
Ба акояш бо такрор.
Аз акояш мешунид
Аз нав ҷавоби «Ба кор».
Дар хона танҳо мемонд Бо модараш Ифтихор.
Аз модараш мепурсид:
− Ман кай меравам ба кор?
Ҳама ба кор рафтанд,
Чаро ман шинам бекор?
Охир худатон гуфтед:
− Аз бекорҳама безор.
Ана, аз ин пагоҳӣ
Боғчарав шуд Ифтихор.
Пурсӣ:− Куҷо меравӣ?
Ўҳам мегўяд: «Ба кор!».
ТАМОШОКАДУ
Тамошокаду
Зеби тамошост.
Тамошокаду
Дарҳавлии мост.
Тамошокаду
Дар шох овезон.
Қаду ману ту
Паст аз он.
Тамошокаду
Хурмаи зебост.
Тамошокаду
Таблаки бобост.
ҒАЛЛАКОР
Падарамғаллакор,
Ғаллакори номдор аст.
Ҷаву гандум мекорад,
Баҳри мардум мекорад.
Ҷаву гандум гар пазад,
Вақти дарав мерасад.
Чун дарав сар мешавад
Ў даравгар мешавад.
Ба дос коре надорад,
Бо комбайн меғундорад.
Мошина оядқатор
Ғалла барад ба амбор.
Азғалла кўҳ мешавад,
Ҳай бошукўҳ мешавад.
Як рўз аз орди он
Модарам мепазад нон.
Нони пухтаи модар
Ҳаст аз гандуми падар.
Падарамғаллакор аст,
Ғаллакори номдор аст.
Падариғаллакорам,
Боиси ифтихорам.




